Дар солҳои 1941 – 1945 тоҷикон дар ҳаракатҳои партизанӣ ҳам иштирок доштанд. Онҳо аксаран дар ибтидои ҷанг аз муҳосира баромада натавониста ва ё аз «лагерҳои марг»-и фашистӣ гурехта, ба дастаҳои партизанӣ дохил шудаанд. Ҷӯрабой Умаровро яке аз ташкилкунандагони отряди партизании ботлоқзори Кобрини Полесе ва М. Тоҳировро дар деҳаи Юшкевичи шаҳри Кричев меҳисобанд. Номи тоҷиконро дар рӯйхатти 53 ташкилоти партизанӣ дучор шудан мумкин аст: Раҳмат Қаландарови ёвонӣ, Х. Азимови хуҷандӣ дар вилояти Житомири Украина; Ашӯр Арбобов ва Зариф Мирзораҳимов дар ҳайати отряди А. Фёдоров, Г. Ризоев, Малик Назаров дар қисми Я.Е. Мелник, Умарҷон Олимҷонови хуҷандӣ дар бригадаи 4-уми партизании Ленинград, Ашӯрбой Раҷабов дар Брянск, Қулӣ Бозоров дар Смоленск, И. Шарифов дар Твер, А. Аҳмадов дар Ставропол, Н. Назруллоев дар Қрим, бародарон Ҷӯра Раҳимҷонов ва Муъмин Олимҷонов дар бешазорҳои Борисово ва Лепели Беларус, дар деҳаи Жартайкаи вилояти Витебск Эргаш Саидов, Ҳоҷимир Давлатови душанбегӣ дар бригадаи партизании «Гроза»-и Витебск, дар Могилёв аз деҳаи Шулмаки ноҳияи Ғарм (ҳоло – Рашт) Исмат Юсуфов, дар атрофи шаҳри Бобруйск Аҳрор Исматов, дар атрофи Брест Мақсуд Холов, дар Толочинои Пасикарпат Карим Додобоев, Раҳимбердӣ Ҷӯраев ва Акмал Узоқов, дар бригадаи партизании ба номи Сталини вилояти Витебск Салим Ҷӯраев, дар отряди ба номи Чапаеви Доманковичи Полесйе Остон Хоҷаев, дар вилояти Пинск Шукур Раҳмонов, дар бешаи Кобижи Беларус Самад Раҳмонов, дар қисми партизании генерал А.Н. Сабуров Мадалӣ Дӯстматов, дар отряди партизании деҳаи Жмеранкаи Украина Саидҳомид Комилов партизанӣ карда, ҳама бо ордену медалҳои партизанӣ мукофотонида шудаанд.
Дар давраи ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941 – 1945 номи генерал Ковпак ва дивизияи ковпакчиён вирди забони ҷанговарон буданд. Дар ҳайати ковпакчиён тоҷикистониён Маҷид Саидов аз деҳаи Сариёзи вилояти Кӯлоб, Ҳайталӣ Каримов аз деҳаи Қӯруқи Варзоб, Ҷонмаҳмад Бобоев аз деҳаи Чорбоғи Варзоб ва Суфӣ Нуров ҷангидаанд. Ҳама номбаршудагон бо орденҳою медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Партизанҳо дар ақибгоҳи душман, асосан, ба корҳои диверсионӣ – халал расонидан ба фаъолияти таъмини босуботи ҳаракати артиши душман, ба таъмини яроқу аслиҳаи, онҳо таъмини ғизо ва сарулибос, ба Олмон кашондани моли ғоратшуда ва аҳолии дар асоратмонда – машғул буданд. Баъзан партизанҳо дар ҳамкорӣ бо артишҳои фронтӣ ба ҷанг медаромаданд. Партизанҳо дар барбод додани бисёр нақшаҳои ҷангии душман саҳми асосиро бозидаанд. Дар минтақаҳои забтшудаи Иттиҳоди Шуравӣ зиёда аз 2000 дастаи партизанӣ бо ҳайати зиёда аз 1,1 миллион партизан амал мекарданд. Онҳо беш аз 1,6 миллион аскарону политсайҳои душманро маҳв кардаанд. Ҳаракати партизанӣ як қувваи бузург дар таъмини ғалаба аз болои фашизм гардида буд. Партизанҳо ҳазорҳо вагонҳои тиру тӯп ва озуқаи барои фронт таъиншудаи душманро чаппа карда, ҳазорҳо анборҳои тиру тӯп ва озуқаи онҳоро оташ зада, ҳазорҳо асиронро аз ба асирӣ бурдан раҳонида, садҳо шаҳру ҳазорҳо деҳаро аз душман озод кардаанд.
Дар солҳои ҷанг, ҷанги бо ном релсӣ, қаторавӣ бисёр машҳур гардида буд, ки мазмунаш, пеш аз ҳама, озуқа лавозимоти аз Олмон барои артишҳои дар набард буда овардашаванда ва амволи аз ҳудудҳои забтшуда ғораткардаи ба Олмон мефиристодагии душманро ба даст даровардан буд. Агар ин кор амалӣ нашуданӣ бошад, баъд вайрон кардани пулҳои роҳи оҳан, таркондани узелҳои асосии роҳҳои оҳан ва роҳҳо, умуман, маҳв кардани қатораҳои бордори душман хоҳ ба Олмон равона бошанд, хоҳ ба минтақаҳои ҷанг буд. Ин намуди ҷанг бо номи «ҷанги қасос» ва «қасосгирӣ» ҳам маълум аст. Ин ҷангҳоро партизанҳо ҳамчун қасос барои амалҳои ваҳшиёнаи бемислу монанди фашизм анҷом медоданд.
ЛУҒАТ:
ИҶШС.
Супориш:
1. Калимаи «партизан» ва «ҳаракати партизанӣ»-ро шарҳ диҳед.
2. Чанде аз партизанҳои тоҷикистониро ва маҳалҳои амали онҳоро номбар кунед.
Реклама