Маҷоз

«Маҷоз» низ калимаи арабист, маънои луғавияш «маҳалли гузаштан,» «гузаргоҳ;» «ғайриҳақиқат» аст.

Дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист. Агар шоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои ғайриаслӣ истифода бараду он маънӣ аз ҷиҳате ба маънои аслӣ монанд бошад, онро маҷоз меноманд. Масалан, агар гӯем, ки фалонӣ пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки ӯ кореро ба зимма гирифтааст, ки аз уҳдааш намебарояд, яъне зӯраш намерасад. Ҳарчанд маънои маҷоз ғайриҳақиқат аст, аммо тавассути маҷоз ифода кардани маънӣ худ ифодаи ҳақиқат аст. Дар ҳар гуна ифодаи маҷозӣ калима ё таркибе вуҷуд дорад, ки ба маънои ғайриаслӣ ҳидоят мекунад. Чунин калимаро «қарина» (ҳамнишин)-и маҷоз меноманд. Масалан, агар бигӯем, ки “шамъи анҷуманафрӯзи ман омад”, мақсад ёр буда, “анҷуманафрӯз” қарини маҷоз мебошад. Маҷоз ду навъ аст: маҷози луғавӣ, ки онро «маҷоз дар муфрад» низ мегӯянд ва маҷози ақлӣ, ки онро «маҷоз дар ҷумла» меноманд.

Агар адиб калимаеро истифода намояд, ки ба маънои аслии худ наёмада бошад, онро маҷози луғавӣ меноманд. Мисли: “даст” ба маънои “қудрат”, “тавоноӣ”, ё “моҳ”, “наргис”,“сарв” ба маънои “рӯй”, “чашм” ва “қад”. Дар сурате, ки шоир калимаеро истифода намояд, ки маънои мухолиф ба вуҷуд ояду ин маънои мухолиф ба баррасӣ ҳеҷ гуна вобастагӣ надошта бошад, онро маҷози ақлӣ мегӯянд. Истиора низ аз ҷиҳати маъно як навъи маҷоз мебошад.

Мисолҳо:

Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,

Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи моҳе.

Боқӣ Раҳимзода

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,

Ай бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.

Ҳофизи Шерозӣ

Бар он нома бинҳод хусрав нигин,

Фиристодаро доду кард офарин.

Абулқосими Фирдавсӣ

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Маъниҳои луғавӣ ва истилоҳии маҷозро гӯед.

2. Маҷоз чанд навъ аст?