Авзои сиёсии ҷумҳурӣ. Баъди тақсимот ва таъсисёбии давлатҳои нави миллӣ: ҶШС Туркманистону Узбекистон ва ҶМШС Тоҷикистон ҳам вазъияти сиёсии минтақаҳои ба ҳайати Тоҷикистон дохилгардида душвор монд. Ин душвориҳо ҳам табиӣ буданду ҳам эҷоди сиёсат. Табииаш он буд, ки ҳанӯз ҳам ҷумҳурӣ ором набуд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 дастаи босмачиён бо ҳайати зиёда аз 5 ҳазор муҷоҳид боқӣ монда буд, ҳанӯз ҳам душмани асосии иҷтимоигардонии ҷомеа – бою кулакҳо ва руҳониёни сарватманд пурзӯр ва дар камин буданд, ҳанӯз ҳам душмани хориҷии сотсиализм аз мақсади маҳв сохтани ин сохтор даст накашида буд. Душвории дигари вазъияти сиёсӣ, ки онро сиёсати нодурусти тақсимоти миллию маъмурии соли 1924 ба вуҷуд оварда буд, ин ҳанӯз ҳам пароканда ва дар ҳайати чанд ҷумҳуриҳои навтаъсис боқӣ мондани тоҷикон буд: 40% аҳолии Узбекистон, 10% Туркманистон, 5% Қирғизистон ва 1,5% Қазоқистонро тоҷикон ташкил медоданд. Ҳалли ин масъала тамоми давраи мухториятро фаро гирифта, баҳсу талошҳои зиёдеро талаб мекард.
Мушкилии дигари ин давра мубориза зидди босмачигарӣ буд, ки бо рӯ овардани аҳолӣ ба сохтори шуравӣ ва сотсиализм ва даст кашидан аз босмачигарию худ ба он ба ҷанг даромадан, вазъияти ҳукуматро хуб ва таъсири онро пурзӯртар карда буд. Ин ҳолат дар натиҷаи қонуну қарорҳо оид ба босмачиёни собиқ ва афви таслимшудаҳо ба вуҷуд омада буд.
Сохтмони ҳизбӣ. Дар шимоли Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1917 сар карда, сараввал дар байни коргарони асосан руси роҳҳои оҳани Хуҷанд, Урсатевск, Драгомирово, конҳои ангишту нафти Сулукта, Шуроб ва САНТО ва дар корхонаи озокрити Хилковою чандин деҳаҳои руснишини атрофи Хуҷанду Истаравшан ташкилоти хурди ибтидоии Ҳизби Коммунистӣ таъсис ёфт. Ин ба таъсисёбии ташкилоти ҳавзагию уездии Ҳизби Коммунистии минтақа имкон дод. Ҳамон соли 1917 ташкилоти ҳавзавии Ҳизби Коммунистии Хуҷанд, Уротеппа, Шуроб ва уездии Хуҷанд таъсис ёфт. Ҳама ташкилоти ҳизбии уезди Хуҷанд ба ҳайати ҲК Туркистон дохил буданд. Мақоми олии ташкилоти ҳизбии шимоли Тоҷикистон Анҷумани уездии ҳизб буд. Минбаъд ин мақомро конфронс номиданд. Аз соли 1918 сар карда, ташкилоти уездии ҳизбии Хуҷанд номи ташкилоти ҳизбии округии округи Хуҷандро гирифт, чунки соли 1918 дар ҶМШС Туркистон тақсимоти нави маъмурӣ гузаронида шуда, уездҳо ба округҳо табдил дода шуданд.
Дар Помир аввалин ташкилоти ҳизбии Ҳизби Коммунис- тӣ тобистони соли 1921 аз ҳисоби аскарону афсарони отряди сарҳадбонони минтақавии минтақаи Помир таъсис ёфта буд, ки он ҳам ба ҲК Туркистон дохил буд. Дар ҳайати он намояндагони аҳолии маҳаллӣ ҳам буданд. Фақат моҳи октябри соли 1929 Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Помир гурӯҳи номзадии ҲК таъсис дод.
Дар Бухорои Шарқӣ ҳам аввалин ташкилоти ҳизбии ҲК дар ҳайати ҲК Туркистон аз ҳисоби ҳарбиён баҳори соли 1921 таъсис ёфта буд. Соли 1923 ҲК Бухоро ба ҷойи Бюрои Марказии Ташкилӣ Бюрои Ташкилии КМ ҲК Бухороро таъсис дод, ки он то декабри соли 1924 амал кард. Моҳи декабри соли 1924, Бюрои Ташкилии ҲК Узбекистон дар Тоҷикистон ташкил ёфт ва он ташкилоти вилоятии ҲК Тоҷикистонро дар ҳайати ҲК Узбекистон таъсис дод ва онро назорат мекард. Мақоми олии ташкилоти ҳизбии вилоятиро Конфронси ташкилоти вилоятии ҳизбии Тоҷикистон ташкил медод. Баъди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон ин ташкилот номи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро гирифт, ки Анҷумани муассисони он моҳи июни соли 1930 дар Душанбе баргузор шуд. Мақоми олии он Анҷумани ҲК Тоҷикистон буд. Котибони аввалини ташкилоти вилоятии ҳизбии Тоҷикистон А. Т. Шервонӣ, Чинор Имомов, С. М.
Соколов ва аввалин котиби аввали ҲК Тоҷикистон озарӣ – Ҳусейнов Мирзо Довуд Боғир-уғлӣ буданд.
Созмони ҷавонон. Созмони ҷавонон ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсии коммунистони ҷавон буда, соли 1918 таъсис ёфта, соли 1924 номи Комсомоли Лениниро гирифт. Аввалин ташкилоти комсомолии Тоҷикистон аз ҳисоби коммунистони ҷавон – русҳои сокини Тоҷикистон соли 1918 таъсис ёфт, ки ба ҳайати Иттифоқи Коммунистии Ҷавонони Туркистон дохил буд. Соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ низ ин ташкилот аз ҳисоби аскарони сурхи ҷавон ташкил ёфта буд.
Баъди тақсимоти соли 1924 дар ҶМШС Тоҷикистон ҳам ташкилоти комсомолии вилоятӣ таъсис ёфт. 27-уми октяб- ри соли 1925 дар Душанбе Конфронси якуми Комсомоли Тоҷикистон барпо гардид. Конфронс ташкилоти вилоятии комсомолии ҷумҳуриро таъсис дода буд, ки он бо ин ном то соли 1930 амал кард. Соли 1930 Анҷумани якуми Комсомоли Тоҷикистон ташкилоти худро Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Тоҷикистон (ИЛКҶТ) номгузорӣ кард.
ЛУҒАТ:
Сохтмони ҳизбӣ – раванди ташаккулёбӣ ва фаъолияти ҳизб дар назар аст.
Супориш:
1. Авзои сиёсии ҶМШС Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
2. Рафти ташаккулёбии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро нақл кунед.
3. Рафти таъсисёбии ҲК Тоҷикистонро нақл кунед.
4. Рафти таъсисёбии Созмони ҷавонони Тоҷикистонро нақл намоед.
Реклама