§ 42. Узвҳои афзоиш

§ 42. Узвҳои афзоиш

Аҳамияти афзоиш. Одам низ чун тамоми мавҷудоти зинда ба худофарӣ, яъне нигоҳ доштан ва давом додани авлоди худ қодир аст. Ба ҳам пайвастшавии ҳуҷайраҳои ҷинсии наринаю модина ба организми нав ибтидо мегузорад. Онҳо нишонаҳои падару модарро мерос мегиранд, вале аз онҳо фарқ низ доранд. Ин фарқият ба тагйирёбии сохт ва таркиби хромосомаҳо, инчунин ба организми нав таъсир кардани шароити муҳити атроф вобаста аст. Инкишофёбӣ аз тухми бордоршуда - зигота, ки ба қисмҳо ҷудо мешавад, оғоз мегардад. Дар натиҷаи ин тақсимшавӣ организми бисёрҳуҷайра ба вуҷуд меояд. Аввал вай дар батни модар, дар узви махсус - бачадон инкишоф ёфта калон мешавад. Баъди он ки кӯдак таваллуд ёфт, ӯро атрофиёнаш тарбия намуда, ба ҳаёти мустақилона тайёр мекунанд.

Системаи ҷинсии и мард. Нутфадон, маҷрои он, ғадудҳои ҷинсии изофӣ (нутфадон ва простата) ва олоти таносул ба системаи ҷинсии мард мансуб аст. Нутфадон дар халтачаи пӯстӣ - кисаи нутфадон ҷойгиранд. Маҷрои нутфадон ва ғадудҳои изофӣ ба роҳи пешобгузар, ки аз дохили олоти таносул мегузарад, кушода мешавад (расми 84).

Расми 84. Системаи чинсии мард

Дар ғадудҳои ҷинсии мард дар як вақт ҳуҷайраҳои ҷинси нарина - нутфа низ инкишоф ёфта, ҳормонҳои ҷинсӣ ҳосил мешаванд. Нутфа ниҳоят хурд буда, дар натиҷаи ҷунбиши мавҷмонанди думи худ ҳаракат мекунад. Нутфа дар нутфадон ҷамъ мешавад. Омехтаи сперматозоидҳоро ба моеъи ғизоӣ, ки ғадуди простата ҷудо мекунад, манӣ меноманд (1 см манӣ 20-60 млн нутфа дорад).

Системаи ҷинсии зан. Тухмдон, тухмроҳа, бачадон ва маҳбал дар ковокии кос ҷой гирифта, системаи ҷинсии занро ташкил медиҳанд (расми 85).

Тухмдон дорои ҷамъи ҳубобчаҳо - фолликулаҳо мебошад. Дар онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии модина - ҳуҷайратухм инкишоф меёбад. Дар тухмдони духтарчаи навзод қариб 400 000 ҳуҷайраи ноболиғи таносул вуҷуд дошта, аз онҳо фақат 350-500-тоашон болиғ мешаванд. Ҳар як тухмдон дар қифи патдоре, ки ба нойи бачадон мегузарад, ҷой гирифтааст.

Тухмроҳа ба бачадон кушода мешавад. Бачадон узви мушакии дарунхолӣ буда, бо пардаи луобӣ пӯшонида шудааст. Қисми поёни бачадон - гарданаи бачадон ба маҳбал кушода мешавад.

Даромадгоҳи маҳбал дар байни чинҳои пӯстӣ - лабҳои маҳбал воқеъ аст. Даромадгоҳи маҳбали духтарон бо бофтаи пайвандии ҳиҷоб - пардаи бакорат пӯшонида шудааст. Дар паҳлӯи даромадгоҳи маҳбал сӯрохии канали пешобрез ҷой гирифтааст.

Расми 85. Системам ҷинсии зан

Ҳар моҳ дар организми болиғ дар яке аз тухмдонҳо бо таъсири ҳормони ҳипофиз як дона ҳубобча сабзида, минбаъд аз он тухмҳуҷайра ба вуҷуд меояд. Дар ядрои ҳар кадом тухмҳуҷайра ба монанди ядрои нутфа хромосомаҳо - аломатҳои ирсии падару модар вуҷуд доранд. Вале бар хилофи дигар ҳуҷайраҳои бадани одам дар ядрои ҳуҷайраи ҷинсӣ адади хромосомаҳо 46-то набуда, балки 23-то мебошанд.

Фолликулаи болиғ аз сатҳи тухмдон дамида, девораи дохилиаш тунук мешавад: охири ҳафтаи дуюм ҳубобча кафида, аз фолликула тухмҳуҷайра берун мебарояд. Чунин ҷараёнро расиши тухм (овулятсия) меноманд (расми 86).

Тухмҳуҷайраи ноболиғ ба воситаи кафи патдор ба тухмроҳа афтода, дар он ҷо болиғ мегардад.

Дар давоми 7 рӯз тухмҳуҷайра тавассути тухмроҳа ба сӯи бачадон ҳаракат мекунад.

Ковокии фолликула кафида тадриҷан бо ҳуҷайраҳои моддаҳои чарбмонанди зардчатоб пур шуда, ба ҷисми зард - ғадуди муваққатии тарашшӯҳи дохилӣ мубаддал мегардад.

Фолликулаҳо ва ҷисми зард ҳормонҳои ҷинсии модинаро ба вуҷуд меоранд. Ҳормони ҷисми зард сабзиши фолликулаи минбаъдаро бозмедорад ва луобпардаи бачадонро барои қабули ҷанин омода месозад. Агар тухмҳуҷайра бордор нашавад, баъди 13-14 рӯзи расиши тухм ҷисми зард ҷудо кардани ҳормонро қатъ мекунад. Бо тағйир ёфтани шароит луобпардаи бачадон мекӯчад. Баъд пораҳои он бо хун ба маҳбал ҷорӣ мегарданд. Ин давраи ҳайзбинӣ буда, аз 3 то 5 рӯз давом мекунад. 

Расми 86. Тухмроҳа бо фолликулаи болиғ

Расмм 87. Давраи ҳайзбинӣ

Баъд луобпардаи бачадон боз барқарор мегардад. Аз сабаби он ки расиши тухм моҳе 1 маротиба ба амал меояд, ҳайзбинӣ ҳар моҳ такрор мешавад. Вай 20-30 рӯз ва аксар 28 рӯз давом мекунад. Дар ин давра фолликула болиғ мешавад, тухмҳуҷайра аз фолликула мебарояд, ҷисми зард ташаккул меёбад ва ҷудо кардани ҳормонро қатъ месозад (расми 87).


Саволҳо:

1. Кадом узвҳо системаи таносули мардро ташкил медиҳанд?

2. Нутфа чӣ сохт дорад?

3. Мояҳо чӣ вазифаро иҷро мекунанд?

4. Роли ҳормони ҷинси мард чист?

5. Кадом узвҳо системаи таносули занро ташкил медиҳанд?

6. Тухмдонҳо чӣ вазифаро иҷро мекунанд?

7. Тухмҳуҷайра чӣ тавр болиғ мешавад?

8. Давраи ҳайзбинӣ чист?

Реклама