Яке мард буд андар он рӯзгор
Зи дашти саворони найзагузор,
Гаронмоя1 ҳам шоҳу ҳам некмард,
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду2 диҳиш бартаринпоя буд...
Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.
Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору нопок буд...
Чунон буд, к-Иблис рӯзе пагоҳ
Биёмад ба сони яке некхоҳ,
1 Гаронмоя – гаронбаҳо, азиз, дар ин ҷо ба маънии обрӯманд.
2 Дод – адолат.
Дили меҳтар1 аз роҳи некӣ бибурд,
Ҷавон гӯш рафтори ӯро супурд.
Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй,
Набуд огаҳ аз зишт2 кирдори ӯй...
Чу Иблис донист, к-ӯ дил бидод
Бар афсонааш, гашт наҳмор 3шод.
Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ4 буд мағз.
Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе».
Ҷавон гуфт: «Баргӯву чандин мапой,
Биёмӯз моро ту, эй некрой».
Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».
Ҷавон некдил буд, паймон-ш кард,
Чунон к-ӯ бифармуд, савганд х(в)ард,
Ки «Рози ту бо кас нагӯям зи бун5,
Зи ту бишнавам, ҳар чӣ гӯӣ сухун».
Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе дар сарой6
Чаро бояд, эй номвар, кадхудой?..7
Бигир ин сари моя8 даргоҳи ӯй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй.
Бар ин гуфтаи ман чу дорӣ вафо,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке подшо».
Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.
Ба Иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест»9...
1 Меҳтар – одами бузург, олимақом.
2 Зишт – бад, қабеҳ.
3 Наҳмор – бисёр, беандоза.
4Тиҳӣ – холӣ.
5 Бун – таг, бех, асос.
6 Сарой – қаср, даргоҳ.
7 Кадхудой – ҳукмфармо, соҳиб.
8 Сари моя – молу мулк, сарват, сармоя.
9 Дари кор нест – яъне кори номувофиқ аст.
Бад-ӯ гуфт: «Ман чора созам туро,
Ба хуршед сар барфарозам туро.
Ту дар кор хомӯш мебошу бас,
Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас».
Мар он подшоро - дар андар сарой
Яке бӯстон буд, бас дилкушой.
Гаронмоя шабгир бархостӣ,
Зи баҳри парастиш1 биёростӣ.
Бар он ройи вожуна2 деви нажанд3
Яке жарф чоҳе4 ба раҳ-бар биканд.
Пас Иблиси вожуна ин жарф чоҳ
Ба хошок пӯшиду биспард роҳ.
Шаб омад, суйи боғ бинҳод рӯй
Сари тозиён5, меҳтари номҷӯй.
Чу омад ба наздики он жарф чоҳ,
Якояк нигун шуд сари бахти шоҳ...
Фурумоя6 Заҳҳоки бедодгар
Бад-ин чора бигрифт ҷоҳи падар.
Чу Иблис пайваста дидӣ сухун7,
Яке банди дигар нав афканд бун...
Ҷавоне баророст аз хештан,
Сухангӯю бинодилу поктан...
Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳро дарх(в)арам8,
Яке номвар пок холигарам9!»
Чу бишнид Заҳҳок, бинвохташ,
Зи баҳри хуриш ҷойгаҳ сохташ.
Калиди хуришхонаи подшо
Бад-ӯ дод дастури фармонраво.
1 Парастиш – ибодат, намоз.
2 Ройи вожуна – мақсади нораво.
3 Нажанд – хунхор, даҳшатнок.
4 Жарф чоҳе – чоҳи чуқур.
5 Тозӣ – араб, сари тозиён-сардори арабҳо.
6 Фурумоя – бадасл, пастфитрат, разил, дун, сифла.
7 Сухун – сухан.
8 Дарх(в)арам – лоиқам, сазоворам, муносибам.
9 Холигар – ошпаз.
Зи ҳар гуна аз мурғу аз чорпой
Хуриш карда овард як-як ба ҷой...
Бихӯрду бар ӯ офарин кард сахт,
Маза ёфт з-он хӯрданаш некбахт...
Ба рӯзи чаҳорум чу бинҳод хон1,
Хуриш сохт аз пушти гови ҷавон...
Чу Заҳҳок даст андароварду х(в)ард2,
Шигифт3 омадаш з-он ҳушивор4 мард.
Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то орзуй
Чӣ хоҳӣ, бихоҳ, аз ман, эй некхӯй5!
Хуришгар бад-ӯ гуфт, к - «Эй подшо,
Ҳамеша бизӣ шоду фармонраво!
Маро дил саросар пур аз меҳри туст,
Ҳама тӯшаи ҷонам аз чеҳри туст.
Яке ҳоҷат астам зи наздики шоҳ,
В-агарчи маро нест ин пойгоҳ6,
Ки фармон диҳад шоҳ, то китфи ӯй
Бибӯсам, бимолам бар ӯ чашму рӯй».
Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ӯй,
Ниҳонӣ надонист бозори ӯй.
Бад-ӯ гуфт: – «Додам ман ин коми ту7,
Баландӣ бигирад магар номи ту».
Бифармуд, то дев чун ҷуфти ӯй
Ҳаме бӯсае дод бар кифти ӯй.
Чу бӯсиду шуд дар замон нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Ду мори сиёҳ аз ду китфаш бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар суе чора ҷуст.
Саранҷом бибрид ҳар ду зи кифт,
Сазад, гар бимонӣ аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ
1 Хон – дастархон.
2 Х(в)ард – хӯрд.
3 Шигифт – тааҷҷуб, ҳайрат.
4 Хушивор – хирадманд, оқил.
5 Некхӯй – хушфеъл, хушхулқ.
6 Пойгоҳ – қадр, мартаба.
7 Додам ман ин коми ту – ба ин кор рухсатат додам.
Баромад дигарбора аз китфи шоҳ.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд.
Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар он дардро чора нашнохтанд.
Ба сони пизишке пас Иблис тафт1
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт.
Бад-ӯ гуфт, к- «Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чӣ монад, набояд дуруд2.
Хуриш созу оромияш деҳ ба х(в)ард,
Нашояд ҷуз ин чорае низ кард.
Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳшон х(в)ариш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш».
Нигар, наррадев андар ин ҷустуҷӯй,
Чӣ ҷусту чӣ дид андар ин гуфтугӯй.
Магар то яке чора созад ниҳон,
Ки пардахта3 монад зи мардум ҷаҳон...
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр,
Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор4.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд5,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд6.
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз...
Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.
Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон
Чи кеҳтар7, чи аз тухмаи8 паҳлавон,
Хуришгар бибурдӣ аз айвони шоҳ
В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
1 Тафт – бо шитоб.
2 Набояд дуруд – (морро) буридан лозим нест.
3 Пардахта – холӣ, тиҳӣ.
4 Мазмуни мисраъ – подшоҳии ӯ ҳазор сол давом кард.
5 Арҷманд – соҳиби эътибор.
6 Газанд – зиён, зарар.
7 Кеҳтар – хурд.
8 Тухма – асл, нажод.
Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ1,
Мар он аждаҳоро хуриш сохтӣ.
Чунон буд, ки як рӯз бар тахти оҷ2
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза3 тоҷ,
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост4.
Аз он пас чунин гуфт бо мубадон5,
Ки «Эй пурҳунар, номвар бихрадон6!
Яке маҳзар7 акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад8 накишт».
Зи бими сипаҳбад ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон9.
Дар он маҳзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ навиштанд барнову пир...
Ситамдидаро пеши ӯ хонданд,
Бари номдорон-ш биншонданд.
Бад-ӯ гуфт меҳтар ба рӯйи дижам10,
Ки «Баргӯй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурӯшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ!
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаменолам аз ту ба ранҷи равон.
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Занӣ ҳар замон бар дилам нештар.
Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?
Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон.
1 Охтан – берун кардан.
2 Тахти оҷ – тахте, ки аз устухони фил сохта шудааст.
3 Пирӯза (фирӯза) – навъе аз сангҳои гаронбаҳои кабудранг ё осмониранг, ки барои зебу зинат ба кор мебаранд.
4 Пушт рост кардан – устувор шудан, пойдор шудан.
5 Муъбад – олим ва донишманди дини зардуштӣ.
6 Бихрад – донишманд.
7 Маҳзар – санад, шаҳодатнома.
8 Сипаҳбад – подшоҳ.
9 Ҳамдостон – ҳамфикр.
10 Дижам – хашмгин, ғазаболуд.
Бибахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар.
Шаҳо, ман чӣ кардам, яке бозгӯй
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй.
Ба ҳоли ман, ай тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар...
Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест...
Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам».
Сипаҳбад ба гуфтори ӯ бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханҳо шунид.
Бад-ӯ боздоданд фарзанди ӯй,
Ба хубӣ биҷустанд пайванди ӯй.
Бифармуд пас Коваро подшоҳ,
Ки бошад бад-он маҳзар ӯро гувоҳ.
Чу бархонд Кова ҳама маҳзараш,
Сабук сӯйи пирони он кишвараш
Хурӯшид, к- «Ай поймардони1 дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев2,
Набошам бад-ин маҳзар-андар гувоҳ,
На ҳаргиз барандешам аз подшоҳ!»
Хурӯшиду барҷаст ларзон зи ҷой,
Бидарриду биспард3 маҳзар ба пой.
Гаронмоя фарзанди ӯ пеши ӯй,
Аз айвон бурун шуд хурӯшон ба кӯй...
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар суйи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой4,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард...
1 Поймардон – мададгорон, ёварон.
2 Кайҳонхидев – подшоҳи ҷаҳон, Худованд.
3 Биспард – поймол кард.
4 Захми дарой – болғазанӣ.
Ҳамерафт пеш-андар он марди гурд1,
Сипоҳе бар ӯ анҷуман шуд, на хурд...
Ба ҳар бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе, к-аш зи ҷанговарӣ баҳр2 буд...
Зи деворҳо хишту аз бом санг,
Ба кӯй-андарун теғу тири хаданг
Биборид чун жола з-абри сиёҳ,
Касеро набуд бар замин ҷойгоҳ.
Сипоҳию шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ
Саросар ба ҷанг-андарун ҳамгурӯҳ.
Аз он шаҳри равшан яке тира гард
Баромад, ки хуршед шуд лоҷвард3.
Бибурданд Заҳҳокро баста хор,
Ба пушти ҳаюне барафканда зор...
Биёвард Заҳҳокро чун наванд,
Ба кӯҳи Дамованд кардаш ба банд.
Фуру баст дасташ бад-он кӯҳ боз,
Бад-он, то бимонад ба сахтӣ дароз.
Бимонд ӯ бар ин гуна овехта
В-аз ӯ хуни дил бар замин рехта.
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Заҳҳок чӣ тавр ба доми Аҳриман афтод?
2. Заҳҳок ба сари раият чӣ ситамҳо овард?
3. Кова кӣ буд ва чаро шӯриш бардошт?
4. Муколамаи Кова ва Заҳҳокро батафсил баён намоед.
5. Аз оқибати ҷафокориҳои Заҳҳок ба чӣ хулоса омадан мумкин аст?
6. Ҷавру ситами Заҳҳок чӣ тавр анҷом ёфт?
7. Ба фикри шумо, ҳақ ва адл ба ҷониби кӣ сурат гирифт?
1 Гурд – паҳлавон.
2 Баҳр – баҳра.
3 Лоҷвард – кабуд ва тираранг.