Шаклҳои заминдорӣ ва андоз. Маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд, то забти Русия ҳиссаи бузурги замин – тахминан 50%-ро заминҳои давлатӣ-амлокӣ ва 25%-ро заминҳои вақфӣ ташкил медоданд. Дар ин заминҳо асосан деҳқонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонӣ ва ташкилотҳои вақфӣ (мадрасаҳо, масҷидҳо) андоз – хироҷ месупориданд.
Тахминан 25%-и боқимондаи заминро мулкҳои ҳурри холис (яъне, мулкҳои аз андоз озод) ва мулкҳои хориҷӣ ташкил менамуданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ аз чунин тартиботи заминдорӣ қаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Марказӣ, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунӣ»-и ин кишвар заминҳои давлатӣ, яъне амлокӣ ва як ҳиссаи заминҳои вақфӣ (он мулкҳое, ки санадҳояшон ба мулки вақфӣ мувофиқат намекард) чун мулки хусусӣ, ройгон, бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш – деҳқонон супорида шуд. Инчунин он ҳиссаи заминҳои мулкие, ки то забтшавӣ аз андоз озод буданд, аз чунин ҳуқуқ маҳрум гардида, ба қатори заминҳои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар асоси таҷрибаи Русия, қисме аз заминҳо ба ихтиёри обшинаҳои деҳқонӣ гузаронида шуд.
Дар кишвари Туркистон андози давлатиро, ки аз кишовар- зон, яъне деҳқонон рӯёнида мешуд, «оброк» меномиданд. Ҳамаи заминҳое, ки аз онҳо оброк мерӯёниданд, ба 8 зина (разряд) тақсим карда шуданд. Мувофиқи он, дар аксари заминҳои истифодашавандаи обӣ аз рӯйи даромаднокӣ андози оброкро ба ҳисоби миёна то 10% муайян кардаанд. Аз заминҳои лалмӣ аз ҳар десятина (даҳяк) 1 рублу 25 копейк рӯёнида мешуд. Барои мардуми бодиянишин, чун андоз, аз ҳар юрт (кибитка) 2 рублу 50 копейк, барои мардуми шаҳр мувофиқи мулки ғайриманқулашон андози давлатӣ муайян кардаанд. Ҳамаи ин андозҳо ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар ҳамчун андоз 6978720 рубл ҷамъ карда бошанд, пас он соли 1917 беш аз 33 млн рублро ташкил намудааст.
Дар Аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштанаш доир ба шаклҳои заминдорӣ ва андоз тағйироте ба вуҷуд наомад. Дар ин ҷо мисли пештара замин ба шаклҳои амлокӣ (ё худ давлатӣ, ки ба он заминҳои ба ном амирӣ ҳам дохил мешавад), вақфӣ, мулкҳои ҳурри холис ва хироҷӣ тақсим мешуданд. Чун аввал тахминан 75%-ро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ ташкил менамуданд. Аз заминҳои амлокӣ ва хироҷӣ андоз ба номи хироҷ бояд 10%-и ҳосил ба фоидаи хазинаи амир, аз заминҳои вақфӣ ҳамин миқдор андоз ба фоидаи мадрасаю масҷидҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас ситонида мешуд.
Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи ҳукумати ами- рии Бухоро закот ба ҳисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молҳои тиҷоратӣ ва пули нақд ситонида мешуд. Ин навъи андоз мувофиқи Қуръон яке аз панҷ рукни асосии мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Ва он бояд ба фоидаи бенавоён ва дар роҳи Худо сарф мегардид. Мувофиқи шариати ислом, ҳар чизе, ки даромад меоварад, агар аз он закот насупоранд, ҳаром аст.
Аминона ҳам яке аз андозҳои асосии замони амирӣ ба ҳисоб мерафт. Ин навъи андозро аз ҳамаи молҳои барои фурӯхтан муайяншуда меситониданд. Дар байни молҳое, ки ба фурӯш бароварда мешуд, ҷойи намоёнро пахта, ғалла, пӯсти қарокӯлӣ, пашм, чорво, мева, матоъҳои гуногун ташкил менамуданд.
Ғайр аз андозҳои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз даҳҳо навъи гуногуни андоз вуҷуд доштанд. Амалдорони замони амирӣ барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз ҳавасманд бу- данд, зеро бо чунин тадбир онҳо аз як тараф, ба амир ва наздико- ни ӯ кордонии худро нишон диҳанд, аз тарафи дигар, як ҳиссаи андози ғункардашударо аз они худ мекарданд.
Кишти пахтаи навъи амрикоӣ. Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри Х1Х яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи пахтакории Осиёи Марказӣ иваз намудани пахтаи навъи маҳаллӣ – ғӯза, ки дар ин сарзамин аз замонҳои қадим кишт карда мешуд, бо навъи пешқадами ҷаҳонӣ – амрикоӣ буд, зеро ғӯза, ки нахи кӯтоҳ дошт, талаботи рӯзафзуни саноатчиёни Русияро қонеъ гардонида наметавонист. Аз ҳамин сабаб дар сарзамини Осиёи Марказӣ бо ташаббуси ширкатҳои марказии Русия кишти пахтаи навъи амрикоӣ оғоз ёфт.
Аввалин кӯшиши дар ҳудуди Осиёи Марказӣ паҳн намудани пахтаи навъи амрикоӣ ба замони пеш аз забтшавӣ рост меояд. Масалан, ҳанӯз солҳои 1859–1860 дар Бухоро чунин навъи пунбадонаро, ки аз тарафи тоҷирони рус оварда шуда буд, чун таҷриба кишт кардаанд, вале кишти онсола бо сабаби риоя карда нашудани қоидаҳои агротехникӣ ҳосил надод. Баъди забтшавӣ, соли 1874 дар уездҳои Тошканд, Хуҷанд ва Қурама кӯшиши кишти пахтаи навъи амрикоӣ ба миён омад, ки боз ҳам натиҷаи манфӣ дод. Бори сеюм онро соли 1882 кишт карданд ва дар шароити кишвар аввалин бор натиҷаи дилхоҳ дод. Минбаъд дар Осиёи Марказӣ кишти ин навъи пахта сол то сол зиёд гардид. Чунончи, агар соли 1885 пахтаи навъи амрикоиро қариб ба қадри ҳазор десятина кишт карда, аз он 30 ҳазор пуд пахта гирифта бошанд, пас соли 1887 чунин пахтаро дар 14,5 ҳазор десятина кишт карда, аз он 212 ҳазор пуд ҳосил гирифтаанд.
Дар қаламрави Аморати Бухоро ва хонии Хева аз соли 1887 бо ташаббуси рафоқати тиҷоратию саноатии осиёимиёнагии «Кудрин ва К°» кишти пахтаи навъи амрикоӣ cap шудааст. To ин вақт дар ҳудуди ин ду мулк кишти пахтаи навъи амрикоиро манъ карда буданд. Маҳз рафоқати номбурда аз амир ва хон доир ба кишти ин навъи пахта иҷозат гирифтааст.
Солҳои 80 – 90-уми асри XIX рафоқатҳо ва ширкатҳои номии марказие, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо карда буданд: рафоқати «Кудрин ва К°», рафоқатҳои «Ману- фактураи бузурги Ярослав», «Владимир Алексеев» ширкатҳои бародарон Шлосберг, Познанскийҳо, Крафт ба ҳисоб мерафтанд. Масалан, дар солҳои 1886–1887 аз тарафи рафоқати «Кудрин ва К°» дар Тошканд, Хӯқанд, Хуҷанд, Намангон, Марғелон, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Хева ва Дилварзин 20 ҳазор пуд пунбадонаи пахтаи навъи амрикоӣ тақсим гардидааст. Ба ғайр аз ин худи рафоқат дар киштзорҳои дар ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон доштааш қариб даҳ ҳазор десятина ин навъи пахтаро кишт кардааст.
Намояндаи ширкати «Крафт–И.Мейеркорт» ба деҳқонон пунбадонаи пахтаи навъи амрикоиро ройгон тақсим кард. Он инчунин, бо мақсади ҳавасмандӣ ба онҳое, ки пахтаи аълосифати ин навъро зиёд супоридаанд, ҳатто мукофотҳои пулӣ муайян кардааст.
Албатта, рафоқатҳо ва ширкатҳои марказӣ аз харидани пах- таи маҳаллӣ – ғӯза низ даст накашиданд, вале онҳо кӯшиш мекар- данд, ки деҳқонон ҳарчи бештар маҳз пахтаи навъи амрикоӣ коранд. Барои ин онҳо деҳқонони пахтакори кишварро на маҷбур, балки ҳавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи амрикоӣ низ нисбат ба ғӯза баландтар буд.
Ҳамин тавр, бо ташаббуси рафоқатҳо ва ширкатҳои мар- казии Русия аз аввали солҳои 80-уми асри XIX кишти пахтаи навъи амрикоӣ ҷорӣ карда шуд ва он сол то сол хеле вусъат ёфт. Бо вуҷуди душвориҳои молиявӣ, маҳз бо ташаббуси ширкатҳои марказӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ баъзе таҷрибаҳои пешқадами коркарди замин, махсусан, коркарди усули амрикоӣ оҳиста-оҳиста ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар баъзе хоҷагиҳо ҳангоми шудгори замин аз плугҳо низ истифода карданд.
Умуман, тадбирҳои гуногуни дар соҳаи пахтакорӣ андешида- шуда (пеш аз ҳама, ҳавасманд намудани деҳқонон) имкон доданд, ки дар Осиёи Марказӣ пахтакорӣ рушд ёбад, ҳосилнокии он нис- бат ба солҳои пешин зиёд гардад ва истеҳсоли пахта хеле афзояд. Дар натиҷа, агар дар саноати бофандагии Русия ҳиссаи пахтаи ватанӣ (онро, асосан, пахтаи Осиёи Марказӣ ташкил медод, зеро ҳиссаи пахтаи Қафқоз хеле ночиз буд) соли 1890 тақрибан 30% ва хориҷӣ 70% бошад, пас, соли 1914 ҳиссаи пахтаи ватанӣ (ба марказ кашонидани он соли 1915 ҳам идома ёфт) тақрибан ба 70 % расиду ҳиссаи пахтаи хориҷӣ то ба 30% пойин рафт. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон Осиёи Марказӣ ба манбаи асосии ашёи хом – пахта барои саноати бо- фандагии Русия табдил ёфта буд.
Санаҳои муҳим:
1859 – 1860 – аввалин кӯшиши кишти пахтаи навъи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ (дар Бухоро).
1873 – кӯшиши дуюми кишти пахтаи навъи амрикоӣ.
1882 – кӯшиши сеюми кишти пахтаи навъи амрикоӣ, ки бори аввал натиҷаи дилхоҳ дод.
1914 – пахтаи осиёимиёнагӣ тақрибан 70% талаботи саноати бофандагии Русияро таъмин намуд. Яъне, Осиёи Миёна ба манбаи асосии ашёи хом – пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфт.
Савол ва супоришҳо:
1) Дар шаклҳои заминдорӣ ва андози кишвари Туркистон чӣ тағйирот ба амал омад?
2) Шаклҳои заминдорӣ ва андозу андозситонӣ дар аморати Бухоро чӣ гуна буд?
3) Дар қаламрави Осиёи Марказӣ рушд додани кишти пахтаи навъи амрикоӣ чӣ зарурат дошт?
4) Дар Осиёи Марказӣ ба кишти пахтаи навъи амрикоӣ кадом вақт аввалин бор кӯшиш карда шуд?
5) Дар бораи тадбирҳое, ки рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии Русия дар рушди кишти пахтаи навъи амрикоӣ андешиданд, нақл кунед.
6) Осиёи Марказӣ кай ба манбаи асосии ашёи хом – пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфт?
7) §§ 2, 16 ва 17-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: вазъи кишоварзии Осиёи Марказиро дар замони мустамликавӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама