Тавре ки қаблан зикр карда шуд, аз қувваҳои амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) танҳо беки Чорҷӯй бо қисме аз дастаҳояш асир гирифта шуд. Бекҳо – ҳокимони боқимондаи ин сарзамин бо сарбозони содиқи худ ба ҳар сӯ, аксар ба сӯйи Бухорои Шарқӣ фирор карданд. Худи амир Олимхон ҳам аз Бухорои Куҳна роҳи сӯйи Ғиждувонро пеш гирифта, рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 ба Бухорои Шарқӣ фирор кард ва ниҳоят дар деҳаи Душанбе қарор гирифт.
Яке аз сабабҳои маҳз дар деҳаи Душанбе қарор гирифтани амир Олимхон он аст, ки шаҳраки Ҳисор, агарчи ҳамчун маркази бекнишин нисбатан бузургтар ва ободтар буд, вале он солҳо барои зиндагии тобистона мусоид набуд. Зеро атрофи ин шаҳракро ботлоқзор ва найзорҳо иҳота карда буданд, ки сабаби дар фасли тобистон хеле зиёд гардидани хомӯшаку ҳар гуна ҳашарот мешуданд. Бинобар ин беки Ҳисор, амалдорону давлатмандони ин шаҳрак фасли тобистонро аввал бештар дар шаҳраки Қаротоғ мегузарониданд, вале шаҳраки Қаротоғ дар натиҷаи заминҷунбии 21-уми октябри соли 1907 хеле хароб гардида буд. Баъди он мақоми деҳаи Душанбе ҳамчун манзили барои зист мувофиқ дар фасли тобистон бештару беҳтар шуда буд. Баробари дар Душанбе қарор гирифтани амир, мақоми сиёсии ин деҳа торафт афзудан гирифт.
Фармондеҳи Фронти Туркистон М.Фрунзе 4-уми сентябри соли 1920 дар назди аскарони сурхи гурӯҳи бухороию самарқандӣ вазифаи нав гузошта буд, ки мувофиқи он, дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шуравӣ дар назар дошта мешуд. Барои иҷрои ин вазифа гурӯҳи дар мувофиқа, пеш аз ҳама, Шеробод ва Бойсунро гирифта, бояд бо гарнизони Тирмиз робита барқарор менамуд. Инчунин, ҳамин гурӯҳ иттифоқан бо Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ, барои бо қувваҳои якҷоя ба даст даровардани ноҳияи Ҳисор, мебоист отряди мусалмонӣ ташкил мекард, аммо М.Фрунзе худ ин нақшаро амалӣ карда натавонист. Мувофиқи қарори Шурои Ҳарбии Инқилобии Федератсияи Русия ӯ аз кишвари Туркистон даъват карда шуд ва фармондеҳи Фронти Ҷануб таъин гардид. Бинобар ин вай 10 сентябр аз кишвар бозхонда шуд.
Қисмҳои аскарони сурх ҳамоно аз дунболи амири гуреза мерафтанд. Онҳо 11 сентябр бе ҷанг Дарбанд ва баъди он, дар натиҷаи муҳорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд. Вале сарварони нави қисмҳои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъияти навро баррасӣ намуда, набудани захира ва қисмҳои эҳтиётӣ, наздик будани тирамоҳу зимистон, набудани роҳи мувофиқ барои кашондани тӯпҳои ҷангӣ, хастагии аскарону аспҳо ва ғайраро ба инобат гирифта, ба пеш ҳаракат кардани қисмҳоро лозим надонистанд. Бо сабабҳои номбурда дар мавзеъҳои номбурда, яъне Дарбанду Бойсун мавқеъ гирифта истодани онҳо низ ғайриимкон буд. Бинобар ин 13 сентябри ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх ба сӯйи Ғузор ақиб гаштанд ва худи ҳамон рӯз роҳи Қарширо пеш гирифтанд. Бо ҳамин ҳаракати қисмҳои аскарони сурх аз қафои амири гуреза як муддат қатъ гардид. Дар ин муддат ҳар ду тараф ба муқобили якдигар омодагӣ медиданд.
Аз Дарбанду Бойсун ба Қаршӣ, ба қафо баргаштани қисмҳои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ӯро руҳбаланд намуд. Онҳо бо роҳҳои гуногун, яъне чи аз ҳисоби сарбозони аз Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ин сӯ омада ва чи аз ҳисоби мардум ҷамъ намудани қувваи нав, инчунин, ҷалб намудани гурезагон– аксулинқилобчиёни кишвари Туркистон қувваи азимеро омода намуданд. Амир дар ин мулк ҳукумати муваққатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода намудани амалиёти ҷангӣ барои аз аскарони сурх баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳисоб мерафт. Дар ҳукумати нав тағои амир Муҳаммадсаидбек парвоначӣ вазифаи вазири ҳарбиро ба уҳда дошт. Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбек сараскарони низомӣ ба ҳисоб мерафтанд. Амир бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ руҳбаланд намудан, ба Иброҳимбек унвони мирохуриро дод. Ҳамон лаҳза дар атрофи амир дар қатори Иброҳимбек боз Олимбой, Давлатманбий, Эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмонқул додхоҳ ва дигарон аллакай аз ҷумлаи симоҳои номии «ҳарбӣ» буданд.
Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ ҳам таъқиби мухолифони режими худро давом дод. Ҳарчанд дар Бухорои Шарқӣ ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятҳои нисбат ба низоми ӯ мухолиф вуҷуд надоштанд, вале бо мақсади тарсонидани чашми мардум чанд нафарро бо туҳмати ҷадидӣ қатл намуд. Аз ҷумла, дар майдони Душанбе 26 нафар камбағалро бо иттиҳоми «хайрхоҳӣ нисбат ба аскарони сурх ва Ҳукумати Шуравӣ» куштанд.
Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли 1920 амир дар Душанбе тамоми сарварони қувваҳои зиддишуравии дар Бухорои Шарқӣ буда, аз ҷумла намояндагони қувваҳои аксулинқилобии аз кишвари Туркистон ва аз Хева омадаро низ ба анҷумани махсус даъват намуд. Дар он намояндагони аксулинқилобии гвардиячиёни сафеди рус, намояндагони афғон ва ғайра низ ҳузур доштаанд. Анҷуман қарор кард, ки бо тамоми қувваҳои зиддишуравии Осиёи Миёна якҷоя амал кунанд.
Дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон ба ҳайати қӯшунҳои худ каси бисёрро сафарбар намуда, аз рӯзҳои аввал нокифоягии лавозимоти ҳарбиро эҳсос намуд. Оҳангарони маҳаллӣ вазифадор карда шуда буданд, ки танҳо барои сарбозони амир лавозимоти зарурӣ, пеш аз ҳама, шамшер тайёр намоянд, вале ин ҳама нокифоягӣ мекард. Бинобар ин умеди ягонаи вай ба кумаки ҳукумати Англия буд.
Ҳанӯз 12-уми октябри соли 1920 амир Олимхон ба подшоҳи Британияи Кабир муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳарчи зудтар, чун дастгирии дӯстона, бо ҳамроҳии қосидони фиристодааш 100 ҳазор фунт стерлинг чун қарзи давлатӣ, 20 ҳазор адад туфанг бо миқдори тирҳои лозимӣ, 30 адад тӯп бо тирҳояш ва 10 адад аэроплан бо лавозимоти зарурӣ фиристад. Боз ӯ хоҳиш намудааст, ки 2 ҳазор нафар аскарони мусаллаҳи англо-ҳиндии дар Ҳиндустон доштаашро ба воситаи Қаротегин, барои мубориза бо болшевикон фиристад. Вале ҳукумати англис, агарчанде ҳанӯз ҳам аз мавқеи зиддишуравӣ даст накашида буд, бо сабабҳои гуногун хоҳиши амирро ба ҷо наовард. Пеш аз ҳама, шикаст хӯрдани он дар интервенсияи зиддишуравии солҳои 1918–1920 ва шикастхӯриаш дар ҷанг бо озодихоҳони Афғонистон имкон надод, ки аз Қаротегин фронти нави муқобили шуравиро оғоз намояд. Инчунин, ҳукумати Британияи Кабир аз фиристодани лавозимоти ҳарбӣ ба ихтиёри амир ҳам худдорӣ кард, зеро метарсид, ки аслиҳаи фиристодашуда дар роҳ ба дасти озодихоҳони афғон меафтаду он силоҳҳо баръакс, ба муқобили худи англисҳо нигаронида мешаванд. Бинобар ин, ҳукумати англисҳо ба воситаи сафоратҳои дар Кошғар ва Машҳад доштаи худ вазъи Осиёи Миёна, аз ҷумла, Бухороро танҳо мушоҳида намуда, аз оғози корҳои амалӣ, аз ҷумла аз фиристодани аслиҳа барои амири гурезаи Бухоро, худдорӣ намуд.
Бо сабабҳои боло ба амир Олимхон лозим омад, ки баҳри ба даст даровардани мақсадаш, яъне на танҳо нигоҳ доштани Бухорои Шарқӣ, балки баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), танҳо ба иқтидори ҷамънамудаи худ такя намояд. Аз ин рӯ дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пай дар ҳам зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷоти афзудаистода ба души мардуми дар зери даст доштааш андозҳои зиёдро бор кард.
Албатта, мисли пештара ба Бухорои Шарқӣ дастаҳои аксулинқилобии дар ноҳияҳои гуногун аз тарафи аскарони сурх пароканда кардашуда паноҳ меёфтанд. Ҳатто бекигарии Масчоҳ ҳам аҳаммияти масъалаи Бухорои Шарқиро ба эътибор гирифта, декабри соли 1920 ба кумаки амир 400 нафар ҷангиёни мусаллаҳи худро фиристод. Ин ҳама, албатта, ба амир илҳоми тоза мебахшид, вале сиёсати нави нисбат ба мардуми сарсахти Бухорои Шарқӣ пеш гирифтаи амир ба худ хусусияти фоҷиавиро мегирифт.
Умуман, баъди ба Бухорои Шарқӣ гурехта омадани амир Олимхон дар ин мулк на танҳо тартиботи пештараи амирӣ нигоҳ дошта шуд, балки низоми барои халқ боз ҳам вазнинтаре ба вуҷуд омад.
Сарчашма:
Садриддин Айнӣ аз рӯйи ривояти Ҳоҷӣ Абдусаттор ном яке аз саркардагони Бухоро, ки ҳангоми гурехтани амир Олимхон вайро ҳамроҳӣ кардааст, дар бораи бунёди салтанати нави ӯ ин тавр навиштааст: «Амир дар вақти фирори худ чанд ароба ашёи пурқимат ва зару сим бо худ гирифта бошад ҳам, аз бими таъқиб ҳамаро дар роҳ андохт. Чунончи, дар вақти ворид шуданаш ба Ҳисор гӯё, ки бечиз буд. Бинобар ин, ҳокимон ва сарватдорони он сарзаминро ба мусодира кашида, филҷумла асбоби ҳашмати худро ороста кард... Амир дар ин ҷо низ бо туҳмати ҷадидӣ чанд нафарро ба қатл расонид». (Ниг.: С.Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 10. – с. 186–187).
Амир Олимхон аз Бухорои Куҳна роҳи сӯйи Ғиждувонро пеш гирифта, саҳарии рӯзи дигар, яъне 2-юми сентябри соли 1920, аз он ҷо ба тарафи Бухорои Шарқӣ гурехт. Ин ҳодисаро худи амир дар хотираҳояш чунин шарҳ додааст: «Аз Ғиждувон дар муддати ҳашт рӯз то ба вилояти Қӯрғонтеппа, тобеъи Бухоро расида, як даҳ рӯз дар он ҷо истодам. Ҳангоми убур аз Ғиждувон ногаҳон аробавагони оҳанпӯш (поезди зиреҳпӯш – Н.Ҳ.) пайдо шуда, роҳро ба бенавоён баст. Дар он мавқеъ чанд нафар аз бузургон ва атрофи ман, аз қабили Усмон қӯшбегӣ, қозиюлқуззот (яъне қозикалон – Н.Ҳ.) Бурҳониддин, раис Абдурауф корвонбошӣ, Юсуфбий, Муқимбий дастгир шуданд. Аз вилояти мазкур дар тараддуди истеҳкоми роҳи душман гардида, асокиру фуқароёнро ҷамъ оварда, аз бандари мавзеи Дарбанд, тобеи вилояти Бойсун, пеши душманро истеҳком намуда, шуруи муҳорибаро эҷод намуда, вопас дар вилояти Ҳисори Шарқии Бухоро омада истодам». (Хотираҳои амир Олимхон. – Душанбе. 1992. ).
Санаҳои муҳим:
1920, 4-уми сентябр – аз тарафи М.В. Фрунзе дар назди аскарони сурхи гурӯҳи бухороию самарқандӣ гузоштани масъалаи дар Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ.
Савол ва супоришҳо:
1) Амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ кай омад?
2) Барои чӣ баъди забти Бойсун пешравии қисмҳои аскарони сурх ба дарунтари Бухорои Шарқӣ қатъ гардид?
3) Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ бо чӣ корҳо машғул шуд?
4) Чаро амир Олимхон баъди гурехтан аз Бухоро, на дар Ҳисор, балки дар Душанбе қарор гирифт?
5) Чаро аскарони сурх аз Бойсуну Дарбанд ба сӯйи Қаршӣ ба қафо баргаштанд?
6) Ба ҳайати ҳукумати нави амир Олимхон киҳо шомил буданд?
7) Чаро бо амри амир дар Душанбе 26 нафар камбағалро қатл намудаанд?
8) Дар мактуби худ амир Олимхон аз 12 октябри соли 1920 аз подшоҳи Британияи Кабир чиро хоҳиш мекард ва оё он хоҳиш иҷро гардид?
9) Беки Масчоҳ амири Бухороро чӣ тавр дастгирӣ намуд?
10) §§ 56, 57-ро такрор кунед.
11) Маводди сарчашмаро хонда, таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: вазъи Бухорои Шарқиро баъди ба ин мулк гурехта омадани амир Олимхон дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама