Дар санҷида гуфтан

Азизи ман, сухани андешанокарда чун зари носанҷида аст. Аввал бояд, ки ба худ андеша бикунӣ ва нақди ҳар фикреро бар маҳаки имтиҳон бизанӣ. Он чи аз хаёлот тамомъиёр ёр афтад, онро ба зуҳур орӣ.

Байт

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Азизи ман, забони сулҳомез ба як нукта сад уқдаи мушкилро ҳал намояд ва сухани шӯрангез ба як ишорат гардани гӯяндаро баста гардонад.

Чунон ки гуфтаанд:

Агар ба чашми хирад дар сухан нигоҳ кунӣ,

Бизоатест, ки ҳам суду ҳам зиён дорад.

ҲИКОЯТ

Гӯянд, ки Акбарподшоҳ ба иродаи сайри Кашмир аз шаҳри Аҷмир баромад ва аз дарёи Лоҳур бар киштӣ нишаста, убур мекард. Яке аз сухансароёни мизоҷдони ӯ ба арз расонид, ки он кали бахтбаргашта Мирзо Ёдгор кулли мардуми фитнаангези рӯзгорро бар худ мехондааст, суханҳое зиёда аз ҳоли худ бар забон мерондааст. Акбарподшоҳ баъд аз истимои ин сухан сафинаи ақли худро дар уммони (баҳри) тафаккур андохта, ҳамчун гирдоб дар ҷайби худ печид. Чун мавҷи об лаби худро меҷунбонид, мулҳими ғайбӣ бар забони Акбарподшоҳ ин байт ҷорӣ гардонид:

Байт

Кулоҳи хусравию тоҷи шоҳӣ

Ба ҳар кал кай расад, ҳошо ва калло.

Охир даъвои баланд он калро дар пояи пастӣ афканд ва сухани калони ӯ бар сараш расид.

Байт

Хор, ки дорад ба забон нештар,

Ҳам ба халидан шиканад бештар.

Азизи ман, касеро, ки муҳри сукут бар ҳуққаи (қутичаи) нутқ шуд, дар чамани зиндагонии ӯ ҳама раёҳини саломат рӯяд ва ниҳоли ҳаёташ самараи роҳат бахшад. Чун гулбуни балоғат дар табассум ояд ва чун булбули фасоҳат дар тараннум дарояд, эмин натавон буд, ки роиҳаи (бӯйи) гулзори сухан ба сабаби тафреҳи (шодиафзойи) димоғ аст, на боиси зуком…

Чун чашми Имомқулихон аз нур тиҳӣ шуд, камаррикоби Надирмуҳаммадхон аз Балх баромада, ба сӯйи вилояти Ҳисор гардида, Давлатбий, ки ҳокими вилояти мазкур буданд, ба истиқбол баромада, қалъаро пешкаш кард. Ҳасанбеки Рафеъ аз рӯйи табъ ин рубоӣ (байт) имло намуд.

РУБОӢ (БАЙТ)

Шоҳо, ба кафи Ҳисор гардун омад,

Аз чархи фалак бахти ту афзун омад.

ҲИКОЯТ

Гули чамани маонӣ Соибои Исфаҳонӣ рӯзе дар боғи «Ҳазорҷариб»-и Сифоҳон бо ҳамроҳии моҳталъатон (моҳрӯён) боданӯшӣ мекард ва яке аз он касон, ки Соиборо ба ӯ тааллуқе буд, дар олами мастӣ ба чашми пурхумораш аз дасти рӯзгор халале расида. Соибо аз ин боб мутааллим (аламзада) шуда, ин рубоиро имло намуд.

РУБОӢ

Дар гулшани зебои ту, ай дурри хушоб,

Ғамгин машавӣ, ки наргисат шуд беоб.

Дар маҷлиси ноз ҳар ду май мехӯрданд,

Бедор яке монду яке рафт ба хоб.

Азизи ман, нодон касе, ки ҷавҳари гаронмояи ҳастиро дар чаҳорсӯйи муғолатгоҳи рӯзгор раҳини (шарти) ошноӣ ва сарфи ношиносии бебасаре (бехабаре), ки чашми дилаш холӣ аз куҳли (сурма) ҷавоҳирманиш бошад, намояд ва он гаҳ марде, ки нақди комилъиёри зиндагониро дар муғолатгоҳи айём ба дасти худношиносии чанде ба амдан (аз рӯйи қасд) супорад, узраш ноқабул ва тақсираш (хатояш) нописанд хоҳад буд.

Байт

Инон ба дасти фурӯмоягон мадеҳ, зинҳор,

Ки дар масолиҳи худ харҷ мекунанд туро.

Эй умри азиз ва эй асли фикрати (ақли) ботамиз, ба хотири ман, ки ошнохонаи наздики ғам ва сарои бемонеи кулфат аст, чунон мерасад, ки хори вуҷуди ту, ки мавзуъ аз барои сӯхтан аст, чаро бояд ки домангири аҳбоб (дӯстон) гардад ва хоки ҳастии ту, ки мавҷуд аз барои бехтан аст, чун шояд ки ғубори хотири асҳоб (ҳамсуҳбатон) шавад?

Байт

Нест холӣ зи халал суҳбати абнои ҷаҳон,

Пой берун манеҳ аз гӯшаи вайронаи хеш.

Азизи ман, аз феъли бад мунҳариф (ҷудо) гаштану аз мардуми бад канор гирифтан оқилонро лозим аст ва кори худ ба салоҳ овардану нийят бар ҳасана доштан хирадмандонро аз фароизу лавозим аст.

Пас, марди оқил бояд, ки тарҳи дӯстӣ бо мардуми оқил афканад ва аз суҳбати дӯсти нодон бигрезад, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Зи зиндону ҳарифи ҳабс бигрез,

Зи пастону зи ноаҳлон бипарҳез.

ҲИКОЯ

Овардаанд, ки дузде доно рӯйи ҷуръат дар хазинаи подшоҳи вақт овард. Дид, ки подшоҳ бар тахти заррин хобида, аснофи қумоши (навъҳои матои) шоҳию анвои ҷавоҳири подшоҳӣ бар рӯйи бисот рехта ва шамъи кофурӣ чун рӯйи тавонгарон афрӯхта ва парвонаи мискин мисли дили дарвешон паёпай сӯхта. Дузд ба назари эҳтиёт бар чапу рост мулоҳиза намуд ва дид, ки шамшере, ки қарори мулку миллат вобастаи ӯст, маймуни беқароре ба даст гирифта, қасди мӯрча, ки дар синаи подшоҳ нишаста буд, кард. Дузд чустӣ намуда, дасти маймунро бо ҳамроҳии шамшер муҳкам гирифт. Аз гирудори онҳо подшоҳ бедор шуда, чунон аҳволро иттилоъ ёфта, гуфт:

– Чун инояти (меҳрубонии) яздонӣ шавад, дузд посбону душман меҳрубон гардад.

Дузд қабои дониш дар бар дошт, тоҷи давлат бар фарқаш ниҳоданд, чун хори нодонӣ домангири маймун буд, либоси ҳирсаш баркашиданд.

Байт

Хасми доно, ки офати ҷон аст,

Беҳтар аз дӯсте, ки нодон аст.

Азизи ман, аз суҳбати ҷабборон (золимон) бипарҳез, ки зимоми (лаҷоми) аҳди эшон суст ва бинои олии ин тоифа заиф афтода. Ҳамеша рухсораи мурувватро ба нохуни ҷафо харошида доранд ва сарчашмаи футувватро (ҷавонмардиро) ба хоки бадаҳдӣ тира созанд. На ихлосу ошноӣ наздики эшон ҳурмате дораду на собиқаи хидмату робитаи мулозимат (хидматгузорӣ) қадрею қимате.

Байт

Барои хидмати он кас, ки нашносад ҳақи хидмат,

Макун ту вақти худ зоеъ, ки не музд асту на миннат.

Азизи ман, ҳузур дар ваҳдат асту фароғат дар узлат (гӯшанишинӣ), зеро ки суҳбати абнои замону (ҳамзамонон) муҷоласати (ҳамнишинии) дӯстони инҷаҳонӣ аз заҳри афъӣ (як навъ мори калони заҳрнок) зиёнкортар аст, ва муҷоласати эшон аз мухотираи ҷон додан душвортар. Аз ин ҷиҳат аст, ки баъзе аз ҳукамо кунҷи ғоре ё таги чоҳе ихтиёр кардаанд.

Азизи ман, бисёр бошад, ки дарвеши комил ва сӯфии софдил аз худ хилват созад, бо вуҷуди ин ҳол куҷо бо дигаре пардозад. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Ба хилвате, ки забонбаста роз мегӯям,

Садои шаҳпари Ҷабрил дарди сар бошад.

***

Бирав, ай ақли номаҳрам, ки имшаб бо хаёли ӯ

Чунон хушсуҳбатӣ дорам, ки ман ҳам нестам маҳрам.

Азизи ман, бояд ки бухлу ҳасадро дар дили худ роҳ надиҳӣ, ки ҳасад хонабарандози давлату барҳамзади чамани иззат аст. Чунон ки гуфтаанд:

Байт

Ҳасад ҳар ҷо, ки оташ барфурӯзад,

Ҳам аз аввал ҳасудонро бисӯзад.

Азизи ман, ҳар киро дидаи басират (биноӣ) ба куҳли (сурмаи) ҷавоҳири тавфиқи азалӣ мунаввар шуда бошад ва гулшани дилаш ба равоиҳи (бӯйҳои) раёҳини инояти (меҳрубонии) лоязолӣ (абадӣ, худойӣ) муаттар гашта, ҳар чӣ бар худ написандад, бояд ки бар дигаре низ написандад, чаро ки ҷазои амал ҳақ аст:

Рубоӣ

Хоҳӣ, ки туро ҳам бадие н-ояд пеш,

То битвонӣ, бадӣ макун аз каму беш.

Чун неку бади ту бар ту мегардад боз,

Бингар, ки чӣ кор мекунӣ дар ҳақи хеш.

Азизи ман, гаҳ соқии рӯзгор шарбати нӯши мурод чашонад ва гоҳе заҳри қаҳр ба ҷуллоби (шарбати қанд) роҳат расонад. Пас, марди собитқадам он аст, ки ба пӯшидани хилъати давлат лаби нишот ба ханда наёрад ва дар нӯшидани ҷуръаи муҳаббат аз дидаи андӯҳ ашки ҳасрат наборад, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Ғамгин машав, ки соқии қудрат зи ҷоми даҳр

Гаҳ нӯши лутф медиҳаду гоҳ неши қаҳр.

Азизи ман, домани таҷарруд (танҳоӣ) аз ғубори ағёр бияфшону сари тафрид (танҳоӣ) дар гиребони таваккул каш ва наволаи (ғизои) заҳролудаи дунёро ба коми орзу марасон, ки гуфтаанд:

Байт

Бар хони даҳр дасти иродат макун дароз,

К-олуда кардаанд ба заҳр ин наволаро.

Азизи ман, қаноат мулкест, ки ба ҳар дун (одами паст) надиҳанд ва пирояест (зебу зинатест), ки ба дасти ҳар забун (дармонда) нагузоранд. Қаноат либосест, ки ҷуз тани подшоҳон напӯшанд ва туғроест (хаттест), ки ғайр аз маншури (фармони) подшоҳ бад-он накашанд.

Рустам касе бувад, ки барояд ба хӯйи хеш,

Дар вақти эҳтиёҷ бигирад гулуйи хеш.

Обест оби рӯ, ки наёяд дигар ба ҷӯй,

Аз ташнагӣ бимиру марез оби рӯйи хеш.

Дарвеше дар бешае мегашт… ва андеша менамуд. Дид, ки шоҳбози тезпарвозе қадре гӯшт дар чанголи худ гирифта, назди зоғе бепаруболе фуруд омад. Аз гӯшт порае, ки ба қадри ҳавсалаи зоғ бошад, бад-ӯ дод. Дарвеш гуфт: Хуш розест, ки мурғе, ки на қуввати таярон (паридан) дораду на андешаи ҷавлон, дар ин беша бетӯша намегузорад.

Азизи ман, муносиб чунон аст, ки ҳушёрони олами маънӣ мастони ҷоми ғафлатро ба гӯшмоли насиҳат ҳушёр созанд. Ва лоиқ чунон аст, ки бедорони арсаи дониш бехабарони кӯйи мусолаҳатро ба силии (зарбаи) адаб бедор кунанд. Агарчи сухани ҳақ аз рӯйи ҳақиқат арақи инфиол (шарм) бар рӯйи хубрӯён давонад, шояд, ки яке аз ин миён обрӯйи худ мулоҳиза карда, аз феъли зишти худ ва аз суҳбати бадон иҷтиноб (парҳез) намояд.

Байт

Арақ нишаст зи пандам рухи накуйи туро,

Зи ман маранҷ, ки мехоҳам обрӯйи туро.

Азизам, аз суҳбати ҷоҳили фосиқ барҳазар бош ва хидмати оқили комилро илтизом намой (лозим шумор), ки мувосалати (пайвастагии) фисқу фуҷур чун тарбияти мор аст: рӯзе безарар нахоҳад буд ва мулозимати аҳли хирад монанди таблаи аттор аст, ки беманфиат нахоҳад буд:

Байт

Бош чу аттор, ки аз хӯйи ӯ

Ҷом муаттар шавад аз бӯйи ӯ.

Азизи ман, исмат (покдоманӣ) он аст, ки чун шаҳват ғолиб гардад, ту синони (найзаи) нафс боздорӣ ва домани исмат аз лубси (пӯшидан) ҳаром пок созӣ ва ҷуз тариқи шаръ дар ин роҳ иқдом нанамоӣ, назар аз амали ношоиста бардорӣ, то дари хайру салоҳ бар рӯйи ту кушода гардад.

Байт

Исмат он ҷо, ки роят афрозад,

Дилу динро мудом бинвозад.

Азизи ман, то пойи талаб ба хорзори тааб (ранҷ, азоб) маҷруҳ нагардад, дасти висол ба гиребони гули мақсуд нарасад. Ҳеҷ касро бе такопӯйи саъйе балиғ офтоби мурод аз машриқи умед толеъ нашуд ва бе ҷустуҷӯю такупӯй рӯй аз даричаи умед рух нанамуд, зеро ки бе хори тааб натавон гул чид ва дари ганҷи мурод ҷуз ба калиди ранҷ натавон кушод. Пас, муҷоҳида бисёр бояд кард, то кас ба давлати мушоҳида расад, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Азизи ман, ҳар кӣ қадам дар талаби коре мениҳад, бояд ки меҳнати ӯро мутаҳаммил бошад (бардорад), он ки рӯй ба каъбаи мақсуд орад, аз тааби бодияи (саҳрои) меҳнат набояд андешад, чунон ки гуфтаанд:

Дар биёбон чун зи шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр.

Азизи ман, дар сафар таҷрибаи бисёр ба даст ояд ва фоидаи бешумор рӯй намояд. Набинӣ, ки осмон, ки пайваста дар сафар аст, аз ҳама болотар аст ва замин, ки ҳамеша дар сутун аст, лагадкӯби ҳар дун аст.

Байт

Дилаш аз ғами ину он абтар аст,

Вале аз ҷафои ватан беҳтар аст.

Азизи ман, бозро ба сабаби он ҷой бар соиди (банди дасти) салотин муқаррар аст, ки сар бар ошёна фурӯ намеорад ва ҷуғд ба воситаи он дар паси девор мондааст, ки дил аз ватани вайрон барнамедорад.

Байт

Чу шоҳбоз ба ҷавлон дарову сайр бикун,

Чу ҷуғд чанд тавон буд дар паси девор?!

Азизи ман, алами ғурбат ба гӯши ту нарасидааст ва самуми (шамоли гармсери сӯзони) узлат (гӯшанишинӣ) ба гулшани ту навазидааст. Сафар дарахтест, ки ғайр аз хори фироқ бор наёрад ва ғурбат абрест, ки ғайр аз борони мазаллат (хорию зорӣ) қатрае наборад. «Ас-сафару қалъатун мин ас-сақар» (яъне, сафар қалъаест пурмашаққат) ва шуълаест синасӯзу тири дилшикоф ва «ҷалоу ватани аъзамул-бало» (яъне, ҷалои ватан балоест бузург), новакест ҷигардӯз. Пас, беҳтар ҳамон ки дӯстон иззи (шарафи) ҳузурро ба базли (харҷи) сафар бадал накунанд. Ва фироқи ёру диёр, ки натиҷааш ҷуз нолаи зору дидаи ашкбор нест, ба ихтиёр қабул нафармоянд, чунон ки гуфтаанд:

Маснавӣ

Ҷалои ватан сахт бошад басе,

Куҷо оварад тоби ӯ ҳар касе?

Ҷудойӣ дарахтест, орӣ зи бар,

Ки гар бар диҳад, ҳаст маргаш самар.

Ман имрӯз он корафтодаам,

Ки домони ёрӣ зи каф додаам.

На дар дил ҳузуру на дар дида об,

Гирифтори сарпанҷаи сад ғуроб.

Азизи ман, мардуми дида аз он бар сар омадаанд, ки қадам аз зовияи (гӯшаи) худ берун наниҳодаанд ва қатароти ашк аз он поймол шудаанд, ки дар гӯшаи кошонаи худ қарор нагирифтаанд.

Байт

Даруни хонаи худ ҳар гадо шаҳаншоҳ аст,

Қадам берун манеҳ аз ҳадди хешу султон бош!

Азизи ман, шунида будам, ки аз сафар таҷрибаи бисёр ба даст ояду фоидаи бешумор рӯй намояд, маро ин таҷриба шуд, ки то зинда бошам, ёди сафар накунам ва ба ихтиёр давлати мушоҳадаи дӯстонро ба меҳнати муҷоҳадаи (кӯшиши) ғурбат бадал накунам.

Байт

Дигар муҷоҳадаи ғурбаташ ҳавас нашавад,

Ки дар мушоҳадаи дӯстон хуш аст мудом.

Азизи ман, дарди фироқи ёрону ранҷи ҳиҷрони дӯстдорон саъбтарини (сахттарини) дардҳосту сахттарини ранҷҳо. Маълум аст, ки тафарруҷи (сайругашти) атрофи оламу тамошои риёзи (боғҳои) банӣ Одам ба ёрони ҳамдам ва дӯстони хуррам хуш аст, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Баҳори умр мулоқоти дӯстдорон аст,

Чӣ ҳаз кунад Хизир аз умри ҷовидон танҳо?!

Азизи ман, муддате умри худро дар шодмонию комронӣ гузаронидӣ ва баҳори ҷавониро ба хазони пирию нотавонӣ расонидӣ, акнун осори заъф дар атрофи баданат падид омада, сурур аз дилу нур аз басарат рахти раҳил (кӯч) барбаста ва ниҳоли қоматат, ки меваи мурод баровардӣ, акнун ба самуми аҷзу бечорагӣ рӯй ба пажмурдагӣ ниҳода. Одати рӯзгор он аст, ки гулшани ҷавониро ба хасу хошоки мазаллати (хорию зории) пирию муфлисӣ муқаддам гардонад. Агар марди хирадмандӣ, дидаи дилро ба куҳли (сурмаи) ҷавоҳир равшан созу матои дунёро нобуда дониста, рӯй ба ҷустуҷӯи давлати боқӣ ор.

Чунон ки гуфтаанд:

Маснавӣ

Нишоти ҷавонон зи пирон маҷӯй,

Ки оби равон боз н-ояд ба ҷӯй.

Бибояд ҳавас кард аз сар бадар,

Ки даври ҳавасбозӣ омад ба сар.

Чу бар сар нишинад зи пирӣ ғубор,

Дигар айши софӣ таваққуъ мадор…

Азизи ман, донистаӣ, ки дам ба дам кӯси раҳил фурӯ хоҳанд кӯфт ва сармояи ҳаёт, ки матоест дар хонаи бадан амонат ниҳода, боз хоҳанд талабид. Муқаддимаи сипоҳи марг, ки иборат аз заъфи пирист, бар мамлакати бадан тохтан орад, ва талояи (гурӯҳи пешгарди) лашкари аҷал, ки иборат аз мӯйи сафед аст, атрофи ҳисори вуҷуд фурӯ гирад.

Навбати пирӣ гавҳарест латифу зиндагонӣ ҷавҳарест шариф, дубора ба даст наёяд, ночор аз даст равад. Ғанимат дор, ки нақдест пурҳосил. Азизаш шумор, ки мусофирест мустаъҷил (шитобанда).

Байт (маснавӣ)

Хабар дорӣ, ай устухонӣ қафас,

Ки ҷони ту мурғест, номаш нафас.

Чу мурғ аз қафас рафт, бигсаст қайд,

Дигар раҳ нагардад ба саъйи ту сайд.

Нигаҳ назди доно беҳ аз оламест,

Даме назди доно беҳ аз одамест.

Азизи ман, ҳар ҷо, ки ишқест, ҳуснест ва ҳар ҷо ки ҳуснест, ишқест ва ин ҳар ду як чизанд.

Азизи ман, дурри ишқ дар ҳар баҳр қарор нагирад ва райҳони муҳаббат дар ҳар бӯстон нарӯяд ва мурғи олиҳиммати ишқ дар ҳар шох ошён насозад ва ҳар тардомане тоқати неши анқои муҳаббат наёрад. Ошиқоне, ки гули мурод аз гулзори умед чидаанд ва аз мазрааи ҳаёт ба ҳусулу самар расидаанд, аз неши ҳар хор чандин ҳазор озор кашидаанд ва аз ранҷи меҳнати ағёр балои бешумор дидаанд, то аз насими бӯйи ҷонон гуле шамидаанд ва дар базмгоҳи ҷон нафасе орамидаанд, чунон ки гуфтаанд:

Байт

Хуни худро мушк кардан кори ҳар бедард нест,

Нофаро гардид аз ин андеша мӯйи сар сафед.

Азизи ман, аҷаб рангест лолазори ишқро, соате тамошо куну дили ғамдидаи худро дар ин гулзори меҳнат ғунчасон аз насими шавқ дида во кун. Шукуфаи ин гулистон аз машшотаи талаби навбаҳор аст ва хуррамии ин гулзор аз абри найсони чашми хунбор аст. Ҳар шефтае, ки дар дашти Ховарони ишқ дар сайр аст, ҳасбулҳолаш мақолаи (гуфтор) Абусаиди Абулхайр аст:

Рубоӣ

Андар ҳама дашти Ховарон санге нест,

К-аз хуни дилу дида дар ӯ ранге нест.

Дар ҳеч замину ҳеч фарсанге нест,

К-аз дасти ғамат нишаста дилтанге нест.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Самандархоҷаи Тирмизӣ чӣ медонед?

2. «Дастур-ул-мулук» чӣ гуна асар аст?

3. Дар «Дастур-ул-мулук» кадом шартҳои давлатдорӣ нишон дода шудааст?

4. Ҳикояти «Дар ҳоли вазирон»-ро хонед ва мазмунашро нақл кунед.

5. Барои чӣ сухани беандеша ба гӯяндааш зарар меоварад?

6. Байти: «Хасми доно, ки офати ҷон аст,

Беҳтар аз дӯсте, ки нодон аст»-ро шарҳу тавзеҳ диҳед.

7. Фоида ва зарари сафар дар чист?