§ 11. Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

§ 11. Асабҳои вегетативӣ (автономӣ)

Системаи асаби вегетативӣ (худмухторӣ). Дар аввали асри XIX олими франсавӣ Ф.К. Биш вобаста аз иҷроиши вазифаи худ системаи асаби вегетативиро кашф кард.

Асаби вегетативӣ аз қисмҳои марказӣ ва канорӣ иборат аст.

Қисми марказӣ - дар магзи сар ва ҳароммагз ҷойгир буда, канорӣ бошад аз асабҳо ва гиреҳҳои асабӣ иборат аст. Асабҳо дар навбати худ аз марказҳои вегетативии ҳароммагз ва магзи сар ба гиреҳҳои вегетативӣ раванда ва асабҳои аз гиреҳҳои нейронҳо ба узвҳо раванда ҷудо мешаванд. Қисми автономии системаи асаб аз қисми соматикӣ бо он фарқ мекунад, ки танзими кори узвҳоро фақат тавассути гиреҳи асабӣ таъмин мекунад. Нейронҳои гиреҳҳо импулсҳои на он қадар зиёдро равона мекунад, ки ба кори узвҳои дохилӣ халал намерасонад. Танзими автономӣ бешуурона буда аз тарафи одам идора карда намешавад. Қисми автономии системаи асаб дар навбати худ аз ду зерқисм иборат аст.

Симпатикӣ ва парасимпатикӣ (гумроҳ). Маркази асабҳои симпатикӣ дар моддаи хокистарранги сегментҳои гардан то чорбанд ҷойгир шудаанд. Маркази асаби парасимпатикӣ бошад дар мағзи дарозрӯя ва чорбанд ҷойгир шудааст (расми 17).

Асабҳои симпатикӣ ва парасимпатикӣ муқобили якдигар амал намуда кори муътадили узвҳои организмро таъмин мекунанд. Масалан: асаби симпатикӣ кори дилро фаъол намуда, рагҳои хунро хурд мекунад дар натиҷа фишори хун баланд мешавад. Ҷудошавии шираи меъда кам шуда, кашишхӯрии девории он суст мегардад.

Расми 17. Системаи асаби вегетативӣ.

Асаби парасимпатикӣ бошад, кори дилро нофаъол менамояд, дар натиҷа рагҳои хун васеъ шуда, фишори хун паст мешавад. Ҷудошавии шираи меъда зиёд мешавад. Кашишхӯрии девории меъда фаъол мегардад. Ҳазмшавии хӯрок ва ба хун дохилшавиаш меафзояд.

Фаъолияти системаи асаби вегетативӣ дар мутобиқшавии организм ба шароити муҳити атроф нақши муҳими биологӣ мебозад.

Саволҳо:

1. Системаи асаби вегетативӣ чист?

2. Кадом намудҳои ин асабро медонед?

3. Асабҳои симпатикӣ ва гумроҳ ба узвҳо чӣ хел таъсир мекунанд? 

Реклама