Хоҷа ва ғулом

Корвони суғдиҳо аз сафари дусолаи бозаргонӣ баргашта, дар баҳори соли 675 ба диёри худ расид.

Корвониён чун дар Омул аз Ҷайҳун гузаштанд, ба чашмашон манзараҳое басо ғамангез боз шудан гирифтанд: аз соҳили рӯд то Бухоро шаҳру деҳот валангор, бисёрии ҷӯйҳо хушкида, бештарини заминҳои киштро шӯраву янтоқ пахш карда, дарахтони боғҳо бурида, ё аз бех барканда ва ё каллак шуда буданд. Ҷо-ҷо барзгар, ба суғдӣ кадевардеҳқони ҷулҳундипӯше ба назар мерасид, ки бо ҷуфти говони лоғару коҳил замин шудгор мекард.

Суғди Бухоро тороҷ шуда буд.

Гӯё туфони офатборе аз ин сарзамин гузар карда буд. Оре, гузар карда буд, аммо на туфони табиат, балки туфони ғорату яғмо.

Онро кишваркушоёни бегонае оварда буданд, ки ба як даст шамшеру ба як даст Қуръон, сарзаминҳои он сӯйи Ҷайҳунро забт ва салтанати худро дар онҳо бар устухони халқҳо устувор гардонида ва акнун дар тараддуди он буданд, ки мамолики ин сӯйи рӯдро ҳам тасхир кунанд, валекин аз шикастани муқобилати мардонаи суғдиён ва туркони муттафиқи онҳо оҷиз омада, ҳоли зор ба тохтутозҳо, ба мақсади ғоратгарӣ ва асиргирӣ иктифо менамудаанд. Порсол амири Хуросон Убайдуллоҳ ибни Зиёд, фарзанди ҳамон Зиёд ибни Абусуфён, ки дар Ироқ куштору яғморо ҷорӣ ва дар Басра ба асасҳои худ амр карда буд, ки баъд аз хуфтан ҳар киро дар кӯчаҳои шаҳр биёбанд, бикушанд, нохост бо лашкари гароне ҳуҷум овард. Бухориён ба ҷанг бархостанд. Бо даъвати хотун – маликаи Бухоро Туркон ба вай як миқдор лашкар фиристодаанд. Лашкари Убайдуллоҳ, агарчи шуморааш бештар ва силоҳаш мукаммалтар буд, бо вуҷуди ҳамлаҳои пуршиддат шаҳри бамуҳосираафтодаро гирифта натавонист. Вай барои он ки бухориёнро ба таслим шудан водор кунад, дар шаҳрчаҳо ва деҳоти атроф харобкории азиме сар кард. Ин амири биступанҷсола ниҳоят баттол ва шаддод буд, ҷанги ғоратгариро бо ниҳояти бераҳмӣ мебурд. Бо фармони вай лашкариёнаш «...дарахтонро меканданд, хабар медиҳад ровии ахбор, деҳаҳоро вайрон месохтанд ва шаҳрро низ хатар буд», яъне Бухороро ҳам харобазор гардонданӣ буданд.

Аз гирди шаҳр ба шаш ҷониб деҳаҳои сераҳолӣ, киштзорҳо, боғҳо, ҷӯйборҳо, роҳҳо дар масофаи чандин фарсах ба биёбон табдил ёфтанд. Бухориён маҷбур шуданд, сулҳ бихоҳанд. Убайдуллоҳ зар ва моли фаровон талаб кард.

Хотуни шӯрбахт барои халосӣ аз офати ҷангу муҳосира ва наҷоти кишвар аз харобии тамом ночор ба додани хироҷи талабкардаи Убайдуллоҳ розӣ шуд. Ғоратгарон ин «товон»-ро рӯёнда, чандин ҳазор ҷавону духтари суғдиро асир гирифта «ғанимат»-и беҳисоби яғмогариашонро ба садҳо уштур бор карда, хоку хокистари ободиҳои дирӯзаро дар қафои худ гузошта рафтанд.

Нуфарн ба бошишгоҳи худ деҳаи Искичкат омад. Дар он деҳаи косибон ва ҳунармандон вай дастгоҳи тиҷоратӣ, дуконҳои бофандагӣ, устохонаҳо ва дар лаби ҷӯйбори Сомчин кӯшки бошукӯҳе дошт. Дар устохонаҳо, дуконҳо ғуломон, қарздорон ва муздуронаш кор мекарданд. Дар ҳақиқати амр соҳиби Искичкат ӯ буд, аз ҳазор ҷуфт (ҷуфти гов) замини корами деҳа қисми бештаринаш ба вай тааллуқ дошт. Деҳаро вай ғоратшуда, кӯшку дукону устохонаҳояшро тороҷгашта, аҳли хонаводаашро мусибатзада ва гирён ёфт. Бештарини ғуломон, хидматгорон ва канизонашро сипоҳиёни амири Хуросон ба асорат бурда, дигарҳошон ба ҳар тараф гурехта парешон гашта буданд.

Нуфарн сахт ғамгин шуд, гирист, лекин ғаму андуҳаш дер накашид, вай ки аз сафари бозаргонӣ бо хеле мол ва симу зар баргашта буд, ба зудӣ бо ғайрату кордоние, ки хосси ӯ буд, ба обод кардани макон ва барқарор намудани корхонаҳои худ машғул гардид.

Аммо Виркан ҳушу ёдаш ба Самарқанд, ба Наниманча ва фарзанди нодидааш буд. Наниманча агар ба савгандаш истода ва шавҳар накарда бошад (не, не, «агар» надорад, вай на он гуна занест, ки аз савгандаш гардад!), ҳар гоҳ ки Виркан мувофиқи ваъдаи хоҷа аз ғуломӣ озод шуд, ба вай бармегардад. Зани маҳбубаашро тасодуф, фалокат ба вай талоқ кард, худаш талоқ накардааст («Оҳ, ҳамсари азизам, чаро ман сухани туро нагирифтам, паҳлавони Суғд шудан хостам! Пушаймонам, Наниманча, аз ин пушаймонӣ ва надомати пурдард дилам хун аст»). Тани зораш аз ӯ ҷудост, аммо равонаш бо ӯст, аз чашмаш ғоиб, аммо дар дилаш ҳозир. Наниманча писар зоида бошад ё духтар? Кӯдак, агар зинда саломат бошад, ҳоло дусола шуд. «Оҳ писарҷонам, ё духтарҷонам, оё падари бадбахтат рӯзе туро медида бошад?» ба дилаш ҳасрат мехӯрд Виркан.

Интизории рӯзи озодӣ қарору ороми ӯро бурда буд. Аммо Нуфарн аз баргаштанаш ба Искичкат як ҳафта гузашта бошад ҳам, аз озод кардани ғуломи худ даҳон намекушод. Гӯё ваъдаи дар биёбони Ҳиҷоз додаашро фаромӯш карда буд.

Дар ин миён вай бо корҳои тиҷоратии худ ду бор ба Бухоро рафт. Виркан ӯро мушояат (ҳамроҳӣ) кард. Дар бозорҳои шаҳр Виркан самарқандиҳои шинос ва ревдодиҳоро меҷуст, то ки аз онҳо аҳволи писараш ва занашро суроғ кунад. Самарқандиҳо хешони ӯро ё намешинохтанд, ё ки падарашро шиносанд ҳам, аз аҳволи ӯ хабар надоштанд, ревдодиҳо ба вай дучор намеомаданд, то ин ки ниҳоят дафъаи дувум рафтани ӯ ба Бухоро як нафар ревдодӣ дучор омада, ба Виркан хабари саломатии падараш ва занашро расонд ва гуфт, ки Наниманча бо модараш писарчаи Вирканро калон мекунанд... Виркан гирист. Аз бозориён ибо накарда, аз бозе, ки ба ғуломӣ афтода буд, аввалин бор гирист. Ҳам аз шодӣ, ҳам аз аламу андуҳи ҷудоӣ мегиристу ашки талхашро бо мушташ пок мекард.

Тоқаташ тоқ шуда буд, ба Искичкат баргашта, ваъдаи Нуфарнро ба ёди вай овард:

– Хоҷа, хатти бароти (раҳоиномаи) маро кай медиҳед?

– Хатти барот? – хоҷа худро ҳайроншуда нишон дод.

– Шумо ваъда дода будед.

– Ваъда? Он рӯз ту маро бо наҷот додани корвон хушнуд кардӣ, ман туро бо ваъдаи озодӣ хушнуд кардам; ҳисоби дуямон баробар аст, – гуфт Нуфарн.

Виркан, гӯё ки мушти гароне ба сараш хӯрда бошад, гаранг шуда монд, ҳатто ба тезӣ забонаш ба гуфтор ҳам наёмад.

– Шумо... дурӯғ гуфта будед? Ваъдаатон дурӯғ буд? - пурсид ниҳоят.

Ин тарз гуфтори ғулом бо хоҷа густохӣ, нофармонӣ ҳисоб меёфт, Нуфарн дар ғазаб шуд:

– Палид! Саг! – Дод зад вай. – Ман туро аз мурдан халос кардам, умратро харидам. Ту даҳ умри дигар бинӣ ва хидмати маро кунӣ, боз ҳам ҳаққи маро адо карда наметавонӣ, кӯрнамак! Бори дигар аз озодият даҳон накушо, ки ба сутун мебандамат!

Нуфарни аҳдшикан аз ғулом ва чокари баҳодуре чун Виркан ҷудо шудан намехост. Аммо вай қавлашро дар пеши гувоҳони бисёре дода буд! Оё бозаргони номдоре чун ӯ розӣ мешавад, ки ба дурӯғгӯйӣ, фиребгарӣ ном барорад?

Виркан ба худ қарор дод, ки домани хоҷаро раҳо накунад. Бозаргонон рӯзи ба Бухоро расиданашон хотунро зиёрат карданӣ буданд, аммо вай дар шаҳр набуд, дар Фарахша буд (деҳи қадимаи Варахша, воқеъ дар чаҳорфарсахии шаҳр ба роҳи Хоразм, бошишгоҳи бухорхудотҳо буд, онҳо дар он деҳ қалъа ва кох доштанд), дар он ҷо писари хурдсолаш-Туғшодаи валиаҳд дар бистари беморӣ хобида буд, малика аз сари болини ӯ дур намешуд, вай хабар фиристода буд, ки бозаргононро дертар, пас аз сиҳат ёфтани шоҳзода қабул хоҳад кард. Шарикони самарқандӣ ва пайкандии Нуфарн ночор дар интизории аз Фарахша баргаштани малика дар Бухоро монда буданд. Онҳо ба Нуфарн хабар доданд, ки малика баргашт ва ба қабули бозаргонон ҳозир аст. Нуфарн ҳадяву пешкаши барои малика тайёр карда мондаашро бардошта, бо мушояати (ҳамроҳии) Виркан, ки ҳамчун саиси калон савора мерафт ва чанде аз ғуломону хидматгорони дигараш, ки аз паси хоҷа пиёда медавиданд, ба Бухоро равон шуд.

Бозаргонон ба қалъа даромаданд, хидматгору саисҳошон дар Регистон монда, мунтазири баромадани хоҷаҳои худ шуданд.

Аз чоштгоҳ то нисфи рӯз мунтазир шуданд, то ки маросими қабул дар ҳузури малика ба охир расиду бозаргонон аз қалъа баромаданд. Дар ҳамин вақт Виркан ниятеро, ки дар дил дошт, ба амал овард:

– Ба ҳазратҳо сухане дорам, агар ба густохӣ ва беадабӣ нагиранду иҷозатам диҳанд, мегӯям, дар ҳоле, ки лаҷоми аспи Нуфарн ба дасташ буд, сӯйи бозаргонон таъзим карда гуфт ӯ.

Бозаргонон истода, ба вай нигоҳ карданд. Нуфарн чин ба абру оварда, гӯшашро сих кард. Бозаргони пайкандӣ, ки пас аз воқеаи биёбони Ҳиҷоз ба Виркан бо назари лутфу навозиш менигарист, гуфт:

– Бигӯ, паҳлавон, чӣ сухане дорӣ?

– Ҳазратҳо ба хотир доранд, ки хоҷаам ба ман ваъдаи озодӣ дода буданд.

– Оре, ба хотир дорем. Гуфта буданд, ки ба ватан расидан замон туро озод мекунанд.

– Ман шодӣ карда будам, умедвор шуда будам, аммо... Виркан суханашро қатъ карда, ба Нуфарн нигарист, аз вай рӯ гардонд ва хомӯш монд. Нуфарн ба тундӣ лаҷоми аспро аз дасти Виркан рабуд, яке аз ғуломонаш давон омаду хам шуд, чорповор бар ду пой ва ду даст истод, хоҷа ба пушти вай по ниҳода, ба зин барнишаст ва ба бозаргонон рӯ оварда, Вирканро нишон дода гуфт:

– Ин ғуломи кӯрнамак аз худ рафтааст. Ҳамон як даҳан сухани маро, ки дар Ҳиҷоз ба тариқи навозиш барои хурсандии ӯ гуфта будам, маҳкам гирифта, ба ман даъво мекунад. Бубинед густохӣ, нофармонии ин ғуломи зархарид то ба куҷо расидааст! Озод шудан мехоҳад!

Сипас хоҷа ба болои Виркан «дуаспа тохт»: – Ту нобакор, носипос, ба ман чӣ хидмати фавқулодае кардӣ, чӣ кор нишон додӣ, ки дар ивазаш озодӣ бихоҳӣ? Дуздонро рондӣ, корвонро муҳофизат кардӣ. Хуб, ин хидматку дар уҳдаи ту буд, ман туро ба сафар маҳз барои ҳамин кор бурда будам, маҳз барои ҳамин туро мехӯрондам, мепӯшондам. Ту фаромӯш кардӣ, ки ман туро аз чанголи марг раҳонида, бақияи умратро харида будам? Боке нест, инро чӯбу тозиёна ба ту дурусттар фаҳмонда мемонад!

– Пеши хоҷаат зону бизан! Бахшиш бихоҳ! – гуфт яке аз бозаргонон ба Виркан.

– Тавба кун! – фармуд дигаре.

– Тавба мекунам, бахшоиши ҷасоратамро мехоҳам, ҳар хидмате, ки фармоянд, ба ҷон мекунам, аммо хоҷаам аввал ба ваъдаашон вафо кунанд, – ҷавоб дод Виркан. – Худашон умедвор карда буданд, ноумед накунанд, диламро нашикананд, охир, ман ҳам одамам, бандаи худоёнам, агарчи ғуломам. Дар чашмони Виркан ашк намудор гашт.

– Қавл ё ваъдае, ки хоҷа ба ғулом медиҳад, эътибор надорад, – гуфт бозаргони дигаре, – хоҷа ҳар вақт ки хоҳад, метавонад ваъдаи худро ботил кунад. Инро ҳамаи ғуломон медонанд, фақат ту намедонистаӣ.

– Ман аз куҷо донам? Шунида будам, ки бузургон аз қавли худ намегарданд, беқавлиро беномусӣ мешуморанд.

Бозаргони пайкандӣ ба Виркан дилаш месӯхт, бинобар ин бо мулоямат гуфт: – Ба ҳар ҳол, хоҷа ҳамаи моро ба ваъдаашон гувоҳ гирифта буданд. Мо инро кори хайр дониста, ба олиҳимматии хоҷа тан дода, ҳатто худамонро ҳам дар савоби озод кардани ғулом як дараҷа шарик дониста, хушнуд шуда будем. Хоҷа, албатта, соҳибихтиёранд, аммо ба ҳар ҳол, нағз мешуд, ки...

– Шумо, ки инчунин ҷӯёи савоб будаед, бо ҳиммати олии худатон аз ғуломонатон якеро озод кунед, то ман аз олиҳимматии шумо ибрат бигирам, – ба миёни сухани пайкандӣ давида, киноя кард Нуфарн.

Пайкандӣ дар ҷавоби ӯ даҳон кушода буд, ки мизбони бозаргонон шарики бухории онҳо ба сухан ҳамроҳ шуда, моҷарои сарзадаро қатъ кард:

– Гап тамом, азизон, - гуфт ӯ. – кори ин ғуломро ба ихтиёри хоҷааш ҳавола мекунем. Биравем, ки вақти наҳори нимрӯзист.

Вай савор шуд, аспашро ба роҳ андохт, бозаргонон аз пасаш ба кӯшки ӯ равон шуданд.

* * *

Рӯзе аз рӯзҳо ба ҳавлии беруни Нуфарн пирамарде ворид шуд. Дар танаш чакмани сурхи дарида, дар пояш мӯкии куҳна, вай хастаҳол менамуд. Виркан падарашро базӯр шинохт. Падару писар якдигарро оғӯш карда гиристанд.

– Падарҷонам, худат омадӣ, мебоист ман ба дидани ту мерафтам, лекин чӣ кунам, ки хоҷа рухсатам намедиҳад, охир, ман асирам, падарҷонам, келинат, набераатро дидӣ? Онҳо сиҳат саломатанд?

– Шукр, писарам, ҳар ду саломатанд, ба ту дуруди пазмонию муштоқӣ мефиристанд. Ҳамдеҳаи мо бо ту дар бозори Бухоро вохӯрда будааст, ба ман хабари туро овард, ман пагоҳии дигар баромада, ба ин сӯ равон шудам.

– Бечора падарам, писари бехирадат ба сари ту ҳамин қадар ғаму кулфат овард. Лаънат ба рӯзе, ки хаёли паҳлавонӣ карда, панди туро нагирифтам, сухани келинатро гӯш накардам ва ба ин асорати нангин афтодам. Ту гуноҳи маро бахшидӣ, ё не, падарҷон?

– Бахшидам, писар. Охир, ҷавон будӣ, ҳанӯз рӯзгорнодида, неку бад наёзмуда будӣ. Ман ҳам дар синни ту дар сарам чӣ савдоҳое, дар дилам чӣ ҳавову ҳавасҳое, ки надоштам. Лекин ноумед машав, дилшикаста машав, писарам. Ҳар як роҳро поёне, ҳар шаберо саҳар ҳаст, бошад ки асирии ту ҳам ба поён ояд. Аз омадани ман мақсад танҳо дидор нест, мақсадам озодии туст.

– Ту мехоҳӣ маро озод кунӣ? – бо ҳайрату ҳаяҷон пурсид Виркан.

– Оре, – гуфт Ревахшиён, – бо ҳамин ният омадам. Дар хона ҳар чӣ фурӯхтанӣ буд, фурӯхтам, ба вағн назр кардам, аз мағупати бузург дуо гирифтам.

– Писарҷонам! Баҳои туро овардам, ба хоҷаат медиҳам, шояд ба озод кардани ту розӣ шавад.

– Чорсад дирам?

– Оре.

– Аз куҷо ёфтӣ, падар?

Ревахшиён пул овардани паҳлавони Суғдро нақл кард, гуфт: «Ёдхишетак одами покдил аст, хайрхоҳи туст». Ревахшиён бо умеде, ки рӯзе писарашро харида гирифтан муяссар шавад, ба муҳтоҷию маҳрумиҳои сахт тоқат карда, он пулро сарф накарда, ду сол боз нигоҳ дошта омада буд.

Виркан, дар ҳоле ки боз ба чашмонаш об омада буд, ду дасти пирамардро гирифта бӯсид:

– Падарҷонам, дили ту бошишгоҳи худоён аст, кони меҳр аст. Агар дуямон ба умедамон расему ман озод шавам, дар ду дунё ба ту бандавор хидмат мекунам.

– Озодии ту барои ман саодати ҳар ду дунёст, дигар ба ман ҳеҷ чиз даркор нест. Агар озодии туро нодида бимирам, саодати он дунё ҳам ба ман даркор нест; ман дар дами ҷон канданам аз худоҳо, аз Зардушт рӯ мегардонам ва муртади дӯзахӣ мемирам.

– Ин тавр магӯ, падар.

– Модоме ки худоҳо ба подоши ибодати шастсолаам ба ман асорати писари ягонаамро медода бошанд, аз онҳо даргузаштани ман равост.

Ревахшиён аз ҳисси хорӣ лабонаш меларзиданд, дар кунҷи чашмони хастаи камнураш ду қатра ашк ҳалқа зад. Виркан ба ҳоли падараш он қадар дилаш сӯхт, ки мехост дод гӯяд, фарёд кашад, сарашро ба дару девор занад, зеро барои ба ин ҳол расидани пирамард худашро гунаҳкор медонист.

Вай падарашро дар бошишгоҳи худ ҷой дод.

* * *

Нуфарн ба куҷое рафта буд, бегоҳирӯзӣ баргашт. Виркан ва хидматгорони дигар дар дами дарвозаи кӯшк аз вай истиқбол карданд ва ёрӣ дода, аз аспаш фуроварданд. Ревахшиён дар як канор ду даст ба пеш гирифта истода буд. Виркан ба хоҷа ӯро нишон дод.

– Падарам ба хидмат омадаанд, – гуфт.

Ревахшиён ба Нуфарн таъзим кард, хоҷа истода, бо кароҳат сӯйи ӯ нигарист ва тааҷҷубомез пурсид:

– Ба хидмат?

– Оре, хоҷа, арзи бандагӣ дорам, – гуфт Ревахшиён.

– Чӣ арз? – Нуфарн ду даст бар пушт ва чашмонашро нимпӯш кард, ки одатан арзи аҳли хоҷатро дар ҳамин ҳолат мешунид.

– Зиндагият дароз бод, хоҷа, – ба арзи муддао шуруъ кард Ревахшиён, – ба карами ту умедвор омадам. Ду сол нахӯрдам, напӯшидам, бо сад риёзату машаққат чорсад дирам баҳои писарамро андӯхтам ва ба ту овардам. Пири нотавонам, бекасам, ба ман раҳм кун, хоҷа, ба аёлу кӯдаки ин ҷавон раҳм кун, ки аз ин зиндаҷудоӣ аз шавҳару падар дилрешанд, ятим, бепаноҳ, бесарусомон мондаанд. Сарнавишти шум буд ё наҳсии рӯзгор, ки писари озодам асир афтод. Ту бо караму ҳиммати худ аз марг наҷоташ додӣ, бар ман ва ӯ миннати беҳад ниҳодӣ, мо туро дар ду дунё сипосгузорем. Акнун чӣ мешавад, ки бо ҳамин караму ҳиммат ба ӯ озодӣ бахшӣ? Фарзанди ягонаамро ба ман боз бидеҳ, хоҷа. – Ревахшиён дар ин ҷо худро бохт, донаҳои ашки шӯр ба ришаш шориданд, – асои пириямро боз бидеҳ, ба вай беваи ҷавони шӯрбахт ва кӯдаки ятим шавҳару падарашонро боз бидеҳ. Худоён давлататро даҳчанду садчанд зиёда кунанд, ба раҳму шафқати ту умедвор омадам. Аз ман ин пасандози бечорагиямро бигиру Вирканамро раҳо кун, хоҷаи азиз.

Нуфарн ҳамоно ду даст дар пушт фурсате ба замин нигоҳ карда, хомӯш истод. Ғуломон ва хидматгоронаш ба вай чашм дӯхта буданд, гӯё бо забони нигоҳ илтиҷо мекарданд, ки: рад накун! Розӣ шав!

Ниҳоят, хоҷа сар боло карда, ба гуфтор омад:

– Хуб, ман розиям, ки писаратро озод кунам, аммо... – Нуфарн суханашро қатъ карда, ба ҳозирон нигарист ва табассуми шодӣ дар чеҳраи Ревахшиён, Виркан ва хидматгорон барқзадаро дида, дудил гашта: шарти озодии ғуломро гӯяд ё баъд? Қарор дод, ки ҳозир гӯяду монад. «Савдо савдост, ман чаро дар фикри суд набошам ва зиёни худ хоҳам?» – ба дил гузаронд ӯ ва гуфт: – «Аммо ту он чорсад дирамро, ки писарат ба он харида шуда буд, қарз бишмор ва писаратро гарави қарз. Лекин ман ба касе қарзи ҳасана намедиҳам, фоидаи ҳармоҳа се дар сад то панҷ дар сад медиҳам. Аз ту фоидаи ақалл, яъне се дар сад мегирам. Чаро? Чунки агар он пул ба дастам мебуд, ман бо вай тиҷорат мекардам, чорсад дирам дар ин муддат чор ҳазор дирам мешуд. Ту пули маро бо фоидааш бидеҳ ва гараватро, ки писарат бошад, аз ман биситон. Сухан тамом».

* * *

Падару писар ба Ревдоди Самарқанд баргаштанд. Виркан аз дари ҳавлӣ даромада, хурҷинро аз китфаш афканду нанишаста ҳамон дам ба манзили Наниманча шитофт. Зан шавҳари баногоҳ аз дар намудоршудаашро дида, бехудона ба сӯяш тохт, лекин ба вай нарасида, беҳуш гашт. Виркан давон рафта ӯро дар бағал гирифта, аз ғалтидан нигоҳ дошт. Ҳам вай ва ҳам модари Наниманча тарсиданд: мабодо ки шодимарг шуда бошад. Ӯро саросема ба рӯяш об пошида, ба ҳуш оварданд.

– Агарчи мемурдам ҳам, беормон мерафтам, чунки туро дидам, Виркан, озод дидам, – мегуфт ӯ ба шавҳараш, – зиндаву саломат дидам, ба муродам расидам.

Виркан Шеркавичи дусолаи ҳайронмондаро ба синааш пахш карда, дасту почакҳояшро мебӯсиду мегирист...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ба рафтору кирдори Ёдхишетак чӣ баҳо медиҳед? Кадом маслиҳатҳои некбинонаи ӯ лоиқи таҳсинанд?

2. Муколамаи Ревахшиён ва Нуфарнро таҳлил намоед.

3. Тарзи зиндагии ғуломону хидматгорони Нуфарнро шарҳ диҳед.

4. Корвони бозаргонони суғдӣ аз сафари дусола баргашта, ба чӣ манзараҳо вохӯрданд?

5. Нуфарн деҳаи худ Искичкатро дар кадом ҳолат дид?

6. Ӯ дар ҷавоби хатти бароти Виркан чӣ гуфт?