Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар. Гуфтам: Ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯйи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар. Гуфтам: Ба чашм!
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар. Гуфтам: Ба чашм!
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро равон қироат кунед.
2. Мазмуни ғазалро мухтасар нақл кунед.
3. Байти охирини ғазалро ба наср баргардонед.