Сиёсати саросар (ҳатмӣ) гузаронидани коллективонӣ. Сиёсати коллективонии солҳои 1927 – 1929-ро ҳамчун сиёсати таъсиси хоҷагиҳои истеҳсолӣ дар деҳот номидан мумкин аст. Дар ИҶШС ба сиёсати саросарӣ (ҳатмӣ) гузаронидани коллективонӣ баҳори соли 1929 оғоз шуда буд. Тоҷикистон ба ин сиёсат тайёр набуд, чунки ҳанӯз ҳам дар ин ҷо ислоҳоти замин пурра ба охир нарасида буд. Таъсири бойу «кулак»-ҳо низ ҳоло зиёд буд. Дар охири соли 1929 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 251 колхоз, ки 5421 хоҷагиро муттаҳид мекард, вуҷуд дошт. Ин миқдор колхозҳою хоҷагиҳои муттаҳидшуда қариб 2% шумораи умумии хоҷагиҳои яккадастро ташкил медоданд.
Дар Тоҷикистон ба сиёсати саросарӣ ва ҳатмии ба муттаҳидшавӣ гузаштан соли 1930 оғоз карданд. Барои гузариш аввал татбиқи ин сиёсатро дар чор ноҳияи ҷумҳурӣ: Саройкамар (ҳоло Панҷ), Қубодиён, Чиптӯра (ҳоло Шаҳринав), Арал (Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва округи Хуҷанд ҳамчун таҷриба эълон карданд. Мақсад он буд, ки ин ноҳияҳоро ба такягоҳи оянда барои саросарӣ гузаронидани коллективонӣ табдил диҳанд.
Барои ба амал баровардани ин мақсад ба Тоҷикистон 87 нафар аз 25 ҳазор нафарчиёни умумииттифоқ, даҳҳо бригадаҳои шефӣ аз Москва, Иваново-Вознесенск, Санкт-Петербург, Тошканд ва садҳо пешқадамони ташкилотчии ҷумҳурӣ сафарбар шуда буданд. Соли 1930 соли РКДЗ (ТОЗ)-ҳо эълон гардида буд. 25 ҳазор нафарчиён дар ташкилу мустаҳкам кардани хоҷагиҳои навтаъсис иштирок карданд. Охири моҳи май дар ҷумҳурӣ 526 колхоз вуҷуд дошт, ки қариб 28 ҳазор хоҷагиро (13,1%) муттаҳид мекард. Аз ин ҳисоб зиёда аз 500 колхоз ТОЗ-ҳо буданд. Барои хуб ба роҳ мондани кори ТОЗ-ҳо соли 1930 оинномаи намунавии ТОЗҳо қабул гардид. Ҳукумат ҳам тарафдори суръат гирифтани коллективонӣ будани худро бо қарори махсус эълон карда буд. Аз ҷумла қайд шуда буд, ки соли 1931 дар пахтакорӣ 50% пахтакорон ба колхозҳо ҷалб карда мешаванд. Аз ин рӯ соли 1931 маъракаҳои якмоҳа ва думоҳаи сохтмони колхозӣ ташкил ва гузаронда шуданд. Дар натиҷа дар аввали соли 1932 дар ҷумҳурӣ 2554 колхоз вуҷуд дошт, ки ин 45% хоҷагиҳои камбағалону миёнаҳолро дар бар мегирифт. Дар пахтакорӣ колхозҳо 76%-и шумораи умумии хоҷагиҳоро муттаҳид мекарданд (84, 2% майдонҳои кишт).
Омилҳои ба раванди коллективонӣ таъсиррасонанда инҳо буданд:
Ноҳияҳои пешқадам дар коллективонӣ инҳо буданд: Нов – 95, 1%, Қубодиён – 87,4%, Шаҳринав 86,6%, Арал – 77,1%, Конибодом – 71,3%. Соли 1932 коллективонӣ дар пахтакорӣ пурра анҷом ёфт.
Соли 1932 соли муваффақиятҳо дар раванди коллективонӣ дониста шуд, чунки ба коллективонӣ деҳқонони миё- наҳол ҷалб гардиданд, ки шумораи онҳо хеле зиёд буда, 56% шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқононро ташкил медод. Бо вуҷуди ин пешравиҳо, рафти коллективонӣ дар Тоҷикис- тон нисбат ба ИҶШС сусттар буд. Сабабаш кам будани коргарон дар ҳайати умумии аҳолӣ дониста мешуд. Таҷриба нишон дод, ки дар куҷое синфи коргар вуҷуд дошт, деҳқонон осонтару бештар ба колхозҳо дохил мешуданд. Дар ин раванд коргарон ба деҳқонон ёрӣ медоданд. Коргарон бештар дар шаҳрҳо ва атрофи корхонаҳое, ки дар шаҳракҳо вуҷуд доштанд, зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ сабаби дуюми суст будани сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон кам ва хурд будани шаҳрҳо буд. Барои ҳамин ҳам деҳқонони тоҷик аксаран ба суст будани таъсири ёрӣ ва дастгирии коргарон ва коллективонӣ дар як давра рӯ ба рӯ шуда буданд.
Дар солҳои панҷсолаи якум ҳар колхоз ҳамагӣ 8 – 17 хоҷагӣ (оила, ҳавлӣ) ва 30 – 70 гектар заминро муттаҳид мекард, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар колхоз 13,1 оила ва 47,7 гектар замин рост меомад.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Сиёсати саросар коллективониданро фаҳмонед.
2. Сабабҳои асосии ба рафти коллективонӣ таъсир расондаро шарҳ диҳед.
3. Ҳайати иҷтимоии колхозҳои ибтидои давраи коллективониро шарҳ диҳед.
4. Ноҳияҳои пешқадами коллективониро номбар кунед.
5. Душманони сохти колхозӣ киҳо буданд.
Реклама