Абулқосим Ҳасан (Мансур) ибн Исҳоқи Тӯсӣ, ки дар таърихи адабиёт бо номи Фирдавсӣ машҳур гардидааст, аз бузургтарин шоирони тоҷик-форс буда, соли 934 дар деҳаи Божи ноҳияи Табарони наздикии шаҳри Тӯс дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Давраи ҷавонии шоир нисбатан орому осуда буд ва Фирдавсӣ аз ин имкон истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд.
Фирдавсӣ дар айёми ҷавонӣ ба ҷамъоварии қисса, ривоят ва устураҳои халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Ӯ ҳамчун фарзанди ҳақиқии халқи хеш ба хубӣ мефаҳмад, ки асотиру достонҳои қаҳрамонии миллӣ мардумро муттафиқ ва муттаҳид менамоянд ва ин муттаҳидӣ имкон намедиҳад, ки ҳеч як душмани аҷнабӣ ба сарзамини онҳо ҳуҷум кунад. Фирдавсӣ, ки соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони Сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дӯстонаш-Абумансур ибни Муҳаммад ба навиштани «Шоҳнома» сар кард:
Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз сӣ соли умри худро сарф кард:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Вақте ки Фирдавсӣ асарашро ба охир расонд, давлати Сомониён, ки як навъ пуштибони гирдоварандагони асотиру достонҳои қаҳрамонӣ ҳисоб мешуд, аз байн рафта, ба ҷойи он давлати Ғазнавиён ба сари қудрат омада буд. Султони Ғазнавиён – Маҳмуди Ғазнавӣ дар ибтидои ҳукмронии хеш худро чун давомдиҳандаи анъанаҳои Сомониён вонамуд карда, қудрату шуҳрати худро зиёд менамуд. Чунин аъмоли Маҳмуди Ғазнавӣ Фирдавсиро водор кард, ки ӯ «Шоҳнома»ро дар чандин ҷилд китобат намуда, ба ӯ тақдим кунад. Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» умри ҷавонӣ ва қариб тамоми имконоту неруи ҷисмонии хешро сарф карда буд ва гумон дошт, ки Маҳмуди Ғазнавӣ дар ивази ин шоҳкори азим заҳмати шоирро бо офарину ситоиш мепазирад. Мутаассифона, Маҳмуди Ғазнавӣ ба гуфтаҳои бадхоҳон гӯш дода, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ беэътиборӣ зоҳир кард ва дар ивази заҳматҳои кашидаи шоир баҳои сазовор надод. Чунин рафтори султон боиси ранҷиши Фирдавсӣ гардид ва ӯ дар ҳаққи Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаҷвияе иборат аз сад байт навишт:
Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой...
Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ,
Зи гуфтори бадгӯй гаштӣ зи роҳ.
Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст,
Нагирад-ш гардуни гарданда даст.
Ман ин номаи шаҳрёрони пеш
Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш.
Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбора бар бод шуд.
Ҳаҷвияи Фирдавсӣ боиси қаҳру ғазаби султон Маҳмуди Ғазнавӣ гардид. Ӯ фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пойи филҳо андозанд. Фирдавсӣ аз таъқиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашта, дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Абулқосими Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти тоҷик-форс ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст:
Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ»:
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.
Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаву ғазалу қитъаву рубоӣ қувваозмоӣ карда бошад ҳам, дар таърихи адабиёти тоҷик-форс ва ҷаҳон бо маснавии бузурги худ – «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст. Худи Фирдавсӣ мегӯяд:
Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор.
Абулқосими Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ – «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шуҳрати беандоза дорад. Таълифи «Шоҳнома» дар асри Х худ як воқеаи бузурги адабӣ ва маданӣ ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одамӣ, мисли хираду хирадмандӣ, некию накукорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраро васф намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳаммият холӣ нест.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
***
Хирад афсари шаҳрёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
***
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Маёсой з-омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфган дил андар гумон.
Ба манзил расид, он ки гӯянда буд,
Беҳӣ ёфт, он кас ки ҷӯянда буд.
***
Ба фардо мамон кори имрӯзро,
Бари тахт маншон бадомӯзро.
***
Аз имрӯз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон.
***
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.
***
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба беранҷ кас ҳеч манмой ранҷ.
Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ба адибони бузурге, ки баъди вай ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд, таъсири зиёд расонид.
Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. «Шоҳнома»-и ӯ ду бор дар нуҳ ҷилд ва як бор дар даҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик – Сотим Улуғзода, чандин достони «Шоҳнома»-ро ба наср гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард.
Шуҳрати Фирдавсӣ ва эътибори «Шоҳнома»-и ӯ ҷовидонист.