Сабабҳои шӯриш. Дар байни шӯришҳои солҳои 80-ум бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш низ бенавоӣ ва қашшоқии халқи мазлум, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ гардидаанд. Бенавоии мардуми ин бекигарӣ ба дараҷае буд, ки мувофиқи нақли яке аз иштирокчиёни шӯриши Восеъ – Давлат Собиров дар он замон «дар ихтиёри мардони як деҳа танҳо як ҷома буд ва касе ба бозор равад ё домод шавад, ҳамон ҷомаро мепӯшид». Падари Восеъ – Шакар (номи бобояш – Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷи Балҷувон будааст. Бо сабаби рӯй додани баъзе ҳодисаҳо ӯ ба деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг муҳоҷир гардид, ки дар он ҳангом Восеъ шонздаҳсола буд. Вайро дар ҷавониаш ба ҳайати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарабек сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро – Музаффархон ширкат варзидааст. Восеъ ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Дар натиҷаи ин Васеъ бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос гардид. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буд. Ӯ зағирро қисман худаш кишт мекард ва бештар онро аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеи паҳлавонҷусса тахминан 35-37-сола будааст.
Баҳонаи шӯриш. Мувофиқи ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои дар сари вақт насупоридани андоз ба бозори Ховалинг, барои қатл овардаанд. Дар ҳудуди аморат ҳукми қатлро амир медоду дар шароити Бухорои Шарқӣ ин гуна ҳуқуқро пештар танҳо ҳокими Ҳисор дошт. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдоронаш ҳамла намуд ва маҳбусони бечораро аз марг наҷот дод. Дар ҳамон лаҳза қисме аз деҳқонони дар бозорбуда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт. Мувофиқи ин ривоят ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.
Мувофиқи ривояти дигар, вақте Восеъ машғули хирманкубӣ будааст, мансабдорони ҳокими Балҷувон омада, аз ӯ чор танга андози «ноҳаққона» талаб кардаанд. Восеъ пул надошт, вале мансабдорон ӯро ба ҳолаш нагузоштаанд. Бинобар ин Восеъ ба ғазаб омада, бо як чолокӣ ба мансабдорон ҳамла намуда, онҳоро аз асп зада меафтонаду мегурезад.
Оғоз ва рафти шӯриш. Восеъ дар муддати даҳ рӯз деҳаҳои Сурхдара ва Шӯробдараро тай намуда, мардумро ба шӯриш даъват кардааст. Дар рӯзи ёздаҳум дар теппаи кӯҳи Тали Баландсор гулхан афрӯхтаанд, ки ин нишонаи даъват ба шӯриш буд. Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёраш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 нафар расид. Онҳо бист рӯз дар мавзеи Сурсақова ба мубориза тайёрӣ диданд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хурд. Шӯришгарон деҳаи Хоҷабалҷувон ва ниҳоят қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. Ҳашт рӯз Балҷувон дар ихтиёри шӯришгарон монд. Он лаҳза шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расид. Онҳо, асосан, аз ҷумлаи мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷина, Шайхон, Чуқурак, Оқтирак будаанд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумат»-и худро ташкил дод, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъин шуданд.
Доир ба оғози шӯриш маълумоти дигаре низ ҳаст, ки мувофиқи он шӯришгарон бо сарварии Восеъ аввал ҳавлии амлокдори Ховалинг ва ҳомиёни онро ба хок яксон намуда, пас ба сӯйи қалъаи Балҷувон ҳаракат кардаанд. Онҳо ба қалъа якбора ҳуҷум накардаанд, баръакс, ба назди ҳоким Мирзо Акрам намояндагони худро фиристода, розигии ӯро барои кам кардани андоз пурсидаанд. Ҳоким бошад, он намояндагонро ҳабс намуда, (рассом С. Пирумшоев) ба назди шӯришгарон барои ташвиқот чанд нафар муллоҳоро фиристода, хостааст ки бо ҳамин усул онҳоро пароканда намояд. Аммо шӯришгарон, ки дар деҳаи Тутиқозӣ (наздикии Балҷувон) меистоданд, ба найранги он муллоҳо бовар накарданд. Дар ҳамин лаҳза сарбозони ҳоким якбора ба муқобили шӯришгарон ба ҳуҷум мегузаранд. Восеъ ҳушёриро аз даст надода, дар аввал қувваи худро ба ҳолати мудофиавӣ гузаронида, баъд ҳуҷум мекунад. Дар натиҷа ғалаба насиби Восеъ мегардад. Ин муҳорибаи аввалин ва ҳам ғалабаи нахустини Восеъ дар рафти шӯриш ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба ҳатто сарвари қӯшунҳои бек Содиқбек кушта мешавад. Ҳоким ва атрофиёнаш ба сӯйи Кангурт мегурезанд. Шӯришгарон бошанд, баробари ба даст даровардани ғалаба намояндагони худро аз ҳабс озод намуда, аслиҳаи ба даст даровардаро дар байни худ тақсим мекунанд. Мувофиқи ин ривоят шӯришгарон танҳо се шабонарӯз қалъаи Балҷувонро соҳибӣ кардаанд, вале онҳо «аз ғалабаи худ мамнун шуда, қадаме аз Балҷувон берун намондаанд».
Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам, аз вазъият истифода бурда, ба ёрии ӯ қувваҳои парокандаи худро аз сари нав ҷамъ менамояд. Дар ин муддат дастаи сарбозони беки Кӯлоб омада мерасад. Мирзо Акрам дар якҷоягии онҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда, онро соҳиб мешавад. Шӯришгарон ба сӯйи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ карда, қалъаи Балҷувонро бори дуюм ба даст медароранд. Дар ин муҳориба сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр низ кушта мешавад. Ҳокими Балҷувон боз роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил мегирад. Дар ихтиёри Восеъ Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт мегузарад. Овозаи ғалабаҳои Восеъ ниҳоят то ба амир Абдулаҳадхон, ки ӯ ҳамон лаҳза барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ мерасад. Расидани ин хабар, дар як вақт бо ба сӯйи Ҳисор, аз тарафи амир фиристодани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонақул қӯшбегӣ баробари ба мулкаш омада расидани он сарбозон, ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба уҳдаи худ гирифта, барои пахш намудани шӯриш ба сӯйи Балҷувон мешитобад. Восеъ аз омадани қувваҳои зиёди амирӣ хабардор шуда, Пули Сангини – дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯйи Балҷувон буд, вайрон мекунад, вале Остонақул таъхир накарда, барои аз дарёи Вахш гузаштан, мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо маҷбуран гузаргоҳе месозад.
Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан, ба муқобилати сахти шӯришгарон дучор мешаванд. Он лаҳза дастаҳои ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ –Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале сифатан акнун бартарӣ ба фоидаи Остонақул буд, зеро дар Кангурт ба онҳо дастаҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда будаанд. Дар Тутқавул ва Кангурт дар байни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд. Вале ин ҳар ду муҳориба ҳам ба фоидаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.
Шикасти шӯриш. Восеъ баъди шикастхӯриҳои Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо дастаи камшумори боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқуъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхӯрӣ ба деҳаи Гулдара, ба назди Юнус ном ҳаммаслакаш мегурезад. Юнус Восеъро дар камари обшара пинҳон менамояд. Вақте Давлат–қаравулбегӣ аз ҷойи Восеъ огоҳ мегардад, Юнус дӯсташро аз ин хабардор мекунад ва Восеъ дар Девлох ном кӯҳ паноҳ меёбад. Баъди ин воқеа амалдорони ҳоким худи Юнусро дастгир намуда, ба сараш равғани доғро рехта куштанд. Писари Юнусро бошад, бо шамшер пора карданд.
Ниҳоят Маҳмадалӣ ном хоин (собиқ иштирокчии шӯриш, ки аз тарафи сарбозони ҳоким ҳабс карда шуда буд ва гӯё аз ҳабс гурехта, ба Восеъ ҳамроҳ шудааст) ба Восеъ маслиҳат медиҳад, ки аз кӯҳҳои Девлох ба Буздара ном чарогоҳ раванду аз он ҷо ҳамаашон (онҳо 12 нафар будаанд) асп гирифта, ба Афғонистон гурезанд. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир меафтад. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Остонақул қӯшбегӣ вайро бо шаш нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, мефиристад. Бо ҳукми амир Восеъро дар тоқи нимвайронаи Оқсарои Шаҳрисабз ба дор кашиданд.
Баъди саркӯб намудани шӯриш 120 нафар иштирокчии он ҳабс ва 46 нафари онҳо қатл гардиданд. Минбаъд ҳам таъқибкунии иштирокчиёни ин шӯриш панҷ сол давом мекунад.
Дар шӯриш, асосан, деҳқонон иштирок кардаанд. Инчунин, нисбати ин шӯриш баъзе сарватмандон ва диндорон низ хайрхоҳ буданд. Чунончи, ҳангоми ҳабси Восеъ Эшони Халифа писарони Восеъ – Ҳасан ва Давлатро дар хонаи худ пинҳон намудааст. Ё худ ҳангоми ба Шаҳрисабз фиристодани Восеъ ҳамроҳи ӯ, чун гунаҳкорони ашаддии ин воқеа, аз ҷумлаи мансабдорони маҳаллӣ, ба монанди Абдулҳақхоҷаи Соҳибзода, Муллобойи тӯқсабо, Қурбон қаравулбегӣ, Хӯҷамурод мирохӯр ва дигарон низ будаанд.
Сабабҳои шикастхӯрӣ. Сабаби асосии шикастхӯрии шӯриши Восеъ, чун дигар шӯришҳои деҳқонӣ, ин пеш аз ҳама, ба он ҷалб нагардидани деҳқонони дигар деҳаю бекигариҳо, камтаҷрибагии сарварони шӯриш, мавҷуд набудани нақшаи амалиёт, нокифоягии аслиҳаи ҷангӣ буд.
Аҳаммияти шӯриши Восеъ дар он аст, ки баъди пахш намудани шӯриш ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд, ки миқдори ситонидани баъзе навъҳои андозро кам намоянд (масалан, аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4 тангагӣ рӯёнида мешуд) аз байн бардоранд. Рафти ин шӯриш, қаҳрамониҳои Восеъ ва мардуми ин диёр дар романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода – «Восеъ» ба тарзи образнок нишон дода шудааст.
Сарчашма:
Аз маълумоти бойгонӣ ошкор мегардад, ки амалиёти ҷангии байни шӯришгарон ва сарбозони бек дар даҳрӯзаи аввали моҳи июли соли 1888 оғоз ёфта, то миёнаи ҳамон моҳ ба авҷи баланди худ расидааст. Тахмин меравад, ки дафъаи аввали аз тарафи шӯришгарон ишғол намудани қалъаи беки Балҷувон ба 12–13 июл рост меояд. Ба ин хабари ба намояндаи расмии Русия дар Бухоро расида шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла дар хабари 18 июли соли 1888 аз Бухоро (аз маълумоти сардори Агентии сиёсии Русия дар Бухоро Н. Чариков) ба сардори Департаменти Осиёии ВКХ Русия Н.О. Резенбах расида, омадааст, ки «Акрамбеки ба Балҷувон фаристодашуда акнун дар ҳузури тӯраҷони Бойсун (яъне беки Бойсун – Н.Ҳ.) мебошад, дигар ба тарафи Балҷувон намеравад, мегӯянд, ки дар он ҷо аҳолӣ ба ҷунбиш даромадааст».
Санади дигар, ки дар он 9 июли соли 1888 омадааст, ин вазъи нооромро боз возеҳтар нишон медиҳад. Аз ҷумла дар он доир дар бораи аз тарафи амир бо сардории Акрамбек саркарда ба Балҷувон фиристодани ҳазор сарбозу дувоздаҳ амалдор ва артиллерия сухан меравад.
АВПРИ – Ф. СПб, Главный архив -1-9. Оп. 111. -Д. 10. -Лл. 329-330, 313. ( Пирумшоев Ҳ. Табли озодӣ дар аҳди бедорӣ. – Душанбе, 2018. С. 239-240).
Санаҳои муҳим:
1870 – Восеъ дар ҷанги муқобили лашкари амири Бухоро – Музаффархон ширкат варзидааст. 1888 – шӯриши Восеъ.
Саволҳо ва супоришҳо:
1) Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо cap шуда, кадом маҳал ва ҳудуди ноҳияҳои ҳозира фаро гирифтааст?
2) Дар бораи сабаб ва баҳонаи шӯриши Восеъ чӣ медонед?
3) Ҳамсафони Восеъ киҳо буданд?
4) Дар бораи шахсияти Восеъ ва рафти шӯриши ӯ нақл кунед.
5) Дар бораи сабабҳои шикаст хӯрдан ва аҳаммияти шӯриши Восеъ чӣ медонед?
6) Дар бораи шӯриши Восеъ кадом нависандаи тоҷик романи таърихӣ навиштааст ва он чӣ ном дорад?
7) §§ 9, 10, 16, 17 ва 23-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: сабабҳо, баҳона, оғоз ва рафти шӯриши Восеъро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама