Бемориҳои ирсӣ ҳангоми осеб дидани таркиби ген ба вуҷуд меояд. Хусусан ин
бемориҳо дар он вақт хатарноканд, ки ҳуҷайраҳои ҷинсии мардона нутфа, занона
тухмҳуҷайра осеб дида бошанд. Дар ин ҳолат гарчанде, ки ҳомиладорӣ муътадил
гузарад ҳам ба амалоии бемориҳои вазнинро ба монанди вайроншавии мубодилаи
моддаҳо, ноқисақлӣ, нишонаҳои бемории Дауна, лахтанашудани хун (гемофилия) ва
ғайраҳо мушоҳида мегарданд. Ба бемориҳои ирсӣ, ки метавонанд аз волидайн ба
насл гузаранд бемории Дауна ва гемофилия мисол мешавад.
Бемориҳои модарзодӣ инчунин ҳангоми осеб
дидани организми кӯдак дар батни модар мушоҳида мешаванд. Хатарноктарин давраи
инкишофи кӯдак ин се моҳи аввалин, яъне то инкишоф ёфтани ҳамроҳак, ки
тавассути он рагҳои хуни модар бо ҷанин пайваст мешаванд ба ҳисоб меравад. Дар
ин вақт ҷанин ба вирусҳои бемориовар ҳассосияти баланд дорад. Масалан: агар
модар дар ҳомиладорӣ ба бемории сирояткунандаи сурхак, гирифтор шавад, он гоҳ
кӯдаки тавлидшуда ноқисақл, дилзанак ва ба инкишоф наёфтани аъзои шунавоӣ
гирифтор шуданаш мумкин аст.
Бемориҳое, ки бо воситаи алоқаи ҷинсӣ ба
амал меоянд. Бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаронида мешаванд, бемориҳои рафтор
номида мешаванд.
Сабаби асосии ин бемориҳо ҳаёти нодурусти
ҷинсӣ бурдан ба ҳисоб меравад. Ин хусусан ба одамоне хос аст, ки ба алоқаи ҷинсӣ
мебаранд ин бемориро СПИД меноманд, ки дар натиҷа системаи иммунии одам осеб
мебинад.
Ин бемории мудҳишро вабои аср меноманд, ки
дар нимаи дуюми асри XX пайдо шудааст, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пайдо
кардаанд.
Вируси СПИД бори аввал соли 1981 дар ин
мамлакат ёфт шудааст. Аммо мувофиқи ақидаҳои олимон ин беморӣ ҳанӯз солҳои 1960
дар Африка пайдо шудааст, ки баъдан дар дигар мамлакатҳо паҳн шудааст.
Барангезандаи ин беморӣ маймунҳо мебошанд.
Мувофиқи маълумоти ташкилоти ҳифзи
тандурустии ҷаҳон, ки дар назди Созмони Миллали Муттаҳид амал мекунад, бемории СПИД
дар охири соли 2003-юм дар 180 мамлакати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Дар рӯи
Замин миқдори шахсоне, ки вируси СПИД доранд ба 10 миллион расидааст. Шумораи
шахсони бемор тақрибан ба 500 ҳазор нафар расидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як узви
ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вабои аср дар канор нест. Бино ба тадқиқотҳои мутахассисони
ин соҳа нишон дод, ки дар кишвар расман 756 нафар гирифтори ин вирус ва беморон
ба қайд гирифта шудаанд.
Ин беморӣ махсус пастшавии системаи
ҳимоявии организмии вирусҳои (ВИЧ) одам мебошад, ки лимфоситхоро вайрон
мекунад. Ин вирус ба лимфосит дохил шуда, мубодилаи моддаро дар ин ҳуҷайра
тағйир медиҳад, ки дар натиҷа ҳуҷайра вирусҳои навро ҳосил мекунад ва аз он СПИД
ба амал меояд (расми 95). Ин вирусҳо пардаи ҳуҷайраи лимфоситро даронида ба хун ворид мешаванд ва бо лимфоситҳои дигар
дохил мешаванд ва ҳамин тавр шумораи зиёди ин ҳуҷайраҳоро ба беморӣ гирифтор месозанд
ва несту нобуд мекунанд. Дар натиҷа реаксияи ҳимоявии одам иммунитет хеле паст
мешавад. Одаме, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад, қобилияти бо дигар бемориҳо
мубориза бурданаш хеле заиф гашта фавтиданаш мумкин аст. Дар замони ҳозира
табобати ин беморӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Усули ягонаи роҳи мубориза ин
пешгирии беморӣ мебошад.
Вируси СПИД аз одами бемор ба шахсони
солим бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ҳангоми гузаронидани хуни бемор ба одами солим, бо
воситаи сӯзандору, инчунин дар байни нашъамандон ҳангоми якчанд маротиба
истифода бурдани сӯзандоруи ифлос мегузарад.
Мураккабии пешгирии ин беморӣ дар он
мебошад, ки яку якбора нишонаҳои ин беморӣ маълум нагашта, муддати дуру дарозро,
яъне аз якчанд моҳ то якчанд солро дар бар мегирад, ки онро фақат ҳангоми
ташхиси лабораторӣ муайян кардан мумкин аст.
Аломатҳои бемории СПИД чунинанд: Одами
бемор беҳол гашта, зудмондашавӣ, тез-тез арақкунӣ, дар пӯст пайдошавии захмҳои
зардобдор, калоншавии андозаи гиреҳҳои лимфатикии зери ҷог, гардан, зери бағал
ва ғайраҳо мушоҳида мешаванд. Ба бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ
мегузаранд ин бемориҳои зӯҳравӣ низ дохил мешаванд.
Гарчанде, ки табобати бемориҳои зӯҳравӣ
муолиҷашавандаанд, вале то ҳол роҳи табобати беморони СПИД ва ё усулҳои ба
воситаи моягузаронӣ пешгирӣ намудани вируси он маълум нестанд. Дар давлатҳои
сершумори ҷаҳон инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора олимон тадқиқотҳои
илмӣ бурда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки яке аз чораҳои ба бемории СПИД
гирифтор нашудан ба тарзи ҳаёти солим риоя намудан аст, яъне роҳҳои сироят
намудани вируси ин беморӣ ва оқибатҳои хатарноки онро ҳар як шахс бояд донад ва
чораҳои амалӣ андешад.
Саволҳо:
1. Чӣ ҳолат бемориҳои сирояткунандаи
узвҳои ҷинсиро ба амал меорад?
2. Иммунитет чист?
3. Кадом намудҳои иммунитетро медонед?
4. Бемории СПИД чист ва чӣ тавр сироят
мекунад?
5. Роҳҳои пешгирии бемориҳои ҷинсӣ
кадомҳоянд?
Реклама