Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи кӯҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқо, бози шикорие аз он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ӯ моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта бошад:
Касе к-андар ҷаҳон ёре надорад,
Дарахти ишраташ боре надорад.
Ва ин кабк ёри хушманзар, хандонрӯ, сабукруҳ, ширинзабон ва латифҳаракот аст, дил дар суҳбати чунин рафиқ тозаву хуррам гардад:
Ёре бояд, чӣ гуна ёре бояд?
Ёре, ки гиреҳ зи кори ман бикшояд.
Ҳар гаҳ ки ҷамоли хештан бинмояд,
З-ойинаи дил ғубори ғам биздояд.
Пас оҳиста ба ҷониби кабк моил шуд ва кабкро назар бар вай афтод ва ҳазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз ҳаво фуруд омада, пеши он сӯрох нишаст ва гуфт:
– Эй кабк, пеш аз ин аз ҳунарҳои ту ғофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зоҳир набуд. Имрӯз ба воситаи қаҳқаҳаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз ман тарсону ҳаросон набошӣ ва ба сӯйи ман майл намойӣ.
Кабк овоз дод, ки «Эй қаҳрамони комгор, даст аз ин бечораи меҳнатзада боздор, ҳар гоҳ ки обу оташ бо ҳам якҷо шаванд, ману ту рафиқ метавонем шуд».
Боз гуфт:
– Эй азиз, андеша кун, ки ман аз дӯстӣ бо ту ҳеч ғаразе надорам, чанголи ман нуқсоне надорад, ки аз сайд бозмонда бошад; минқори ман қусуре надорад, ки аз хӯрдан оҷиз шуда бошам. Ман ғайр аз бо ту дӯсти ҳамдам шудан дигар мақсуде надорам. Ту аз суҳбати ман чандин фоида хоҳӣ дид. Аввалан, чун дигар бозҳо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман ҳастӣ, ба ту тааддӣ намекунанд ва ба дидаи ҳурмат ба ту менигаранд; дувум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкҳои дигар чӣ қадар баландбар зиндагӣ мекунӣ; сеюм, аз кабкҳо ҳар мокиёнеро, ки хоҳӣ, наздат меорам, бо вай бо хушию хурсандӣ рӯз мегузаронӣ.
Кабк гуфт:
– Ту амири мурғонӣ ва инони ихтиёри мурғон ба қабзаи иқтидори туст ва ман яке аз фуқарои ту ҳастам. Агар аз ман кирдоре содир шавад, ки мувофиқи табъи ту набошад, пас, сарпанҷаи ғазаби ту маро ба ҳалокат расонад. Беҳтар ин аст, ки дар гӯшаи хилват бинишинам.
Боз гуфт:
– Эй бародар, нашунидаӣ, ки дидаи дӯстӣ айбро намебинад ва ҳар зиштӣ, ки аз дӯст падид ояд, бағоят зебо менамояд.
Заҳри туро дӯст чӣ донад? – Шакар!
Айби туро дӯст чӣ бинад? – Ҳунар!
Ман, ки кирдори туро ба дидаи муҳаббат мебинам, дар гуфтушуниди ту чӣ гуна хатти хато кашидан метавонам?
Дидаи дӯст айббин набувад.
Кабк ҳарчанд узрҳои писандида мегуфт, боз ҷавобҳои маъқулу дилпазир дар муқобили он меовард. Дар охир ба аҳду паймон кабкро аз сӯрох берун овард ва боз ӯро бардошта, ба ошёнаи худ овард. Ҳар ду бо якдигар хуш баромада, рӯзҳоро бо айшу тараб мегузарониданд.
Ду-се рӯз аз ин миён гузашт, кабк ба боз тамоман бовар карда, далерона сухан мегуфт ва беибо қаҳқаҳа мезад. Боз ҳам худро ба ношуниданӣ зада, аз сари интиқом дармегузашт, аммо кинаи он дар синааш ҷо мегирифт.
Рӯзе боз каме бемор шуд ва барои хӯрок аз ҷой ҳаракат кардан наметавонист. Ҳама рӯз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинаҳои кабк, ки ба мурури замон ҷамъ шуда буд, бозро хашмолуд сохт. Ҳарчанд аҳду паймонҳои гузашта ба хотираш меомад, аммо ҳеч ба ақлаш қабул намешуд ва барои хӯрдани кабк баҳона меҷуст. Кабк осори ғазаб дар башараи ӯ мушоҳида намуда, ба ақлу хирад ҳалоки худро медид ва оҳи сард аз дили пурдард кашида, ба худ мегуфт, ки «Аз аввали ҳол назар ба поёни кор наяфкандам ва бо ғайри ҷинси худ пайвастам. Бино бар ин, киштии умрам имрӯз ба гирдобе дарафтода, ки муҳоли тадбир аз халоси он оҷиз аст».
На аз рафиқ вафову на аз ҳаёт умед,
На аз сипеҳр башорат, на аз замона навид!
Аммо боз чанголи озор кушод ва минқори хунхор ба заҳри ситам об дода, баҳонаҷӯйӣ мекард. Кабк аз рӯйи эҳтиёҷ риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб баҳонае барои боз пайдо набуд. Охируламр боз бетоқат шуда, ба кабк гуфт:
– Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишинӣ?
Кабк гуфт:
– Эй амири ҷаҳонгир, ҳоло шаб аст ва ҳама оламро сояи зулумот фурӯ гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба заҳматед ва ман дар сояи чӣ чиз истироҳат дорам?
Боз гуфт:
– Эй беадаб, маро дурӯғгӯй месозӣ ва сухани маро рад мекунӣ, сазои туро додан лозим аст!
Инро гуфту кабкро аз ҳам дариду хӯрд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Боз чӣ гуна паранда аст?
2. Боз кабки дариро дида, ба чӣ ҳиссиёт гирифтор шуд?
3. Боз ба кабк чӣ пешниҳод кард?
4. Мунозираи боз ва кабкро батафсил нақл кунед.
5. Ҷавоби кабк: «Ҳар гоҳ, ки обу оташ якҷо шавад» чӣ маънӣ дорад?
6. Боз ба кабк чӣ ваъда дод?
7. Кабк бо кадом рафтор ба дили боз кина ҷо мекард?
8. Боз чаро дар қасди ҷони кабк афтод?
9. Аз ин ҳикоят ба чӣ хулоса омадед?
10.Мақоли халқии:
«Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» чӣ маънӣ дорад? Ин мақолро шарҳ диҳед.