§ 36. Мубодилаи моддаҳои гайриорганикӣ. Танзими мубодилаи моддаҳо

§ 36. Мубодилаи моддаҳои гайриорганикӣ. Танзими мубодилаи моддаҳо

Мубодилаи об ва намакҳои минералӣ. Об қариб аз се ду ҳиссаи вазни баданро ташкил медиҳад. Дар ситоплазма аз ядрои ҳуҷайра назар ба моддаҳои дигар об бисёртар аст. Тағйироти сершумори кимиёвии моддаҳои ҳуҷайра танҳо дар маҳлули об ба вуҷуд меояд. Об дар таркиби хун, лимфа ва шираҳои ҳозима хеле бисёр аст.

Организм мунтазам обро талаф медиҳад. Об аз бадани одам бо пешоб, арақи бадан, наҷосат ва буғи нафас берун меравад. Бинобар ни миқдори оби организми одам бояд ҳамеша пурра бошад. Одам бе об ҳамагӣ якчанд шабонарӯз зиндагӣ карда метавонад.

Ба организм инчунин намакҳои минералӣ заруранд. Таркиби доимии муҳити дохилӣ ба туфайли онҳо нигоҳ дошта мешавад. Иштироки намакҳои калсий барои лахта шудани хун ҳатмист.

Расми 75. Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ, ки дар танзими мубодилаи моддаҳо иштирок мекунанд

Қисми зиёди моддаи байни ҳуҷайраҳои бофтаи устухон аз намакҳои минералӣ иборатанд. Қариб ҳамаи намакҳои минералии барои организм зарур буда, дар таркиби хӯроки муқаррарӣ ба миқдори кофӣ мавҷуданд. Дар он фақат намаки хлориди натрий камӣ мекунад. Бинобар ин ба хӯрок намаки ошӣ илова мекунанд.

Вазифаи ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ дар танзими мубодилаи моддаҳо. Ҳамаи ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд.

Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл (расми 75) равандҳои оксидкунандаро танзим карда, ҳамчунин ба афзоиш ва нашъунамои организм таъсир мерасонанд. Суст шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл ё гирифта партофтани он боиси хеле вайроншавии мубодилаи моддаҳо (микседема) мегардад.

Дар бофтаҳои беморони микседема равандҳои оксидкунанда суст шуда, ҳарорати баданашон паст, набзашон суст ва худ фарбеҳ мешаванд, ва ангезиши системаи асабашон кам мегардад. Агар беморон мувофиқи фармоиши духтур ҳар рӯз доруҳои ҳормониеро, ки аз ғадудҳои сипаршакли ҳайвонот тайёр карда мешаванд, истеъмол кунанд, беморӣ табобат меёбад. Чунин муолиҷаро бе таваққуф тамоми умр давом додан лозим аст. Паст шудани фаъолияти ғадудҳои сипаршакл сабзиш ва инкишофи кӯдаконро суст мегардонад.

Ҳангоми афзоиши фаъолияти ғадудҳои сипаршакл суръати равандҳои мубодила меафзояд. Дар ин ҳол дил тез-тез кашиш хӯрда, фишори хун баланд мешавад ва ҳаяҷонпазирии системаи асаб меафзояд. Одам асабонӣ гардида, зуд монда мешавад. Ин нишонаҳои дарди Базедов аст. Беморони дарди Базедов доимо гурусна мемонанд, бисёр хӯрок мехӯранд ва дар баробари ин хеле лоғар мешаванд. Ғадуди сипаршакли ин қабил одамон калон буда, чашмонашон аз косахонааш мебарояд.

Барои табобати дарди Базедов доруҳоеро қабул мекунанд, ки ба ҷудошавии ҳормонҳо монеъ мешавад. Баъзан бо роҳи ҷарроҳӣ қисми ғадудҳои сипаршаклро гирифта партофтан рост меояд.

Ғадудҳои болои гурда якчанд ҳормонҳо ҳосил мекунанд. Онҳо мубодилаи карбогидрат, чарб, сафедаро назорат карда, боиси ба карбогидрат табдил ёфтани сафедаҳо мешаванд ва мубодилаи намаку обро танзим мекунанд (расми 75).

.Вайрон шудани танзими мубодилаи моддаҳо боиси пайдоиши бемориҳои гуногун, ба монанди пайдошавии санг дар талхадон мегардад (расми 76).

Расми 76. Сангҳо дар талхадон 

Саволҳо:

1. Об, намакҳои минералӣ дар организм чӣ нақш мебозанд?

2. Ғадуди сипаршакл дap мубодилаи моддаҳо чӣ нақш мебозад?

3. Танзими кадом намуди мубодилаҳо аз ғадудҳои болои гурда вобаста аст?