Ба модарам

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,

Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.

Чӣ дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,

Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.

Бикун бо гӯшаи қарси сапедат пок ашкатро,

Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пойи худ,

Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯйӣ, аё модар,

аё модар!

Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯйи оламро,

Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.

Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,

Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ,

Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,

аё модар, аё модар!...

Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ.

Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда пухтӣ кулчаи

ширмол,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

аё модар, аё модар!

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,

Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои руҳонӣ,

Ба назди остонат дом монад сояи маргат,

Туро хонад ба сӯйи олами торику зулмонӣ,

Матарс аз марг, охир безаволӣ, ту,

аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,

Нахӯрдию напӯшидию бо сад ранҷ парвардӣ,

Маро бигрифта зери пар.

Барои он ки дар ман зиндаву ҳозир бубинӣ боз

Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,

Шудӣ хуни ҷигар, модар!

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат, ҳунар омӯхт,

Ки ёбад нони беминнат,

Ба номат дафтаре бикшод,

Дуои хайр гӯ, модар,

Ки бо номи ту ӯ бар роҳи раҳ ҷустан қадам бинҳод.

Варо ту мағфират кун, раҳнамойӣ кун,

аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат

Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:

Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?

Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.

Ту, охир, ибтидои ибтидоҳоӣ,

аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро

Ба нақши гул, ба рӯйи сӯзаниҳо сабт месозӣ.

Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо

Барои субҳи фардо ҳадя месозӣ, сарафрозӣ.

Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,

аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар,

Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз.

Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,

На танҳо баҳри ман,

Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!

Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,

аё модар!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Мазмуни шеърро қисм-қисм ва баъд яклухт нақл кунед.

2. Кадом мисраъҳо барҷастагии нақши модарро тасдиқ менамоянд?

3. Кадом хислатҳои наҷиби модари худро аз симои модари шоир ёфтед?

4. Байтҳои писандидаи шеърро ҳифз намоед.