Шунидаам, ки ду гунҷишк бар шохи дарахте ошёна ниҳода ва аз матои дунё ба обу дона қаноат карда буданд. Бар сари кӯҳе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае мақом дошт, ки дар вақти сайд кардан чун барқ аз гӯшае берун меҷаст ва соиқавор хирмани ҷони мурғони заифболро пок месӯхт.
Ҳар гоҳ ки гунҷишкон бача мебароварданд ва онро паррончак мекарданд, боша аз камингоҳ берун ҷаста, бачаи онҳоро рабуда, туъмаи бачагони худ месохт. Он гунҷишкон аз ошёнаи худ дил кандан наметавонистанд. Аммо боша ҳамеша бачаҳои онҳоро нобуд мекард.
Навбате бачагони онҳо қувват ёфта ва пару бол бароварда, ҳаракат мекарданд. Падару модар ба дидори фарзандон хурсанд шуда, аз вақти парвози онҳо хуррамӣ менамуданд. Ногоҳ андешаи боша ба хотири онҳо гузашт ва якборагӣ аз хурсандӣ бозмонда, ба изтиробу беқарорӣ нолаву зорӣ оғоз карданд. Яке аз фарзандонашон сабаби ин ҳол пурсид. Гуфтанд:
Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,
Аз оби дида пурс, ки ӯ тарҷумони мост.
Пас қиссаи зулми бошаро батафсил гуфтанд. Он писар гуфт:
– Ҳар дарде даво ва ҳар ранҷе шифое дорад. Мумкин аст, ки дар дафъи ин бало саъй кунед, ӯ аз сари мо бардошта шавад.
Ин сухан ба гунҷишкон мувофиқ омад. Яке аз онҳо ба бачагони худ нигоҳ карда истода, дигаре ба чораҷӯйӣ парвоз кард. Чун қадре роҳ бипарид, дар андешаи он афтод, ки оё куҷо равам ва дарди дили худро ба кӣ гӯям:
Ба дарди дил гирифторам, давои дил намедонам,
Давои дарди дил корест бас мушкил, намедонам.
Охир ба хотираш омад, ки ҳар ҷонваре, ки ба назари ӯ аввал афтад, сухан ба вай бигӯяд ва илоҷи дарди дил аз вай биталабад. Иттифоқо, самандаре аз маъдани оташ берун омада, дар фазои саҳро сайругашт менамуд. Гунҷишк онро дид ва бо худ гуфт: «Биё, то дарди дил ба ин мурғи булъаҷаб бигӯям, шояд ки гиреҳ аз кори ман бикшояд ва маро ба сӯйи чора роҳ намояд». Пас аз таъзим назди самандар омад, самандар ӯро дида, гуфт:
– Дар башараи ту осори малол пайдост, агар аз ранҷи роҳ бошад, чанд рӯз дар ин ҷой иқомат кун, агар ҳолати дигар бошад, бигӯй, то ки чораи он ба қадри тоқати худ бибинам.
Гунҷишк забон бикшод ва ҳоли зори худ пеши самандар арз кард:
Бар ҳар касе, ки шарҳ диҳам достони хеш,
Сад доғи тоза бар дили он нотавон ниҳам.
Самандар ин суханҳоро шунида, гуфт:
– Ғам махӯр, ки ман ин балоро аз сари ту дафъ гардонам ва имшаб чунон кунам, ки хонаву ошёнаи ӯро бисӯзам. Ту ба ман манзили худ нишон деҳ ва худ ба сари фарзандон рав, то вақте ки назди ту оям.
Гунҷишк макони худ ба самандар нишон дод, бо хотири шод ва аз бори ғам озод рӯ ба ошёнаи худ ниҳод.
Чун шаб даромад, самандар бо ҷамъи ҳамҷинсони худ ҳар як миқдоре нафт ва гӯгирд бардошта, ба он манзил равон шуд ва ба раҳнамунии гунҷишк худро ба наздикии ошёнаи боша расонд. Боша бо фарзандон сер хӯрда ва дар хоб шуда буданд. Самандарон он чи аз нафту гӯгирд ҳамроҳ доштанд, ба ошёнаи онҳо рехта бозгаштанд. Аз шуълаи оташ ошёнаи он золим афтод ва ҳамаи онҳо ба як бор бо хонаву ошёна хокистар шуданд.
Ситамгар зи зулм оташе барфурӯхт.
Чу зад шуъла, аввал ҳам ӯро бисӯхт.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Боша чӣ гуна паранда аст?
2. Самандар чӣ гуна ҷонвар аст?
3. Чаро ҳар сол бачаҳои гунҷишк туъмаи нафси боша мешуданд?
4. Гунҷишк барои халосии бачаҳояш чӣ чора андешид?
5. Самандар ба гунҷишк чӣ сон ёрӣ расонид?
6. Аз ин ҳикоят ба чӣ хулоса омадед?