Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад, ба дунё омадааст. Дар давраи кӯдакӣ, падараш вафот мекунад. Баъди марги падар Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш – Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо дар мактаби куҳнаи деҳаашон савод омӯхт. Боқӣ, ки худ табиатан бачаи зираку донишдӯст буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби куҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.
Баъди ташкил шудани мактаби шуроӣ ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд (1938) ва, ниҳоят, Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои ӯ солҳои 30-юм дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо чоп шуданд.
Аввалин китоби шеърҳои ӯ соли 1945 бо номи «Ба фронт» чоп шуд, ки дар онҳо қаҳрамониҳои халқи бузурги шуравӣ ва ғалабаи он васф шудааст. Боқӣ Раҳимзода шоири тавоно буд, ашъори ӯ содаву фаҳмову самимист. Дар шеърҳои ҳаҷвияш шахсони ваъдабозу оилабезор, булҳавасу танбалро мазаммат мекард. Барои бачаҳо суруду таронаҳои зиёд навиштааст.
Ҳунар ва истеъдоди баланди шоирии Боқӣ дар шеърҳои «Чашмасор», «Баҳори умр», «Қиссаи кӯҳсор», «Республикаи ман», «Мусича ва рӯбоҳ», «Муаллим», «Халқи бузургворам» ва ғайра хеле хуб зоҳир шудааст.
Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ будан инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовирии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. 30-юми январи соли 1980 Боқӣ Раҳимзода дар шаҳри Душанбе ҳаётро падруд гуфт.
Дар шеъри «Муаллим» иззату эҳтироми халқро нисбат ба омӯзгор хеле самимӣ баён намудааст.