§ 60. Фаъолияти одам дар шароити номусоид

§ 60. Фаъолияти одам дар шароити номусоид

Физиологияи экологӣ. Одам аз замонҳои қадим дар алоқамандии зич бо табиат зиндагӣ ва кор мекунад. Инкишофи илму техника нуфузи фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ ва ҳаёти одамонро васеъ кард. Шароити қатъии муҳити ин доираи нави фаъолият ва ҳаёти одам акнун ба хусусиятҳои ирсӣ ва ғайри ирсии организм мувофиқат намекунад. Одамон дар шароити нави табиӣ ба вазъи умумӣ, ҳол, коршоямиашон таъсир кардани омилҳои ғайриоддии муҳитро ҳис мекунанд. Дар чунин шароит зиндагӣ кардан аксар қувваи иловагӣ сарф карданро талаб мекунад. Ба ин муносибат зарурияти омӯхтани одаткунии организм ба шароити нави муҳит пеш омад. Физиологияи экологӣ ба омилҳои гуногуни табиии муҳит (шароити Шимол ва Ҷануб, биёбонҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ) одат кардани одами ҳозиразамонро меомӯзад. Дигар соҳаи физиологияи экологӣ ба организми одам таъсир кардани чунин омилҳои ғайриоддии муҳит, ба монанди суръатнокӣ, бевазнӣ, ғалоғула, ларзиш, алвонд, майдони магнитӣ, нурҳои радиатсияро меомӯзад. Омӯхтани ин масъалаҳо барои физиологияи касбӣ ва гигиенаи истеҳсолоти ҳозиразамон зарур аст.

Одаткунӣ ба иқлими нав ва мутобиқшавӣ. Ба шароити табиӣ, иқлими муҳит мувофиқ шудани организм, ба иқлими нав одаткунӣ ном дорад. Одам ҳангоми ба иқлими нав одат кардан худро нағз ҳис мекунад. Ба шароити нави истеҳсолӣ (меҳнатӣ) ва маишӣ одат кардани одам мутобиқшавӣ номида мешавад.

Дар айни ҳол кор дақиқ карда шуда, маҳсулнокии он зиёд мегардад, ки ин ба беҳтар шудани танзими равандҳои организм вобаста аст.

Одам имконияти калони биологии ба шароити гуногун мутобиқшавӣ дорад. Дар ин ҳол мубодилаи моддаҳо, ҷараёнҳои асаб, вазъияти рӯҳӣ, таомулоти муҳаррика ва ғайра тағйир меёбанд. Ба ҳолати бевазнӣ, беҷозибагии замин мувофиқ шудани организм мисоли он шуда метавонад, ки вай барои ба шароити ғайримуқаррарии зиндагӣ одат кардан имкониятҳои зиёд дорад. Тамоми хусусиятҳои сохти системаи узвҳо, вазифа, рафтор, самтёбии маконӣ ва фаъолияти мутаҳаррикии ҳар як организми рӯи замин ба ҷозибаи замин мувофиқ шудааст.

Одам дар фазо, дар ҳолати бевазнӣ, аввал мавқеи худро муайян карда наметавонад ва ин бо вайроншавии фаъолияти мураттаби узвҳои ҳис: мувозинат, босира, ломиса ва ҳассосияти мушакҳо вобаста аст. Одам ҳис мекунад, ки гӯё меафтида бошад ё сарнишеб парвоз мекунад. Дар баробари ин худи организм дар кайҳон таъсири ҷозибаи заминро ҳис намекунад, яъне вазнашро гум мекунад.

Дар натиҷа ба тарзи дигар тақсимшавии қисми зиёди хуни дар гардишбуда, ба амал меояд - он аз қисми поён ба қисми болои бадан мешитобад. Ин аломати тағйирёбии миқдор ва фишори хуни дар гардишбударо системаи асаб чун ҳодисаи фавқулодда дарк мекунад. Механизмҳои танзимкунанда ба кор даромада, миқдори гардиши хунро кам мекунанд. Гурдаҳо ба миқдори зиёд пешоб ҷудо мекунанд. Дар як вақт ҳисси ташнагӣ кам мешавад.

Барои он ки устухону мушакҳо аз тазйиқ халос шаванд, дар кайҳон фаъолияти мутаҳаррикӣ хусусияти нав мегирад: одам роҳ нагашта, балки дар киштии кайҳонӣ шино мекунад, кашишхӯрии мушакҳо инчунин мутобиқати ҳаракат ҳам тағйир меёбад.

Агар одамон қабл аз парвози кайҳонӣ махсус машқ дода нашаванд, пас баъди якчанд ҳафтаи парвоз кори системаҳои дилу рагҳо ва мушакҳо тағйир меёбад. Бинобар ин ҳамаи кайҳонавардон аз варзиши махсус мегузаранд.

Таҷрибаи ҳосилшудаи парвозҳои дарозмуддати кайҳонӣ нишон дод, ки одам метавонад ба таъсири дуру дарози бевазнӣ ба таври қаноатбахш омӯхта гардад. Вале барои организми одаме, ки дар кайҳон кор мекунад, боз як санҷиши гарон - зарурати ба замин баргаштан вуҷуд дорад. Бояд аъзо ва системаи узвҳои одам зери таъсири ҷозибаи замин аз сари нав дигаргун шаванд. Одами дар мадор буда баъди ба замин баргаштан хеле душворӣ мекашад. Бинобар он физиологияи экологӣ пешбинӣ ва таъмин кардани чунин шароити парвозро тақозо дорад, ки дар он организми одам на танҳо ба бевазнӣ одат мекунад, балки дар айни замон одати ба таъсири қувваи ҷозибаи замин доштаашро ҳам гум намекунад. Ба ин муносибат ғайр аз интихоб ба махсус тайёр кардани аъзои ба парвозҳои кайҳонӣ, назорати саломатии онҳо, ба ташкили маҷмӯи тадбирҳои пешгирикунандаи беморӣ ва коршоямии кайҳонавардон, ба таҷҳизоти аппаратҳои парвозкунанда, муайянии реҷаи кор ва истироҳати кайҳонавардон диққати махсус дода мешавад.


Саволҳо:

1. Одаткунии организм чист?

2. Мутобиқшавии организм чист?

3. Ба одам дар кайҳон кадом омилҳои ғайриоддӣ таъсир мерасонад?

4. Ҳолати бевазнӣ чист?