Порчаҳо аз «Ривояти суғдӣ». Виркан

Савдогари ғаюр ва корчаллони суғдӣ дар пайи суд ба куҷоҳое ки намерафт. Роҳҳои дуру дарози Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Рум (Византия) ба вай монанди кӯчаҳои шаҳри худаш – Самарқанд ё Бухоро, ё ки Пайканд шинос буданд.

Корвонҳои бозаргонии суғдиён «Роҳи абрешим»-и кабирро, ки бо вай абрешими хитоӣ ба Эрон ва Рум бурда мешуд, мепаймуданд. Тило, навшодир, зарфҳои нуқра, карбосу алочаи машҳури занданеҷӣ, дебо, чарми нафис, кимхоб, гилем, камону сипару ҷавшанҳои аълои суғдиро ба мамолики Шарқу Ғарб мебурданд. Инчунин, тавассути онҳо молҳои бозаргонии кишварҳои мухталиф ба ҳамдигарашон интиқол меёфт. Аҷаб нест, он бозаргоне, ки ба Шайх Саъдӣ гуфта буд, ки мехоҳад гӯгирди порсӣ ба Чин, косаи чинӣ ба Рум, дебои румӣ ба Ҳинд, пӯлоди ҳиндӣ ба Ҳалаб, обгинаи ҳалабӣ ба Яман, бурди (карбоси дурушти) яманӣ ба Порс бурдан мехоҳад, бозаргони суғдинажод бошад.

Яке аз он корвонҳо дар соли 673 мелодӣ ба Яман рафта буд, дар он ҷо бозаргонон шуниданд, ки амири араби Хуросон – Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз Ҷайҳун гузашта, Суғдро тохта, Бухоро, Пайканд ва шаҳру деҳоти дигарро тороҷ кардааст. Бозаргонон, ки дар Суғд оилаҳошон монда буданд ва коху кошонаҳо, молу мулк доштанд, аз ин хабари нохуш ба хавотир афтода, дастгоҳи тиҷоратияшонро саросема барчиданду роҳи бозгашт пеш гирифтанд.

Корвон бо соҳили баҳри Аҳмар роҳи биёбон мепаймуд. Вайро дастаи муҳофиз – бист нафар чокарон (хидматгарон)-и мусаллаҳ, ки онҳоро бозаргонон аз ҷумлаи ҷавонони далери суғдӣ яккачин карда, ба киро гирифта буданд, мушояат (ҳамроҳӣ) мекарданд. Бештарини чокарон аспсавор буданд, дигарҳошон дар каҷоваҳо ба хар, шутур дунафарӣ савор шуда мерафтанд.

Корвон дар чиҳил рӯз ба Мадина расид. Акнун боз ҳамон гуна роҳи дур ва пурмашаққати Шом дар пеш буд.

Офтоб сӯзон, ҳавои регзорон чун дами кӯраи оташ тафсон. Зангӯлаҳои панҷсаду сӣ уштури пурбор дар хомӯшии биёбони Ҳиҷоз – нағмасози мақоми якнавохт...

Рӯзи севуми сафар баногоҳ дар ақиби корвон аз дур сиёҳии савороне намудор гашт. Саворон аз хомаи баланди рег сарозер шуда, тез-тез пеш меомаданд.

Сарҳанги чокарон, ки бо нисфи дастаи худ дар думи корвон равон буд, аз эҳтиёт якеро сӯйи нисфи пешгарди даста давонд, ки огоҳ ва ҳушёр бошанд.

Саворони пайдошуда бо ҳамон гуна яроқе, ки чокарон доштанд, яъне бо шамшеру ханҷару найзаҳо мусаллаҳ буданд. Маълум набуд онҳо кистанд: сипоҳиёни ҳокими Мадина ё сарбозони ягон шайхи бодия? Ё балки роҳзанон бошанд?

Бадтарин гумони корвониён рост баромад: саворони ношинос наздик омада, якбора бо ҳаёҳу ба болои чокарон тохтанд. Чокарон сари роҳи онҳоро гирифтанд, задухӯрд ба вуқуь пайваст. Муборизони ҳар ду тараф дар фаввораи гарди тафсон ба ҳам омехта, шамшер мезаданд ва найза мекӯфтанд.

Яке аз чокарон, марди сисолаи тануманд, шонафарох, ришсиёҳ, ҷавшан дар бар ва кулаҳхӯди мисин бар сар, савори аспи саманди қашқа бо нахустин ҳамла ду роҳзанро аз асп фурӯ ғалтонд ва найзаи севумиро бо як зарби шамшери дарозаш шикаст. Аз як роҳзани захмхӯрда ҳангоми ғалтидани ӯ шамшерашро рабуда, бо ду шамшер ба ду даст бар чапу рост ва пасу пеш задан гирифт.

Ин мард сарҳанги чокарон буд. Виркан ном, ғуломи бозаргони бухороӣ Нуфарн.

Яке аз роҳзанон, ки ҳамчунин ҷавшану кулоҳдор буд, ба Виркан дарафтод. Виркан араби миёнасоли зеботалъат ва хушсавлатеро дар баробари худ дид, ки зоҳиран саркардаи роҳзанон буд, ришу бурути кӯтоҳи базебе, чашмони калону сиёҳи шарорафшон дошт, аз ваҷоҳаташ шуҷоат меборид.

«Шояд Молик ибн-ур-Райб ҳамин мард бошад» ба дил гузаронид Виркан, зеро корвониён дар Мадина шунида буданд, ки дар он навоҳӣ роҳзани бебоке, Молик ибн-ур-Райб ном бо дастаи ғоратгарони худ пайдо шудааст. Виркан хато накард: саркардаи роҳзанон ҳақиқатан Молик ибн-ур-Райб буд. Дуяшон бо ниҳояти тундӣ ва шиддат шамшерзанӣ карданд.

Ба зудӣ дасту гардан, китфу ронҳои ҳар ду хунин гашт. Араб дар ҳоли чорхези аспи тозияш ба чапу рост чандон мехамид, ки сараш қариб ба замин мерасид ва аз таги асп ба шиками аспи ҳариф ё пои савори он шамшер заданӣ мешуд, ҳам гоҳе ба болои зин рост истода, ҳамла меовард. Воқеан ҷангисавори пурҳунаре буд. Аммо паҳлавони суғдӣ ҳам аз вай намемонд. Дар айни задухӯрд чокарони пешгарди корвон ҳам даррасиданд ва ба роҳзанони латхӯрдаву чанде талафотдода дарафтоданд.

Он гоҳ Молик навмед шуд, ӯ наърае кашида, бо забони худ чизе гуфт, зоҳиран ба шариконаш фармони ақиб гаштан дод, ки онҳо якбора гурезон шуданд ва баъд саркарда ҳам аз пасашон фирор кард.

Мақтулу маҷруҳони дастаи Молик дар регзор монданд, аспҳои ононро шариконашон етак карда бурданд.

Аз чокарон ҳам як нафар ҳалок, се нафар захмӣ ва маиб шуда, ғалтида монда буданд.

Рафиқонашон онҳоро бардошта сӯйи корвон, ки пештар рафта қарор гирифта буд, равон шуданд.

Корвониён онҳоро бо нидоҳои таҳсину офарин истиқбол карданд. Чанде аз хидматгорон зуд ба гӯрковӣ ва дафни мурда, як корвонии солхӯрда аз доруҳои эҳтиётии бозаргонон ба марҳам молидан дар ҷароҳатҳои се чокари захмдор машғул гардиданд.

Дар ин асно аз Нуфарн, хоҷаи Виркан рафторе ба зуҳур омад, ки ҳеҷ кас ва, алалхусус Виркан, мунтазири он набуд, Хоҷа чӣ гуна бо роҳзанон набард кардани ғуломашро назора карда буд, ҳоло вай нохост Виркани саропо дар гарду регу хун олударо оғӯш карда, аз сару пешонияш бӯсида, ба ситоиш даромад:

– Дер зӣ, паҳлавонам, гурди сафдарам, диловарам!

Агар ту намебудӣ, ҳоли мо чӣ мешуд? Ту корвонро наҷот додӣ, моро аз аҷали муаллақ раҳонидӣ!

Нуфарн он қадар ба таассур ва риққат омада буд, ки ҳатто дар чашмони аз офтоби сӯзон ва гарди биёбон сурхгаштааш ашк ҳалқа зада, ду-се қатраи он ба риши сиёҳу сафедаш шорид. Сипас хоҷа ба корвониён муроҷиат карда гуфт:

– Вирканро ман ба чорсад дирам харида будам, вай имрӯз баҳои худро садчанд ва балки ҳазорчанд карда, ба ман боз- гардонд. Ҳамин ки сиҳат-саломат ба ватан расидем, ман ба мукофоти фидокорие, ки дар муҳофизати корвон ва ҷони мою шумо аз ин диловар ба зуҳур омад ва ба шукронаи наҷот ёфтанамон аз қатлу ғорат Виркани азизамро аз ғуломӣ озод мекунам. Оре, ман ба вай озодӣ мебахшам. Шумоёнро ба ҳамин қавли худ гувоҳ мегирам.

Шарикони бозаргонии Нуфарн, чокарон ва дигар аҳли корвон ҳама ба вай офарин хонданд, олиҳимматии ӯро ситоиш карданд ва ботинан хурсанд буданд, ки шарики савоби ғуломозодкунӣ шуданд. Бозаргонон ба Виркан, ки аз ин пешомади ногаҳонӣ, аз ин хушбахтии ғайричашмдошт моту мабҳут ва забонаш лол гашта буд, хитоб мекарданд, ки:

– Ба хоҷаат таъзим кун, шукр гӯй! Дасташонро бибӯс! Паҳлавон саросема ба хоҷааш ҳам таъзим кард, ҳам шукр гуфт ва ҳам дар пешаш ба зону афтода, дасташро бӯсид...

Вай аз падари суғдӣ ва модари турк таваллуд ёфта буд.

Падараш Ревахшиён аслан самарқандӣ буда, бисту панҷ сол дар кишвари туркон – Ҷеттису (Ҳафтрӯд) зист.

Суғдиён дар сарзамини туркон ҳам то ҳудуди Хитой сокин шуда, дар қадди Роҳи абрешим ҷо-ҷо ба худ деҳаҳо, шаҳрчаҳо сохта буданд ё ки дар авулҳои туркон дар байни бошандагони тагҷойӣ мезистанд. Баъзе аз он деҳаву авулҳо манзилгоҳи корвонҳои роҳгузар буданд. Ревахшиён дар яке аз манзилгоҳҳои гумоштаи як нафар бозаргони самарқандӣ буд. Дар ҳамон ҷо вай туркдухтареро ба занӣ гирифт. Зан дар вақти зоиши аввал мурд, кӯдакаш зинда монд, вайро бо шири буз, оҳу, асп парвариданд. Бача то бистсолагӣ дар Ҷеттису ба тарбияи падараш буд. Монанди ҳамсолони туркнажоди кӯчии худ аз сесолагӣ аспсаворӣ омӯхт. Чун ба воя расид, ҷавони бокитфу бозу, неруманд ва ниҳоят чобуке гардид. Аз аспи савории худ ба пушти аспи ромношудаи гурезон меҷаҳид ва онро то ром накунад, аз пушташ намефуромад. Шикордӯст буд, бо шикорчиён пайваста ба шикори гург, рӯбоҳ, гавазн мерафт.

Падараш дар пирсолӣ ба Самарқанд баргашт, дар деҳаи Ревдод, ки зодгоҳаш буд, сукунат ихтиёр кард.

Фарзанди даштҳои беканор ва кӯҳҳои баланд Виркан ба деҳқонию боғдорӣ одат накард, ҳавасаш ба аспу камон буду бас. Аспе дошт саманди қашқа, тезтаки пӯлодсуми фарбеҳсинаи пуштфарох, ёлдарози говдум, ки ба вай Рахши пасин ном ниҳода буд, яъне Рахши пешин аспи Рустами Дастон аст ва ин пас аз вай. Ҷавон, ҳар гоҳ ки ба Рахши пасин менишаст, худро шаҳсавори ҷаҳон ҳис мекард. Бо он асп ба шикор мерафт, чавгонбозӣ мекард, (чавгонбозӣ писандтарин бозии ҷавонони Суғд буд), дар маъракаҳо савора гуштӣ мегирифт. Дар ду бозии охир аксаран ғолиб мебаромад. Дар байни ин шуғлҳо вай ҳафтае як бор-ду бор аз дараи Киштуд бо ду уштури падараш ангиштсанг кашонда, дар бозори Самарқанд мефурӯхт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Зодгоҳ ва айёми бачагии Вирканро шарҳ диҳед.

2. Виркан дар Ревдод ба чӣ корҳо машғул буд?

3. Корвони суғдиёнро чӣ маҷбур кард, ки пеш аз муҳлат бар ватан баргардад?

4. Дар роҳ чӣ ҳодисаи мудҳиш рух дод?

5. Виркан дар биёбони Ҳиҷоз чӣ корнамоӣ нишон дод?