Ғалабаи Инқилоби октябр дар Петроград. Дар Русия баъ- ди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ (аз аввали моҳи июли соли 1917) ҳам вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки Русия яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармоӣ мекард. Ин боиси норизоии на танҳо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Чунин вазъият аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонаҳои шӯриши навбатӣ дарак медод. Махсусан, дар маркази империя – шаҳри Петроград хавфи таркиш эҳсос мешуд.
Ҳизби Болшевикии Русия аз вазъияти бавуҷудомада ба хубӣ истифода кард. Он ягона ҳизбе буд, ки бо Ҳукумати Муваққатӣ созиш накард ва созиш кардан ҳам намехост. Баръакс, баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон карда шу- дани намоиши осоиштаи коргарон ва поён ёфтани дуҳокимиятӣ) Ҳизби Болшевикӣ бо мақсади гирифтани ҳокимият мардумро ба шӯриши навбатии мусаллаҳона даъват мекард.
24-уми октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград cap шуд. Ба он дар қатори коргарон, инчунин, аскарони аз сиёсати Ҳукумати Муваққатӣ норозӣ иштирок намуданд. Сарварии шӯриш аз лаҳзаҳои аввал ба ихтиёри Ҳизби Болшевикӣ гузашт. Дар ин роҳ ба болшевикон танҳо эсерҳои чап ва меншевикҳои чап то андозае хайрхоҳ буданд. Ҳизбҳои дигар: эсерони рост ва меншевикони рост, октябристҳо, прогрессистҳо, кадетҳо, трудовикҳо, иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо ва сотсиалистони халқӣ ҳам дар атрофи Ҳукумати Муваққатӣ муттаҳид шуда, муқобили ҳар гуна шӯриш буданд. Вале муттаҳидии онҳо дигар Ҳукумати Муваққатиро наҷот дода натавонист.
Шаби 24-ум ба 25-уми октябр дар Петроград тамоми пулҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, телефон, почтахонаи марказӣ, истгоҳи барқӣ, Бонки давлатиро шӯришгарон ишғол намуданд. Ниҳоят, шаби 25-ум ба 26-уми октябр (соати дую даҳ дақиқаи шаби 26-уми октябр) қароргоҳи Ҳукумати Муваққатии Русия – Қасри Зимистона (ҳоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шӯришгарон гузашт. Аксари аъзои он ҳабс карда шуданд. Дар Петроград ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи Ҳарбии Инқилобӣ, ки аз тарафи Ҳизби Болшевикӣ дар арафаи оғози шӯриш ташкил карда шуда буд, гузашт.
Дар таърихи 24-уми октябр дар қасри Смолнийи Петроград Анҷумани II Умуми- русиягии шуроҳои намояндагони коргарон ва аскарон ба кори худ шуруъ намуда, таҳти назорати Ҳизби Болшевикӣ мегузашт. Аз ин
рӯ 25-уми октябр (бо санаи нав 7-уми ноябр)1 -ро ҳамчун рӯзи ғалабаи Инқилоби Октябр ҷашн мегирифтанд.
1. 14-уми феврали соли 1918 дар Русияи Шуравӣ ба солшумории григорянӣ гузаштанд, ки он аз солшумории пештараи Русия 13 рӯз фарқ мекунад.
24-уми октябр анҷумани номбурда сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатиро эълон кард. Ҳокимияти Шуравӣ – Шурои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) бо сарварии В.И.Ленин ба сари қудрат омад. Анҷумани мазкур санадҳои барои мардуми Русия ҳаётан зарур – «Декрет дар бораи сулҳ» ва «Декрет дар бораи замин»-ро қабул кард. Мувофиқи санади аввала, Русия бояд аз ҷанги харобиовари ҷаҳонӣ мебаромад ва мардум ба ҳаёти осоишта бармегашт. Дар асоси санади дуюм, замин ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ дода мешуд.
Анҷуман қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Ру- сия, аз ҷумла, кишвари Туркистон, ҳокимият бояд ба ихтиёри шуроҳои намояндагии коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад. Вале на дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои Русия ин қарорро хуш пази- руфтанд. Дар баъзе маҳалҳо тарафдорони Ҳукумати Мувакқатӣ барои бунёди ҳокимияти нав – шуравӣ муқобилати сахт нишон медоданд. Чунин муқобилат дар маркази кишвари Туркистон – шаҳри Тошканд низ дида мешуд.
Ғалабаи шӯриш дар Тошканд. Шӯриш дар Тошканд 28-уми октябри соли 1917 сар шуд. Бо ташаббуси болшевикон барои сарварӣ кардан ба шӯриш Кумитаи Инқилобӣ ташкил ёфт. Сарвари Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ генерал Кравченко дар шаҳри Тошканд кофӣ набудани қувваи ба худ содиқро эҳсос намуда, ба муқобили шӯришгарон аз Фарғона сарбоз даъват намуд. Аз чунин мақсади ӯ болшевикони Хуҷанд огоҳ гардида, барои он ки қувваҳои ҳарбӣ аз Фарғона ба Тошканд рафта натавонанд, аз 28-уми октябр то 2-юми ноябр ҳаракати поездҳоро дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд қатъ карданд. Дар натиҷа, сарвари Ҳукумати Муваққатии кишвар аз кумаки аскарони ба худ содиқ маҳрум гардид. Бинобар ин ба вай лозим омад, ки барои саркӯб намудани шӯриш асосан, ба қувваҳои дар шаҳри Тошканд буда такя намояд.
Дар Тошканд чор рӯз (аз 28-уми октябр то 1-уми ноябр) ҷангҳои шадид ба амал омад. Болшевикони Тошканд тавонистанд, ки ба аскарони мусаллаҳи генерал Кравченко аз ҳисоби мардум қувваи бисёрро муқобил гузоранд. Ниҳоят, 1-уми ноябр (ба тақвими нав 14-уми ноябр) ҳокимият дар Тошканд ба ихтиёри Кумитаи Инқилобӣ гузашт. Худи ҳамон рӯз аз тарафи Шурои намояндагии коргарон ва аскарони Тошканд муроҷиатномаи «Ба мардум!» бароварда шуд. Тавассути он дар кишвари Туркистон ба ихтиёри Шурои кишварӣ ва Кумитаи иҷроияи Шурои шаҳрии намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият эълон карда шуд. Баробари оғози шӯриш дар истгоҳи роҳи оҳани Урсатевск (Хавос) ва Драгомирово ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи Инқилобӣ гузашт. Дар конҳои Сулукта ва Шӯроб, кони нафти САНТО шуроҳо бе ҳеч муқобилат ба ҳокимият соҳиб шуданд.
Аз 15-ум то 22-юми ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани III шуроҳои намояндагии коргарон ва аскарони киш- вар барпо гашт. Анҷуман баъди кашмакашҳои хеле зиёд доир ба дар кишвари Туркистон барпо гардидани Ҳокимияти Шуравӣ қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки анҷуман баррасӣ кард, ташкили ҳокимияти кишварӣ буд. Ниҳоят, бо пешниҳоди муштараки болшевикон ва максималистон[1] аввалин ҳокимияти шуравии кишвари Туркистон дар шакли Шурои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) ташкил ёфт. Раиси он болшевик Ф.Колесов интихоб гардид.
Ба ихтиёри шуроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд. Дар ара- фаи Инқилоби Октябр уезди Хуҷанд ҳанӯз ҳам ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Бинобар ин ҳалли тақдири ҳокимият дар ин маркази уездӣ ба тақдири ҳокимияти вилоятӣ, яъне Самарқанд, вобастагӣ дошт. Шуроҳои Хуҷанд ва Самарқанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерҳо ва меншевикон буданд. Болшевикон асосан дар байни коргарон ва хизматчиёни роҳи оҳани Самарқанд нуфузи зиёд доштанд.
31-уми октябр коргарон ва хизматчиёни ин истгоҳ дар ҷамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар Кумитаи Инқилобӣ ташкил намуданд, вале ин кумита аз тарафи шуроҳо ва дигар ҳизбҳои Самарқанд дастгирӣ наёфт. Зеро меншевикҳо ва эсерҳои ин шаҳр, ки шуроҳои шаҳрӣ ва вилоятиро дар ихтиёр доштанд, аз гирифтани ҳокимият худдорӣ карданд. Аммо эсеру меншевикҳои Хуҷанд бар хилофи мавқеи эсеру меншевикҳои Самарқанд ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд.
11-уми ноябри соли 1917 дар Хуҷанд Маҷлиси васеи шуроҳои намояндагии коргарон ва аскарон якҷо бо намояндагони Иттифоқи заҳматкашон, Думаи шаҳрӣ ва кумитаҳои иҷроияи волостҳои Қистакӯз ва Унҷӣ барпо гардид. Ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри Шуроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо карда шудани ҳокимияти шуроҳо овоз дод. Худи ҳамон рӯз Шурои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Дар ин Шуро аксариятро намояндагони ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо ташкил мекарданд. Сарвари шуроҳои Хуҷанд низ узви ҳизби эсерҳо Т.Тараненко буд.
Дар ибтидо (яъне аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918) муносибати байни ҳокимияти марказии болшевикии кишвар бо ҳокимият (шуроҳо)-и эсеру меншевикии Хуҷанд чандон самимӣ набуд. Бинобар ин ҳукумати кишвар барои дар Хуҷанд ҷорӣ на- мудани сиёсати худ бештар ба фраксияи болшевикон такя мекард.
Болшевикони Хуҷанд ба қувваи аскарони сурх такя намуда, баробари маҳви «Мухторияти Хӯқанд» (22-юми феврали соли 1918) ба иттифоқчиёну пайравони он – Шурои Исломия ва Шурои Уламои Хуҷанд низ зарбаи қатъӣ зада, мавқеи эсеру меншевиконро хеле маҳдуд намуданд. Моҳи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик (узви шурои кишварӣ) И.Калугин ҳайати нави Шурои намояндагони Хуҷанд ташкил гардид. Акнун он махсусан, аз ҳисоби аъзои Иттифоқи заҳматкашон меафзуд. Худи Шуро ҳам минбаъд номи Шурои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷандро гирифт. Ба он Г.Стерлингов (сарвари маҳаллии эсерони чап) ҳамчун раис ва муовинони ӯ болшевикон: Е.Иванитский ва Ҷӯра Шокаримов интихоб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки Шурои Хуҷанд ба мавқеи болшевикӣ гузаштааст.
Дар Хуҷанд ва аксари маркази волостҳои он ( ғайр аз Ӯротеппа ва то андозае Қистакӯз), аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғӯлакандоз, Нов, Ис- фана, Чапқулоқ, Бокса-Себиргон, Сретен, Уралск (Дилварзин) аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шуравӣ ба тарзи осоишта барқарор карда шуд
Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа ва Мастчоҳ. Дар арафаи бунёд карда шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа ва ноҳияҳои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс, то андозае оромӣ ҳукмфармоӣ мекард. Ба ноҳияи Ӯротеппа волостҳои Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Басманда, Далён ва Мастчоҳ, ки то моҳи майи соли 1919 дар ҳайати уезди Хуҷанд буданд, дохил мешуданд. Дар худи Ӯротеппа ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба шурои маҳаллӣ, ки дар ихтиёри эсеру меншевикҳо буд, гузашт. Аз моҳи ноябри соли 1917 то моҳи марти соли 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Басманда, Далён, Мастчоҳ ва Ғончӣ ҳам ба ихтиёри шуроҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин маҳалҳо, аз ҷумла дар Ӯротеппа, Ҳокимияти Шуравӣ ҳанӯз амалан бунёд нагардида, ба зудӣ сарнагун гардид.
Шурои шаҳри Ӯротеппа баробари ба даст гирифтани ҳокимият аз маркази кишвар – шаҳри Тошканд супориш гирифт, ки барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ (кишвари Туркистонро кайҳо фаро гирифта буд) маъракаи мусодираи ғалла гузаро- над. Дар натиҷаи ин тадбир ғаллаи мардум дар бозор ва аз ду- кону хонаашон мусодира карда мешуд. Чунин тадбир дар шаҳр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзои Шуро, ки асосан аз ҷумлаи эсеру меншевикон ва пайравони онҳо буданд, чандон хоҳиши иҷрои ин супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон ҳанӯз ҳам дар ин ҷо назаррас набуд.
Ташкилоти маҳаллии Шурои Исломия аз вазъияти баамаломада истифода карда, Думаи шаҳриро аз нав барқарор кард. Бо ташаббуси ташкилоти маҳаллии Шурои Уламо ҷамъияти маънавии диние бо номи «Нури Ислом» бунёд гардид. Аъзои он рӯйрост ба муқобили сиёсати мусодиракунии ғалла баромаданд. Дар шаҳр як муддат на танҳо вазъи ба дуҳокимиятӣ хос, яъне аз як тараф Комиҷроияи шуроҳо ва аз тарафи дигар Думаи шаҳрӣ, балки беҳокимиятию бесарусомонӣ низ ҳукмфармо гардид.
Вазъияти дар шаҳри Ӯротеппа баамаломада русзабонҳои шаҳрро ба воҳима андохт. Сарварони онҳо 4-уми феврали соли 1918 ба Комиҷроияи шуроҳои маҳаллӣ (яъне Шурои намоянда- гии коргарон ва аскарон) муроҷиат карда, барои муҳофизати худ аслиҳа хостанд. Дар Комиҷроияи шаҳр, ки чун Шурои маҳаллӣ аксариятро эсеру меншевикҳо ташкил медоданд, ин дархостро маъқул шумориданд.
18-уми феврали соли 1918 бо пешниҳоди судяи шаҳри Ӯротеппа монархист В.Владимиров маҷлиси муштараки шаҳрвандон ва аскарони русзабон ҷамъ омад ва дар он қарор карда шуд, ки барои таъмини амнияти русзабонҳои Ӯротеппа аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил дода шавад. Чун органи роҳбарикунанда Шурои дружинаро иборат аз панҷ нафар интихоб намуданд. Ба ҳайати ин Шуро комиссари маҳаллӣ Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Ҳамин тавр, ташкилоти аксулинқилобии «Дружинаи халқии рус» ба вуҷуд омад. Мақсади асосии ин дружина дар баробари таъмини амнияти русзабонҳо, соҳиб шудан ба ҳокимият низ буд.
Дружиначиёни Ӯротеппа дар ҳайати ҳукумати кишвари Тур- кистон дар симои комиссари халқӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ Агапов такягоҳи боэътимоде доштанд. Агапов аз номи раиси Шурои Комиссарони Халқии Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он, дар Ӯротеппа ҳокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт.
13-уми апрели соли 1918 дар бинои Думаи шаҳрӣ маҷлиси дружиначиён ва тарафдорони онҳо барпо гардид. Дар он доир ба барҳам додани Шурои намояндагии коргарон ва аскарони Ӯротеппа қарор қабул карда шуд. Комиҷроияи шурои шаҳр, ки аксари кормандонаш ҳанӯз ҳам дар мавқеи эсеру меншевикҳо буданд, ба муқобилати болшевикон аҳаммият надода, ба якҷоя шудан бо «Дружинаи халқии рус» ризоят доданд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Ӯротеппа Ҳокимияти Шуравӣ расман барҳам хӯрд.
Моҳи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ӯротеппа, аз ҳисоби мухолифони дружиначиён Ҳизби Коргарон ва Деҳқонони Мусалмон бунёд гардид. Онҳо Шурои намояндагии коргарон ва деҳқононро низ аз нав ташкил карданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа буд. Бо ин мақсад ҳизби нав мардумро ташвиқ мекард, ки барои дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шурои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани ҳокимият ба мубориза бархезанд. Дар натиҷа муқобилони Ҳокимияти Шуравӣ дар атрофи Шурои дружина ва тарафдорони Ҳокимияти Шуравӣ дар атрофи Шурои намояндагии коргарон ва деҳқонон ҷамъ омада буданд. Чунин вазъ аз он гувоҳӣ медод, ки дар Ӯротеппа боз дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омадааст.
8-уми июли соли 1918 аз Хуҷанд ба Ӯротеппа қисмҳои аскарони сурх фиристода шуданд ва онҳо худи ҳамон рӯз шаҳрро таҳти назорат гирифтанд. Шурои дружиначиён пароканда карда шуд. 10-уми июл ба ихтиёри Шурои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият дар Ӯротеппа эълон карда шуд. Ҳамин тавр, Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа аз нав барқарор карда шуд.
Баъди аз нав барқарор гардидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа, дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчоҳ ба миён омад, зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шуравӣ вуҷуд надошт.
Моҳи феврали соли 1918 дар Мастчоҳ низ ба ҷойи комисса- ри волостии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфтани Куми- таи иҷроияи шуравиро эълон карданд. Тобистон дар ин ҷо ҳам маъракаи аз мардуми доро ва миёнаҳол ситондани ғалла (чунон- ки дар Ӯротеппа буд) яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани Ҳокимияти Шуравӣ гардид. Моҳи сентябр бо ташаббуси намо- яндаи Кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд Чечевичкин Куми- таи иҷроияи волости Мастчоҳ таъсис ёфт, ки он танҳо деҳаҳои поёнӣ (қисми ғарбӣ)-и волостро дар бар мегирифт. Қисми болоӣ (шарқӣ)-и Мастчоҳ аз ин воқеаҳо бехабар буданд. Раиси комиҷроияи волости Мастчоҳ Исо Олимбоеви ӯротеппагӣ, ки худ дар мавқеи зиддишуравӣ меистод, интихоб гардид.
Моҳи ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ исёни зиддишуравӣ ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он Исо Олимбоев буд. Шӯришгарон Ҳокимияти Шуравиро дар Мастчоҳ сарнагун намуданд. Баъди дар Ӯротеппа сарнагун карда шудани «дружиначиён», аз Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ бо мақсади аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шуравӣ бо сарварии С.Хохлов ба воситаи ағбаҳои Камодон ва Оббурдон отряди махсуси бистнафараи аскарони сурх фиристода шуд. Вале ин отряд дар наздикии деҳаҳои Мадрушкат ва Ревомутк аз тарафи Масчоҳиён торумор карда шуд. Баъди ин аз Хуҷанд бо сарварии раиси Комиҷроияи уезди Хуҷанд Тихонов як отряди 56-нафара ба сӯйи Мастчоҳ раҳсипор гардид. Аз Самарқанд низ ба сӯйи Мастчоҳ отряди дигаре бо сарварии Н.Силченко ба роҳ баромад.
Бо мақсади пешгирӣ аз хунрезӣ Кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа қарор кард, ки бо қувваҳои зиддишуравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30-юми ноябр дар деҳаи Овчӣ гуфтушуниди тарафайн барпо шуда, сулҳ имзо гардид. Мастчоҳиён ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шуравиро эътироф намуда, ба хуруҷҳои зиддишуравӣ хотима медиҳанд.
Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ашт. Бунёди Ҳокимияти Шуравӣ на танҳо дар волости Ашт, балки дар Исфараю Конибодом ҳам, ки ба вилояти Фарғона дохил мешуданд, ба воқеаҳои дар ин вилоят рӯйдода сахт вобастагӣ дошт. To моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои номбурда, ба доираи идоракунии Мухторияти Хӯқанд дохил мешуданд. Танҳо дар конҳои нафти САНТО ва ангишти Шӯроб моҳи ноябр Ҳокимияти Шуравӣ барқарор карда шуд. 6-уми декабр дар натиҷаи амалиёти ҷангии қисмҳои аскарони сурх маркази вилояти Фарғона – шаҳри Скобелев (шаҳри Фарғонаи имрӯза) ба ихтиёри Ҳокимияти Шуравии Туркистон гузашт.
6 – 7-уми декабр дар шаҳри Скобелев Анҷумани шуроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусалмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин анҷуман дар тамоми қаламрави вилоят ба ихтиёри шуроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард, вале ин қарор (аз ноҳияҳои номбурда) танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид, зеро дар Ашт нуфузи Шурои Исломия ва Шурои Уламо нисбатан суст буд. Ғайр аз ин, волости Ашт аз маркази мухториятчиён – шаҳри Хӯқанд нисбатан дур буд. Амалӣ намудани қарори анҷуман дар ҳудуди ин волост ба ягон муқобилат дучор наомад. Ин чунин маъно дошт, ки дар волости Ашт, бо вуҷуди нуфузи зиёд надоштани болшевикон, Ҳокимияти Шуравӣ ба таври осоишта барқарор карда шудааст. Волостҳои Исфараю Конибодом минбаъд ҳам то охири феврали соли 1918 дар ҳайати Мухторияти Хӯқанд монданд.
Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар болооби Зарафшон. Истиқрори тартиботи шуравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон, ки аз волостҳои Панҷакент, Фалғар, Мастчоҳ, Искодар, Моғиён, Зарафшон, Фороб, Офтобрӯ ва Киштут иборат буд, ба вазъи Самарқанд вобастагии қавӣ дошт. Аз волостҳои номбурда танҳо Мастчоҳ аз ҷиҳати маъмурӣ ба воситаи Ӯротеппа ба уезди Хуҷанд дохил мешуд. Волостҳои боқимонда якҷоя минтақаи Панҷакентро ташкил дода, ба ҳайати уезди Самарқанди вилояти Самарқанд шомил буданд.
13-уми декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд Анҷумани II шуроҳои вилоятӣ ба кор шуруъ намуд ва дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шуроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Дар ҳамин моҳ Кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро, ки ҳанӯз дар болооби Зарафшон сарварони волостҳо буданд, аз вазифаҳояшон озод карда, барои бунёди Ҳукумати Шуравӣ намояндагони худро фиристод.
Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 1917 дар болооби Зараф- шон, аз ҷумла, дар волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искодар, Моғиёну Киштут, Фороб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилати ҷиддӣ Ҳокимияти Шуравӣ барпо карда шуд.
Сарчашма:
Дар хитобномаи Анҷумани II Умумирусиягии Шуроҳо «Ба коргарон, солдатҳо ва деҳқонон!», ки 25-уми октябр (7-уми ноябр)-и соли 1917 қабул гардидааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳокимияти Советӣ ба ҳамаи халқҳо сулҳи фаврии демократӣ ва дар ҳамаи фронтҳо муторакаи фаврӣ таклиф мекунад. Вай бепул ба ихтиёри кумитаҳои деҳқонон додани заминҳои помешикӣ, уделӣ ва монастириро таъмин менамояд, бо роҳи комилан демократикунонии армия ҳуқуқҳои солдатро ҳимоя мекунад, аз болои истеҳсолот назорати коргарӣ муқаррар менамояд, сари вақт даъват кардани Маҷлиси муассисонро таъмин менамояд, дар бораи ба шаҳрҳо расонда истодани ғалла ва ба деҳот расонда истодани заруртарин маводди зиндагӣ ғамхорӣ мекунад, ба ҳамаи миллатҳои сокини Русия ҳуқуқи ҳақиқии худмуайянкуниро таъмин менамояд». (Ниг.: КПСС дар резолютсияҳо.Ҷилди 2, Душанбе, 1975. С.11).
Санаҳои муҳим:
1917, 25-уми октябр (7-уми ноябр) – ғалабаи Инқилоби Октябр дар Петроград ва бунёди Ҳокимияти Шуравии болшевикӣ бо сарварии В.И. Ленин.
1917, 1 (14) -уми ноябр – ғалабаи шӯриш дар Тошканд.
1917, 11 (24)-уми ноябр – ба ихтиёри Шуроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд.
1917, 15–22-юми ноябр – Анҷумани III Шуроҳои намоян- дагии коргарон ва аскарони кишвари Туркистон. Ташкил ёфтани ҳокимияти шуравии кишвар дар шакли Шурои Комиссарони Халқӣ.
1917, ноябр-декабр – ба ихтиёри Шуроҳо гузаштани ҳокимият дар волостҳои Ашт, Ӯротеппа, Панҷакент, Фалғар, Искодар, Моғиёну Киштут, Фороб ва Офтобрӯ.
1918, 14-уми феврал – ба солшумории григорянӣ гузаштани Русияи Шуравӣ.
1918, 13-уми апрел – аз тарафи дружиначиён барҳам дода шу- дани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа.
1918, 10-уми июл – аз нав барқарор карда шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Ӯротеппа.
1918, ноябр – барҳам дода шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Мастчоҳ.
1918, 30-юми ноябр – имзои сулҳ дар деҳаи Овчӣ. Мувофиқи он аз тарафи Мастчоҳиён эътироф карда шудани Ҳокимияти Шуравӣ.
Савол ва супоришҳо:
1) Дар бораи ғалабаи Инқилоби Октябр дар Петроград чӣ медонед ва дар натиҷаи ғалаба ҳокимият ба ихтиёри кӣ гузашт?
2) Шӯриш дар Тошканд чӣ тавр ғалаба кард?
3) Дар Хуҷанд чӣ тавр ҳокимият ба ихтиёри Шуроҳо гузашт?
4) Сарварии Шуроҳои Хуҷанд дар ихтиёри кадом ҳизбҳо буд?
5) Дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шуравӣ чӣ тавр барпо карда шуд?
6) Дружиначиёни Ӯротеппа киҳо буданд ва чӣ мехостанд?
7) Дар Мастчоҳ Ҳокимияти Шуравӣ чӣ тавр барпо карда шуд?
8) Дар Ашт ҳокимият ба ихтиёри Шуроҳо кай ва чӣ тавр гузашт?
9) Дар маҳалҳои болооби Зарафшон Ҳокимияти Шуравӣ кай ва чӣ тавр барпо карда шуд?
10) §§ 46 ва 47-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: барқарор шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшонро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама