Тавсифи эҳсосот. Одам на танҳо олами атрофиро дарк мекунад,
балки ба он таъсир мерасонад. Вай бо тамоми ашё ва ҳодисаҳо муносибати муайян
дорад. Одамон китоб хонда, мусиқӣ шунида, ба дарс ҷавоб дода ё бо дӯстонашон
муносибат карда, хурсанд, ғамгин, рӯҳбаланд ва рӯҳафтода мешаванд. Ҳиссиёте, ки
дар он муносибати одамон ба олами атроф ва худи онҳо зоҳир мешаванд, эҳсос ном
дорад.
Эҳсосоти одам хеле гуногун ва мураккаб
аст. Олими шӯравӣ П.К. Анохин навиштааст: «Одами беэҳсос ба робот монанд аст,
ки барояш ҳам мусибат, ҳам шодмонӣ, ҳам қаноатмандӣ аз меҳнат, ҳам кӯшишҳои
хушбахт шудан бегонаанд. Чунин одамон ҳиссиёти одамони дигар ва барои атрофиён
чӣ аҳамият доштани рафтори худро фаҳмида наметавонанд».
Эҳсосотро ба мусибат (шодмонӣ, муҳаббат,
ваҷд, қаноатмандӣ) ва манфӣ (газаб, ҳарос, даҳшат, нафрат) ҷудо кардан мумкин
аст. Ҳар як навъи эҳсос дар баробари фаъол гардидани системаи асаб ва дар хун
пайдо шудани моддаҳои фаъоли биологӣ, ки фаъолияти узвҳои дарунӣ: гардиши хун,
нафаскашӣ, ҳозима ва ғайраро тағйир медиҳанд, ба амал меояд. Яке аз чунин
моддаи фаъоли биологӣ ҳормони ғадуди болои гурда - адреналин мебошад.
Ҳангоми эҳсосоти якхела фаъолияти узвҳои
дарунии одамон як хел тағйир меёбад, бинобар ин чунин ибораҳо ба монанди «аз тарс
арақшор шудан», «мӯй сих шудан», «дар бадан мурғак давидан», «дилтанг шудан» ё
«аз шодӣ нафас танг шудан» ба ҳама маълуманд.
Чунин реаксияҳо, ки ҳамроҳи эҳсосот ба
вуҷуд меоянд, аҳамияти калони физиологӣ доранд. Онҳо организмро ба кор
дароварда, онро водор месозанд, ки ба фаъолияти бобарор ё ҳолати мудофиавӣ
омода бошад.
Ҳар як навъи эҳсосро мумкин аст ҳаракати
пурмазмун ҳамроҳӣ намояд. Бо тағйир ёфтани рафтор, вазъи бадан, инчунин имову
ишора, оҳанги сухан, тарзи нутқ доир ба ҳолати одам тасаввурот ҳосил кардан
мумкин аст.
Ҳаракати маънидор шиддати ба миён овардаи
эҳсосотро пайваст мекунад. Ғайр аз он ҳаракати маънидор - забони эҳсосот аст.
Вай мӯҳтоҷи тарҷума нест. Чанд сол қабл аз ин олимон силсилаи қиёфаи одамро дар
ҳолатҳои шодмонӣ, андӯҳ, ҳарос, ғазаб, тааҷҷуб (расми 110) тайёр карда, ба
бачаҳои бисёр мамлакатҳои ҷаҳон нишон доданд. Маълум шуд, ки онҳо сарфи назар
аз миллат анъана ва хусусиятҳои тарбиявиашон вазъияти одамони дар суратҳо акс
ёфтаро хеле аниқ ва дуруст шарҳ доданд.
Мо зуҳуроти эҳсосро мушоҳида карда, на танҳо ҳиссиёти одами дигарро
мефаҳмем, балки вазъияти ӯро фаҳмида ба вай ҳамдардӣ, хайрхоҳӣ ва дилсӯзӣ
мекунем.
Дар навбати худ ҳаракати маънидор ҳам
боиси эҳсосоти ҷавобӣ мегардад. Актёр бо имову ишораву оҳанг на танҳо образи
тасвиршавандаро бавуҷуд оварда, ба тамошобинон одами ботинии қаҳрамонашро ошкор
месозад, балки «вориди образ мешавад», яъне эҳсоси қаҳрамони худро ҳис карда,
ҳолати ӯро ба тамошобинон нишон медиҳад ва онҳоро ба ҳамдардӣ даъват мекунад.
Ҳамин тавр, ҳаракати маънидор мумкин аст эҳсосоти бисёр касонро идора кунад. Ии
доим дар тарбия ва худтарбиякунии бешуурона истифода карда мешавад. Агар писарбачаро
аз хурдсолӣ ба фурӯ нишондани ҳаракати маънидори дарду ҳарос одат кунонанд, ин
тадридан боиси кам шудани худи ҳиссиёт мегардад. Ҳангоми «эркапарастӣ»
калонсолон ҳар як ҳаракати маънидори кӯдакро ҳамоно тарафдорӣ карда, ҳама хоҳишашро
ба ҷо меоранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки бача эҳсосоти зоҳириашро дидаву дониста
тақвият медиҳад. Дар натиҷа одами тези ҳардамхаёл тарбия меёбад.
Фарқи ҳаракати маънидор аз реаксияҳои
вегетативӣ дар он аст, ки он ба танзими ихтиёрӣ тобеъ мебошад. Мо метавонем ҳаракати
маънидорамонро нигоҳ дорем, «ба ихтиёри эҳсос дода нашавем». Малакаҳои худдорӣ
ва худидоракунӣ ҳангоми тарбия ва худтарбиякунӣ ҳосил мешаванд, ки он ҷиҳати
беҳтарини маданияти баланди одамон мебошад.
Табиати физиологии эҳсосот. Пайдоиши реаксияи пурҷӯшу хурӯш ба кори
нимкураҳои калон ва қисми мағзи миёна вобаста аст. Барои ташаккули эҳсосот
қисмати чакка ва пешонии қишри майна аҳамияти калон дорад. Қисми пешонии қишри
майна эҳсосотро бозмедорад ё фаъол мегардонад, яъне онҳоро идора мекунад.
Бемороне, ки қисми пешонии қишри майнаашон хароб аст, худдорӣ карда
наметавонанд. Онҳо зуд аз ҳолати нармдилӣ ва хушкҳолии кӯдакона ба ғазаб
мегузаранд. Агар дар таҷрибаи бо ҳайвонот гузаронидашаванда қисмати мағзи
мобайниашро бо қувваи пасти барқӣ барангезонем, зуҳуроти эҳсосотро мушоҳида мекунем.
Масалан, гурбаи ором пинакрафта меҷаҳад, камонвор тоб мехӯрад, гӯшҳояшро хам
карда, фашшос мезанад, пашмҳои пушти гарданаш сих мешаванд (расми 111). Дар ин
ҳол гурба ба ҳар чизи пешомада метавонад ҳамла кунад.
Саволҳо:
1. Эҳсосот чист?
2. Реаксияи узвҳои ботинӣ (дил, узвҳои
нафас ва ғайра) чӣ аҳамият дорад?
3. Ҳаракати маънидор чист?
4. Табиати физиологии эҳсосот чӣ гуна аст?
Реклама