Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ, аз ин қиссаи дилкушои руҳафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Дороб ибни Доробро ба Эрон бурданд, чунин гӯянд, ки ӯро духтаре буд, сахт бо ҷамолу камол, ки ӯ беназири аҳди хеш буд ва дар ҳаждаҳсолагӣ сурати Сиёвахшу фарри Ҳушанг дошт ва дар қуввату диловарӣ ба Исфандёр мемонд. Аммо бар лаб хатти сабзе дошт, чунон ки ҳар кӣ варо бидидӣ, пиндоштӣ, ки ӯ мард аст ва гурзи дувисту панҷоҳ ман кор фармудӣ. Ва Дороб ин духтарро қавӣ дӯст доштӣ ва ҳунарҳое, ки шоҳзодагонро ба кор ояд, ҳама ӯро даромӯхта буд. Ва ин духтарро Бӯрондухт ном буд ва ба ривояти дигар Равшанак ном дошт. Аз он сабаб ӯро Бӯрондухт гуфтандӣ, ки ӯ пушти лаб сабз дошт ва ҳеч касро ба мардӣ нашумурдӣ.
Чун хабари марги Дороб ба Бӯрондухт расид, олами равшан ба чашми ӯ сиёҳ шуд, худро аз тахт ба хоки сиёҳи тира дарандохту беҳуш шуд. Гулоб ба рӯйи ӯ заданд, то ба ҳуш омад, чашм боз кард, чашмаш бар он канизакон афтод, ки мӯйҳо бурида буданду рӯйҳо харошида ва дар хоку хун ғалтон шуда. Бӯрондухт наърае барзаду ҷома бар худ чок зад ва мӯйи худ барканду рухсораи чун моҳро бихарошид ва соиди1 худро ба дандон бихоид ва гӯшти худро ба дандон бармеканд, то гуфтанд, ки «Доробро оварданд». Бӯрондухт бо хотуну2 канизакон3 берун рафтанд. Чун чашми Бӯрондухт бар тобути падар афтод, худро аз маркаби4 Дороб ба хок дарандохту дар хоку хун биғалтид ва бехудии бисёр кард. Он амирону бузургон, ки бо тобути Дороб омада буданд, чун чашми эшон бар Бӯрондухт афтод, боз аз сар ҷомаҳо чок заданду хок бар сар рехтанд. Бӯрондухт чун эшонро бидид, худ задан гирифт, то канизакон биёмаданду вайро бигирифтанд, боз ба наздики падар омаду бигирист ва гуфт:
1 Соид – аз сари банди даст то оринҷ.
2 Хотун – зани калони хона, кадбону.
3 Канизакон – занҳои хидматгор.
4 Маркаб – ҳайвони саворӣ, мисли асп, хар.
– Эй падари ман в-эй қуввати дили ман, маро бе ту зиндагонӣ чӣ кор ояд! Аммо ба равони1 туву ба равони ниёи2 бузурги ман – Дороб ибни Ардашер, ки ин ҷо ҳозир аст, ки доди ту аз Искандар – абераи Файлақус бозхоҳам, ки Ҷонусёру Моҳёрро донам, ки ӯ баргумошт3, то ба ту ин муомила карданд.
Ин бигуфту бархост. Чун дахмаро бипӯшониданд ва халқ бозгаштанд, ин хабар ба Искандар расид, ки духтари Дороб чӣ гуфту савганд чӣ гуна хӯрд. Искандар бо Аристотолис машварат кард, ки – Ин духтари Дороб дар сар ҳаваси булаҷабе дорад, акнун рой бизан, ки чӣ бояд кардан, ҳаройина тадбире бояд ангехт.
Аристотолис гуфт:
– Чун ин духтар падари худро кушта дид, оташи ғазаб дар сар афтод. Агар аз дарди падар сухане гӯяд, маъзур бошад, алалхусус, мешунавам, ки ин духтар ба Исфандёр мемонад, ки шуҷоате азим дораду дувисту панҷоҳ ман гурзро кор мефармояд ва камони ӯро дар мулки Эрон касе наметавонад кашид. Бо ӯ мудоро бояд кардан, то ором шаваду ба доми мо афтад.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса ривоят чунин мекунад, ки чун аз ин сухан ду моҳ баромад, Бӯрондухт амирону бузургонро ҷамъ карду гуфт:
– Шумо чӣ мегӯед дар ин сурат, ки Искандар аз Рум биёяду падари маро бикушад ва қасди тахти Эрон дорад? Шумо бо ӯ дил яке доред?! То ман бидонам, ки маро бо вай маслиҳат чист, то ба он машғул гардам! Ҷавоби маро ба ростӣ гӯед!
– Он рӯз мабод, ки бо вай дил яке кунему аз подшоҳи худ баргардем ва мулки Эронро ба вай диҳем! То ҷон дар тани мост, бо Искандар ҳарб кунем аз баҳри шумо ва то хуни Дороб ибни Доробро аз вай нахоҳем, аз пой нанишинем ва бо ду даст теғ мезанем!
1 Равон – ҷон, руҳ.
2 Ниё – бобо, падари падар, падари модар.
3 Баргумошт – вакил кард, таъйин кард.
Чун Бӯрондухт аз эшон ин сухан бишунид, шод шуду ҳамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат1 бисутад ва нома ба сӯйи Истахру Форсу Кирмон ва Сипоҳону Курд ва Кӯршӯлу Мозандарон ва Ироқу Гелон навишт ва аз эшон мадад хост. Дар се моҳ саду бист ҳазор савор бар Бӯрондухт ҷамъ шуданд, берун аз он мутааллиқон, ки бо ӯ буданд. Дари хазина боз карду ҳамаро мол бахшид ва аспу сипоҳ бахшид ва гуфт:
– Агар ман Искандарро бикушам, мартабаи шуморо бияфзоям ва бо шумо чандин накуӣ кунам, ки дар фаҳм наёяд. Ҳама сарҳо бар замин ниҳоданду хидмат карданд ва чунин гуфтанд, ки: – то як раг дар тани мо ҷунбад, мо дудаста теғ занем, бошад, ки бар душман зафар ёбем. Ин бигуфтанду рӯй ба сӯйи Искандар оварданд.
Чун шоҳ Искандар аз ин аҳвол хабар ёфт, зуд лашкари азимро номзад кард (таъйин кард) бо даҳ амиру мардони хиёр (баргузида), то баробари Бӯрондухт бозомад ва лашкари дигарро таълим кард, ки шумо фурсат нигоҳ доред, ки ин лашкари мо ба лашкари Бӯрондухт чун дар ҷанг оянд, шумо бар лашкаргоҳ бизанеду ғорат кунед ва хазинаву мол бардоред ва бар астарону уштурон бор кунеду бозгардед.
Чун ин тадбирҳо бикард, рӯй ба Бӯрондухт овард. Бӯрондухт хабар ёфт, баробари лашкар бозомаду хаймаву боргоҳ бизаданд ва он шаб ҳамчунон буданд.
Рӯзи дигар, чун Офтоб баромад ва овози кӯсу (нақора) буқ (шайпур) аз ҳар ду лашкар баромад, рӯй дар рӯй биистоданд. Амире буд бузург мар Искандарро, номи ӯ Суҳроб. Марде диловар буду кордон. Як шахсеро гуфт:
– Бирав баробари ин лашкар ва бо овози баланд бигӯ, ки: – Эй лашкари Эрону Ироқу Порс, шумо аз баҳри чӣ кор омадаед ва аз ҷиҳати кӣ ҷанг хоҳед кард, ки Дороб кушта шуд ва амирону бузургони ӯ бо Искандар байъат карданд ва дар миёни шумо истодаанд, то чун ҷанг шавад, эшон ба сӯйи Искандар раванд ва шуморо хабар нест. Ба хонумони худ раведу дар хуни худ маронед, вагарна, пушаймон шавед ва он гоҳ суд надорад.
1 Байъат – паймон, аҳд.
Он гӯянда бирафт ва ин суханон ба овози баланд бигуфт, чунон ки эшон бишуниданд ва баъзе аз эшон ин суханон рост пиндоштанд. Бӯрондухт гуфт:
– Ман ба Искандар коре кунам, ки ҳамаи ҷаҳониён ибрат гиранд! Ин бигуфту асп дар майдон тохт ва ҷавлон намуд ва он амуди1 дувисту панҷоҳманӣ бардошт ва мубориз талабид. Марде буд аз лашкари Искандар, ки ӯро Каҳлос гуфтандӣ. Марде хиёр (баргузида) буд, ӯро ҳеч аспе натавонистӣ кашид, бар уштур нишастӣ. Теғе дошт, вазни сӣ ман, ки агар бар кӯҳ задӣ, ба ду ним кардӣ. Силоҳ кушоду ба бари Бӯрондухт омад ва ҳам аз гарди роҳ ҳамла кард. Бӯрондухт чун гармии ӯро бидид, баробари ҳамлаи ӯ боз шуд, яке бо теғу яке бо гурз, то чанд ҳамла дар миёни эшон ботил шуд. Бӯрондухт бо худ гуфт:
– Ин марди мардона аст, аммо чаро бояд, ки маро бо ӯ чандин рӯзгор шавад?
Ин бигуфту ҳамлаи сахт баровард чун оташи сӯзон ва ба ҳар ду пой дар рикоб биистоду он гурзро баровард. Каҳлос чун бидид, сипарро бо гурз гузошт, то магар ҳамлаи ӯро рад кунад. Бӯрондухт он гурзро бо қуввати бозу чунон бизад, ки мағзаш парешон шуд, Каҳлос аз сари асп дарафтоду ҷон бидод. Лашкари Искандар чун Каҳлосро кушта диданд, ҳама бар дасту бозуи Бӯрондухт офарин карданд. Марде буд дар лашкари Искандар, ки ӯро Фарҳод гуфтандӣ. Амири даҳ ҳазор мард буду дар қалб2 истода буд, бо амирон гуфт, ки: –Бо ин савор ҷангу мубориза кардан маслиҳат нест. Тадбир он аст, ки ба як бор ҳамла кунем, бошад, ки ба дасти ғалаба ин лашкарро битавонем шикастан.
Ин бигуфтанду ба як бор ҳамла оварданд. Лашкари Эрон низ аз ҷой ба як бор биҷунбиданд. Овози кӯсу дуҳул3 ба Айюқ4 расид, ҳама теғу гурз ва ночиху5 даҳра6 ва зубин (найза) бар сару фарқи якдигар ниҳоданду мекуштанд.
1 Амуд – гурз.
2 Қалб – маркази лашкар.
3 Дуҳул – номи сози мусиқист, табл, нақора.
4 Айюқ – номи ситораест; дар ин ҷо ба маънои овози баланд баровардан.
5 Ночих – найзаи хурд.
6 Даҳра – шамшери дудама.
Лашкари Рум бар Бӯрондухт ғалаба карданд ва ӯро чун қалъа дар миён гирифтанд.
Лашкари Бӯрондухт хостанд, то ҳалқаро аз ҳам бидаранд, то ӯро савор кунанд, натавонистанд. Ҳама рӯй ба ҳазимат (гурез) ниҳоданд ва бо якдигар гуфтанд:
– Бӯрондухтро кор аз даст рафт!
Ва дареғ мехӯрданду мерафтанд. Чун Бӯрондухт аз лашкари худ асар надид, ноумед шуд. Замоне бар ноумедӣ ҳарб кард ва ӯ низ худро аз миёни лашкар берун андохт.
Бо ғуломону чокарони худ то миқдори ду фарсанг1 роҳ рафт, назар кард, чаҳордеворе дид, бас баланду муҳкам, наздики чаҳордевор омаду гирди он чаҳордевор бигашт ва ҷое пеши чашм кард, ки ҷое муҳкам буд. Ҳамон ҷо биистоду он ғуломону чокарон низ биистоданд. Бӯрондухт гуфт:
– Биталабед, то ҳеч ҷое обе ёбед, ки ман ташнаам, то шарбате об бихӯрам.
Чанд ғуломи гурд баромаданд, чашмаи обе ёфтанд, ки бар сабза меғалтид чун марворид, ҷое хушу хуррам ва мақоми2 бонузҳат3. Ғуломон шод шуданду аз он об бихӯрданд ва ба наздики Бӯрондухт машрабае4 об биёварданду аҳволи он чашма ва марғзорро бигуфтанд. Бӯрондухт шод шуд ва ба наздики он чашма омад ва дасту даҳон бишуст, ки ногоҳ овози суми маркабон ба гӯши ӯ расид, барҷасту силоҳ дарпӯшид ва бар маркаб савор шуд. Лашкаре дид, ба миқдори панҷ-шаш ҳазор мард, ки рӯй ба роҳ оварда буданду мерафтанд. Бӯрондухт бо худ гуфт, ки оё ин лашкари Мозандарон бувад, ки ба ҳазимат5 мерафтанд!
Бӯрондухт он лашкарро бишинохт, зуд чанд ғуломро дар ақиби эшон бифиристод. Он ғуломон маркабон бидавониданд, то бирасиданд. Ғуломон гуфтанд:
– Инак, шоҳзода Бӯрондухт наздики он чаҳордевор истодааст, шуморо ки дид, моро дар ақиби шумо фиристод.
1 Фарсанг – масофаест, ки тақрибан баробари 6 км мебошад.
2 Мақом – ҷой, макон.
3 Бонузҳат – тоза, дилкаш.
4 Машраба – кӯза, зарфи обгирӣ.
5 Ҳазимат – шикаст, гурехтан.
Эшон ҳама шод шуданду ба наздики Бӯрондухт омаданд ва ҳама пиёда шуданду хидмат карданд. Бӯрондухт ҳамаро бипурсид ва узр хосту гуфт:
– Шумо ба сабаби ман хонумон барандохтед ва зану фарзанд раҳо кардед ва ҷонҳо бар кафи даст ниҳодеду ба гирди ҷаҳон мегардед. Агар зинда монам, узри шумо бихоҳаму ба ҳаққи шумо бирасам!
Инҳо гуфтанд, ки «мо ҳама бандагони туему аз они Дороб, ки падарони мо бандагони шоҳ Дороб буданд ва бидонад маликаи Эрон, ки то пойи ту дар рикоб бошад, мо аз барои ту ба ду даст теғ бизанему аз ту барнагардем, то кори мо ба Искандар якрӯя шавад. Ин ҷо аз баҳри он омадаем, ки ҷое талабем, ки фуруд оему аз шумо хабар ёбем. Акнун, ки шуморо боҷон дидем, ҳар чӣ ишорат кунед, бо он биравем!» Бӯрондухт бар эшон офарин карду эшонро ба ҷойгаҳи неку фуруд овард, то ҳама бар сари он чашмасор мақом карданд ва фуруд омаданд.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қиссаи дилкушои ҷонафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Бӯрондухт об бихӯрд, силоҳ аз худ ҷудо кард ва мар ғуломонро гуфт: -Тане чанд биёсоед ва тане чанд талоя1 бошед, то бо хатое бознахӯрем! Аз он ғуломон тане чанд ба талоя рафтанд ва ҳам дар навоҳии он чаҳордевор мегаштанд ва пос медоштанд ва ягону дугон аз асп фуруд меомаданду мехуфтанд, ки ҳамаи эшон хаста буданд ва ҳам аспон монда шуда буданд, ки гом2 аз гом наметавонистанд баргирифт ва бар ҷой хушк бимонда буданд. Аммо дар миёни он ғуломон ғуломе буд румӣ, ки ӯро Бӯрондухт харида буд ва он ғуломро ҳамон ҳавои Рум дар сар буду чанд бор қасди он карда буд, то аз Эрон бигзараду ба Рум равад, аммо фурсат намеёфт. Чун Бӯрондухт ба он чаҳордевор омаду такя кард ва он ғуломонро гуфт, ки пос доред, он ғулом бо худ андеша кард, ки «фурсат ба вақт нест, ки ҳамин соат рӯй ба лашкаргоҳи Искандар биёраму аз ҳоли Бӯрондухт шоҳ Искандарро хабар диҳам, то лашкар бифиристад ва Бӯрондухтро бигирад, то ин ҷангу ошӯб кам шаваду ин фитна бинишинад. Ва чун инчунин коре карда бошам, шоҳ Искандар маро бинавозаду мартабаи маро баланд гардонад ва ман низ дар Рум бимонам». Ин бияндешиду оҳиста-оҳиста аспро инон (лаҷом) гирифта буд ва мечаронид, то чандон ки аз он ғуломон дур афтод, пой дар асп оварду рӯй ба лашкаргоҳи Искандар овард. Чун ба даргоҳи Искандар омад, бор хост... Ба ҳоҷиб шоҳ Искандар гуфт:
1 Талоя – посбон.
2 Гом – қадам.
– Дароредаш, то бибинам, ки чӣ мегӯяд!
Ҳоҷиби бор берун омаду бозуи он ғулом бигирифт ва дар пеши шоҳ Искандар овард. Чун чашми ғулом бар шоҳ Искандар афтод, хидмат карду ба забони румӣ шоҳро дуо гуфт. Баъд аз он гуфт:
– Эй шоҳ, хабаре овардаам, агар иҷозати шоҳ бошад, бигӯям.
Шоҳ Искандар гуфт:
– Иҷозат аст!
Ғулом аҳволи Бӯрондухт, ҷанг кардани ӯ бо лашкари Искандар ва бад-он чаҳордевор омадану он ҷо хуфтан ва ғуломонро гуфтан, ки шумо талоя доред, бигуфт ва гуфт:
– Ман ба хидмат омадаам, то шоҳро маълум кунам, ки Бӯрондухтро осон метавон ба даст овардан.
Шоҳ Искандар чун ин бишунид, аҷаб дошт аз он суханҳое, ки он ғулом гуфт. Шоҳ Искандар он ғуломро гуфт, ки аз ин ҷо то ба он чаҳордевор чанде роҳ бошад? Ғулом гуфт:
– Шояд, ки ду фарсанг роҳ бошад ё набошад.
Зуд шоҳ Искандар ду амири бузург бо чанд амиронро номзад кард бо даҳ ҳазор мард ва гуфт:
– Хоҳам, ки бираведу Бӯрондухтро бигиред ва ба наздики ман биёред. Ва ин ҳар ду амири бузург бо ҳашт амири дигар лашкар баргирифтанд ва он ғуломро бо асп оварданду таому шароб бидоданд, то сер бихӯрду савор шуд ва дар пеш даромаду он ду амирро бо лашкари гарон, ки даҳ ҳазор савори корзордидаи ҷаррора (тавоно) буданд, ба наздики Бӯрондухт овард.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин достони аҷоибнигор чунин ривоят мекунад, ки чун он ғулом бирафт ва субҳи содиқ бидамид, Бӯрондухт он лашкари Мозандаронро ба он сарчашма фурӯ оварда буд, чун чоштгоҳ шуд, бист ҳазор мард бар Бӯрондухт ҷамъ шуданд, аммо на хайма доштанд, на боргоҳ, ки ҳамаро лашкари Искандар ғорат карда буданд ва тадбири он кор мекарданд, ки чӣ гуна кунем, то чизе ба чанг орем, ки аз дур гарде пайдо шуду бод бар он гард зад ва бишикофт, аз миёни он гард лашкаре пайдо шуд, аломати он лашкар даҳ ҳазор мард буд. Бӯрондухт чун он лашкар бидид, бонг бар мардумони худ бизаду гуфт:
– Эй ҷавонмардон, инак аспу силоҳу неъмат, ки аз барои мо овардаанд! Бархезеду барнишинед ва бикӯшед, ки то кини (ҳисоси) худро аз ин ноҷавонмардон бихоҳам!
Он ҳама лашкар дар силоҳ шуданд. Бӯрондухт лашкари худро ба чаҳор қисм кард, ба ҳар ҷое панҷ ҳазор мард дар камин бинишонд ва худ бо сесад ғулом дар баробар биистод. Чун ғуломони Бӯрондухт бо он андакмоя мардум, ки ғуломону чокарони ӯянд ва бар он дари чаҳордевор истодаанд, гуруснаву хаста.
Чун он амирон Бӯрондухтро бидиданд, баромаданд, то ба наздики он чаҳордевор расиданд, бар ҷой истоданду якеро гуфтанд, ки – Бираву Бӯрондухтро бигӯй, ки ин лашкарест, ки аз пеши шоҳ Искандар омадааст. Шоҳ Искандарро маълум карданд, ки шумо ин ҷо омадаед, моро фиристодааст, ки Бӯрондухтро биёред ва агар наёяд, ӯро бигӯед, ки Искандар туро салом мерасонад ва мегӯяд, ки чаро ҷанг мекунию фитна пайдо месозӣ ва хуни озодмардон мерезӣ? Ман аз Рум ҷиҳати ҷанг кардан наёмадаам, ба падарат гуфтам, нашуниду ҷон ба бод дод! Ту он макун, ки падарат кард, то ту низ ҷон ба бод надиҳӣ! Биё ба наздики ман, то ҳар чӣ хоҳӣ, ба ту диҳам ва ҳар чӣ муроди ту бошад, ба ту расонам, ки мо бегона нестем, аз як наслем. Ту духтари Дороб ибни Доробӣ ва ман писари Дороб ибни Ардашер. Раво набошад, ки дар миёни мову ту адоват бошад, то баъд аз мо подшоҳон ин сухан бишунаванд ва моро бинакуҳанд.
Чун он кас ин сухан бигуфт, Бӯрондухт гуфт:
– Инро дастбурде бояд намудан, то дигар чунин пайғом наёбад!
Тире аз ҷаъба (тирдон) баркашиду бар камон ниҳод ва чунон бизад, ки дар даҳони он пайғоморанда даршуду аз қафо берун парид. Он мард аз асп андарафтоду ҷон бидод ва он Суҳробу Фарҳод ва амирони дигар чун он ҳол бидиданд, бо якдигар гуфтанд, ки: – Айб аз мо буд, чаро бояд, ки бо Бӯрондухт аз ин гуна сухан гӯему бо ӯ сулҳ ҷӯем? Шоҳ Искандар моро гуфт: – Бираведу Бӯрондухтро бигиред ва зинда ба наздики ман оред!
Ҳеч аз ин беҳтар нест, ки ба як бор ҳамла кунему эшонро дар миён гирем ва ба дасти ғалаба ҳамаро гирем!
Ин бигуфтанду ба як бор ҳамла карданд ва ҳой-ҳой баромад ва он даҳ ҳазор мард ба як бор рӯй ба Бӯрондухт оварданд. Бӯрондухтро ҳеч дил аз ҷой набурду баробари он лашкар омад ва гурзи калонро кор фармуд. Бо ҳар амуде (гурзе) мардеро бо асп ба ҳам дар зин шикасту ба ҳар ҷониб, ки Бӯрондухт ҳамла мекард, аз кушта пушта мениҳод ва он амирон ҳар соат бонг бар лашкар мезаданду ба гирифтани Бӯрондухт таҳриз мекарданд (бармеангехтанд), ки ногоҳ аз чаҳор гӯша он бист ҳазор мард теғ кашида, чун шерони гурусна аз ямину ясор (росту чап) ва пасу пеш даромаданду ба захм гирифтанд. Чун лашкари Шоҳ Искандар он ҳама лашкарро бидиданд, бидонистанд, ки эшон камин карда буданд. Умед аз ҷон баргирифтанду гуфтанд, ки:– Ин ғулом бо мо макр карду моро ин ҷо овард ва дар тағораи хун ниҳод. Ин бигуфтанду ин ғуломро пора-пора карданд.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ чунин ривоят мекунад, ки чун он лашкари Бӯрондухт он макр бикарданд, аз баҳри аспу силоҳ ба бахт мекӯшиданду бемуҳобо аз он лашкар мекуштанд ва мехостанд, то дар як соат даҳ ҳазор мардро бар замин заданд ва хастаро худ адад пайдо набуд ва аз он амирон баъзеро мекуштанду баъзеро асир карданд ва бари Бӯрондухт оварданд. Бӯрондухт бипурсид, ки:–Шуморо бад-ин мақом кӣ овард?! Аҳволи ғулом бозгуфтанд. Бӯрондухт гуфт:
– Он ғуломро биталабед!
Гуфтанд:
– Мо чунон пиндоштем, ки он ғулом бо мо макр кардааст. Мо вайро бикуштем.
Он ғуломро талабиданд, кушта ёфтанд. Боз сари Фарҳодро бибуриданду гӯшу бинии Суҳробро бибуриданд ва сари Фарҳоду ғуломро бар гардани Суҳроб овехтанд. Он гоҳ Бӯрондухт гуфт:
– Бираву Искандарро бигӯй, то ҷангро омода бошад!
Суҳроб бо ин аломат ба лашкаргоҳи хеш омад. Чун амирони лашкар Суҳробро бад-он аломат бидиданд, аҷаб доштанд ва ҳамчунон ба наздики Искандар оварданд.
– Бӯрондухт берун омаду Фарҳодро бо ҷумлаи амирон ҳалок кард ва инак сари ғуломи роҳбар бо сари Фарҳод ба наздики Шумо фиристод, ки ҷангро омода бошед.
Искандар ҳайрон бимонд, гуфт:
– Магар макрею тилисме сохт?
Суҳроб гуфт:
– Тилисме дигар набуд, аммо бар мо тохтан овард ва он гоҳ Фарҳодро бигирифту сар бибурид ва маро бад-ин ҳол бифиристод.
Искандар чун ин бишунид, дар аҷаб бимонду гуфт:
– Эй Суҳроб, Бӯрондухтро куҷо мондӣ?
Суҳроб гуфт:
– Яке чаҳордеворе рост кардааст ва дар он ҷост.
Искандар гуфт:
– Савор шавему биравем ва Бӯрондухтро бигирем!
Аристотолис гуфт:
– Ҷумлаи корҳо ба вақт мавқуф аст. Акнун вақт аст, ки ӯро тақсир (хато) накунем, то ин фитнаҳо магар биёромад, ки агар лашкари Табаристону Мозандарон ва Хуз хабар ёбанд, ҳама бо вай ёр шаванд ва Бӯрондухт боз қавӣ гардаду ба даст овардани ӯ душвор шавад.
Пас бифармуд, то кӯс (нақора) фурӯ кӯфтанду ной дардамиданд ва Искандар савор шуда, лашкари Порсу Ироқу Рум чун дарёи ҷӯшон аз ҷой биҷунбониданд ва он рӯз то шаб биронданд, то ба наздики Бӯрондухт расиданд.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ чунин ривоят мекунад, ки то Искандар ба Бӯрондухт расид, Бӯрондухтро бисту панҷ ҳазор савор ҷамъ шуда буданд, ҳама муборизони хиёри хуношом. Чун ҷосус бирафт, Бӯрондухтро хабар кард, ки: –Эй маликаи Эрон, Искандар бо лашкари бисёр расид ва бад-он омадааст, то туро бигирад.
Бӯрондухт бо сипоҳи хеш гуфт:
– Эй падарони ман, имрӯз ҷуз тозиёна ва ин асп, ки бар он нишастаам, чизе дигар надорам. Ҳама молу неъмат шуморо манфиат бувад, ки агар ман ба тахти худ боз расам, ҳамаро аз мол Қорун кунам ва агар маро ёрӣ нахоҳед дод, ҷумла маро сареҳ (равшан) бигӯед, то ман бидонам, бархезаму ба Ҳиндустон шавам, ки малики Ҳинд аз дасти падаркалони ман-Дороб подшоҳ аст.
Чун Бӯрондухт ин сухан бигуфт, он лашкар, ки бар ӯ ҷамъ омада буданд, ҷумла бигуфтанд, ки:– Чаро чунин мегӯйӣ? Мо ҷумла бандагони вафодору хидматгори туем ва мо ҳама, ки аз Хуросону Мозандарон омадаем, то ҷон дар тан дорем, бо душмани ту теғи ҷонрабой мезанем!
Бӯрондухт бар ҳама офарин карду ваъдаҳои хуб фармуд. Он гоҳ гуфт:
– Искандар чунон медонад, ки ман танҳо мондаам. Акнун савоб он аст, ки дар камингоҳе бинишинем, то чун Искандар даррасад, хештанро бар вай бизанем. Бошад, ки ӯро тавонем гирифтан ва ин теғи худро ба хуни ӯ рангин кунем ва бар ҷумлаи шоҳон пирӯз гардем ва бар тахти Эрон бинишинем.
Он ҷумла бузургон гуфтанд:
– Иншоаллоҳ..., ки маликаи Эрон ба мақсуд бирасад. Пас бисту панҷ ҳазор мард дар камин бинишастанд, то Искандар даррасид.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки яке аз ҷумлаи мардони Бӯрондухт рафту ба Искандар гуфт, ки:–Бисту панҷ ҳазор мардро Бӯрондухт дар камингоҳ нишондааст.
Чун Искандар аз ҷосус ин сухан бишунид, гуфт, ки «Бузургони сипоҳро бихоҳед!» Бузургон биёмаданду замин бӯса доданд ва гуфтанд, ки «Фармон чист? Искандар гуфт, ки: – «Бар ҷой қарор гиред, рафтан нест!». Ҷумла сипоҳ бар ҷой қарор гирифтанд. Марде аз сипоҳи Искандар биёмаду Бӯрондухтро хабар дод, ки «лашкари Искандар бар ҷое қарор гирифтанд, ки аз ту хабар ёфтанд, ки дар камин нишастаӣ!»
Бузургони сипоҳро Бӯрондухт гуфт:
– Шумо ин ҷо бошед, то ман бо даҳ ҳазор мард биравам аз дасти рост ба сӯйи биёбон ва аз паси пушт Искандарро бо лашкари вай дастбурде намоям, чунон ки мардони ҷаҳон офарин гӯянду баъд аз ман қиссаи ман муниси дили ҷаҳониён бувад!
Ин бигуфту дар биёбон фурӯ рафт бо он даҳ ҳазор савор ва Искандар бар роҳ истода буд ва Бӯрондухтро мепоист, то кай расад, ки ногоҳ Бӯрондухт аз қафои лашкари Искандар даррасид. Ва чунон пиндоштанд, ки аз румиёнанд, ки ба мадади эшон омадаанд. Дар ин буданд, ки Бӯрондухт як наъра бизаду гуфт:
– Манам Бӯрондухт бинти Дороб ибни Дороб ибни Ардашер! Эй Искандар, чаро Фарҳодро ба талаби ман фиристодӣ, ки худ наёмадӣ?! Акнун ман худ омадаам, то туро заҳмат нашавад! Ҳамлаи маро пой дор!
Ин бигуфту ҳамла кард ва хештан чун ҳизабри (шери) дамон (маст) дар миёни лашкари Рум афканд ва бонги деҳу дору гир баромад. Ва он гурзи дувисту панҷоҳманиро кор фармудан гирифт. Искандар чун бидид, ки ҷуфти мувофиқи «меҳрубон» омад, хештанро аз миёни лашкар берун андохту ҷони ширини худро аз пеши Бӯрондухт ба ҳазор ҳила берун бурду сари худ гирифт.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор чунин ривоят мекунад, ки аз чаҳор карона лашкари Бӯрондухт расид ва теғу тир дар миён ниҳоданд ва Бӯрондухт чун шери ошуфта дарафтод ва ҳар киро мезад, аспу мардро пахч (пахш) мекард, то субҳ, ки машшотаи ҷаҳон аст, асар кард ва шаъри куҳлӣ (торикии шаб) аз рӯйи аруси ҷаҳон барандохту олам мунаввар шуд. Бӯрондухт аз миёни масоф овоз дод, ки:–Эй ҷавонмардон, азим мардвор кӯшидед, аммо эшон бисёранду соат ба соат бар эшон мадад мерасад, набояд, ки хатое равад. Бозгардед!
Лашкари Бӯрондухт бозгаштанду бар лаби Фурот омаданд. Лашкари Рум чун чунон бидиданд, дар қафои эшон биронданд, то бошад, ки Бӯрондухтро бигиранд. Чун Бӯрондухт чунон бидид, бозгашту ҳамла кард ва он лашкари Румро боз ба ҷойи худ овард. Ва он шаб панҷ ҳазор мард кушта шуд аз ҳар ду ҷониб ва сесад мард аз румиён ба дасти Бӯрондухт асир афтод ва то лаби оби Фурот омад ва он чи аз асирони Рум қавитар буданд, саду панҷоҳ мардро сар буриду дар гардани он саду панҷоҳ марди фурутар даровехт ва гӯшу бинии эшон бибуриду ба назди Искандар фиристод ва гуфт:
– Бираведу бигӯед, ки ман тахти Эрон бад-ӯ додам, аммо раҳо накунамаш, то як соат хуш бошад. Ва гирди лашкари ӯ мегардам ва мезанаму мекушам!
Ин бигуфту он асиронро бифиристод ва Бӯрондухт мардони худро гуфт, ки: – Агар айёрие мекунед, чунон ки мардони Искандар кардаанд, ҳама неъмат ба даст оред ва имрӯз ба дасти ман чизе нест ва ҳама ба Истахр мондааст. Акнун ошӯб дар ҷаҳон афканему намонем, то Искандар бар тахти Эрон рост нишинад, бархезему ба Рум равем ва он чи Искандар ба Эрон кардааст, мо ба Рум кунем, балки бадтар аз он ки ӯ кардааст. Ва он чи Искандар аз Эрон молу неъмат гирифтааст, мо сад чандон аз Рум бигирем!
Сипоҳи ӯ гуфтанд:
– Эй маликаи Эрон, мо ҳама бандагону фармонбардори туем ва то ҷон дар тани мост, бикӯшем!
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки чун он асирони гӯшубинибурида ва он сарҳои ба гардан дарафканда ба саропардаи Искандар омаданд ва Искандарро хабар доданд, Искандар он сарҳоро бифармуд, то дар хок карданд ва Аристотолису Сатломису Батлимусро бихонд. Чун биёмаданд, Искандар бигуфт:
– Тадбир чист, ки боз Бӯрондухт қавӣ шуду чандон сипоҳи маро ҳалок кард?
Аристотолис гуфт:
– Эй маликуррум, ту аз Эрон тарк намегирӣ? Даст аз Эрон кӯтоҳ кун, то ба Рум равем.
Искандар гуфт:
– Ман ин нангу ор куҷо барам, ки ҳама мардуми Рум маро гӯянд, ки аз духтаре бигурехт ва натавонист бо ӯ баромадан?
Он румиён гуфтанд, ки: – Бадтар аз ин нангу ор нест.
Искандар чун ин сухан бишунид, гуфт:
– Ба равони падарам – Дороб ибни Ардашер, ки то мулки Эрону Румро ба худ рост накунам, орому қарор нагирам!
Зуд бифармуд, то лашкар барнишастанду он бузургони сипоҳ гуфтанд, ки: –Эй маликуррум, шитоб макун, то тадбире бикунем, чи сабуксаронро бузургон наситудаанд.
Искандар гуфт:
– Биншинед, то тадбире кунем.
Аристотолис гуфт:
– Толеи Бӯрондухт қавӣ дар нуҳусат (бадбахтӣ) аст. Агар аз ин нуҳусат халос ёбад, олам дар зери фармони вай шавад ва панҷоҳ сол мулк ронад. Акнун тадбир он аст, ки то ҳамаи эрониёнро дастуре диҳӣ, то бари Бӯрондухт раванд ва бигӯйӣ, ки «Маро Эрон намебояд. Ман аз Эрону эрониён безорам. Эрониён бари Бӯрондухт раванд, то маъзур шавад ба лашкар!
Чун ин сухан ба гӯши эрониён расид, яке аз он ҷумла ҳаводорони (тарафдорони) Бӯрондухт ин сухан бишунид, бархосту ба назди Бӯрондухт омад ва бигуфт, ки:– Искандар эрониёнро ба наздики ту фиристод ва овоза дарандохт, ки ман ба Рум меравам.
Ва он шаб бист ҳазор мард биёмаданду дар пеши Бӯрондухт замин бӯса доданд ва узр хостанд.
Бӯрондухт бар лаби оби Фурот фуруд омада буд, на саропарда дошту на хайма, он эрониён, ки омада буданд, мегуфтанд, ки:
– Эй малика, чаро хайма намезанӣ?
Бӯрондухт гуфт:
– Маро ҳеч чиз намебояд ва шуморо низ намебояд. Бозгардеду ба наздики Искандар равед ва ман безаҳмату ранҷ биравам!
Он лашкари Эрон ба наздики Искандар омаданду гуфтанд:
– Моро Бӯрондухт қабул накард ва бозфиристод. Искандар гуфт:
– Шуморо чаро бозфиристод ва чаро саропарда намезанад, ки бар лаби об чун лӯлиён фуруд омадааст? Магар ӯро хаймаву хиргоҳ нест?
Гуфтанд:
– Мо ҳеҷ намедонем, то ӯ дар чӣ кор аст.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор – Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса чунин ривоят мекунад, ки рӯзи дигар Бӯрондухт савор шуд ва гирди Эрон баромад ва гуфт, ки:
– Бо ман байъат (аҳд) кунед, ки аз ман барнагардеду дар ҳаққи ман бадӣ наандешед ва ба наздики душманон сухан нафиристед.
Эрониён гуфтанд:
– Чунин кунем!
Пас боз байъат карданду савганд хӯрданд, ки: –Агар аҳд бишиканем, ба ин об ғарқ шавем.
Пас Бӯрондухт савор шуд, рӯй ба осмон карду гуфт:
– Эй Худои беҳамто, ба ҳаққи худоии Ту, ки ҳамчунон ки падари маро аз обу шамшери душманон ва аждаҳо нигоҳ доштӣ, мани бечораро низ нигоҳ дор ва дӯстони маро дар об ғарқ магардон ва онҳо, ки дили эшон бо ман рост нест, ҳамаро ба ин об ғарқ гардон!
Ин бигуфту рӯй бар хок ниҳод ва зор-зор бигирист. Сар бароварду бар асп савор шуд ва аспро дар оби Фурот биронд. Ҷумлаи мухолифони Бӯрондухт ғарқ шуданд ва мувофиқони ӯ, ҷумла дар мувофиқати ӯ аз об ба саломат берун омаданд ва он шаб бар он лаби об бибошиданд. Ва чун аз он фориғ шуд, лашкари Эронро шумор кард, бисту панҷ ҳазор мард аз об баромада буданд, ҳама муборизони хиёр (баргузида) ва мардони корзор. Бӯрондухт рӯй ба Рум ниҳоду бирафт, то ба Ҳалаб расид ва ду фарсанге дур аз Ҳалаб марғзоре буд хушу хуррам, он ҷо фуруд омад ва бузургони сипоҳро бихонду гуфт:
– Ин шаҳри Ҳалаб чӣ гуна ҷоест? Гуфтанд:
– Азим ҳисори (қалъаи) устуворест ва муборизон бисёранду азим тавонгаранд ва ин ҳисор сарҳади Рум аст.
Бӯрондухт гуфт:
– Ман агар ин Ҳалабро бигирам, азим пушту паноҳе ҳосил карда бошам ва дилфориғ гардам ва агар натавонам гирифт, ба Рум натавонам рафт ва хештанро дар миёни чандин ҳазор лашкар натавонам дарафканд.
Ин бигуфту дарҳол бифармуд, то қоидаи подшоҳӣ рост карданд ва саропардаву чаҳорболиш биниҳоданд ва силоҳдорон ба чапу рост биистоданду ҷондорону (муҳофизон) ҳоҷибон (дарбонон) бар атрофи боргоҳ ҳалқа карданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Задухӯрдҳо миёни кадом давлатҳо мегузашт?
2. Бӯрондухт кӣ буд? Симои ӯро тавсиф намоед.
3. Лашкари Эрон ба даъвати Бӯрондухт чӣ ҷавоб дод?
4. Даъвати Бӯрондухт ва ҷавоби сипоҳдоронро аз рӯйи манфиати шахсӣ ва ҷамъиятӣ шарҳ диҳед.
5. Корномаи ҷанги Бӯрондухтро батафсил нақл кунед.
6. Кадом хислатҳои ботинӣ ва зоҳирии Бӯрондухтро ошкор намудед?
7. Симои Бӯрондухтро бо Искандар муқоиса намоед.
8. Усули асосии разми Бӯрондухт кадом буд?
9. Бӯрондухт кадом шакли ҷазоро дар ҳаққи душманони асирафтода бештар раво медошт?
10. Разми Бӯрондухт ва Искандар бо чӣ анҷом ёфт?
11. Ғалабаи Бӯрондухт бар румиҳо чӣ аҳаммият дошт?