Овардаанд, ки яке аз вузарои мозӣ (гузашта) бар шахсе гуфт, ки аз омадшуди мардум ба танг омадаам. Он шахс гуфт: Эй вазир, болиши иззат аз пеш бардор ва аз маснади вазорат бархез, ман зомин, ки туро касе озор надиҳад, дубора пеши ту як кас наёяд. Чунон ки гуфтаанд:
Пеши он кас, ки ихтиёраш ҳаст,
Халқ беихтиёр меоянд.
Дигар он ихтиёр рафт зи даст,
Бар дараш бо чӣ кор меоянд?
Яке аз мулуки мозӣ (гузашта) дасти тааддӣ бар моли музореон кушода буд ва пойи туғён аз ҷодаи адолат берун ниҳода. Раоё даст ба дуо бардоштанд ва забон ба нафрини ӯ кушоданд.
Рӯзе он золим бозе ба даст гирифта, ба шикор рафта буд. Чун аз шикор боз омад, мунодӣ фармуд, ки дасти ман, ки бар рӯйи мазлумони меҳнатрасида буд ва теғи ситам кашида буд, кӯтоҳ кардам ва дар мақоми раиятпарварӣ собитқадам шудам. Умед аст, ки баъдалявм дасти тааддии ҳеҷ золиме ҳалқаи ташвиш бар дари хонаи ҳеҷ мазлуме назанад ва пойи ҳеч ситампешае бар дари тавилаи фақире нарасад.
Раоёро аз ин мужда ҷони нав дар бадан даромад ва фақиронро аз ин башорат гули мурод дар чамани умед шукуфта шуд.
Байт
Аз ин навиди муборак, ки ногаҳон омад,
Башорате ба дилу муждае ба ҷон омад.
Охир адолаташ ба ҷое расид, ки барра аз пистони шер шир мехӯрд ва меш бо шир лаби шерро мешуст. Юз бо буз бо назари тез намедид, мурғи даштӣ бар фарқи баҳрӣ ошён мекард ва мурғи обӣ бо боз ҳамроҳ мешуд.
Яке аз маҳрамони ҳарими салтанат дар вақти фурсат аз кайфияти ин ҳол суол кард ва аз табдили афъол истифсор намуд (пурсид). Подшоҳ гуфт:
– Имрӯз, ки дар шикор будам, дидам, ки саге пойи рӯбоҳеро шикаст ва пиёдае санге бияндохт ба пойи саг расид, ӯ низ шикаста шуд. Чун ҷазои мукофотро дидам, ба худ омада, гуфтам:
Байт (маснавӣ)
Ба чашми хеш дидам дар гузаргоҳ,
Ки зад бар ҷони мӯре мурғаке роҳ.
Ҳанӯз аз қайди минқораш напардохт,
Ки мурғи дигар омад, кори ӯ сохт.
Азизи ман, марди рӯзгор вақте бо аруси мамлакат даст дар оғӯш тавонад кард, ки ба оби шамшери оташбор номи хасми бадандешро аз лавҳи ҳаёт бишӯяд ва шуҷоъмард он замон соғари мурод бар лаби роҳат тавонад расонд, ки паймонаи таманнои душмани шӯхчашмро ба санги зафар бишканад. Чунон ки гуфтаанд:
Байт
Дар он рӯз бинӣ зи душман фароғ,
Ки шаб дар мазораш фурӯзӣ чароғ.
Азизи ман, то қомати найзаро бо қомати ёр ташбеҳ насозӣ, шоҳиди матлуб дар канор натавонӣ гирифт. То новаки хунборро ғамзаи дилдор тасаввур накунӣ, рӯйи мақсуд аз ойинаи шамшер рух нанамояд.
Ҳалқаи гесуи дилбар вақте дар гарданат ҳамоил гардад, ки турраи парчамро зулфи пурхам тасаввур кунӣ. Аруси орзу вақте дар гӯшае нишонӣ, ки абруйи камонро бар камонабруе пайванд диҳӣ, яъне, бе таҳаммул ранҷе ба таҳмили ганҷе натавон расид ва бе шавкати хори дилозор тамошои гулзор натавон кард.
Байт
Касе ба гардани мақсуд даст ҳалқа занад,
Ки пеши тири балоҳо сипар тавонад буд.
Азизи ман, ҳар кӣ ба душман мубтало бошад, то аз вай халос нагардад, рӯз аз шаб ва шаб аз рӯз надонад ва аз парешонӣ пой аз сару кафш аз дастор нашиносад, чунон ки гуфтаанд, то беморро сиҳат ҳосил нашавад, аз хӯрданӣ баҳра наёбад ва ҳаммол то бори гарон аз пушт бар замин наниҳад, наёсояд, то марди парешон аз хавф эмин нагардад, нафасе бофароғат натавонад кашид.
Байт
Сари вопаси мулк то дар тан аст,
Тани мулкро фитна пироҳан аст.
Азизи ман, тарбияти аҳли басорат кимиёест, ки хоки тираро зари соф бисозад ва санги ноқисро гавҳари комил гардонад. Чунон ки гуфтаанд:
Байт (рубоӣ)
Аз тарбият аст, хок гавҳар гардад,
Хун дар таҳи нофа мушки анбар гардад.
Он оҳани тирарӯйи беҳимматро
Иксир чу тарбият кунад, зар гардад.
Азизи ман, сабаби бузургӣ ақлу адаб аст. Ҳар кӣ ақли софу хиради комил дорад, хешро аз пояи ҳазизе (паст) ба мартабаи шарифе тавонад расонд.
Байт
Ба пешкории ақли шарифу ройи дуруст
Тавон каманди тасарруф бар осмон афканд.
Азизи ман, ақли дурандеш ва ройи оламоройро дар ҳар сурат, ки пеш ояд ва ба ҳар ҳодисае, ки рӯй намояд, ҳокими одил ва мумаййизи (ҷудокунанда) комил бояд донист, ки шарафи ҷавҳари одамӣ ба сафои хирад аз дигарон имтиёз дорад.
Байт
Ақл аст, ки бунёди шараф муҳкам аз ӯст,
Афзунии ҳурмати банӣ Одам аз ӯст.
Азизи ман, мушоварат иҷтимои уқул аст. Ҳар ҷо ки аҳли ақл дар муҳимме шуруъ намоянд, агар шар бувад, ба хайр анҷомад. Сухани Мавлавӣ, ки маъдани ҷавоҳири маънавист, шоҳиди ин қавл аст:
Чу ояд мушкиле пеши хирадманд,
Аз он мушкил фитад дар кори ӯ банд,
Кунад ақли дигар бо ақли худ ёр,
Ки то дар ҳалли он гардад мададгор.
Зи шамъе чун нагирад нур хона,
Фурӯзад шамъи дигар дар миёна,
Вале ҳаст ин сухан бо ростбинон,
Ба садри ростӣ болонишинон.
На дар каҷрав ҳарифони каҷандеш,
Ки гардад аз ду каҷрав каҷравӣ беш.
Азизи ман, дар ҳудуси воқеот ва вуқуи ҳодисот аз мушоварат гузире нест.
Байт
Замири ту ҳарчанд ваҳйошност,
Дари машварат нокушудан хатост.
Бояд ки мушоваратро бо аҳли ҳикмат ва асҳоби таҷрибат кунӣ, ки:
Байт
Муаммост ин машварат филмасал,
Ки ҳар кас тариқи дигар карда ҳал.
Тадбири ин тоифа соиб аст ва табиат ба тадбир аст, табъ кардан воҷиб. Чунон ки гуфтаанд:
Байт
Ройи равшан зи бузургони куҳансол талаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.
Ва дигар пири ботадбир беҳ аз ҷавони шуҷоатосор аст.
Байт (маснавӣ)
Дар сафи разм бо ҷавонон пӯй,
Лек тадбири он зи пирон ҷӯй.
Гарчи барно ба разм коргар аст,
Кӯшиши кордидагон дигар аст.
Азизи ман, нӯшдоруи насиҳат мебояд хушмаза ва ширин бошад, то тановули он беморро осон намояд. Чун табъи бемор шикаста аст, аз сухани сахт шикастатар гардад.
Чунон ки гуфтаанд:
Байт
Майкашиҳои ман аз панди ту бошад, зоҳид,
Сухани сахти туам тавбашикан гардидаст.
Азизи ман, сипоҳӣ бояд ки нӯги синони обдор барои ҷавҳари ҷон дар хазинаи дили душман фурӯ занад ва дами шамшери заҳрпоши худро монанди сарҳангони айёрпеша ба қасди гавҳари руҳи хасм ташна дорад.
Байт
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.
Азизи ман, битарс аз кина, ки дар синаи мулук қарор ёфта бошад, чаро ки эшон ба нахвати (ғурури) салтанат дар боби интиқом мутаассибанд. Чун фурсат ёбанд, ба ҳеч узр нагзоранд. Ташбеҳи кина дар синаи подшоҳ чун ангишти фусурда бошад, агарчи алҳол оташ надорад ва зарари ӯ намерасад, аммо вақте ки шарораи ғазаб ба ӯ расид, афрӯхта гардад. Ва дуди интиқом, ки аз сари оташи кина хезад, басе димоғҳоро хушк созад ва дидаҳоро тар гардонад. То заррае аз ангишти кина дар синаи мулук боқӣ бошад, аз мазаррати (зарари) шуълаи хашм эмин натавон буд.
Ва баъзе аз ҳукамо подшоҳонро низ ба оташ ташбеҳ кардаанд, агарчи гоҳе ба партави иноят (дастгирӣ) кулбаи торики дардмандонро рӯшноӣ мебахшад ва ба шуълаи сиёсат низ хирмани савобиқи (шиносоиҳои) хидматгоронро месӯзад. Аз ин ҷиҳат гуфтаанд: дар қаъри дарё бо наҳанг ғӯта хӯрдан ва аз лаби мори думбурида заҳр макидан аз мулозимати салотин ба саломат наздиктар аст.
Азизи ман, ҳар киро роиҳае (бӯйи хуше) аз гулзори хирад ба машоми дил расида бошад, донад, ки тухми озор корад, ҷуз маҳсули мазаррат (зарар) бар надиҳад ва ҳар кӣ ниҳоли манфиат нишонад, ғайр аз меваи осоиш начинад.
Чунон ки гуфтаанд:
Байт
Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.
Азизи ман, ба зиёдатии мансабу тақарруби (наздикии) мулук (подшоҳон) мағрур нагардӣ, ки мизоҷи мулук ҳукми обу оташ дорад ва эътимодро нашояд. Яқин дон, ки ҳар илалеро иззате дар ақиб аст ва ҳар давлатеро илале дар пай.
Чунон ки гуфтаанд:
Байт
Чӣ менозӣ ба ин давлат, ки ҳар гаҳ бахт баргардад,
Кулоҳи хусравиро косаи дарюза месозад.
Азизи ман, ба зиёдатии мансабу тақарруби мулук илтифоти подшоҳ бодаест, ки кораш хубрабоист. Халоиқро бо чунин кас кор бисёр ва ин касро ба ҳуш будан бисёр душвор. Агарчи гоҳе худро ба мадади ақл бар ҷой орад, аммо мастии он бода ба ҳолаш нагузорад. Мустақимтабъ бояд, ки ба бодаи давлат аз ҷо наравад, балки дар кори дармондагони мазлум бипардозад, чаро ки дунё ҷойи бемадор аст ва давлати ӯ нопойдор, чунон ки гуфтаанд:
З-он пештарак, ки соқии даҳр
Дар шарбати давлатат кунад заҳр,
Аз сар биниҳӣ кулоҳу дастор,
Ҷаҳде бикуну диле ба даст ор.
Ин сар ҳама сол бо кулаҳ нест,
Ин рӯй ҳамеша ҳамчу маҳ нест.