Муаллим

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,

Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,

Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,

Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,

Ноқис ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,

То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,

Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,

Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,

Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,

Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Дар гиру дори ҳастӣ гуфтӣ, ки боҳунар шав,

Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,

Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,

Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,

З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,

Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ин шеъри Боқӣ Раҳимзода дар кадом навъи адабӣ эҷод шудааст?

2. Шеърро ифоданок ва ба тарзи бадеӣ қироат намоед.

3. Мазмуни шеърро мухтасар нақл кунед.

4. Дар шеър кадом хислатҳои ба муаллим хос тараннум ёфтаанд?

5. Дар шеър кадом воситаҳои тасвир ва санъатҳои лафзӣ истифода шудаанд?

6. Ғояи асосии шеърро муайян намоед.

7. Шеърро аз бар кунед.