Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.
Бо қомати хамида равам сӯйи бустон,
Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.
Ай боғбон, зи боғ ба берун чӣ меравӣ?
Будан ба пойи сарви хиромон ғанимат аст.
Ай ғунча, сар зи ҷайб ба девонагӣ барор,
Якчанд рӯз чоки гиребон ғанимат аст.
Паҳлуи худ зи хоки чаман барнамекашам,
Чун соя хоби зери дарахтон ғанимат аст.
Ай Саййидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,
Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро возеҳ хонда, мазмуни онро нақл кунед.
2. Бигӯед, ки Саййидо дар ин ғазал чиро ғанимат донистааст?
3. Байти охири ғазалро шарҳ диҳед ва аз маънои он хулоса бароред.
4. Ғазалро аз бар кунед.