§ 51. Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа

§ 51. Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа

Ҳиссиёти мувозинат. Ҳолати баданро дар фазо, суръати хаттӣ ва кунҷиро ретсепторҳои халтачаҳою ҷӯякҳои нимдоираи гӯши дарунӣ дарк карда, аппарати мувозинатро ташкил мекунад (расми 103).

Халтачаю ҷӯякҳои нимдоира бисёр ҳуҷайраҳо - ретсептор ва моеъ доранд, ки ба моеъи ҳалзуни гӯши дарунӣ монанданд. Ҷӯякҳои нимдоира дар се сатҳи ба ҳам амудӣ ҷойгиранд. Ҳангоми тағйир ёфтани мавқеи сар ё ҳаракат ретсепторҳои халтачаю ҷӯякҳои нимдоира ба ангезиш меоянд. Импулсҳои асаб, ки дар ин ҳол ба вуҷуд меоянд, бо роҳи асаб ба мағзи миёна, мағзча ва қишри нимкураи калон мегузаранд. Ҳаракати доимию мавзунии cap боиси ҳиссиёти ногувори чархзании cap ва беҳузуршавии дил мегардад. Ин хусусан ҳангоми мавҷзании баҳр, дар арғунчак бод рафтан ба хубӣ маълум мешавад. Дар ин ҳол ретсепторҳои ҷӯякҳои нимдоира бо навбат ангехта мешаванд.

Расми 103. Сохти ҳалзун, анализатори сомеа

Ҳангоми ба мадор баромадани киштиҳои фалакпаймо бевазнӣ ба аппарати мувозинати кайҳонавардон сахт таъсир мекунад. Одам дар ҳолати бевазнӣ аксар вақт эҳсоси босуръат афтодан ва дилбеҳузуриро дарк мекунад. Бинобар ин ҳангоми тайёрӣ ба парвоз кайҳонавардонро махсус машқ медиҳанд. Дар ҳолати бевазнӣ одам одатан бо ёрии узви босира мавқеи худро муайян карда метавонад.

Ҳиссиёти мушакӣ. Одам ҳатто чашмонашро пӯшида ҳис мекунад, ки ҷисми ӯ дар чӣ ҳол аст: вай рост истодааст ё нишастааст, дастонаш хаманд ё боло. Ин аз он вобаста аст, ки мушакҳо, пайу буғумҳо ретсепторҳои махсус доранд ва ҳангоми ёзидану кашишхӯрии мушакҳо ба ангезиш меоянд. Ба туфайли импулсҳое, ки аз ин ретсепторҳо ба системаи марказии асаб меоянд, мо метавонем нодида вазъияти бадан ё ҳолати ҷисмониро тағйир диҳем, бо ҳаракати тамоман дақиқ нӯги ангуштонамонро ба бинӣ расонем. Одамоне, ки ҳиссиёти мушакиашон зарар дидааст, ҳаракатҳои носаҳеҳ мекунанд. Дар чунин одамон ҳангоми дар фазо муайян кардани ҳолати худ босира нақши асосиро мебозад.

Ломиса. Ретсепторҳои ломиса дар пардаҳои луобӣ ва пӯстӣ ҷойгиранд. Хусусан онҳо дар забон, ангуштҳо ва кафи даст бисёранд. Ретсепторҳо ҳангоми дастрасонӣ, фишор додан, таъсири сармою гармо ва озоррасонӣ ангезиш меёбанд.

Бо кӯмаки ломиса одам қодир аст андоза, шакл ва вазни ягон чизро надида муайян кунад. Ҳангоми шаклдигаркунии сатҳи пӯст, ки ба ҳар як дастрасонӣ ё фишор вобаста аст, импулси асаб ба мағзи cap, ба мавзеи ҳисси пӯст мерасад. Ретсепторҳои пардаи луобӣ ва пӯст гармию сардиро ҳис мекунанд. Хабаррасӣ оид ба ҳарорати муҳит барои танзими ҳарорати доимии бадан муҳим аст.

Ретсепторҳои дардҳискунанда ҳангоми ҳар як таъсире, ки боиси ихтилоли бофтаю узвҳо мешаванд, ангезиш меёбанд. Дард водор месозад, ки ба хатари таҳдидовар зуд диққат дода шавад. Маҳз импулсҳои нуқтаи «дард» водор мекунанд, ки даст аз чизи гарм ё сард дур карда шавад (расми 104).

Расми 104. Ретсепторҳои ломиса

Расми 105. Анализатори шомма

Шомма. Дар пардаи луобии ковокии бинӣ бисёр ретсепторҳои шомма ҷой гирифтаанд. Онҳо аз моддаҳои газмонанди бӯйдор ангезиш меёбанд. Импулсҳо тавассути асаби шомма аз ретсепторҳо ба минтақаи шоммаи қишри нимкураи калони мағзи сари мо дар бораи моддаҳои бӯйдор ахбор мегиранд (расми 105).

Ретсепторҳои шомма, ки таҳлили бӯйҳои гуногун ба онҳо вобаста мебошад, бӯйҳоро дарк мекунанд, ки онҳо ҳамагӣ аз 30 млд. як ҳиссаи ҳаворо ташкил медиҳанд. Одам хӯрданибоб ё бадсифат будани хӯрокро аз бӯяш фарқ карда, дар ҳаво пайдо шудани омехтаҳои зарарнокро, масалан, гази табииро мефаҳмад.

Узви зоиқа. Анбӯҳи ретсепторҳои зоиқа дар пунбакҳои зоиқа воқеанд (расми 106), ки онҳо дар ғуррии пардаи луобии забон - пистонакҳои зоиқа ҷойгиранд. Хусусан онҳо дар нӯг, канораҳо ва бехи забон, дар деворҳои ҳалқ, коми нарм бисёранд. Муайян шудааст, ки асосан нӯги забон ширинӣ, канораҳои решаи забон туршӣ, паҳлӯҳояш шӯрӣ решаи забон талхиро (расми 107) ҳис мекунанд. Ретсепторҳои зоиқа аз таъсири моддаҳои дар об ё оби даҳон ҳалшуда ба ангезиш меоянд. Хӯроки хушк бе тамъ менамояд.

Дар ковокии даҳон на танҳо ретсепторҳои зоиқа, инчунин ретсепторҳои ломиса, ҳароратдарккунанда низ ҷойгиранд ва барангезиши иловагии онҳо ҳисси таъмро пурзӯр мегардонад.

Расми 106. Пистонакҳои зоиқа

Ҳарорати хӯрок ҳам дар ҳисси таъм нақши муайяне мебозад.

Расми 107. Таъми хурокро ҳис кардани забон

Шояд бисёр касон мушоҳида карда бошанд, ки чойи ҷӯшон ё шӯрбои сӯзон лаззат надорад. Вале ҳамон чой ва шӯрбои хунукшуда болаззат, хуштаъму лазиз мебошад.

Барои фаҳмидани лаззати хӯрок ҳарорати он бояд +15-35°С бошад.

Бо таъсири ангезандаҳои хӯрок дар ретсепторҳои зоиқа ҳаяҷон ба вуҷуд меояд. Импулсҳои асаб тавассути торҳои асаби зоиқа ба мавқеи зоиқаи қабати қишри нимкураи калон гузашта, дар он ҷо таъми хӯрок қатъиян муайян карда мешавад. Таъми хӯрок ба маънои маъмули калима маҷмӯи ҳиссиётест, ки одам тавассути ретсепторҳои гуногун - зоиқа, шомма, ломиса ҳосил мекунад. Ҳангоми зукоми сахт, вақте ки ҳалқбинӣ пури луоб аст, хӯрок гӯё бемазза менамояд.

Лаззат ба одам дар муайян кардани сифати хӯрок ёрӣ расонда, боиси ҷудошавии шираи ҳозима ва раванди ҳазми хӯрок мегардад.

Ҳамдигаривазкунии аъзои ҳис. Организми одам қодир аст носомонии ягон узви ҳисро аз ҳисоби узви дигар бартараф кунад. Ҳангоми нобиноӣ қувваи сомеа зиёд шуда, шомма ва ломиса пурзӯр мегарданд. Хусусан тааҷҷубовар он аст, ки ҳангоми дар як вақт вайрон шудани якчанд узви ҳис организми одам ба муҳити беруна мувофиқат мекунад. Масалан узви шоммаи одамони кӯру карру гунг чунон ҳам инкишоф ёфтааст, ки онҳо одамони шинос ва ҳатто номи газетаю журналҳоро аз бӯяш мешиносанд, ҳангоми навохтани асбобҳои мусиқӣ лаппиши ҳаворо ҳис карда, бо тамоми сатҳи баданашон мусиқиро «мешунаванд».

Ҳамдигаривазкунии аъзои ҳис дар бораи имкониятҳои беохир ва то ҳанӯз пурра донистанашудаи организми одам шаҳодат медиҳад.


Саволҳо:

1. Сохти узви мувозинат барои одам чӣ аҳамият дорад?

2. Ҳиссиёти «мушак» чист?

3. Ретсепторҳои пардаи луобӣ ва пӯст дар бораи кадом таъсирот ба организм хабар мерасонанд?

4. Шомма ва зоиқа барои чӣ аҳамият доранд?