§ 53. Рефлексҳои шартӣ. Боздории рефлексҳо

§ 53. Рефлексҳои шартӣ. Боздории рефлексҳо

Усулҳо ва шароити ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ.

И.П. Павлов нишон дод, ки дар баробари рефлексҳои ғайришартӣ, рефлексҳое ҳастанд, ки баъд аз тавлид дар ҷараёни ҳаёт ба вуҷуд меоянд. Ии рефлексҳо дар шароити муайян пайдо мешаванд. Аз ҳамин сабаб онҳоро рефлексҳои шартӣ меноманд. И.П. Павлов рефлексҳои шартиро дар ҳайвонот (саг) омӯхтааст (расми 108). Қоидаҳои асосии ҳосил намудани рефлексҳои шартиро И.П. Павлов пешниҳод кардааст, ки онҳо чунинанд: 1) ба оромӣ риоя кардан; 2) аввал таъсиркунандаи шартӣ, баъдан ғайришартӣ истифода карда мешаванд; 3) таъсиркунандаи ғайришартӣ аз шартӣ зӯр бошад; 4) ҳолати саломатии таҷрибашаванда мӯътадил бошад.

Расми 108. Ҳосил кардани рефлексҳои шартии саг

Рефлексҳои шартӣ аз ғайришартӣ чунин фарқ доранд: 1) ин рефлексҳо баъд аз тавлид дар ҷараёни ҳаёти фардӣ пайдо мешаванд; 2) барои ҳар як намуд алоҳида мегузаранд; 3) доимӣ нестанд, метавонанд нест ва аз нав барқарор шаванд; 4) ангезандаи махсуси худро надоранд. Аз ҳама гуна ангезандаҳое, ки дар вақти муайян истифода мешаванд, ба вуҷуд меоянд; 5) дар қабати қишри нимкураҳои мағзи сар ҳосил мешаванд; 6) фақат дар асоси рефлексҳои ғайришартӣ ба амал меоянд.

Ба ғайр аз ҳосилшавии рефлексҳои мусбат, ки дар натиҷаи таъсиркунандаи ғайришартӣ ба амал меояд, боз рефлексҳои шартии манфӣ мавҷуданд. Онҳо дар вақти истифода кардани таъсиркунандаи шартӣ ва мустаҳкам накардани таъсиркунандаи ғайришартӣ оҳиста нест мешаванд. И.П. Павлов ин таври рефлексро боздории рефлекторӣ номид. Ин боздорӣ ду хел мешавад: ғайришартӣ (берунӣ), шартӣ (дохилӣ). Рефлексҳои шартӣ ва ғайришартӣ аз таъсири ягон хел ангезандаҳои бегона метавонад суст ё нест шаванд. Дар сурате, ки агар ин таъсиркунанда якчанд маротиба такрор ёбад, он гоҳ метавонад дар организм мавқеи худро пайдо намояд.

Ҳамин тавр, тавассути ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ ва боздории онҳо организм ба шароити муайяни зиндагӣ дурусттар мувофиқ мегардад. Дар лабораторияҳои И.П. Павлов ва шогирдони ӯ Л.А. Орбелӣ, Э. Асратян, П.К. Анохин, Л.Г. Воронин, А.И. Карамян олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.М. Сафаров, Э.Н. Нуритдинов, Н.И. Ивазов, М.Б. Устоев ва дигарон гуногунии рефлексҳои шартиро дар ҳайвонот ва одам омӯхтаанд ва омӯхта истодаанд. Чӣ тавре ки дар боло қайд гардид, рефлексҳои шартӣ на танҳо дар таҷриба, балки дар ҳаёти ҳаррӯза ҳам ҳосил мегарданд. Масалан, одаме, ки як бор лимуро чашидааст бо як дидани он ё номашро гирифтан луоби даҳонаш зиёд ҷудо мешавад. Чунин мисолҳои ҳаётиро бисёр овардан мумкин аст.


Саволҳо:

1. Кадом рефлексҳоро шартӣ мегӯянд?

2. Кадом қоидаҳои ҳосил намудани рефлексҳои шартиро медонед?

3. Усули И.П. Павлов барои ҳосил кардани рефлексҳои шартӣ чӣ хел аст?

4. Рефлексҳои шартӣ аз ғайришартӣ чӣ фарқ ва чӣ аҳамият доранд?

Реклама