§17. Мушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак

§17. Мушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак

Аз рӯи нахи худ бофтаи мушак 3 хел мешавад: 1) бофтаи кӯндаланграхи мушаки скелетӣ; 2) бофтаи кӯндаланграхи мушаки дил; 3) бофтаи мушаки суфта (расми 31).

Ба ҳар як намуди ин бофтаҳо ҳуҷайраҳои шаклан тагйирёфтаи хосияти нахи мушакро дошта мансуб аст.

Мушакҳои скелет аз бофтаҳои мушакии кӯндаланграх таркиб ёфтаанд. Торҳои мушакии он ба намуди даста ҷамъ шудаанд. Аз дохили торҳои мушакӣ риштаҳои борики сафедаҳо мегузаранд, ки қобилияти кӯтоҳшавӣ, кашишхӯрии мушакро ба амал меоранд (расми 32).

Мушакҳои дил ҳам монанди мушакҳои скелет аз бофтаҳои мушакии кӯндаланграх иборатанд. Ин нахҳо дар ҷойҳои муайян ба ҳам пайваст мешаванд ва ин таври пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки мушакҳои дил тез кашиш хӯранд.

Расми 31. Намудҳои бофтаҳои мушак

Мушакҳои суфтаро фақат дар узвҳои дохилӣ: рагҳои хун, рӯда, масона ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Хосияти бофтаҳои суфтаи мушак дар он аст, ки онҳо суст кашиш мехӯранд.

Сохти мушакҳо. Мушакҳои скелет аз бандчаи нахҳои кӯндаланграхи мушак иборатанд. Ба ҳар кадом мушак рагҳои хунгард ва асаб ҳамроҳ мешаванд. Бо лифофаҳои бофтаи пайвасткунанда пӯшонида шуда, ба воситаи пайҳо ба устухон часпидаанд. Мушакҳои асосии бадани одам аз қисми пеш ва ақиб дар расмҳои 33 ва ЗЗа нишон дода шудаанд.

Нақши системаи асаб дар танзими фаъолияти мушак. Ҳамаи мушакҳои бадан 3 хосиятро дороанд:

Расми 32. Сохти мушакҳо

Расми 33. Мушакҳо (аз пеш)

Расми ЗЗа. Мушакҳо (аз ақиб)

1) мутаассиршавӣ; 2) гузаронидани ҳаяҷон; 3) кашишхӯрӣ. Дар мушакҳои бадан торҳои асабҳои ҳиссиёт ва ҳаракат мавҷуданд. Хабарҳо тавассути торҳои асаби ҳиссиёт аз ретсепторҳои пӯст, мушакҳо, пайҳо, бугумҳо ба системаи марказии асаб меоянд. Хабарҳо инчунин ба воситаи нейронҳои ҳаракат аз ҳароммагз ба мушакҳо мегузаранд ва дар натиҷа мушакҳо кашиш мехӯранд. Х,амин тавр, кашишхӯрии мушакҳо дар организм ба таври рефлекторӣ анҷом меёбад. Ба нейронҳои ҳаракати ҳароммагз хабарҳои магзи сар, аз он ҷумла, қисми нимкураҳои калон таъсир мерасонад. Ин ҳаракатро гайриихтиёрӣ мекунад. Мушакҳои кашишхӯрда қисмҳои гуногуни баданро ба ҳаракат медароранд ва сабаби ҷойивазкунии организм ё нигоҳ доштани ҳолати муайяни он дар фазо мегарданд.

Мушакҳои қаткунанда, росткунанда ва мувофиқати онҳо. Дар вақти ягон хел ҳаракат кардани одам ду гурӯҳи ба ҳам муқобили мушакҳо - мушакҳои қаткунанда ва мушакҳои росткунандаи бугумҳо амал мекунанд (расми 34). Хднгоми кашиш хӯрдани мушакҳои қаткунанда ва дар як вақт суст шудани мушакҳои росткунанда қатшавии бандҳо ба амал меояд. Ба ҳамдигар мувофиқат кардани кори мушакҳои қаткунанда ва росткунанда дар натиҷаи дар ҳароммагз ба навбат ба вуҷуд омадани ҷараёни ба ҳаяҷоноӣ ва боздорӣ имконпазир мегардад. Масалан, мушакҳои қаткунандаи даст дар натиҷаи ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ҳаракати ҳароммагз кашиш мехӯранд. Дар як вақт мушакҳои росткунанда суст мешаванд. Ин ба боздории нейронҳои ҳаракат вобаста аст.

Расми 34. Мушакҳои қаткунанда ва росткунанда

Мушакҳои қаткунандаю росткунандаи бугумҳо мумкин аст дар як вақт дар ҳолати сустӣ бошанд. Чупопчи. мушакҳои дастс. ки ба қад озод партофта шудааст, суст мебошанд. Ҳангоми бардоштани ягон бор ё машқ кардан кашишхӯрии ҳарду намуди мушакҳоро мушоҳида намудан мумкин аст (расми 35).

Кори мушак. Мушакҳо кашиш хӯрда, ба устухон чун фишанг таъсир мерасонанд ва кори механикиро иҷро мекунанд. Ҳар як кашишхӯрии мушак бо саршавии нерӯ (энергия) вобаста аст. Манбаи ин нерӯ таҷзия ва оксидшавии моддаҳои органикӣ (карбогидратҳо, чарбҳо, кислотаи нуклеинат) мебошанд.

Моддаҳои органикӣ дар нахҳои мушак ба тагйирёбии кимиёвӣ дучор меоянд, ки он бо иштироки оксиген сурат мегирад. Дар натиҷа маҳсулоти таҷзия, хусусан гази карбонат ва об ҳосил шуда, нерӯ хориҷ мегардад. Аз байни нахҳои мушак рагҳои хун мегузаранд, ки организмро аз моддаҳои ғизоӣ ва оксиген мунтазам таъмин намуда, моддаҳои нодаркории ҳосилшуда ва дуоксиди карбонро ба узвҳои ихроҷ мебаранд.

Мондашавии мушак. Дар вақти дуру дароз, бетанаффус кори ҷисмонӣ кардан қобилияти кории мушакҳо оҳиста-оҳиста кам мешаванд. Муваққатан суст шудани қобилияти кори мушакҳоро мондашавӣ меноманд. Баъди каме дам гирифтан қобилияти кории мушакҳо аз нав барқарор мешавад. Дар вақти машқҳои мунтазами ҷисмонӣ мушакҳо дертар монда мешаванд, зеро дар фосилаи байни кашишхӯрии мушакҳо қобилияти кории онҳо қисман барқарор мегардад. Чӣ қадаре ки мушакҳо тез-тез кашиш хӯранд, ҳамон қадар тез мондамешаванд. Қобилияти кории мушакҳо инчунин аз ҳаҷми кор вобаста аст. Чӣ қадаре ки кор бисёр бошад, ҳамон қадар мушакҳо тезтар монда мешаванд.

Расми 35. Кори мушакҳо

Мондашавии мушакҳо, ба қобилияти кории онҳо таъсир кардани суръати кашишхӯрӣ ва андозаи корро физиологи рус И.М.Сеченов омӯхтааст. Вай муайян кардааст, ки ҳангоми кори ҷисмонӣ суръати миёнаи кашишхӯрӣ ва андозаи миёнаи корро интихоб кардан муҳим аст. Дар ин сурат маҳсулнокӣ зиёд шуда, мондашавӣ дертар огоз меёбад.

Ақидае маълум аст, ки гӯё оромии мутлақ тарзи беҳтарини барқарор кардани қобилияти кор мебошад. И.М.Сеченов нодурустии чунин ақидаро исбот кард. Ӯ дар шароити истироҳати беҳаракат ва дар вақти як корро ба кори дигар иваз кардан, яъне ҳангоми истироҳати фаъол чӣ тавр барқарор шудани фаъолияти меҳнатиро муқоиса кард. Маълум шуд, ки дар вақти истироҳати фаъол мондашавӣ тез бартараф ва фаъолияти корӣ барвақттар барқарор мешавад.


Саволҳо:

1. Кадом намуди мушакҳоро медонед?

2. Мушакҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?

3. Мувофиқатии мушакҳои щткунанда ва росткунанда дар чист?

4. Дар вакти кори мушакҳо чӣ хел моддаҳо ва равандҳо манбаи нерӯӣ мебошанд?

5. Суръати кашишхӯрӣ ва кор ба қобилияти кори мушакҳо ва мондашавии онҳо чӣ таъсир мерасонанд?

6. Пстироҳати фаъол чист?

7. Асосгузори физиологияи меҳнат кадом олим аст?

Реклама