Мубориза зидди Утанбек. Утанбек яке аз шарикони Иброҳимбек буда, баъди гурехтани Иброҳимбек ба Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритусу Қубодиён паноҳ бурда буд. Соли 1927 пеш аз он ки Афғонистон гурезад, хост ки деҳаҳои пулу мол доштаро ғорат кунад. Дар асоси маълумоти деҳқони ҷиликулӣ сари роҳи ғорат гирифта, худи даста барҳам дода шуд.
Мубориза зидди дастаи Мулло Латиф. Тобистони соли 1929 дастаи Мулло Латиф дар наздикии Чубак аз Афғонис- тон ба Тоҷикистон гузашта, ба қатлу ғорат сар кард. Оид ба шумораи ин даста ягон маълумот вуҷуд надошт. Зидди ин даста сарҳадбонҳо, дастаҳои ҷангии ОГПУ ва милитсия мубориза мебурданд. Даста ба маҳалҳои гарнизондор наздик намегардид, асосан, дар дараҳои Қаратов ва Тереклитов амал мекард ва асосан, чоҳҳои оби дар пастхамиҳои назди деҳаҳоро хароб мекард. Ин ба амали дастаҳои пайгиркунанда душворӣ эҷод мекард. Ин даста тобистони соли 1929 дар атрофи ағбаи Оқкутал пурра барҳам дода шуд.
Мубориза зидди Махсуми Фузайл. Баъди шикасти соли 1923 Фузайл Махсум ба Афғонистон гурехта, ба ҳуҷуми оянда тайёрӣ дид. Бо дастгирию дасисаҳои Англия ва Афғонистон 12-уми апрели соли 1929 аз минтақаҳои сарҳаддии Тоҷикистону Афғонистон аз Хоруғ то Айваҷ дар 13 маҳал босмачиён сарҳадро вайрон карда, ба хоки Тоҷикистон даромаданӣ шуданд. Фақат ба дастаҳои Кӯри Шермат ва Махсуми Фузайл муяссар гардид, ки бо дастаҳои нисбатан калон ба хоки Тоҷикистон дохил гарданд. Кӯри Шермат аз сарҳад гузашта, Ванҷ ва Махсуми Фузайл Қалъаихумро ишғол намуданд. Дастаҳои дигари хурди иборат аз 30 – 50-нафара дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам кӯшиши аз сарҳад гузаштанро карданд, вале аксаран торумор гардиданд. Ба баъзеҳо муяссар гардида буд, ки ҳадафи тири сарҳадбонон нагарданд. Қисме аз онҳо дар байни мардум паноҳ бурданд ва чанди дигаре ба дастаҳои Махсуми Фузайлу Кӯри Шермат пайвастанд. Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат ҳангоми амалиёти худ коркунони мақомоти шуравӣ, ҳизбӣ, маориф, молия, почта ва ғайраҳоро бе суду санҷиши пешакӣ ва бераҳмона қатл карданд. Фузайл 19-уми апрел Тавилдара ва 20 апрел Қалъаи Лаби Обро забт намуд. Баъди ишғоли Ҳоит се нафар аввалин муаллимаҳои ҳоитӣ – Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева ва Оламбибӣ Абдуллоеваро ба дор кашид. Дар Ҳоит сарбозони худро ба 500 нафар расонида, ба Ғарм равона шуд.
Дар ҳамин давра, дар аксари деҳаҳои водии Қаротегин душманони сохтори нав дар масҷиду маъракаҳо ташвиқу тарғиби ба Фузайл ёрӣ доданро оғоз карданд. Вазъияти минтақаҳои болооби Қаротегин бисёр муташанниҷ гардида буд. Агар ба Фузайл забти Ғарм муяссар мегардид, яқинан аҳолии зиёде аз атрофи Ғарм ба ӯ ҳамроҳ мешуданд. Аз рӯйи маълумоти махфӣ дар масҷидҳои деҳаҳои Нимич, Қалъанак, Навдӣ, Ғарми Боло, Белгӣ, Шул, Қазнок, Каҳдара, Навдонак ва дигарҳо, одамони зиёди худиҳою бегонаҳо ҷамъ омада, интизори касе ва ё амалеро доштанд. Водӣ ва ҷумҳуриро долу зарби калону тулонӣ интизор буд.
Ҳама ин воқеаҳо аз дар минтақа набудани қисмҳои низомии касбӣ, беназорат ва бе иттилооту маълумоти муфассал мондани Ҳукуматҳои маҳаллию марказӣ ва оммаи халқ ба вуҷуд омаданаш гувоҳӣ медиҳад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин масъаларо зери назорат гирифт ва барои ёрии амалӣ расонидан ҳама имкониятҳоро истифода бурд. Аз ҷумла, ба тариқи таъҷилӣ ба Ғарм аз Душанбе, бо фармони Сарфармондеҳи округи ҳарбии Осиёи Миёна П.Дибенко ва командири Бригадаи алоҳидаи савора Т.Шапкин, бо сардории А.Бенко ба Ғарм як эскадрон равон шуд. Аз ҳисоби гарнизони Кӯлоб ҳам як дастаи савора ба воситаи Тавилдара роҳи Ғармро пеш гирифт. Дар Ғарм бошад, аз ҳисоби коркунони муассисаҳои давлатӣ ва омӯзгорон бо сардории Ф. Гутовский ва Ф. Мокритский ду отряд ташкил карда шуд, ки яке аз 18 нафар ва дигаре аз 9 нафар иборат буд. Дастаи 18-нафара бо сардории Ф. Гутовский ба ҷанги зидди Фузайл баромада, дар деҳаи Нимиҷ ба муҳосира афтод ва дар ҷанги нобаробар ҳалок гардид. Дар ҳайати ин отряд муаллимон: Яҳё Олимов, Алиакбар Ҳасанов, Сайфулло Алиев, Абдуҷаббор Муҳаммадов, Носир Умаров, Абдулло Қосимов, Абдулаҳад Раҳимов, Ҳикмат Ғанӣ, Абдусалом Исломов, Убайдулло Ғайнуддинов дохил буданд. Отряди 9-нафара аъзоёни худро то 45 нафар расонида, бо босмачиён 22-уми апрел дар наздикии Ғарм рӯ ба рӯ гардида, ҷангкунон ба Ғарм ақибнишинӣ кард. 23-юми апрел Фузайл қисми Ғарм ва отряди Ф. Мокритскийро ба муҳосира гирифт.
Муҳофизон то 29 апрел ҳама захираҳои тирро сарф карда буданд ва ба тарк кардани Ғарм тайёрӣ медиданд, ки дар ҳамин вазъият, пагоҳии 29-уми апрел дар таҷрибаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ аввалин экспедитсияи ҳарбии ҳавоӣ ба Ғарм фиристода шуд. Аввалин 2 самолёт, ки дар онҳо командири бригада Т.Шапкин ва Комиссари бригада А.Федин бо чор нафар Аскари сурх ва 4 пулемёт савор буданд, дар ҳамвории наздикии Ғарм фуруд омада, ба ҷанг даромаданд. Ҳамон рӯз боз 40 Аскари сурх ба воситаи самолёт ба Ғарм расид. Зарбаи асосиро ба босмачиҳо ҳавопаймо заданд. Аз тез парвозкунӣ, овоз ва тирпарронии пулемётҳои ҳавопаймоҳо босмачиён ба воҳима афтода, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз Кӯлоб отряди 50-нафара ба воситаи Тавилдара ба Ғарм расида омад.
Ҳимоятчиёни Ғарм дар якҷоягӣ бо Аскарони сурх дастаи Фузайл Махсумро таъқибкунон аввал ба зодгоҳаш то Митаниюн ва баъд ба воситаи ағбаҳо то сарҳадди Афғонистон рафтанд. 9-уми майи соли 1929 Фузайл Махсум бо 12 нафар навкараш ба Афғонистон фирор кард.
Дар ҷанги зидди Фузайл Махсум 15 нафар омӯзгор, аз ҷумла, Каримҷон Ҳусейнзода, Яҳё Олимӣ, Алиакбар Ҳасанов, Сайфулло Алиев кушта шуданд. Ҳоло дар деҳаи Нимич ва маркази ноҳияи Ғарм оромгоҳи бародарии ҳимоятгарони Ғарм аз ҳуҷуми Фузайл Махсум боқист.
Савол ва супориш:
1. Марҳалаҳои мубориза бар зидди Иброҳимбекро баён кунед.
2. Чаро Фузайл шикаст хӯрд?
3. Дар бораи шикасти Фузайл дар Ғарм чӣ медонед?
4. Сабабҳои асосии ғалаба бар зидди босмачигарӣ кадомҳоянд?
Реклама