§13. ЗАБТИ ХОНИГАРИИ ХЕВА ВА МУЛКҲОИ ТУРКМАННИШИН

Истилои хонигарии Хева. Амалиёти асосии қувваҳои ҳарбии Русия дар Осиёи Марказӣ минбаъд барои забти хонигарии Хева нигаронида шуда буд. Барои руҳан маҳв намудани аскарони хонигарии артиши ҳарбии Русия баҳори соли 1873 ба муқобили он якбора аз се самт: аз самти Тошканд ба воситаи Ҷиззах (бо сарварии генерал-майор Головачёв – 4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи қалъача (форт)-и Эмбин (бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин – 3400 нафар) ва аз самти Красноводск (отрядҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Маркозов – 4300 нафар), ҳамагӣ бо теъдоди 12 ҳазор нафар бо сарварии умумии К.Кауфман ба ҳуҷуми васеъ гузаштанд. Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ дар қаламрави хонигарӣ амалиёти ҷангӣ анҷом медоданд.

Дар санаи 28-уми май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахт ба вуқуъ омад. Хони Хева Саййидмуҳаммад Раҳими II аз Кауфман сулҳ талабид. 12-уми июн бо фармони К.Кауфман амалиёти ҷангӣ дар қаламрави хонӣ қатъ гардид. 12-уми августи ҳамон сол байни Русия ва Хева шартномае иборат аз 18 банд имзо гардид, ки мувофиқи он, хони Хева аз пешбурди мустақилонаи сиёсати хориҷӣ бо давлатҳои ҳамсоя маҳрум шуда, тобеи Русия гардида, бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн 200 ҳазор рубл месупорад. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои pocти дарёи Ому ба ихтиёри Русия гузаштанд. Дар ин қисм шуъбаи Омударё бо марказ дар Петро-Александровск (ҳоло шаҳри Турткӯл) ташкил ёфт ва он ба ҳайати вилояти Сирдарёи Генерал-губернатории Туркистон ворид карда шуд. Инчунин, хони Хева вазифадор гардид, ки дар қаламрави мамлакати худ ба харидуфурӯши одам ва ғуломдорӣ хотима диҳад, барои фаъолияти тоҷирони Русия тамоми шароитро муҳайё намояд.

Ҳангоми ҳуҷуми лашкари рус ба муқобили хони Хева амири Бухоро Музаффархон на танҳо ин амалиётро тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус амалан ёрӣ расонид. Чунин рафтори содиқонаи амир ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле писанд афтод. Бинобар ин, ҳукумати подшоҳӣ маҳз чунин садоқати амирро ба эътибор гирифта, ба ивази он мулкҳоеро, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминҳои Чорҷӯйро аз хонигарии Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро вогузор кард.

Забти мулкҳои туркманнишин. Дар сиёсати ишғолгаронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Марказӣ баъди ҳалли тақдири хонигарии Хӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Аммо тадбирҳои ҳукуматдорони подшоҳии Русия доир ба ин масъала нисбатан пештар оғоз ёфта буд. Чунончи, ҳанӯз соли 1869 қӯшунҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Н.Столетов аз бандари Петровск (Махачқалъаи ҳозира) баҳри Хазар (Каспий)-ро гузашта, ба димоғаи Муравёвск фуромаданд. Ин воқеаро оғози забти сарзамини қабилаҳои туркман аз тарафи лашкари Русия ҳисобидан мумкин аст. Онҳо дар ин ҷо шаҳри Красноводскро бунёд намуданд, ки он минбаъд ба яке аз марказҳои асосии ҳарбии Русия барои забти Хева ва замини қабилаҳои туркман табдил ёфт. Моҳи марти соли 1874 ҳукумати подшоҳӣ «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Хазар (Закаспий)»-ро тасдиқ намуд. Дар асоси ин санад дар сарзамини шарқии баҳри Хазар то рӯди Атрак ва дар ҷануб то сарҳадди хонии Хева шуъбаи Моварои Хазар бо марказ дар Красноводскро таъсис дода, ба ихтиёри волии Қафқоз супориданд. Ҳамон замон ба ҳайати он шуъба пристав (сардори политсияи маҳаллӣ дар Русия)-ҳои Манқишлоқ ва Красноводск дохил шуданд.

Минбаъд шуъбаи Моварои Хазар ба маркази асосии қувваҳои ба сарзамини қабилаҳои туркман ҳуҷумкунандаи ҳукумати подшоҳӣ табдил ёфт. Аввали моҳи майи соли 1877 отряди генерал Н.Ломакин Қизиларбатро ишғол кард, вале ба сабаби аз истеҳкоми асосӣ дур будан, онро зуд тарк намуд. Онҳо соли 1878 дар соҳили рӯди Атрак истеҳкоми Чатраро бунёд намуда, моҳи август Қизиларбатро дубора ишғол карданд, вале 28–29-уми август аскарони рус дар ҷангҳои шадидтарини назди Кӯктеппа шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Баъди ин сарвари лашкари рус дар Моварои Хазар М.Скобелев таъин шуд. Дар санаи 12-уми январи соли 1881 дар натиҷаи ҷангҳои шадиди серӯза қалъаи Данглитеппа, баъд Кӯктеппа, 18-уми январ Ашқобод забт гардид. Моҳи майи ҳамон сол шуъбаи Моварои Хазар ба вилоят табдил ёфт, ки ба он тамоми заминҳои аз ҳисоби кишвари туркманҳо забтгардида дохил мешуд. Бо ҳамин муқобилати сахттарини яке аз қабилаҳои бонуфузтарини туркман – тегинҳо бартараф карда шуд. Бо қӯшунҳои рус, асосан, ҳамин қабила меҷангид.

1-уми январи соли 1884 дар воҳаи Марв барои маслиҳат куҳансолони қабилаҳои дигари туркман: вакил, сич-маз, бек ва боҳӣ ҷамъ шуданд. Дар ин ҷамъомад онҳо тақдири минбаъдаи мулки худро баррасӣ карданд. Ниҳоят, моҳи марти ҳамон сол қабилаҳои забтнашудаи туркман дар назди қувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуданд, ки ба ҳайати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуктаҳои баҳснок – воҳаи туркманнишини Пандин (Панҷдеҳ) буд, ки ба он, чи афғонҳо ва чи русҳо даъво доштанд. Худи ҳамон сол бо дастгирии англисҳо отряди афғонҳо ноҳияи Кушка ва Пандинро ишғол карданд.

Моҳи марти соли 1885 қӯшунҳои рус бо фармондеҳии сар- дори вилояти Моварои Хазар А.Комаров қӯшунҳои афғонро аз минтақаи Пандин дур андохта, 18-уми март Кушкаро забт намуданд. Дар натиҷаи ихтилоф на муносибати туркманҳою афғонҳо, балки муносибати русҳою англисҳо муташанниҷ гардид ва он қариб ба ҷанг оид шуд, вале ташаббусро дипломатҳои тарафҳо ба даст гирифтанд. 10-уми сентябр дар байни Русия ва Англия шартнома имзо гардид ва барои дар ҷануб муайян намудани сарҳад комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиҷаи корҳои тулонӣ дар ин минтақа аз рӯди Ому то ҳудуди давлати Эрон марзҳои нуфузии байни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиқи он, мулкҳои баҳсталаби номбурда дар ихтиёри Русия монданд.

Ҳамин тавр, сарзамини қабилаҳои туркман низ аз тарафи қувваҳои ҳарбии Русияи подшоҳӣ истило карда шуд. 26-уми декабри соли 1897 идоракунии вилояти Моварои Хазар ба ихтиёри Генерал-губернатории Туркистон гузашт.

Хонандагон бояд: аз тарафи лашкари рус забт гардидани хонигарии Хева ва мулкҳои туркманнишинро шарҳ дода тавонанд.

Реклама