Ба миён омадани масъалаи Мухторияти Туркистон. Чуноне таъкид кардем, ғояи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни кишвар ҳанӯз то барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ вуҷуд дошт. Он пас аз шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Марказӣ ва махсусан, баъд аз ғалабаи Инқилоби буржуазию демократии (феврали соли 1917) Русия боз бештар паҳн гардид. Дар маркази ин ҳаракат ташкилотҳои Шурои Исломия, Шурои Уламо, инчунин, ҷадидони Туркистон меистоданд, ки дар ҳайати худ қисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттаҳид ме- карданд. Аммо амалдорони Ҳукумати Муваққатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани ҳуқуқи мухторият набу- данд, вале ин дархостро рад ҳам накарданд.
Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани III мусалмонони кишвари Туркистон ба тарафдории Мухторияти Туркистон қарор қабул кард. Дар анҷуман муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиқи он, Русия танҳо муҳофизати сарҳадди Туркистонро ба уҳда дошта, ба корҳои дохилии он набояд дахолат мекард. Барои нигаҳдории оромии дохилӣ Мухторияти Туркистон бояд қӯшунҳои худро ташкил медод. Ба андешаи мухториятхоҳон, нуқтаи охирини ҳалли ин масъала Маҷлиси муассисони умумирусиягӣ ба ҳисоб мерафт.
Тарафдорони Мухторияти Туркистон умеди комил доштанд, ки Маҷлиси муассисони Умумирусиягӣ қарори Анҷумани III мусалмонони кишвари Туркистонро доир ба мухторият тасдиқ хоҳад кард, вале Инқилоби Октябр умеди онҳоро барбод дод. Ҳукумати Муваққатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият ҳамкорӣ доштанд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари ҳокимият болшевикон омаданд.
Сабабҳои фаьолшавии мухториятхоҳон. 2 (15)-уми ноябри соли 1917 аз тарафи Ҳокимияти Шуравӣ «Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва 20-уми ноябр (3-юми декабр)-и ҳамон сол муроҷиати он «Ба ҳамаи заҳматкашони мусалмони Русия ва Шарқ» интишор гардид. Ин санадҳо ба халқҳои собиқ мазлуми Русия ҳуқуқи мустақилии миллӣ, аз ҷумла мухторият дод, вале амалӣ гардидани он ҳуҷҷатҳо ба мавқеъ ва кордонии ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста буд.
Аммо ҳукумати навтаъсиси шуравии Туркистон ақидаи мухториятро рад накард, вале дастгирӣ низ нанамуд. Яъне ба ақидаи он, ҳанӯз Туркистон гӯё ба мухторият омода набудааст. Чунин мавқеъ мухториятхоҳонро норозӣ намуд. Ба ақидаи онҳо, ҳокимияти марказии шуравӣ (яъне Федератсияи Русия) гӯё дар асоси он санадҳо барои туркистониён ҳуқуқи мухториятро до- дааст, аммо ҳокимияти кишварӣ онро нахостааст. Бинобар ин, мухториятхоҳони кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумо- риданд.
Анҷумани мухториятхоҳон дар Хӯқанд, эълон гардидани Мухторияти Туркистон. 26-уми ноябр (9-уми декабр)-и соли 1917 дар шаҳри Хӯқанд Анҷумани IV таъҷилии мусалмонони кишвар, бо иштироки 205 намоянда ба кор шуруъ кард. Дар Анҷуман намояндагони ғайримусалмон, аз ҷумла русҳо ва яҳудиҳо низ иштирок доштанд.
27-уми ноябр (10-уми декабр) Анҷуман Мухторияти кишвари Туркистонро эълон кард. Дар қарори анҷуман аз ҷумла гуфта мешуд, ки «Анҷуман хоҳиши тамоми миллатҳои сокини Туркистонро оид ба худмуайянкунӣ, ки Инқилоби бузурги Русия (яъне Инқилоби Октябр – Н.Ҳ.) дод, ба инобат гирифта, Тур- кистонро ҳамчун сарзамини мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Де- мократии Федеративии Русия эълон намуда, (барои тасдиқ) ба Маҷлиси муассисони Туркистон пешниҳод мекунад». Анҷуман инчунин, муҳофизати манфиати миллатҳои камшумори киш- варро низ эълон намуд. Яке аз роҳбарони фаъоли ҳизби мил- лии қазоқҳо – «Алаш-Урда», собиқ узви Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ Мустафо Та- нишбоев сарвари Ҳукумати Муваққатии Мухторияти Туркистон таъин гардид.
Дар натиҷа, дар кишвари Туркистон дуҳокимиятии нав: ҳокимияти шуравии Туркистон (марказаш дар Тошканд) ва дига- ре ҳокимияти Мухторияти Туркистон (марказаш дар Хӯқанд) ба вуҷуд омад. Дувумӣ дар таърих бо номи «Мухторияти Хӯқанд» маълум аст.
Тезутунд шудани муносибатҳои Ҳокимияти Шуравии Туркистон ва мухториятхоҳон. 6-уми декабри соли 1917 дар мадрасаи Бекларбегии шаҳри куҳнаи Тошканд бо ташаббуси Шурои Исломияи шаҳр чамъомади шаҳриён барпо гардид. Дар он қарор карда шуд, ки 13-уми декабр барои дастгирии ҳукумати мухториятхоҳон намоиш ташкил карда шавад. Бо ҳамин мақсад онҳо кумитаи ташкилӣ интихоб намуданд, ки он барои гузаронидани намоиш аз сарварони шаҳр иҷозат хост.
Намоиш дар рӯзи муайяншуда, яъне рӯзи иди мавлуди шарифи Муҳаммад пайғамбар барпо гардид. Ҳукуматдорони Тошканд намоишро фақат дар қисми куҳнаи шаҳр – Ӯрда иҷозат доданд, вале он тамоми шаҳрро фаро гирифт. Дар он на танҳо мардуми таҳҷойӣ: тоҷикон, узбекҳо, қазоқҳо балки қариб 2-3 ҳазор нафар русу русзабонҳо низ фаъолона иштирок карданд. Мувофиқи нақша, намоишгарон бояд яке аз аксулинқилобиёни номӣ – Доррерро аз ҳабс озод намуда, дар Тошканд ба сари ҳокимият менишоданд. Вақте Доррер аз ҳабс озод карда шуд, бо супориши сарвари гарнизони Тошканд ба муқобили намоишчиён аз қувваи аскарон истифода карданд. Дар натиҷа намоиш пароканда гардид. Қариб 20 нафар, аз ҷумла 15 нафар мардуми маҳаллӣ ҳалок шуданд. Шурои Тошканд дар шаҳр вазъи ҳарбӣ эълон кард.
Умуман, мавҷудияти Ҳукумати Мухторияти Хӯқанд Ҳукумати Шуравии Туркистонро ором нагузошт. Сарвари Ҳукумати кишвари Туркистони Шуравӣ Ф.Колесов торумори «Мухторияти Хӯқанд»-ро, ки аввали декабри соли 1917 оғоз на- муда буд, идома дод. Бо ёрии қисмҳои аскарони сурх 20-уми де- кабр дар Андиҷон, 28-уми декабр дар қисми нави шаҳри Хӯқанд (яъне Хӯқанди Нав) Ҳокимияти Шуравӣ барпо гардид.
Ҳукумати мухториятхоҳон кӯшид, ки аз ҳисоби мардум сафи муҳофизони худро зиёд кунад, вале, аз як тараф, чунин хоҳишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд, зеро Ҳукумати Шуравии Туркистон ҳамаи пул ва коғазҳои қиматноки бонкҳои дар Хӯқанд бударо мусодира карда буд. Ҳамаи ин мушкилот, махсусан, мураккабии ҳолати молиявӣ, сарвари Ҳукумати муваққатии мухториятхоҳон Мустафо Танишбоевро маҷбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ӯро Мустафо Чоқай иваз намуд.
Ҳукумати Мустафо Чоқай бо мақсади беҳтар гардонидани вазъияти молиявии Мухторият ба миқдори 30 млн сӯм (бо пули ҳамонвақта) заёми дохилӣ баровард, вале хоҳишмандони харидани чунин заём хеле кам буданд. Аз ин рӯ онро маҷбуран, ҳатто бо зӯрӣ ба тоҷирони хурд, махсусан, ба дукондорон тақсим карданд. Чунин тадбир боиси норизоии тоҷирони хурди миллӣ гардид ва натиҷаи дилхоҳ надод.
Вақте ки аз ҳукумати Мустафо Чоқай ҳам умеди наҷот на- монд, доираи болоии мухториятхоҳон Эргашро ба хизмат даъват намуда, ӯро сарфармондеҳи «қӯшунҳои ислом» таъин карданд.
17-уми феврали соли 1918 дар шаҳри нави Хӯқанд гуфтушуниди тарафи шуравӣ ва мухториятхоҳон баҳри сулҳ оғоз ёфт. 18-уми феврал низ гуфтушунид давом кард, вале дар ин рӯз Эргаш баъзе аъзои ҳукумати мухториятхоҳ, аз ҷумла Мустафо Танишбоевро ҳабс намуд. Мустафо Чоқай ва баъзе аъзои ҳукумати ӯ фирор карданд. Эргашро, ки махсусан, аъзои Шурои Уламо дастгирӣ мекарданд, хони Хӯқанд эълон карданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун «табаддулоти уламо» ё худ «табаддулоти Эргаш» маълум аст.
Маҳв карда шудани Мухторияти Хӯқанд. Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Исфара ва Конибодом. Баъди табаддулоти Эргаш тарафи шуравӣ идомаи музокираро бо мухториятхоҳон нолозим шуморида, ба муқобили он амалиёти ҷангӣ шуруъ намуд. Дар санаи 19-уми феврал комиссари ҳарбии Туркистони шуравӣ Е. Перфилев бо қувваи бузург ба Хӯқанд ҳозир шуд ва бо фармони ӯ аз соати 13 то нимаи шаб ба сӯйи шаҳри куҳнаи Хӯқанд аз 12 тӯп оташ кушоданд.
20-уми феврал баъди тирпаррониҳои зиёд қисмҳои ҳарбии дашнакҳои арманӣ вориди Хӯқанд шуданд. Онҳо асосан, мардумро ғорат карданд. Эргаш бо назидикони худ гурехт. 21-уми феврал гуфтушуниди байни намояндагии шуроҳо ва мухториятхоҳони мағлубшударо давом доданд. 22-юми феврал шартномаи тарафайн барои қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ имзо карда шуд. Мувофиқи он, бесилоҳ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятхоҳон эътироф карда шудани Ҳукумати Шуравии кишвар дар назар дошта мешуд.
Бо ҳамин Мухторияти Хӯқанд баъди мавҷудияти 86-рӯза аз тарафи аскарони сурх барҳам дода шуд. Ин воқеа имкон дод, ки дар қатори дигар мулкҳои собиқ мухторият, инчунин, дар Конибодом ва Исфара ҳам Ҳокимияти Шуравӣ барқарор карда шавад. Вале бо барҳам дода шудани Мухторияти Хӯқанд тухми зиддикоммунистӣ ва зиддишуравӣ, ки дар доираи мухторият муттаҳид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Марказӣ паҳн гардид.
Дар санаи 30-юми апрели соли 1918 дар Анҷумани панҷуми Шуроҳои кишвари Туркистон дар хусуси таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон қарор қабул гардид. 1-уми майи соли 1918 ин воқеаи таърихиро ботантана эълон карданд. Эълон намудани Мухторияти Туркистон яке аз талабҳои асосии зиёиёни маҳаллӣ, аз ҷумла Шурои Исломия ва Шурои Уламо ба ҳисоб мерафт. Агар моҳи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятхоҳонро рад накарда, иҷрояшро ақаллан ба вақти дигар мавқуф мегузоштанд, аз эҳтимол дур набуд, ки зиддияти қувваҳо дар кишвари Туркистон аз байн мерафт.
Сарчашма:
Анҷумани сеюми мусалмонони кишвари Туркистон (сентябри соли 1917) замин ва обро дар кишвари Туркистон моли халқ эълон намуда, ҳалли пурраи онро ба ихтиёри Маҷлиси умумихалқӣ гузошт. Мувофиқи барномаи Мухторияти Туркистон, ки онро анҷуман муҳокима намуд, минбаъд Туркистон дар корҳои идоракунӣ, молия, дин, фарҳангу маориф мустақил буда, ба раияти мухторият озодии эътиқод, сухан, матбуот ва ташкил кардани ҷамъият (иттифоқ)-ҳоро медод. Ғайр аз ин, мухториятхоҳон ният доштанд, ки системаи шиноснома (паспортӣ)-ро бекор намуда, дар дохили мухторият ва барои ба хориҷа сафар кардани раияташ рафтуомади озодро ҷорӣ намоянд. Инчунин, ба тартиб овардани андозҳо, ба донишкадаҳои олӣ додани ҳуқуқи мустақилӣ низ дар назар дошта мешуд. (Ниг.: Рӯзномаи «Омӯзгор», 1994, 19, 26-уми январ, № 3, 4).
Санаҳои муҳим:
1917, сентябр – дар шаҳри Тошканд барпо гардидани Анҷумани сеюми мусалмонони кишвари Туркистон.
1917, 2 (15)-уми ноябр – аз тарафи Ҳокимияти Шуравӣ эълон гардидани «Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия».
1917, 20-уми ноябр (3-юми декабр) – нашр гардидани муроҷиатномаи Ҳокимияти Шуравӣ «Ба ҳамаи заҳматкашони мусалмони Русия ва Шарқ».
1917, 27-уми ноябр (10-уми декабр) – аз тарафи Анҷумани чаҳоруми таъҷилии мусулмонони кишвари Туркистон, ки дар шаҳри Хӯқанд мегузашт, эълон карда шудани Мухторияти Туркистон. 1917, 13-уми декабр – ташкил карда шудани намоиш дар шаҳри Тошканд барои дастгирии ҳукумати мухториятхоҳон.
1918, 18-уми феврал – «табаддулоти Эргаш» дар Хӯқанд.
1918, 22-юми феврал – аз тарафи аскарони сурх торумор карда шудани Мухторияти Хӯқанд.
1918, 30-юми апрел – Қарори Анҷумани панҷуми Шуроҳои кишвари Туркистон оид ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон.
Савол ва супоришҳо:
1) Масъалаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни миллӣ кай ба вуҷуд омад?
2) Чаро баъди Инқилоби Октябр мухториятхоҳон якбора фаъол гардиданд?
3) Чаро Анҷумани чоҳоруми таъҷилии мусалмонони кишвари Туркистон дар шаҳри Хӯқанд барпо гардид?
4) Мухторияти Туркистон аз тарафи мухториятхоҳон кай ва чӣ тавр эълон гардид?
5) Чаро «Мухторияти Хӯқанд» меноманд?
6) Чаро муносибати байни Ҳокимияти Шуравии кишвари Туркистон ва мухториятхоҳон тезутунд гардид?
7) Сабаби ба инқироз дучор омадани ҳукумати мухториятхоҳон чист?
8) «Табаддулоти Эргаш» кай ва бо кадом мақсад ба амал омад?
9) «Мухторияти Хӯқанд» кай ва аз тарафи кӣ барҳам дода шуд?
10) Кишвари Туркистон кай Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ эълон гардид?
11) §§ 34 ва 47-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: сабабҳои ба вуҷуд омадани «Мухторияти Хӯқанд» ва оқибатҳои барҳам додани онро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама