Амири Буxopo – Олимхон тавассути кормандони Резиденси- яи Русия дар Бухоро аз сарнагун шудани Ҳукумати Муваққатӣ дар Петроград ва дар кишвари Туркистон cap шудани ҳаракатҳои инқилобӣ зуд огоҳ гардид. Олимхон аз пушту паноҳи боэътимод, ки онро дар симои Ҳукумати Муваққатии Русия ба тозагӣ пайдо карда буд, маҳрум шуд. Аз ин рӯ вай минбаъд худро мустақил ҳисобида, бо ҳукумати нави Русия ҳеҷ муносибат карданӣ набуд. Инқилоб зуд ба маҳаллаҳои руснишини Аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, инчунин, нуқтаҳои сарҳаддӣ – Тирмиз, Каркӣ ва ғайра расид. Дар таърихи 29-уми октябр Кумитаи инқилобӣ дар Бухорои Нав ба ихтиёраш гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Санаи 31-уми октябр дар Чорҷӯйи Нав низ ҳокимият ба ихтиёри шуроҳо гузашт.
2–7 (15 –20)-уми декабри соли 1917 дар Бухорои Нав (Когон) Анҷумани дуюми Шуроҳои маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии аморати Бухоро барпо гардид. Вай дар ин маҳаллаҳо барҳам додани комиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ва Резиденсияи Русияро маъқул шуморида, ба ихтиёри Шуроҳо гузаштани ҳокимиятро ба қонуният даровард.
Тезутундшавии вазъи сиёсӣ. Баъди дар Бухоро барҳам дода шудани Резиденсияи Русия барои Ҳукумати Шуравии кишвари Туркистон яке аз масъалаҳои мураккабтарин масъалаи муносибат бо ҳукумати амирии Бухоро буд. Аз ин рӯ Анҷумани дуюми Шуроҳои маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии Аморати Бухоро бо мақсади аз нав ба роҳ мондани муносибатҳои байнидавлатӣ бо аморати Бухоро, аз номи Давлати Шуравӣ Коллегия оид ба корҳои Бухороро иборат аз намояндагони шуроҳои Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз ташкил дод. Аммо ин коллегия ҳеҷ коре карда натавонист, зеро ҳукумати амирӣ на танҳо ин коллегия, балки умуман Ҳукумати Шуравӣ, аз ҷумла дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии аморат барпо гардидани чунин ҳукуматро эътироф накард. Аз ин рӯ як муддат вазифаи резидентро (баъди барҳам дода шудани он) на коллегия, балки Намояндаи фавқулодаи Ҳукумати Шуравӣ оид ба корҳои Бухоро иҷро намуд.
Дар таърихи 29-уми ноябр (12-уми декабр)-и соли 1917 сарвари Ҳукумати кишвари Туркистони Шуравӣ Ф.Колесов ба амири Бухоро Олимхон барқия фиристода, дар он таъкид намуд, ки Ҳукумати Шуравӣ ба таври қатъӣ усулҳои нисбат ба давлатҳои хурд эълонкардашударо риоя менамояд. Мувофиқи он, таъкид мегардид, ки ҳангоми оромӣ дар сарзамини Бухоро Ҳукумати Шуравӣ омода аст бо Ҳукумати амирӣ муносибати худро беҳтар намояд ва соҳибихтиёрии Бухороро ба таври расмӣ шиносад, зеро яке аз усулҳои ба миллатҳои дигар эълоннамудаи Давлати Шуравӣ шарти ҳаққи таъини сарнавишти миллатҳо буд. Амалӣ гардидани ин принсип ба сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шуравӣ вобастагӣ дошт, вале ҳукумати амирии Бухоро бо Ҳукумати Шуравӣ муносибати худро беҳтар карданӣ набуд. Бинобар ин, муносибати байни Давлати Шуравӣ ва аморати Бухоро тезутунд боқӣ монд.
Мавқеи ҷавонбухороиён. Сабабҳои таҷовузи Колесов. Қисми зиёди ҷавонбухороиён, махсусан сарварони он, дар аввал аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатии буржуазии Русия ғамгин гардида буданд, зеро бовару эътимоди онҳо нисбат ба он ҳукумат хеле зиёд буд. Дар замоне ки зиддияти байни Давлати Шуравӣ ва Ҳукумати амирӣ боло мегирифт, вазъияти ҷавонбухороиён боз ҳам душвортар гардид.
Чунки ҷавонбухороиён баъди моҳи апрели соли 1917 аксаран имкони дар Бухорои Куҳна осоишта зистанро аз даст дода, муваққатан дар Бухорои Нав (Когон) қарор гирифта буданд. Ҳарчанд Ҳукумати Шуравӣ дар ин ҷо ҳукмронӣ мекард, вале онҳоро ҷосусони амирӣ ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони ҷавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нисбат ба Давлати Шуравӣ муайян намоянд. Дар ин ҷо онҳо бе ҳеҷ калавиш ба тарафи шуроҳо гузаштанд, зеро оштӣ шудан бо мухолифин номумкин буд. Ғайр аз ин, ҷавонбухороиён аз тезутунд шудани зиддияти байни Давлати Шуравӣ ва Аморати Бухоро шод буданд.
Ҷавонбухороиён аз авҷ гирифтани зиддияти байни Давлати Шуравӣ ва Аморати Бухоро истифода карданӣ шуданд. Пеш аз ҳама, вазъият онҳоро маҷбур менамуд, ки дар атрофи Кумитаи Марказии ҳизби худ, ки моҳи марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттаҳид шуда, дар масъалаи Бухоро якҷо бо Ҳукумати Туркистони Шуравӣ амал намоянд. Бо ҳамин мақсад онҳо ҳайатеро бо сарварии Файзулло Хоҷаев барои гуфтушунид ба Тошканд фиристоданд. 6-уми декабр ҳайат ба Тошканд омад. Ҳангоми гуфтушунид Ф.Хоҷаев Ф.Колесовро бовар кунонид, ки ҷавонбухороиён гӯё дар дохили Бухоро 30 ҳазор нафар шахсони содиқ, аз ҷумла 4 ҳазор нафар шахсони мусаллаҳ доранд. Ҳамаи онҳо гӯё мунтазири фармон ё худ ишорае ҳастанд. Намояндаи ҷавонбухороиён, инчунин, аз сарвари Ҳукумати Туркистон барои мусаллаҳ намудани тарафдорони худ аслиҳа хост.
Ҳамин тавр, дар рӯзномаи гуфтушунид масъалаи бо қувваҳои муттаҳидаи Туркистони Шуравӣ ва ҷавонбухороиён сарнагун на- мудани тартиботи амирии Бухоро матраҳ буд. Ин масъала дар байни қариб тамоми сарварони ҳизбию шуравии кишвари Тур- кистон ҳамовозӣ пайдо кард.
Таҷовузи Колесов ва оқибатҳои он. Аз тарафи аскарони сурх торумор карда шудани «Мухторияти Хӯқанд» (22-юми феврали соли 1918) ҳалли қазияи Бухороро тезонид. 28-уми феврали соли 1918 Ф.Колесов ба истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав ҳозир шуд. Бо ӯ беш аз 50 нафар муҳофиз (чун муҳофизони раиси ҳукумат) омада буданд. Дар ихтиёри ӯ дигар қуввае набуд.
Ҷавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надош- танд. Онҳо метавонистанд дружинае иборат аз 200-300 нафар (асосан аъзои ҳизб) ташкил диҳанд, вале онҳо ба ин аҳаммият надода, аз омадани Ф.Колесов руҳбаланд гардиданд ва барои роҳбарии шӯриш бо сарварии Файзулло Хоҷаев Кумитаи Инқилобӣ ташкил доданд.
Рӯзи 28-уми феврал бо имзои Ф.Колесов – чун раиси Ҳукумати Туркистон ва Ф. Хоҷаев – чун раиси кумиҷроияи Ҳизби Ҷавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, дақиқтараш, таҳдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар он аз амир талаб карда мешуд, ки ӯ дар муддати 24 соат бояд ҳукуматашро пароканда намуда, идораи мамлакатро ба ихтиёри Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Ҷавонбухороиён супорад. Ҳукумати нав аз ҳисоби ҷавонбухороиён гӯё бо ризояти амир ташкил карда мешавад.
Яъне мувофиқи ин тахдиднома, амир дар мансабаш як муддат нигоҳ дошта мешуд, вале ӯ бояд аз рӯйи хоҳиши ҷавонбухороиён амал мекард.
Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳ андохтани Ф.Колесов ва Ф.Хоҷаев, қӯшбегӣ Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро, ки душмани қаттоли чавонбухороиён буд, аз мансабаш озод карда, ба ҷойи вай Усмонбекро қӯшбегӣ таъин намуд. Рӯзи 1-уми март ӯ ба таҳдиднома ҷавоб гардонид, вале барои аз ҳисоби ҷавонбухороиён ташкил кардани ҳокимият розӣ нашуд.
Дар натиҷа, 2-юми марти соли 1918 ҷанги байни қӯшунҳои Колесов ва амир оғоз шуд, ки он дар таърих бо номи «таҷовузи Колесов» маълум аст. Миқдори умумии қӯшунҳои Колесов, ғайр аз посбонони шахсиаш, тақрибан 450-500 нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб беш аз 200 нафарро дружинаи ҷавонбухороиён ва тахминан ҳамон миқдори дигарро отряди ҷангии коргарони Бухорои Нав ташкил мекарданд. Шумораи сарбозон ва фидоиёни амир ҳанӯз дар рӯзи якуми ҷанг нисбат ба қӯшунҳои Колесов хеле зиёд буд, вале бо вуҷуди чунин бартарӣ, натиҷаи рӯзи аввали ҷанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онҳо ҳатто ду тӯпи амирро ғанимат гирифтанд. Роҳбари умумии қӯшунҳои амир Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ аз майдони ҷанг гурехт.
Натиҷаи рӯзи аввали ҷанг амирро ба воҳима гузошт. Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳ андохтани Ф. Колесов, рӯзи дигар – 3-юми март ба назди ӯ ҳайати намояндагии худро бо сарварии қӯшбегӣ Усмонбек барои гуфтушунид фиристод. Ин ҳайат ба Колесов нусхаи фармони ислоҳоти 2-юми март имзонамудаи амирро нишон доданд, ки мувофиқи он, амир гӯё дар аморат ислоҳоти васеъ мегузаронад, аз ҳисоби мардуми доно, пеш аз ҳама, ҷавонбухороиён, ҳукумати нав ташкил менамояд. Дар рафти гуфтушунид ҷавонбухороиён талаби нав – бесилоҳ гардонидани сарбозони амирро ба миён гузоштанд. Намоянда- гони амир бо дили нохоҳам ин талабро ҳам қабул карданд. Аз тарафи Ф.Колесов, барои назорати бесилоҳшавии сарбозо- ни амир гурӯҳе аз 22 нафар бо сарварии В.Уткин фиристода шуд, ки ҳамаи онҳо дар Арки Бухоро (дар таҳхонаи қӯшбегӣ) бо ваҳшоният кушта шуданд.
Ф.Колесов ва Ф.Хоҷаев ба гуфтушунид бовар ҳосил карда, мунтазири расидани хабари бесилоҳшавии сарбозони амир бу- данд, вале амир аз фурсати мусоид (рӯзи 3-юми март, ки амалиёти ҷангӣ набуд) истифода карда, 4-уми март тақрибан 35 ҳазор нафарро бо сарварии Салимбек бар зидди қувваи камшумори Колесов муқобил гузошт. Сарбозони амир ҳамзамон, ба вайрон кардани роҳи оҳани атрофи Бухорои Нав шуруъ намуданд.
Дар натиҷа, рӯзи 4-уми март Колесов дар ҳолати ногувор монд. Лавозимоти ҳарбии ӯ дар арафаи тамом шудан буд. Вайронии роҳи оҳан умеди ӯро аз ҳар гуна кумаки беруна канд. Бинобар ин он рӯз қӯшунҳои Колесов аз ягона бартарии худ – тӯпҳо истифода карданд, вале тири тӯпҳо ҳам ба нишон намерасид. Ҷанги рӯзи 5-уми март барои онҳо хеле душвор буд. Ниҳоят, шаби аз 5-ум ба 6-уми март Колесов маҷбур шуд, ки роҳи оҳани вайронаро таъмир намуда, ҷангкунон оҳиста-оҳиста ба сӯйи Қизилтеппа қафо гардад. Ҳамроҳи Колесов тамоми мардуми русзабони Бухорои Нав ҳам ба роҳ баромаданд. Мувофиқи маълумот, шумораи умумии мардуми ҳамроҳи Колесов рафта ба 8-10 ҳазор нафар мерасид. Танҳо хабари аз Тошканд омадани қувваи имдод ба Колесов ва ҳамроҳони ӯ руҳияи тоза бахшид. 17-уми март аз тарафи қувваҳои муттаҳидаи отряди Колесов ва қувваҳои тозанафас яке аз шаҳрҳои бузургтарини аморат – Кармина забт карда шуд. Чунин ҳолат амирро ба имзои сулҳ маҷбур намуд.
25-уми марти соли 1918 дар Қизилтеппа байни аморати Бухоро ва Туркистони Шуравӣ созишномаи сулҳ имзо гардид. Мувофиқи он, тарафҳо уҳдадор шуданд, ки шартномаи соли 1873-и байни Бухоро ва Русияро риоя карда, асиронро иваз намоянд. Ҳукумати амирӣ барои шинохтани Давлати Шуравӣ ва эътирофи чунин ҳокимият дар маҳаллаҳои руснишини аморат ваъда дод. Ҳукумати амирӣ ҳамчунин розӣ шуд, ки роҳи оҳани вайронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 ҳазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри Ҳукумати Туркистон 100 вагон ғалла фиристад.
Ҳамин тавр, ҷанги байни Давлати Шуравӣ ва Аморати Бухоро анҷом ёфт. Ин ҷанг ба ҳар ду тараф зарари моддию маънавӣ ва талафоти ҷонии зиёд овард. Бегуфтугӯ, он натиҷаи хатои ҷиддии сарварони Ҳизби Ҷавонбухороиён ва Туркистони Шуравӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, баъди он ҷанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд. Ҳар рӯз садҳо муқобилони тартиботи амириро гӯсфандвор cap мебуриданд, ки ин ҳодисаи мудҳиш дар повести машҳури С. Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро» муфассал тасвир ёфтааст.
Сарчашма:
«Аз рӯзи cap шудани ҷанг бо Колесов дар Бухоро майдони ваҳшоният кушода шуд. Муллоҳо ба куштани ҳамаи ҳамфикрони ҷавонон фатво бароварданд. Ин фатво ба таври хеле ваҳшиёнае ба амал татбиқ мешуд. Одамони амир, элнавкарҳо, одамони қӯшбегӣ, қозӣ ва ғазоталабон дар ҳар куҷо, ки камзулпӯшеро диданд, зада куштан гирифтанд... Дар ҳама ҷо одамони ришашон андак кӯтоҳ, либосашон андак калта кушта мешуданд». (Ниг.:
Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. - С.216).
Санаҳои муҳим:
1917, охири октябр ва аввали ноябр – дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии аморати Бухоро барпо карда шудани тартиботи шуравӣ.
1917, 29-уми ноябр (12-уми декабр) – барқияи сарвари Ҳукумати кишвари Туркистон Ф. Колесов ба амир Олимхон доир ба муносибатҳои минбаъда.
1918, 28-уми феврал – таҳдиднома (ултиматум)-и Ф.Колесов ба номи амир Олимхон.
1918, 2-5-уми март – амалиёти ҷангии байни қӯшунҳои амирии Бухоро ва отряди Ф. Колесов, ки бо номи «таҷовузи Колесов» маълум аст.
Савол ва супоришҳо:
1) Инқилоби Октябри Русия ба амир Олимхон ва сиёсати ӯ чӣ таъсир расонд?
2) Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳаддии Аморати Бухоро Ҳокимияти Шуравӣ кай барпо карда шуд?
3) Чаро муносибати байни Давлати Шуравӣ ва Ҳукумати амирии Бухоро тезутунд гардид?
4) Дар барқияи сарвари Ҳукумати кишвари Туркистони Шуравӣ Ф.Колесов ба номи амир Олимхон аз 29-уми ноябр (12-уми декабр )-и соли 1917 чӣ гуфта мешуд?
5) Мавқеи ҷавонбухороиён дар арафаи таҷовузи Ф.Колесов чӣ гуна буд?
6) Ф. Хоҷаев ҳангоми гуфтушунид бо Ф.Колесов чиҳо ваъда дод?
7) Таҷовузи Колесов чӣ тавр cap шуд ва бо чӣ анҷом ёфт?
8) Рафти амалиёти ҷангии байни қӯшунҳои амир ва отряди Колесовро нақл кунед.
9) §§ 50, 51, 52-ро такрор кунед.
10) Маводди сарчашмаро таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: оқибатҳои шиддат гирифтани зиддияти байни аморати Бухоро ва Давлати Шуравиро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама