Кассаҳои қарздиҳии уездӣ. Дар шароити Осиёи Марказӣ асоси истеҳсолотро истеҳсолкунандагони хурд – хоҷагиҳои пахтакорон, ғаллакорон, ҳунармандон, косибон ва чорводорон, яъне онҳое, ки худ бо истеҳсолот машғул буданд, ташкил менамуданд. Онҳо ҳар сол ба фоидаи давлат навъҳои гуногуни андоз супорида, хазинаро пур мекарданд. Аз ин рӯ дар шароити кишвари Туркистон ҳукуматдорони подшоҳӣ бенавогардии ин қисми аҳолиро намехостанд, зеро чунин ҳолат на танҳо барои ҷамъоварии андоз, балки барои мавҷудияти худи системаи мустамликавӣ хавфи ҷиддӣ дошт. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд, ки истеҳсолкунандагони хурди кишвар муҳтоҷи дастгирии молиявӣ мебошанд ва ҳамин ҳолат онҳоро ба доми судхӯрон кашидааст. Судхӯрон ба ивази қарзи додаашон 6080 ва ҳатто аз он бештар фоида талаб мекарданд. Баъзе амалдорони подшоҳӣ дар шароити Осиёи Марказӣ роҳи халосиро дар ҷорӣ намудани фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ медиданд.
Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон Кауфман дар шароити кишвар зарурати кассаҳои қарздиҳии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон оинномаи чунин кассаҳо тартиб дода шуд. Мувофиқи он, пешниҳод шуда буд, ки ба хоҳишмандон – муҳтоҷон қарз ба миқдори аз 10 то 300 сӯм (он солҳо дар вилояти Самарқанд ба 30 сӯм як гови дӯшо ва ё як асп харидан мумкин буд) ба муҳлати аз 3 моҳ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ҳамин оинномаи уму- мии кишвар, минбаъд ҳар як кассаи нав бавуҷудомада оинномаи хоси худро тартиб медод.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин кассаҳои қарздиҳӣ соли 1876 дар шаҳри Намангони вилояти Фарғона, соли 1882 дар Каттақӯрғони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарқанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи Каттақӯрғон ҳудуди минтақаи Панҷакентро низ, ки тумани Нагорний меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи қарздиҳии уезди Хуҷанд ташкил ёфт. Фонди пулии кассаҳо аз маблағи даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз ҳисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шаҳрҳо иборат буд.
Миқдори кассаҳои қарздиҳии уездӣ дар кишвари Туркистон соли 1903 ба 21 ташкилот, бо сармояи 342,5 ҳазор рубл расид. Ин маблағ соли 1909 ба 1159 ҳазор рубл ва дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳон ба 1,6 млн рубл расид. Масалан, маблағи кассаи Хуҷанд агар ҳангоми ташкилшавӣ (соли 1885) 7,5 ҳазор рублро ташкил диҳад, пас соли 1909 он ба 12 ҳазор рубл расид. Албатта, ин миқдор маблағ талаботи рӯзафзуни истеҳсолкунандагони хурдро қонеъ гардонида наметавонист. Барои аксари онҳо чунин қарз дастнорас низ буд. Фаъолияти чунин кассаҳо танҳо ҳудуди кишвари Туркистонро фаро гирифта, онҳо дар қаламрави Аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳанӯз вуҷуд надоштанд.
Фаъолияти рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии Русия.
Рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии тиҷоратии Русия, ки манфиати саноати бофандагиро ҳимоя мекарданд, тарафдори рушди пахтакорӣ буданд. Чунонки таъкид кардем, маҳз бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ кишти пахтаи навъи амрикоӣ паҳн гардид. Маҳз он рафоқатҳо ва ширкатҳо зарурати қарзро барои рушди пахтакорӣ эҳсос намуда, чунин хоҷагиҳоро ба қадри имкон бо пул таъмин карданд.
Масалан, рафоқати «Мануфактураи бузурги Ярослав» шуруъ аз соли 1887 барои кишти пахтаи навъи амрикоӣ, ба ивази 8 дар- сади солона қарз медод. Ин рафоқат дар амалиёти қарздиҳии худ бо рафоқати «Владимир Алексеев» якҷоя фаъолият мекард. Ин ду рафоқат соли 1900 дар 14 волости уезди Андиҷон ба 5632 нафар деҳқонон қариб 415 ҳазор рубл қарз додаанд. Деҳқонон ба ивази ин қарз пахтаи худро бояд маҳз ба намояндагони ҳамин рафоқатҳо месупориданд. Намояндаи ин рафоқатҳо на танҳо дар ҳудуди вилоятҳои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар қаламрави Аморати Бухоро ва хонии Хева ҳам амал мекарданд.
Рафоқати «Кудрин ва К°», ширкатҳои «Бародарон Шлоссберг», «Познанскийҳо», «Крафт», «Л.Кноп», ки дар ноҳияҳои гуногуни кишвар фаъолият доштанд, ба мисли рафоқатҳои номбурда, бо шартҳои гуногун ба деҳқонон қарз медоданд. Масалан, рафоқати «Кудрин ва К°» (рафоқати тиҷоратию саноатии осиёимиёнагии «Кудрин ва К°») 27-уми июли соли 1884 (марказаш дар Маскав) аз тарафи 56 нафар саҳмдори москвагӣ, аз ҷумла ширкати Савва Морозов бо мақсади аз ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Эрон харидани пахта ташкил карда шуда буд. Ин рафоқат дар Оренбург, Тошканд, Хӯқанд, Кошғар, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Ашқобод ва Машҳад идора ва анборҳо дошт. Рафоқат деҳқонони ноҳияҳои пахтакор ва нуқтаҳои ба он наздикро бо қарзҳои гуногун таъмин менамуд.
Умуман, фаъолияти қарздиҳии рафоқатҳо ва ширкатҳои мар- казии Русия дар роҳи рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ, махсусан пахтакорӣ, қадами ҷиддие буд. Маҳз онҳо дар ҳудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкӣ шароити мусоид ба вуҷуд оварданд.
Бонкҳо. Зарурати дар шароити Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама кишвари Туркистон, оғоз намудани фаъолияти бонкҳои марка- зии Русияро рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии тиҷоратӣ ба миён гузоштанд, зеро намояндагони онҳо, ки дар кишвар бо корҳои тиҷоратӣ машғул буданд, на ҳама вақт бо пули зиёд ба ин сарза- мин омада метавонистанд.
Аз ин рӯ онҳо аз ҳукумати подшоҳӣ талаб мекарданд, ки дар кишвари дурдаст шуъбаи бонкҳои Русияро ташкил намояд. Мувофиқи талаби онҳо 10-уми майи соли 1875 дар Тошканд ав- валин ташкилоти давлатии қарздиҳӣ дар кишвар – шуъбаи Бон- ки давлатии Русия кушода шуд. Шуъба то соли 1890 дар сарзами- ни Осиёи Марказӣ ягона ташкилоти калони қарздиҳӣ ба ҳисоб мерафт ва он ба ширкату тоҷирони калон қарзи кӯтоҳмуддат (то як сол) медод. Минбаъд ин бонк дар шаҳрҳои Самарқанд (соли 1890), Хӯқанд (соли 1893), Бухоро (соли 1894), Ашқобод (соли 1895), Андиҷону Верний (соли 1911) шуъбаҳои худро кушод.
Аз аввали солҳои 90-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ бонкҳои тиҷоратӣ ё худ хусусии Русия ҳам шуъбаҳои худро кушо- данд. Шумораи онҳо, асосан, дар ибтидои асри XX афзуд. Нуҳ ада- ди чунин бонкҳо дар кишвар 45 ташкилот доштанд. Он бонкҳои тиҷоратии русиягӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ташкилотҳои худро доштанд, инҳоанд: Бонки Русию Осиёӣ (дар асоси собиқ бонки Русияю Чин бунёд гардидааст), Бонки тиҷорати Сибир, Бонки Азову Дон, Бонки Волгаю Кама, Бонки Муттаҳида (дар асоси собиқ Бонки тиҷорати байналмилалии Маскав бунёд гардидааст), Бонки русии тиҷорати беруна, Бонки тиҷорати Маскав, Бонки саноати Маскав ва Бонки ҳисоби Маскав. Инчунин як бонки нимҳукуматии Русия – Бонки ҳисоби қарздиҳии Эрон низ дар Осиёи Марказӣ ташкилот дошт. Ғайр аз ин бонкҳои Русия боз 18 адад бонки маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои қарздиҳии байнихудӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва шаҳрӣ мавҷуд буданд. Шумораи умумии ташкилоти бонкҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ ба 72 адад расида буд, ки аз онҳо дар арафаи Инқилоби октябр 61 ададашон амал мекарданд.
Шуъбаҳои бонкҳо бештар дар вилояти Фарғона (22 ташки- лот) ҷойгир шуда буданд. Дар вилоятҳои Сирдарё, Моварои Хазар (дар ҳар кадом –10 ташкилот), Самарқанду Ҳафтрӯд (дар ҳар кадом – 9 ташкилот), яъне дар кишвари Туркистон ҷамъан 60 ташкилоти бонкӣ ҷойгир буданд. Дар аморати Бухоро 11 ташкилот ва дар хонигарии Хева як ташкилоти бонкӣ амал мекарданд.
Дар байни шаҳрҳо дар ҷойи аввал Хӯқанд, ки 10 ташкилоти бонкӣ (як шуъбаи бонки давлатӣ, 8 ташкилоти бонкҳои хусусии марказӣ ва як бонки маҳаллӣ), дар ҷойи дуюму сеюм Бухорою Самарқанд (дар ҳар кадоми онҳо 8 ташкилоти бонкӣ) ва дар ҷойи чаҳорум Тошканд (бо 7 ташкилоти бонкӣ) қарор дошт.
Ғайр аз бонкҳои номбурда, дар ҳудуди кишвари Туркистон боз ду бонки марказии кишоварзӣ: Бонки Нижегороду Самара (аз соли 1899) ва Бонки Полтава (аз соли 1902) амал мекарданд. Онҳо ба соҳибони мулкҳои ғайриманқул – соҳибони корхонаҳо, замин, хонаҳо ба муҳлати аз 10 то 66 солу 2 моҳ қарзи дарозмуддат медоданд, вале хусусиятҳои кишварро ба назар гирифта, ин бонкҳо қарзро асосан ба муҳлати 20 солу 7 моҳ додаанд.
Бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ мустақилона амал мекарданд. Онҳо танҳо ба садораташон итоат намуда, дар асоси ойинномаҳои худ фаъолият мекарданд, яъне дар маҳалҳо ҳукуматдорони подшоҳӣ ба фаъолияти бонкҳо дахолат намекарданд.
Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон расман ягон ташкило- ти бонкӣ ҷойгир нашуда буд. Фақат дар шаҳри Хуҷанд як таш- килоти хазинахона (казначейство) амал мекард, ки корҳои хурди бонкӣ, аз ҷумла қабул ва фиристодани қарзҳо, сабт кардани қарзҳои векселӣ ва ғайраро иҷро мекард, вале ин чунин маъно надорад, ки сармояи бонкӣ ба сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон cap надароварда буд. Пеш аз ҳама, бояд ба эътибор гирифт, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ сарҳадди амали- ёт надошт. Аз ҳамин сабаб бисёр тоҷирону кордонҳои Хуҷанду Ӯротеппа ҳам узви фаъоли шуъбаҳои бонкии дар Самарқанд, Хӯқанд ва дигар шаҳрҳо амалкунанда ба ҳисоб мерафтанд. Маса- лан, Шуъбаи самарқандии Бонки давлатии Русия (дар асоси маъ- лумоти 1-уми январи соли 1915) дорои 440 нафар шахси вако- латдор (аккредитатсияшуда) буд, ки аз онҳо 111 нафарашон аз уезди Хуҷанд буданд.
Мутасаддиёни бонкҳо бо мақсади ҳарчи васеътар паҳн намудани фаъолияти худ аз хидмати миёнаравҳо: рафоқатҳо, ширкатҳо, тоҷирони бонуфуз, даллолон (комиссионерҳо) ва аробакашҳо моҳирона истифода мекарданд, зеро худи бонкҳо имкон надоштанд, ки бевосита бо истеҳсолкунандагон – деҳқонон, ҳунармандон, косибон, чорводорон ва дигарон сарукор дошта бошанд. Бинобар ин шуъбаҳои бонкҳо пулро ҳамчун қарз ба рафоқату ширкатҳо ва тоҷирони бонуфуз (бештари онҳо соҳиби корхонаҳои гуногун, махсусан, корхонаҳои пахтатозакунӣ буданд) медоданд. Рафоқату ширкатҳо ва тоҷирони калон дар навбати худ қарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисбатан хурд: тоҷирони миёна ва хурд, даллолон (комиссионерҳо), аробакашҳо ва дигарон тақсим мекарданд. Ин гурӯҳ дар навбати худ қарзро ба истеҳсолкунандагон, аз ҷумла ба деҳқонон мерасониданд.
Ширкатҳо ва рафоқатҳои маҳаллӣ. Нуқтаи охири қарз аз мар- кази ташкилотҳои бонкӣ ҳар қадар дур бошад, суди қарз ҳамон қадар ҳам меафзуд. Яъне, агар бонкҳо ба рафоқату ширкатҳо ё худ тоҷирони калон қарзро ба ивази 8-10% диҳанд, пас, дар маҳалҳои наздики бонк он қарз баъзан ба ивази 12-15% дастра- си деҳқонон мешуд. Вале дар гӯшаҳои дурдаст, ки рақобат вуҷуд надошт, фоидаи қарз 50-60% ва ҳатто аз он ҳам зиёд мешуд. Аз ин рӯ баъзе ширкатҳо манфиатдор буданд, ки қарзро аз бонкҳо гирифта, ба маҳалҳои дурдаст баранд, зеро дар чунин маҳалҳо, аз як тараф рақобат вуҷуд надошт, аз тарафи дигар ширкатҳо суди қарзро мувофиқи хости худ метавонистанд баланд кунанд.
Дар шароити Осиёи Марказӣ амалиёти пахта шуруъ аз киш- ти пунбадона то ба марказҳои саноатӣ расонидани нахи он – ҳама дар зери назорати сармоягузорони бонкҳо буданд.
Тавре ишора шуд, барои мутобиқ гардонидани фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Марказӣ, махсусан, барои амалӣ гардидани амалиёти қарздиҳии онҳо, рафоқатҳо ва ширкатҳо нақши муҳим бозидаанд. Ширкатҳо ва рафоқатҳое, ки солҳои 70–80-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ амал мекарданд, аксар рафоқат ва ширкатҳои маскавӣ ё худ аз дигар шаҳрҳои марказии Русия буданд, вале онҳо ҳам дар амалиёт баҳри рушди фаъолияти худ, ба тоҷирони маҳаллӣ такя мекарданд. Дар натиҷа, минбаъд аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ бунёдкунандагони ширкатҳо, баъд- тар рафоқатҳои бузург сабзида расиданд, ки мисоли онро дар си- мои ширкатҳои бародарон Вадяевҳо, Р.Ш. Потеляхов ва дигарон дида метавонем.
Масалан, 24-уми ноябри соли 1894 Шуъбаи Хӯқандии Бонки давлатии Русия ба тоҷирони начандон номӣ бародарон Вадяевҳо (яҳудиёни бухороӣ) 50 ҳазор рубл қарз дода буд. 21-уми июли соли 1900 ҳамон шуъба кордонии онҳоро ба назар гирифта, миқдори қарзро то ба 100 ҳазор рубл зиёд намуд. Ин гуна ёрии бонкӣ ба бародарон Вадяевҳо имкон дод, ки 28-уми феврали соли 1902 дар Хӯқанд бо номи «Хонаи тиҷоратии бародарон Вадяевҳо» бо сармояи 70 ҳазор рубл ширкати мустақиле бунёд кунанд. Мақсади ин ширкат асосан хариду фурӯши пахта, фурӯши маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоб мерафт. Кордонии Яъқуб ва Сион Вадяевҳо диққати амалдорони бонкҳои марказии Русияро ҷалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, Бонки давлатӣ миқдори қарзи Вадяевҳоро боз ҳам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 ҳазор рубл ва соли 1907 то ба 250 ҳазор рубл афзуд.
Бародарон Вадяевҳо баъди дар Осиёи Марказӣ паҳн гардидани фаъолияти бонкҳои марказии тиҷоратии русиягӣ шахсони боэътимоди бисёре аз онҳо гардида буданд. Дар натиҷа, бародарон Вадяевҳо дар қатори Бонки давлатӣ аз дигар бонкҳои тиҷоратии марказӣ низ қарзҳои зиёди нисбатан имтиёзнок гирифта, ба амалиёт даровардаанд. Дар замони афзудани рақобати байни бонкҳо наздикшавии ширкати Вадяевҳо бо Бонки тиҷоратии марказии Русияву Осиё аҳаммияти махсус дошт ва он 11-уми майи соли 1912 ба ташкил дода шудани ширкати боз ҳам калонтари «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо» боис гардид.
Дар рафоқат низ бародарон Сион ва Яъқуб нақши пешбар бо- зиданд. Аз ширкати собиқи Вадяевҳо амалиёти пахта ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба рафоқат гузашт. Охири соли 1913 дар ихтиёри ин рафоқат 9 корхонаи шахсии пахтатозакунӣ ва 15 корхонаи иҷора, яъне ҷамъ 24 корхонаи пахтатозакунӣ кор мекард. Охири соли 1912 шумораи он корхонаҳои пахтатозакунӣ ба 28 адад расид, ки аз онҳо 12 корхона моли худи ширкат ва 16 корхона иҷора буд.
Бонки Русияву Осиё, ки дар қатори бародарон Вадяевҳо бунёдгузори рафоқат ба ҳисоб мерафт, дар муддати фаъолияти муштарак ба ширкат (солҳои 1912 – 1915) маблағи хеле бузурги имтиёзнок дода буд. Рафоқат маҳз ба шарофати ин бонк аз 1-уми ноябри соли 1913 то майи соли 1914 ба деҳқонони пахтакор ба миқдори зиёда аз 12,5 млн рубл қарз додааст. Дар натиҷа, миқдори умумии қарзи ба деҳқонон додаи ин рафоқат зиёда аз 36 млн рублро ташкил намуд.
Рафоқати Вадяевҳо сол то сол пурқувват мегардид. Аз панҷ як ҳиссаи пахтаи Осиёи Марказӣ танҳо ба воситаи ҳамин рафоқат ба марказҳои саноатии Русия фиристода мешуд. Дар соли 1915 рафоқат бо бонкҳои гуногун робита дошт. Вай ҳиссаи асосии саҳмҳои яке аз ҷамъиятҳои калонтарини саҳомии Русия «Салолин»-ро низ соҳиб шуд. Дар натиҷа, рафоқати Вадяевҳо дар арафаи маҳви низоми подшоҳии Русия ба қатори рафоқатҳои бу- зургтарини соҳаи саноати сабуки империя (махсусан, дар соҳаи пахта, равған ва маргарин) дохил гардид.
Фаъолияти рафоқатҳо нисбат ба ширкатҳо хеле васеъ буд. Аз ин ҷиҳат ташкилёбии рафоқати Вадяевҳо ва баъд рафоқати Поте- ляхов аз кӯшиши бунёди иттиҳодияҳои монополистӣ дар Осиёи Марказӣ дарак медод.
Ташкилоти хурди қарздиҳӣ. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ чун дар тамоми империяи Русия дар шароити кишвари Туркистон ҳам яке аз вазифаҳои навбатии ҳукумати подшоҳӣ наҷот додани хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Онҳо дар ин соҳа роҳи ягонаи наҷотро дар ҷорӣ намудани амалиёти ташкилоти хурди қарздиҳӣ медиданд.
Ташкилоти хурди қарздиҳӣ, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон ҳам бояд мувофиқи қонуни 7-уми июни соли 1904 қабулшуда бунёд мегардиданд. Дар асоси он қонун се навъи чунин ташкилот пешбинӣ шуда буд: рафоқати қарздиҳӣ, рафоқати қарздиҳии амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии амонатӣ. Соли 1905 доир ба ҳар кадоми ин шаклҳо оинномаҳои махсус таҳия карда шуд. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳо, рафоқати қарздиҳӣ танҳо аз ҳисоби маблағи Бонки давлатӣ ташкил меёфт, бинобар ин нисбат ба аъзои худ ҳаққи узвият надошт. Ҳангоми амалиё- ти мусбати рафоқат Бонки давлатӣ нисбат ба он сари чанд вақт миқдори қарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоқати қарздиҳӣ ба уҳдаи давлат мегузашт.
Рафоқати қарздиҳии амонатӣ дар асоси ҳаққи узвияти бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокӣ, яъне ҳаққи узвияти саҳм (дивиденд) ҳам ба фоидаи узви он буд. Фақат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин рафоқатҳо метавонистанд аз қарзи Бонки давлатӣ истифода кунанд. Ҳангоми пароканда ва ё қатъ карда шудани фаъолияти онҳо тамоми маблағашон дар байни узв – бунёдгузоронашон тақсим карда мешуд. Барои ташкил намудани ҳар ду шакли рафоқатҳои номбурда, яъне рафоқатҳои қарздиҳӣ ва карздиҳии амонатӣ, ариза бо имзои беш аз 20 нафар шахсони алоҳида зарур буд. Яъне ташкил намудани чунин ташкилот ба ташаббуси худи истеҳсолкунандагони хурд – деҳқонон, ҳунармандон ва косибон вобастагӣ дошт. Фарқи шакли сеюми ташкилот, яъне кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ аз рафоқатҳои номбурда он аст, ки ин ташкилот бо ташаббуси ҷамъиятҳои алоҳида ё ҷамъиятҳои деҳотӣ ташкил карда мешуд.
Дар шароити кишвари Туркистон аз ҳар се шакли мазкур танҳо ду шакли аввала, рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ ташкил карда шудаанд.
Ташкилоти хурди қарздиҳӣ қарзро ба таври имтиёзнок танҳо ба узви худ, ба миқдори барои ҳар як нафар то ҳазор сӯм, бар ивази то 12%-и солона медод. Қарзи дарозмуддат то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол муайян карда шуда буд.
Дар қаламрави кишвари Туркистон соли 1907 аввалин рафоқати қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона ташкил карда шуд. Аз соли 1910 чунин рафоқатҳо ба таври оммавӣ бунёд гардиданд. Соли 1917 шумораи умумии онҳо ба 900 адад расид. Аз ин ҳисоб тахминан 340 рафоқати карздиҳӣ ва бештар аз 500 рафоқати қарздиҳии амонатӣ мавҷуд буданд. Шумораи умумии узви ташкилоти хурди қарздиҳӣ танҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 ҳазор нафар расида буд.
Аз сабаби он ки талаботи истеҳсолкунандагон ба қарз хеле зиёд буд, бинобар ин баробари афзудани шумораи ташкилоти хурди қарздиҳӣ, маблағи онҳо низ меафзуд. Фақат соли 1917 аз тарафи тамоми ташкилоти хурди қарздиҳии кишвар (ғайр аз вилояти Моварои Хазар) ба истеҳсолкунандагон қариб 51 млн сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд.
Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ноҳияҳои пахтакор, ғаллакор, чорводор, маҳалҳои ҳунармандону косибони танҳо кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Бисёр хоҷагиҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотҳо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоқатҳои қарздиҳии Ӯротеппа, Нов, Қистакӯз, Исфисор, Ғӯлакандоз, Исфара, Маҳрам ва ғайра мисол шуда метавонанд. Ташкилоти хурди карздиҳӣ баробари мустаҳкамшавӣ ва васеъ кардани фаъолияти худ инчунин, вазифаи миёнаравиро низ ба уҳда доштанд, яъне аъзояшонро бо афзорҳои кишоварзӣ, пунбадонаи тухмӣ, тухми кирмак, ғалла таъмин мекарданд.
Дар шароити кишвари Туркистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, барои дастгирӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол, ҳунармандон ва косибон нақши муҳим бозидаанд. Ин раванд истеҳсолкунандагонро аз панҷаи миёнаравон, махсу- сан судхӯрон, пурра халос карда натавониста бошад ҳам, ба ҳар ҳол, ба хоҷагиҳои миёнаҳол дасти ёрӣ дароз карда, қисми зиёди онҳоро аз фақру харобшавӣ эмин дошт.
Санаҳои муҳим:
1870 – пешниҳоди генерал-губернатори Туркистон Кауфман доир ба зарурати кассаҳои қарздиҳии уездӣ дар шароити кишвари Туркистон.
1875, 10-уми май – дар шаҳри Тошканд кушода шудани шуъбаи Бонки давлатии Русия, ки аввалин ташкилоти бонкӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.
1876 – бунёди аввалин кассаи қарздиҳии уездӣ дар Намангон.
1890 – 1917 – дар қаламрави Осиёи Марказӣ кушода шудани ташкилоти гуногуни бонкҳои марказии Русия ва ба вуҷуд омадани бонкҳои маҳаллӣ.
1904, 7-уми июн – қонун дар бораи ташкилоти хурди қарздиҳӣ.
1907 – таъсиси аввалин ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона.
1912, 11-уми май – ташкил шудани «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо».
Савол ва супоришҳо:
1) Кассаҳои қарздиҳии уездӣ бо кадом мақсад ва дар кадом қисми қаламрави Осиёи Марказӣ ташкил карда шуданд?
2) Дар бораи фаъолияти қарздиҳии ширкатҳои марказии Русия дар Осиёи Миёна чӣ медонед?
3) Бонкҳои марказии Русияро, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ амал мекарданд, номбар кунед.
4) Миёнаравҳо киҳо буданд ва зарурати онҳо барои фаъолияти бонкҳо дар чист?
5) Дар бораи ширкатҳо ва рафоқатҳои маҳаллӣ чӣ медонед?
6) Бародарон Вадяевҳо чӣ тавр ба муваффақиятҳои бузург ноил гардиданд?
7) Зарурати барпо намудани ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар чист ва аҳаммияти онҳоро дар чӣ мебинед?
8) Ташаббуси таъсиси ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар ихтиёри кӣ буд?
9) §§ 2, 18, 19 ва 20-ро такрор намоед.
Хонандагон бояд: сиёсати молиявию қарзӣ ва ба вуҷуд омадани ташкилоти бонкиро дар Осиёи Марказӣ дар замони мустамликавӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама