§ 29. ТАЪСИСЁБИИ ҶУМҲУРИИ ШУРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Аз мухторият ба соҳибихтиёрӣ. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони мухтор раванди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон яке аз воқеаҳои муҳимми дорои аҳаммияти сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.Солҳои 1925 – 1929 чи Ҳукумати Тоҷикистон ва чи аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ дар бораи беадолатиҳои тақсимоти соли 1924 ба Комиссариати халқи миллатҳо ва ҳукумати ИҶШС мактубу муроҷиатҳои зиёде фиристода буданд. Ин масъала боиси баҳси махсуси Бюрои осиёимиёнагии КМҲК(б), Комиссариати халқи миллатҳо гардид, вале ба осонӣ ҳал карда нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо роҳи конститутсионӣ дар доираи қонунҳои асосии ҶМШС Тоҷикистон, ҶШС Узбекистон ва ИҶШС ҳал кард. Пантуркизм то ба ҷое боло рафта буд, ки ҳангоми додани шаҳодатномаҳои таваллуд ва шиносномаҳо дар солҳои 1925 – 1926 ва гузаронидани ба рӯйхатгирии аҳолии соли 1926 сиёсати узбек гардонидани тоҷикони Бухоро, Самарқанд, Кармина, Ҷизах, Қӯқанд, Тошканд пеш гирифта шуд. Аз соли 1925 сар карда, тадриҷан мактабҳою синфҳои тоҷикиро ба узбекӣ табдил додан гирифтанд, ҳатто ба мактабҳои тоҷикӣ муаллимони узбекзабонро мефиристоданд. Ба ин сиёсат бештар аҳолии округи Хуҷанд эътироз карданд ва аз тариқи роҳи оҳани Хуҷанд гузаш- тани оқсақоли Иттиҳоди Шуравӣ М.И.Калининро истифода бурда, қатораи ӯро маҷбуран боздошта, хоҳиш намуданд, ки округи онҳоро аз Узбекистон ҷудо кунанд. Оқсақоли Умумииттифоқ ба қисме аз мардуми округи Хуҷанд – Конибодом, Исфара ва Ашт барои таъсиси ноҳияҳои мухтор ёрӣ дод, вале масъалаҳои асосии иктисодӣ, сиёсӣ ва миллии ин минтақа ҳал нашуд ва ин минтақа боз ба ҳайати Узбекистон баргашт. Ҳамаи ин масъалаҳоро дар доираи қонун ҳал кардан лозим буд. Барои ҳалли масъалаи миллӣ хулосаҳои илмии В.В. Бартолд ва И.А. Зелинский ҳам далели қотеъ нашуданд.

Дар сиёсати инкишофи мухторияти Точикистон ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон такя ба фаъолияти ҳукумати Умумииттифоқ карданд.

Анҷумани дуюми шуроҳо хоҳиши меҳнаткашони округи Хуҷанди ҶШС Узбекистонро дар бораи аз ҳайати Узбекистон баромада, ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шудан ба назар гирифта, қарор қабул кард, ки дар бораи ба ҳайати Тоҷикистон баргардондани округи Хуҷанд ба Анҷумани сеюми шуроҳои Узбекистон муроҷиат намояд. Ин қарор дар асоси декларатсия дар бораи тақсимот қабул карда шуда буд. Дар он омада буд, ки то ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди тоҷикнишини уезди Хуҷанд дар ҳайати Узбекистон мемонад. Инак, ҷанг тамом шуда, барқароркунӣ анҷом ёфта буд ва давраи иҷрои қонун ҳам расид. Қарори Анҷумани дуюми шуроҳои ҶМШС Тоҷикистонро Анҷумани сеюми шуроҳои ҶШС Узбекистон 25-уми майи соли 1929 муҳокима намуда, дар бораи ба Тоҷикистон баргардондани округи Хуҷанд қарор қабул кард. Ин қарор Ҳукумати умумииттифоқро водор кард, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистонро ба инобат гирад, чунки бо ҳамроҳ гардидани округи Хуҷанд се шарти конститутсионии таъсиси ҷумҳурии мустақил иҷро шуда буд. Аҳолии Тоҷикистон акнун аз 1 миллион зиёд буда, он бо ду ҷумҳурии хориҷӣ – Чин ва Афғонистон ҳамсарҳад буд ва зиёда аз нисфи аҳолиашро тоҷикон ташкил медоданд. 12-уми июни соли 1929 Президиуми КИМ-и ИҶШС баъди муҳокимаи ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз ҳайати ҶШС Узбекистон баромадани ҶМШС Тоҷикистон ва таъсис додани ҷумҳурии иттифоқии мустақилу комилҳуқуқ ва ба ҳайати ИҶШС дохил шудани он қарор қабул кард. Он, инчунин қарор намуд, ки ин масъала ба муҳокимаи анҷумани шуроҳои Узбекистон ва Президиуми КИМ-и Узбекистон гузошта шавад. Ҳукумати умумииттифоқ барои ҳалли ин масъала ду моҳ муҳлат муайян намуд, вале дар амал баргардондани округи Хучанд то аввали моҳи сентябри соли 1929 кашол ёфт.

13-уми июни соли 1929 КИМ-и ҶШС Узбекистон қарори аз ҳайати Узбекистон ҷудо кардани Тоҷикистонро қабул карда, бо сардории Юлдош Охунбобоев Комиссияи махсуси тақсимоти амволро таъсис дод.

Ҳамин масъалаи ҷудо шудан аз ҳайати Узбекистон ва ба ҳайати СССР (ИҶШС) дохил шудани Тоҷикистонро Президиуми КИМ-и Тоҷикистон 11-ум ва 24-уми августи соли 1929 муҳокима намуда, қарор қабул кард, ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

4-уми сентябри соли 1929 санади ба ҶМШС Тоҷикис- тон баргардонидани округи Хуҷанд ба имзо расид. 11-уми сентябр КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон ҷудо шудани Тоҷикистон аз Узбекистон ва ба ҳайати ИҶШС хамчун ҷумҳурии мустақил дохил шуданро зарур шуморида, қарор кард, ки барои ҳалли масъалаи мазкур 15-уми октябри соли 1929 Анҷумани фавқулодаи шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шавад.

Анҷумани III фавқулодаи шуроҳои ҶШС Тоҷикистон ва қарорҳои он

Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон танҳо як қарору ҳисобот набуд. Ин масъалаи миллӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳам буд, ки нозукиҳои миллию сиёсӣ ҳам дошт.

15-уми октябри соли 1929 Анҷумани фавқулодаи сеюми шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон дар Душанбе ба кор сар кард. Дар кори анҷуман намояндагони ҳамаи минтақаҳову халқҳои ҷумҳурӣ, намояндагон аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва Ҳукумати умумииттифоқ иштирок доштанд. Яке аз қарорҳои аввалини анҷуман дар бораи таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки дар матни он омадааст:

«…Анҷуман қарор мекунад:

  1. Анҷумани III фавқулодаи ҶМШС Тоҷикистон зикр мекунад, ки дар натиҷаи ёрии ҳамаҷониба, мадад ва роҳбарӣ аз тарафи пролетариати иттиҳод дар шахсияти ҳукумати иттифоқӣ, мақомоти осиёимиёнагӣ ва ҳукумати Узбекистон, инчунин, тавассути сиёсати дурусте, ки ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон мегузаронад, Тоҷикистон хеле пеш рафт ва дар масъалаҳои фарҳанг, хоҷагӣ ва сиёсӣ мустаҳкам гардид.
  2. Анҷумани фавқулодаи шуроҳо махсусан зикр мекунад, ки пешрафтҳои ба даст овардашуда ва таъсисёбии ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон самараи гузаронидани сиёсати дуруст ва пайвастаи миллии пролетариати инқилобист, ки барои нест кардани ҳама гуна зулми миллӣ, барҳам додани нобаробарии феълии хоҷагӣ ва мадании байни миллатҳои гуногун ва худмуайянкунии миллии онҳо равона карда шудааст.

ЛУҒАТ:

  1. Енукидзе Авел Сафонович – Котиби Президиуми КИМ-и ИҶШС, ки қарори Анҷумани III фавқулодаи шуроҳои ҶМШС Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳукумати ИҶШС хонда дода, ҳозиронро ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик шинос гардонид. Ин баромадро рӯзномаи «Правда Востока» 13-уми декабри соли 1929 чоп карда буд. Дар он аз ҷумла, омадааст: «Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна буда, гузаштаи боифтихор ва абармардҳои зиёд доранд».
  2. Комиссияи конститутсионӣ – гурӯҳи корӣ, комиссияе ки бо қарори ҳукумат барои таҳияи матни конститутсия таъсис дода шуда буд. Дар Тоҷикистон чунин комиссияҳо солҳои 1926, 1929, 1936, 1976, 1991 бо қарорҳои мақомоти дахлдор таъсис ёфта буданд. Раиси Комиссияи конститутсионии ҶМШС ва ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1926 – 1929 ва 1929 – 1931 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) буд.

Реклама