Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Сирри ӯ сарсабзии бустон шавад.
***
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар навиштан «шер»-у «шир».
***
Кори мардон равшанию гармӣ аст,
Кори дунон ҳилаву бешармӣ аст.
***
Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.
***
Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?
***
Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,
Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.
***
Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,
Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.
***
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.
***
Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.
***
Ашк хоҳӣ, раҳм кун, ҳам ашк бор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
***
Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
***
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
***
Сахт дар монад амири сустриш,
Чун на пас бинад, на пеш аз аҳмақиш.
***
Лафзҳову номҳо чун домҳост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.
***
Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,
Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.
***
Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.
***
Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.
***
Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.
***
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
***
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
***
Ҳар кӣ нақси хешро диду шинохт,
Андар истикмоли худ даҳаспа тохт.
***
Ақл бо ақли дигар дуто шавад,
Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад.
Ёр чашми туст, ай марди шикор,
Аз хасу хошок ӯро пок дор.
Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
***
Руҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Руҳро бо тозию туркӣ чӣ кор?
***
Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард,
Гарм гармиро кашиду сард сард.
***
Гарчи ҳикматро ба такрор оварӣ,
Чун ту ноаҳлӣ, шавад аз ту барӣ.
***
То нашуд таҳқиқ, аз ёрон мабур,
Аз садаф магсил, нагашт он қатра дур.
***
Гар тарозуро тамаъ будӣ ба мол,
Рост кай гуфтӣ тарозу васфи ҳол?
***
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
***
В-ар бувад кафшат, марав дар санглох
В-ар ду шох астат, машав ту чоршох.
***
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ
Ҳеч аҳлийят беҳ аз хӯйи наку.
***
Ҳар киро хӯйи наку бошад, бираст,
Ҳар касе, к-ӯ шишадил бошад, шикаст.
***
Ҳар касе, к-ӯ айби худ дидӣ зи пеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
***
Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
***
Гар ҳамехоҳӣ ту дафъи шарри нор,
Оби раҳмат бар дили оташ гумор.
***
Кирм дар бехи дарахти тан фитод,
Боядаш барканду дар оташ ниҳод.
***
То намурдаст ин чароғи богуҳар,
Ҳин, фатила-ш1 созу равған зудтар.
***
Лаб бибанду каффи пурзар баркушо,
Бухли тан бигзору пеш овар сахо.
***
Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,
Бегумон, Мансур бар доре бувад.
***
Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.
***
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
В-аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад
В-аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мешавад
В-аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.
Оқибатбин аст ақл аз хосият,
Нафс бошад, к-ӯ набинад оқибат.
***
Хок зан дар дидаи хасбини хеш,
Дидаи ҳис душмани ақл асту кеш.
***
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро мазҳабу миллат Худост.
***
Чун гарониҳо асоси роҳат аст,
Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст.
***
1 Фатила – риштаи ғафси аз пахта тофташуда, ки дар чароғи пилтасӯз ва шамъ гузошта мешавад.
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
***
Пунбаи васвос берун кун зи гӯш,
То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш.
***
Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Найшакар комил шавад аз найшакар.
***
Хӯй, к-он бо шир рафт андар вуҷуд,
Кай тавон онро зи мардум во кушуд.
***
Бар умеди рост кажро мехаранд,
Заҳр дар қанде равад, он гаҳ х(в)аранд.
***
Гарм бош, ай сард, то гармӣ расад,
Бо дуруштӣ соз, то нармӣ расад.
***
Ту чӣ донӣ завқи сабр, ай шишадил?
Хоса, сабр аз баҳри он нақши Чигил.
***
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтан чӣ буд?
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?
Нуқтае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Во нагардад аз раҳ он тир, эй писар,
Банд бояд кард селеро зи сар.
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
***
Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, ай киром!
Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.
***
Ҷузв аз кул қатъ шуд, бекор шуд,
Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд.
***
Қимати ҳар кола медонӣ, ки чист,
Қимати худро надонӣ, аҳмақист.
***
Шукр ҷони неъмату неъмат чу пӯст,
З-он ки шукр орад туро то кӯйи дӯст.
***
Баъди навмедӣ басе уммедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.
***
Марги ҳар як, ай писар, ҳамранги ӯст,
Пеши душман душману бар дӯст дӯст.
Ҷӯяке кӯчак, ки доим меравад,
На наҷис гардад, на ганда мешавад.
Модар ар гӯяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он хӯ хоҳаду марги фасод.
Он гурӯҳе, к-аз адаб бигрехтанд,
Оби мардӣ в-оби мардон рехтанд.
Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар
Аз яке дасти ту бе дасти дигар.
***
Халқи обиро бувад дарё чу боғ,
Халқи хокиро бувад он маргу доғ.
Мангар аз чашми худат он хубро,
Бин ба чашми толибон матлубро.
***
Гар набудӣ майлу уммеди самар,
Кай нишондӣ боғбон бехи шаҷар?
***
Гов агар воқиф зи қассобон будӣ,
Кай пайи эшон бад-он дуккон шудӣ?
***
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон1
Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.
***
Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст,
Толиби расвоии хеш ӯ шудаст.
***
1 Қирон – ба ҳам наздикшавӣ.
Аҳмақон сарвар шудастанду зи бим
Оқилон сарҳо кашида дар гилем.
***
Рав, касе ҷӯ, ки туро ӯ ҳаст дӯст,
Дӯст баҳри дӯст, лошак, хайрҷӯст.
***
Ҳар кӣ бошад ҳамнишини дӯстон,
Ҳаст дар гулхан миёни бӯстон.
***
Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун,
Машварат бо ёри меҳрангез кун.
***
Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
***
Хомушӣ баҳр асту гуфтан ҳамчу ҷӯ,
Баҳр меҷӯяд туро, ҷӯро маҷӯ.
***
Кай шавад бустону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар?
***
Ҳам суол аз илм хезад, ҳам ҷавоб,
Ҳамчунон ки хору гул аз хоку об.
Нафс Фиръавнест, ҳон, шераш макун,
То наёрад ёд аз он куфри куҳун.
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан?
***
Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард,
Коми дунё мардро ноком кард.
***
Ҳар гурусна оқибат қуте биёфт,
Офтоби давлате бар вай битофт.
***
Чун дарахт аст одамию бех аҳд,
Бехро тимор мебояд ба ҷаҳд.
***
Ҳар киро бошад мизоҷу табъи суст,
Ӯ нахоҳад ҳеч касро тандуруст.
Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур,
Пас, чӣ донад зулмати шаб ҳоли нур?
***
Феъли оташро намедонӣ ту бард,
Гирди оташ бо чунин дониш магард.
***
Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,
Ҳар кӣ ҷидде кард, дар ҷидде расид.
***
Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шӯру шар.
***
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд.
***
Меъдаи тан сӯйи каҳдон мекашад,
Меъдаи дил сӯйи райҳон мекашад.
***
Дарнагунҷад ишқ дар гуфтушунид,
Ишқ дарёест, қаъраш нопадид.
Қатраҳои баҳрро натвон шумурд,
Ҳафт дарё пеши он баҳр аст хурд.
***
Ганҷу гавҳар кай миёни хонаҳост?
Ганҷҳо пайваста дар вайронаҳост.
***
Шохи гул ҳар ҷо ки рӯяд ҳам, гул аст,
Хумми мул ҳар ҷо ки ҷӯшад ҳам, мул аст.
***
Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист,
Ҳар кӣ беҷон аст, аз дониш тиҳист.
***
Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф,
Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.
***
Пеш аз он ки шаб шавад, ҷома биҷӯ,
Рӯзро зоеъ макун дар гуфтугӯ.
Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад,
Ки фараҷ1 аз сабр зоянда бувад.
***
Ҷисмҳо чун кӯзаҳои бастасар,
То дар он кӯза чӣ бошад, он нигар.
***
Ҷоҳил ар бо ту намояд ҳамдилӣ,
Оқибат захмат занад аз ҷоҳилӣ.
***
Ин масал андар замона ҷонӣ аст,
Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.