– Эй мулуки ҷаҳон, бидонед, чанд гоҳ пеш аз ин шабе бадхобӣ маро бигрифт ва шаб чандон ба ман дароз шуд, ки гумони субҳ надоштам, чун субҳ шуд, бархоста, шамшер бар миён бастам ва савор шудаму найза ба каф гирифтам ва қасди ман бипурсиданд. Ман қасди (нияти) худ ба эшон бигуфтам.
Эшон гуфтанд:
– Мо низ ёрони туем!
– Пас ҳама бо ҳам бирафтем, ногоҳ шутурмурғе падид шуд, оҳанги шутурмурғ кардем, ӯ бигрехт ва мо аз пайи ӯ ҳамерафтем, то ин ки зуҳр шуд ва шутурмурғ моро ба биёбоне беобуалаф кашонид, ки дар он ҷо ҷуз сафири (садои) морҳо ва нафири (овози баланди) ҷинниён ва фарёди ғӯлон (девон) чизе набуд. Чун ба он макон расидем, шутурмурғ аз мо нопадид шуд, надонистем, ки ба осмон парид ё ба замин фурӯ рафт. Пас мо сари асп баргардонидем, дидем, ки бозгаштан дар он ҳавои гарм муҳол аст. Пас ҳаво сахт гарм шуд ва ташнагӣ ба мо ғалаба кард ва аспони мо аз рафтан бозмонданд, маргро аён бидидем, ки ногоҳ аз дур марғзоре васеъ ба назар омад, ки дар он ҷо хаймае барзада ва аспе дар паҳлуи хайма баста буданд. Моро пас аз ноумедӣ шодмонӣ рӯй дод ва равони мо бо нишот андар шуд. Аспҳо ба сӯйи хайма рондем ва оҳанги марғзор кардем ва ман дар пешрӯйи ёрон ҳамерафтам, то ба марғзоре бирасидем ва ба чашмаи обе истода, об бинӯшидем ва аспҳо сероб кардем. Маро нодонӣ бар он бидошт, ки наздики хайма шавам. Чун наздики хайма рафтам, ҷавоне дидам сода ва ба моҳ ҳамемонист ва духтаре моҳрӯй чун ниҳол дар паҳлуи ӯ истода буд.
Ҷавонро салом гуфтам, ҷавоб рад кард. Пас гуфтам:
– Ё ахиялараб, бо ман бигӯ, ки ту кистӣ ва зуҳраҷабин дар паҳлуи ту кист?
Ҷавон соате сар дар зер афканд. Чун сар бардошт, ба ман гуфт:
– Ту бозгӯ, ки кистӣ? Ва ин саворон бо ту кистанд?
Гуфтам:
– Ман Ҳаммод ибни Фарозӣ ҳастам, ки дар миёни араб маро ба ҷойи пансад савор шуморанд ва мо дар хонаи худ ба оҳанги нахчир бадар омадем, ташнагӣ ба мо ғалаба кард, ба дари ин хайма даромадем, ки ҷуръаи об дар ин ҷо биёбем.
Чун ҷавон ин сухан аз ман бишнид, ба он парипайкар гуфт, ки:
– Об аз барои ин мард биёр ва хӯрданӣ низ ҳар чӣ ҳозир бошад, биёвар!
Пас духтарак монанди сарви саҳӣ хиромидан гирифт, андак замоне ғоиб буд, пас аз он бозомад ва ба дасти рост ҷоми нуқраи пур аз оби хунук ва ба дасти дигар қадре хурмо ва қадре гӯшти ғизол биёвард ва маро аз бисёрии майл ба он духтар ёрои таом ва шароб гирифтан намонд ва беихтиёр гуфтам:
Ай оташи хирмани ғарибон,
Биншин, ки ҳазор фитна бархост.
Болои чунин агар дар ислом
Гӯянд, ки ҳаст, зеру болост.
Ва ин абёт низ бархондам:
Ҳинност он ки нохуни дилбанд риштаӣ,
Ё хуни бедилест, ки дар банд куштаӣ?
Ман одамӣ ба лутфи ту дигар надидаам,
Ин сурату сифат, ки ту дорӣ, фариштаӣ.
В-ин турфатар, ки то дили ман дарманди туст,
Ҳозир набуда як даму ғоиб нагаштаӣ.
Дар ҳеч ҳалқа нест, ки ёдат намеравад,
Дар ҳеч буқъа нест, ки тухме накиштаӣ.
Мо дафтар аз ҳикояи ишқат набиштаем,
Ту сангдил, ҳикояи мо дарнабиштаӣ.
Зебу фиреби одамиёнро ниҳоятест,
Ҳурӣ магар, на аз гили одам сириштаӣ?
Аз анбару бунафшаи тар бартар омадаст,
Он мӯйи мушкбӯй, ки дар пой ҳиштаӣ.
Ман дар баёни васфи ту ҳайрон бимондаам,
Ҳаддест ҳуснрову ту аз ҳад гузаштаӣ.
Сар мениҳанд пеши хатат орифони Форс,
Байте магар зи гуфтаи Саъдӣ набиштаӣ!
Пас аз он хӯрданӣ хӯрда ва об нӯшидам ва ба ҷавон гуфтам:
– Ё ваҷаъалараб, ман туро аз ҳақиқати кори худ огоҳ кардам, ҳамехоҳам, ки ту низ маро аз ҳоли худ бохабар кунӣ.
Ҷавон гуфт:
– Аммо ин духтар хоҳари ман аст.
Гуфтам:
– Ӯро ба хушӣ ба ман кобин кун, вагарна, туро бикушам ва ӯро бибарам!
Ҷавон соате сар ба зер афканд. Пас аз он сар бардошта, ба ман гуфт, ки рост гуфтӣ, дар ин ки саворе ягона ва далери мардона ҳастӣ, валекин агар ба ман ба ин сон ҷанг кунед ва маро кушта, хоҳарамро бибаред, ин нанг ба шумо бимонад, ҳар гоҳ шумо савори далер ҳастед, маро муҳлат диҳед, ки алами ҳарб бипӯшам ва теғ ба миён баста, найза ба каф орам ва бар аспи худ савор шавам. Он гоҳ ману шумо ба майдони ҷанг дароем ва агар ман ба шумо зафар ёфтам, ҳамагон бикушам ва агар шумо бар ман чира шудед, маро куштаву ин духтар ғанимат баред!
Чун ман сухани ӯ бишнидам, гуфтам:
– Инсоф ҳамин аст ва хилоф кардан нашояд!
Пас сари асб (асп) бозгардондам ва дар муҳаббати духтараки моҳрӯй ҷунун бар ман ғалаба карда буд. Чун ба назди ёрон биёмадам, ҳусну ҷамоли духтар ва писарро ба онҳо бигуфтам ва собитқадамию шуҷоати ҷавонро баён кардам, ки мегӯяд: «Бо ҳазор савор муқотила кунам». Ва ҳар чӣ мол ба хайма-андар дида будам, ба ёрон бознамудам ва ба онҳо гуфтам:
– Агар ин ҷавон далере намебуд, дар ин сарзамин танҳо нанишастӣ. Валекин бо шумо аҳд мекунам, ки ҳар кӣ ин ҷавонро бикушад, хоҳараш аз они кушандаи писар бошад. Ёрони ман ба ин паймон розӣ шуданд ва олати ҳарб пӯшида, савор гаштанд ва оҳанги ҷавон карданд. Дидам, ки ҷавон низ олати ҳарб пӯшидаву бар асп нишастааст. Вале хоҳараш дар рикоби ӯ овехта ва бурқаи худ аз сиришк тар сохта буд ва аз бародараш ҳаметарсид ва ин абёт ҳамехонд:
То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,
Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст.
Ҳар кӣ ӯро баланд мардӣ кард,
То ба рӯзи аҷал нагардад паст.
Сар фарозад чу тир дар мардӣ,
Ки миён ҷангро чу найза бибаст.
Чун ин абёт аз хоҳар бишнид, сахт бигрист ва асп ба сӯйи хоҳар бозгардонид ва дар ҷавоб ин абёт бархонд:
Ай басе размгоҳи чун дӯзах.
Ки қазо андар ӯ дуруст нараст.
Найза, чун ҳамла хостам бурдан,
Гашта печон маро чу мор ба даст.
Гуфтам, эй шохи марг, рост гарой,
Ки басе дил ба ту бихоҳам хаст.
Чун абёт ба анҷом расонид, ба хоҳар гуфт, ки:
– Агар ман ҳалок шавам, ту кас ба худ роҳ мадеҳ!
Пас дар он ҳангом даст дароварда, бурқаъ (парда) аз рӯйи он моҳрух баркашид. Гӯё офтоб аз абр бадар омад. Пас ҷавон ҷабини ӯро бибӯсид ва ӯро видоъ гуфта, рӯ ба мо овард ва гуфт:
– Эй сарварон, агар меҳмон ҳастед, зиёфат кунам ва агар ин моҳрӯро ҳамехоҳед, як-як ба муҷодалати (ҷанги) ман оед!
Дарҳол савори далер ба мубориза қадам ниҳод. Ҷавон гуфт:
– Номи худ ва номи падар ба ман бигӯ! Ман савганд ёд кардаам, ки ҳар кадомро ном ба ном ва номи падар ба номи падари ман як бошад, накушам.
Он савор гуфт:
– Маро ном Билол аст.
Ҷавон ӯро бо ин ду байт посух дод:
Маро моми ман ном марги ту кард,
Замона маро путки тарки ту кард.
Ҳам акнун ба хок андарорам сарат,
Бисӯзам дили меҳрубон модарат!
Пас ба ҳамдигар ҳамла карданд, ҷавон найза бар синаи ӯ зад ва синони найза аз муҳраи пушти ӯ даргузашт. Пас аз он дигаре ба муборизат пеш омад.
Ҷавон ба ӯ гуфт:
Агар чарх бо ман барорад хурӯш,
Ба гурзи гаронаш бимолам ду гӯш!
Ба гурзи гарон бишканам пайкараш,
Ба найза рабоям ҳама ахтараш!
Пас ҷавон ӯро муҳлат надода, дарҳол ба хунаш оғушт ва муборизи дигар хост. Саворе ба муборизат қадам ниҳод, он ҷавон бо найзаи ҷонситон аз хонаи зин сарнигунаш кард. Савори дигар ба муқотала (ҷанг) биштофт, ҷавон низ пеш рафта, ба якдигар ҳамла карданд, ду зарбат аз онҳо тахаллуф (хилофи қоида) кард. Дар зарбати севум савор кушта шуд ва ҳар як аз ёрон пеш мерафтанд, ӯро мекушт. Дидам, ки ёрони ман кушта шуданд ва бо худ гуфтам: Агар ман низ ба муҳориба равам, халос нахоҳам ёфт ва агар бигурезам, маро қабоили араб сарзаниш хоҳанд кард.
Пас ҷавон маро муҳлат надод. Даст дароз карда, маро бигирифт ва аз зин ба заминам андохт ва шамшер баланд карда, хост маро бикушад, ман дар доманаш овехтам, маро чун гунҷишк бардошта, дар ҳаво бигрифт. Он духтар ба кирдори бародар шодон шуд, омада, ҷабини бародарро бӯса дод ва ҷавон маро ба ӯ дод ва бо ӯ гуфт:
– Инро ба ту супурдам. Ба ҷойгоҳи наку ҷояш деҳ, ки ӯ дар амони мост! Пас духтар гӯшаи домани маро гирифта, чун саги мурда ҳамекашид. Он гоҳ олоти ҳарб аз тани бародар бадар овардаву ҷома бар ӯ бипӯшонид ва тахте аз ҷо бигзошт. Ҷавон бар тахт биншаст.
Хоҳараш гуфт:
– Худо рӯйи туро сафед кунад ва ҳодисот аз ту баргардонад! Ҷавон дар ҷавоби хоҳар ин абёт бархонд:
Бизӣ шодмон, ай паричеҳра хоҳар,
Ки инак ба тавфиқи дидори довар
Рабудам зи зин душманонро ба найза,
Бад-он сон ки дона рабояд кабӯтар.
Ба номуси ту қасд карданд хасмон,
Зи теғи ман акнун бидиданд кайфар.
Кулаҳ мардро баҳри номус бояд,
Чу номус не, чи кулоҳу чи миъҷар1!
1 Миъҷар – сарандоз, пардае, ки ба рӯ пӯшанд.
Чун абёти ӯро бишнидам, дар кори худ ҳайрон бимондам ва ба асирии худ назора карда, хештанро маломат намудам. Пас аз он духтари парирӯйро назар карда, бо худ гуфтам: – Ин фитнаҳоро сабаб ҳамин моҳрӯй шуд. Пас дар ҷамоли ӯ шигифт мондам ва об аз дида равон карда, ин абёт бихондам:
Бас хун, ки ба теғи ғамзагон рехтаӣ,
Бас дил, ки ба тори зулф овехтаӣ.
Борони дусадсола фуру наншонад,
Ин гарди балоҳо, ки ту ангехтаӣ.
Пас он духтарак хӯрданӣ аз баҳри бародар ҳозир овард ва маро ба хӯрдан бихонданд. Ман шод гашта, аз ҳалок эмин шудам. Чун бародараш аз хӯрдан фориғ шуд, қаробаи (шишаи) шароб биёвард, ҷавон ба майгусорӣ бинишаст ва ҳаменӯшид, то ин ки мастӣ бар ӯ чира шуд ва гунааш сурх гардид.
Он гоҳ қадаҳе ба ман дод, чун нӯшидам, қадаҳи дувуму севуму чаҳорум бидод, ки ӯро зиён нарасонам. Ман ҳазору понсад савганд ёд кардам, ки ҳаргиз ба ӯ душман нашавам, балки ёри ӯ бошам. Пас дар он ҳангом бо хоҳар гуфт, даҳ ҷомаи ҳарир аз барои ман биёвард ва ҳамин ҷома, ки дар бар дорам, аз ҷумлаи онҳост ва шутуре беҳтарин аз баҳри ман биёвард ва гуфт, асбе ашқар (сурхранг) низ барои ман ҳозир овард. Ман се рӯз дар назди онҳо мондам. Пас аз се рӯз гуфт:
– Эй Ҳаммод, эй бародар, ҳамехоҳам андаке аз баҳри роҳат бихусбам, ки аз ту эмин гаштам ва ҳар гоҳ саворон бибинӣ, ки бад-ин сӯй ҳамеоянд, ҳарос макун, ки онҳо аз бани Тағлаба ҳастанд ва оҳанги ҷанги ман доранд.
Пас шамшер ба зери сар ниҳода бихуфт. Маро нафс дар куштани ӯ васваса кард. Ба суръати тамом бархоста, шамшер аз зери сари ӯ бадар овардам ва ба як зарба сар аз танаш ҷудо кардам. Чун хоҳараш аз кори ман огоҳ шуд, хештан ба бародар андохт ва ҷомаҳои худ бидарид ва ин абёт бихонд:
Бинолед, эй дӯстону бигирйед
Бар он талъати хубу фарри каёнӣ!
Биханд, эй бадандеш, баъд аз вафоташ,
Зи чанголи марг ар бирастан тавонӣ.
Чӣ шодӣ ба маргаш, ки охир туро ҳам
Диҳад даври гардун аз ин дӯстгонӣ!
Чун абёт ба анҷом расонид, ба ман гуфт:
– Эй палид, бародари маро чаро куштӣ? Ва аз баҳри чӣ хиёнат кардӣ? Ва қасди ӯ ин буд, ки бо ҳадяҳову тӯшаҳо туро ба хонаат бозгардонад ва ҳамехост, ки маро дар оғози ин моҳ бар ту кобин кунад!
Пас аз он духтарак шамшер бигирифт ва қабзаи шамшер ба замин ва нӯги онро ба сина гузошт ва бияфтод, ки ногоҳ нӯки шамшер аз пушти ӯ берун шуд ва дарҳол бимурд ва ман маҳзун шудам ва пушаймон гаштам. Вале пушаймонӣ суде надошт. Пас бархоста, ба хона даромада ва он чи дар вазн сабук ва ба қимат гарон буд, бардошта, равон шудам ва аз ғояти биму шитоб, ки доштам, ба куштаҳои ёрони худ илтифот накардам ва он ҷавону духтаракро низ ба хок насупурдам.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Аъробӣ Ҳаммод ибни Фарозӣ бо кадом мақсад аслиҳаи ҷангӣ ба бар карда, ба асп савор шуд?
2. Сайд дар сурати шутурмурғ аъробӣ ва ёрони ӯро то куҷо аз қафои худ овора карда бурд?
3. Онҳо дар марғзори дур бо кӣ вохӯрданд?
4. Ҷавони араб ва духтари зуҳраҷабини парипайкар киҳо буданд ва Ҳаммодро чӣ гуна пазироӣ намуданд?
5. Ҳаммод ба ҷавонмарди мизбон чӣ талабҳо пешниҳод намуд?
6. Ҷавонмарди мизбон ҷавобан дар назди Ҳаммод чӣ шартҳо гузошт?
7. Ӯ чӣ гуна хоҳари худро ҳимоя намуд?
8. Симои зоҳирӣ ва ботинии он духтари арабро тавсиф намоед.
9. Ба хиёнати Ҳаммод чӣ баҳо медиҳед?
10. Хислат ва рафтори он ҷавонмард ва Ҳаммодро муқоиса кунед.