Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Саййидо, дидам бахокафтода барги лоларо,
Теғиноҳақхурда сайди бисмилам омад ба ёд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро бурро ва равон қироат намоед.
2. Мазмуни ғазалро нақл кунед.
3. Дар мисраи «Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг» шоир ваъдахилофии киро дар назар дорад?
4. Дар мисраи «Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам» зери мафҳуми «баҳр» чӣ дар назар дошта шудааст?
5. Ғазалро аз ёд кунед.