§ 1. ВАЗЪИ МУЛКҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Вазъи сиёсӣ. Дар миёнаи асри XIX сарзамини Осиёи Марказӣ яке аз гӯшаҳои қафомондаи материки Авруосиё ба ҳисоб мерафт. Дар ин сарзамин ҳанӯз ҳам муносибатҳои феодалӣ хукмфармо буд. Аксари аҳолиро деҳқонон ташкил медоданд. Замин ва фаъолияти кишоварзӣ ягона сарчашмаи зиндагии онҳо буд. Аксари деҳқонон ҳиссаи ночизи замин доштанд ё аз он тамоман маҳрум буданд. Аз ин рӯ деҳқонони камзамину безамин аксарияти аҳолиро ташкил менамуданд. Замини корам, асосан, дар ихтиёри амирон, хонҳо, амалдорон, руҳониён ва феодалон буд. Тахминан нисфи чунин заминҳоро заминҳои амлокӣ ё худ давлатӣ, чорякашро заминҳои вақфӣ ва боқимондаашро заминҳои мулкӣ ташкил медоданд. Қариб ҳамаи ин заминҳо аз тарафи деҳқонони камзамину безамин бо шартҳои гуногун, аз ҷумла, супоридани андози хироҷ, кор карда мешуданд.

Давлатҳои мавҷудаи он давр ҳама давлатҳои феодалии монархиявӣ (ҳокимияти мутлақ) ҳисоб мешуданд. Ҳукуматдорон – хонҳо ва амирон ҳуқуқи номаҳдуд доштанд. Онҳо ба заминдорони калон – феодалҳо ва руҳониёни соҳибмулк ва бонуфуз такя намуда, ба деҳқонон, косибон ва ҳунармандон ҳар гуна зулму ситамро раво медиданд.

Дар Осиёи Марказӣ, дар арафаи ҳуҷуми лашкари Русияи подшоҳӣ дар қатори се давлати мустақил: Аморати Бухоро, хонигариҳои Хӯқанд ва Хева, боз якчанд мулкҳои ниммустақил, ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа, Қубодиён вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давр дар ҳайати Аморати Бухорою хонии Хӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбурда бо халқҳои узбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, талхию ширинии ҳаётро бо ҳам мечашиданд.

Дар Аморати Бухоро аз соли 1753 қабилаи манғити узбек ҳукуматдорӣ мекарданд, ки онҳо ҳанӯз соли 1740 тавассути шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба идоракунии ин мулкҳо соҳиб шуда буданд.

Арки Бухоро. Қасри хонҳо ва амирон ба ҳисоб мерафт.

Хонии Хӯқанд ҳанӯз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштархониҳо (Ҷониҳо) бунёд ёфт ва дар он қабилаи мингҳои узбек салтанат меронданд.

Бояд зикр кард, ки дар арафаи ҳуҷуми лашкари рус вазъияти хонии Хӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан, байни хонҳои Хӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845 – 1858 ва 1862 – 1873) ва Маллахон (солҳои 1858 – 1862, яъне ҳангоми гурехтани Худоёрхон) барои тоҷу тахт рақобат сахт буд ва ҳар кадоме аз амирони Бухоро ба фоидаи худ имдод металабид. Амири Бухоро Музаффархон (солҳои 1860 – 1885) Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Хӯқанд ҳуҷум кард ва салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд. Ин ҳама на танҳо аз қафомондагии иқтисодии мулкҳои Осиёи Марказӣ, балки аз нооромиҳои сиёсии онҳо ҳам дарак медиҳад.

Муносибатҳои байниҳамдигарии мулкҳо. Дар арафаи ҳуҷуми лашкари Русияи подшоҳӣ дар байни давлатҳои мустақил ва ниммустақили Осиёи Марказӣ бештар муносибатҳои душманона ҳукмфармо буд. Махсусан, ҷангҳои беохири байни Аморати Бу- хорою хонии Хӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардиданд. Аз ҷумла, амири Бухоро Насруллоҳ (солҳои 1826 – 1860) солҳои 1840 ва 1842 ба Хӯқанд ҳуҷум карда, шаҳрро як ҳафта (соли 1842) дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт ва баъд ба аскарони худ тороҷ кардани онро фармуд. Писари ӯ – амир Музаффархон низ ба Хӯқанд ду дафъа (солҳои 1862 ва 1865) ҳуҷум карда, тамоми водии Фарғонаро (ҳангоми хуҷуми аввал) хароб намуда, то Кошғар расид.

Дар натиҷаи ҷангҳои беохири байни Аморати Бухоро ва хо- нии Хӯқанд, Ӯротеппаю Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари ҷиддӣ ди- данд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онҳо ба Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) беш аз 50 дафъа лашкар кашиданд.

Ҳамон солҳо амирони Бухоро ва хонҳои Хӯқанд бо мақсади ба тасарруфи худ даровардани мулкҳои ниммустақил ба муқобили онҳо борҳо ҳуҷум кардаанд. Масалан, амир Насрулло дар муддати бист сол ба Шаҳрисабз 32 дафъа ҳуҷум карда, ниҳоят, соли 1856 онро ба даст даровард ва тамоми ашхоси намоёни қабилаи кенагас узбекро, ки он ҷо ҳукмронӣ мекарданд, аз дами теғ гузаронид. Баъди ин фоҷиа амир Насрулло дар Шаҳрисабз ва Китоб шахсони ба худ содиқро ҳоким таъин кард, вале баъди марги ӯ, дақиқтараш, дар соли дуюми ҳукмронии Музаффархон, мардуми қабилаи кенагаси Шаҳрисабз ва музофоти он боз исён бардоштанд. Онҳо ҳокимони таъинкардаи амирро ҳабс карда, аз авлоди худ Ҳакимбекро дар Шаҳрисабз ва Ҷӯрабекро дар Китоб ҳоким таъин намуданд. Ё худ лаҳзаҳое, ки қӯшунҳои рус ба хоки Осиёи Марказӣ зада даромаданд, амир Музаффар ба муқобили ҳокимони Бойсун ва Деҳнав лашкар кашида, мардуми зиёди бегуноҳро ба қатл расонид.

Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубӣ) ҳам вазъ чандон муътадил набуд. Байни ҳокимони ниммустақили он ҳусни тафоҳум вуҷуд надошт. Масалан, мулкҳои водии Вахш бисёр вақт боиси тохтутозҳои лашкари ҳокимони Ҳисору Кӯлоб мегардиданд. Мулкҳои Қаротегин аксаран дар зери хавфи ҳуҷуми хонҳои Хӯқанд буданд.

Қасри хонҳои охирини Хӯқанд

Муносибати душманонаи мутақобилаи мулкҳо ба пешрафти иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг таъсири манфӣ мерасонид. Зиндагии бе он ҳам вазнини мардумро боз ҳам вазнинтар мекард.

Дуздию ғоратгарӣ авҷ мегирифт. Амалдорон ба душвориҳои мавҷуда аҳаммият надода, нисбат ба деҳқонон, косибон ва ҳунармандон бештар бераҳмӣ зоҳир менамуданд. Андозу уҳдадориҳо ҳадду ҳудуд надоштанд. Мардум ба зулму истибдоди истисморгарони худ тавассути шӯришҳо ҷавоб мегардониданд.

Хонандагон бояд вазъи мулкҳои Осиёи Миёнаро дар арафаи забтшавӣ аз тарафи Русия шарҳ дода тавонанд.

Реклама