Забти Бухорои Куҳна. Ишғоли Бухорои Куҳна – пойтахти аморати Бухоро мувофиқи дастури рақами 3667 пурра ба уҳдаи гурӯҳи когонии аскарони сурх гузошта шуда буд. Гурӯҳ баробари гирифтани хабари аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани Чорҷӯйи Куҳна, соати 5-и субҳи 29-уми август ҳуҷумро аз Бухорои Нав (Когон) ба сӯйи шаҳри Бухорои Куҳна оғоз кард. Ба муқобили ин шаҳри бостонӣ аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи ҳарбии муайяншуда, аз ҷумла ёздаҳ аэроплани бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш истифода гардиданд.
Амалиёти ҷанг барои забти Бухорои Куҳна, асосан, дар самти дарвозаи Қаршии он мегузашт. Роҳ аз шаҳри Бухорои Куҳна ба сӯйи Бухорои Нав (Когон) низ тавассути ҳамин дарвоза буд. Инчунин, дар наздикии ҳамин дарвоза истгоҳ ва нуқтаи охирини роҳи оҳани Бухорои Нав – Бухорои Куҳна воқеъ гардида буд. Ҷанг асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амир, ки қалъаи Бухорои Куҳнаро муҳофизат мекарданд, мегузашт. Мардуми Бухоро гӯё дар ин воқеа бетараф буданд. Ҳатто ҳангоми амалиёти ҷангӣ бозор ва чойхонаи назди дарвозаи Қаршии шаҳр ҳама вақт серодам будааст. Аз ҷиҳати сифати лавозимоти ҳарбӣ ва техника бартарии аскарони сурх хеле зиёд буд. Аскарони амир, асосан, бо камонҳои куҳна мусаллаҳ буданд ва тирҳои онҳо аз болои қалъа то ба аскарони сурхи дар майдони назди дарвоза буда, намерасид. Аскарони сурх бе душворӣ ба воситаи тӯпҳо нуқтаҳои заруриро ба нишон мегирифтанд, аэропланҳо ҳам озодона дар болои шаҳр парвоз намуда, ба нуқтаҳои муҳим 170 бомба партофтаанд. Вале бо вуҷуди чунин бартариҳо, амалиёти ҷангии рӯзи 30-юми август барои қисмҳои аскарони сурх хеле вазнин буд. Аскарони амир аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногаҳон баромада, ба қисмҳои алоҳидаи аскарони сурх зарбаи қатъӣ заданд. Амалиёти ҷангии ин рӯзро М.Фрунзе таҳлил намуда, ҳатто эътироф кардааст, ки маҳз «парвози аэропланҳои фарсудашудаи мо, ки саворагони муқобилро ба гурехтан маҷбур намуд, отрядро аз нобудшавӣ наҷот дод».
Субҳи 1-уми сентябр дар назди дарвозаи Қаршии шаҳр тар- кише ба амал омад ва он девори баландиаш 10 метр ва ғафсиаш 5 метрро, ки cap то сари ин шаҳри бостониро пурра иҳота мекард, сӯрох намуда, барои аскарони сурх ба дохили шаҳр роҳ кушод. Баъди он, дар майдону гузарҳои шаҳри Бухорои Куҳна байни аскарони сурх ва аскарони амирӣ ҷангҳои шадид ба амал ома- данд, вале барои аскарони сурх пурзӯр намудани ҳуҷум ягон зару- рате надошт, зеро шаби аз 30-юми август ба 1-уми сентябр амир Олимхон бо наздикони худ ва тахминан ҳазор нафар посбонон аз дарвозаи Самарқанди шаҳри Бухорои Куҳна баромада, фирор карда буд.
2-юми сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Худи ҳамон рӯз аз тарафи қисмҳои аскарони сурх Вобканд, Пирмаст, Ғиждувон ва Қизилтеппа низ ишғол шуд. Ба дигар нуқтаҳои муҳимми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), аз ҷумла: Рометан, Зандане, Шофирком, Вағонзе, ки дар он ҷойҳо сарбозони амирӣ набуданд, қисмҳои аскарони сурх ҳуҷум накарданд. Дар ин маҳалҳо тартиботи нав ба таври осоишта барпо карда шуд.
Аммо дар шаҳри Бухорои Куҳна ҳамоно вазъият мураккаб буд. Баъди аз тарафи аскарони сурх забт карда шудани шаҳр ҳам, сӯхтор бист рӯзи дигар давом кард. Дар натиҷа 34 гузар, беш аз ҳазор хона сӯхта, вайрон шуданд. Дар худи Арк беш аз 100 хона сӯхта, валангор шудааст. Арки Бухоро маҳз аз бомбаҳои партоф- ташуда хеле хароб гардида буд. Меҳмонхонаи Раҳимхонии Арк, ки чун ҷойи қабулгоҳи амирон ва яке аз биноҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Мардуми зиё- де ҳалок гардиданд. 2-3-юми сентябр шаҳриён барои гӯронидани қурбоншудагон сафарбар карда шуданд.
Тамоми дороии хазинаи амир (тилою нуқраҳои он, ки беҳисоб буд) ва ғаниматҳои аз тарафи аскарони сурх ҳангоми забти маркази бекигариҳои ишғолшуда, бо баҳонаи муҳофизати муваққатӣ аз тороҷгарӣ, аввал ба Самарқанд оварда, баъд ба Маскав фиристода шуданд.
Дар шаҳри Бухорои Куҳна ва тамоми маҳаллаҳои забтшуда кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) ташкил карда шуд ва ҳокимият ба ихтиёри онҳо гузашт.
Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро. Баробари сарнагун карда шудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ манифест бароварда, Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шуравӣ эълон кард. Дар ҷумҳурӣ Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун органи олии давлатӣ, Шурои нозирони халқӣ – ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб мерафтанд.
6 – 8-уми октябри соли 1920 дар бинои қароргоҳи Ситорамоҳи хоссаи Бухоро Анҷумани якуми муассисони умумибухороии намояндагони халқ баргузор гардид. Дар он 1950 намоянда иштирок дошт, ки онҳоро дар гирдиҳамоиҳо, майдони бозорҳо бо нишондоди Ҳизби Коммунистии Бухоро «интихоб» карда буданд. Амалдорони собиқ, заминдорони калон аз ҳуқуқи ба намояндагӣ интихоб шудан маҳрум буданд. Дар Анҷуман асосан намояндагони деҳқонон, зиёиён, тоҷирон, косибон ва ҳунармандон иштирок доштанд. 8-уми октябр Анҷуман доир ба таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро (ҶХШБ) қарори таърихӣ қабул кард. Ин гувоҳи он буд, ки дар сарзамини Бухоро ба сохти яккаҳукуматдории иртиҷоии амирию хонии асрҳо боз идомадошта хотима гузошта шуд.
Аввалин тадбирҳои ҳукумати нави Бухоро. Баробари аз тарафи аскарони сурх ишғол шудани шаҳри Бухорои Куҳна ба ин ҷо бо сарварии Файзулло Хоҷаев аз Бухорои Нав (Когон) ҳукумати ҳанӯз пештар ташкилдодашудаи Бухоро кӯчида омад. Файзулло Хоҷаев на танҳо вазифаи раиси Шурои нозирони халқии Бухороро (ин вазифа ҳанӯз пештар насиби ӯ гардида буд), балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инқилобӣ ё худ Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ ба уҳда дошт, зеро Аҳмадҷон Абусаидов (Ҳамдӣ), ки пештар ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, дар рӯзҳои муҳосираи шаҳри Бухорои Куҳна гӯё худро фаъол нишон надод. Аниқтараш, мувофиқи баъзе маълумот, ӯ барои ба муқобили Бу- хорои Куҳна истифода кардани тӯпҳои дурзан ва бомбаборон на- мудани он ризоят надодааст. Бинобар ин ӯро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ муваққатан ба уҳдаи Файзулло Хоҷаев гузоштанд.
Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ аввали сентябри соли 1920 манифесте баровард, ки мувофиқи он заминҳои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, қозиҳо ва заминдорони калон бударо мусодира карда, онҳоро дар байни деҳқонони камзамину безамин тақсим менамуданд; хироҷ, аминона ва дигар навъҳои андозҳо бекор карда мешуд; судҳои қозигиро бекор намуда, ба ҷойи онҳо судҳои халқӣ ташкил медоданд; баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо, новобаста ба фарқи нажодӣ, миллӣ ва динӣ, таъмин мегардид; ҷорӣ кардани таълими ройгон; пароканда намудани қӯшунҳои амир; бекор кардани ҳукми қатл, ҷазои ҷисмонӣ эълон карда шуд.
Вале вазъ дар шаҳри Бухорои Куҳна мураккаб буд. Дуздию ғоратгарӣ ва сӯхтору кушокушӣ ҳанӯз идома дошт. Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои он 4-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Бухорои Куҳна ҳолати фавқулода ҷорӣ карда, Комиссияи фавқулода (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани амнияти шаҳриён се ҳазор нафар милитсияи халқӣ ташкил карда шуд.
Ҳамин тавр, дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) баро- бари барҳам дода шудани тартиботи иртиҷоии амирӣ барои бун- ёди ҷомеаи нав аввалин тадбирҳо андешида мешуд.
Сарчашма:
Яке аз комиссарони қисмҳои аскарони сурх Н.Д. Ратников ҳамчун шоҳид ва иштирокчии ҳуҷум ба шаҳри Бухорои Куҳна вазъи ҳамонвақтаи майдони назди дарвозаи Қаршии шаҳри Бухорои Куҳнаро, ки майдони асосии ҷангӣ ба ҳисоб мерафт, чунин тасвир кардааст: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Қаршӣ ба амалиёти ҷангӣ нигоҳ накарда, савдо дар авҷ буд. Ман мушоҳида накардам, ки ягон дуконе маҳкам бошад ё худ савдо накунад... Тамоми маҳсулоти заруриро ба савдо гузоштаанд. Махсусан, фаровонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонаҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ва аскарони сурх серодам буданд. Онҳо дар катҳо нишаста чойи кабуд менӯшиданд ». (Ниг.: Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фонди 31. Рӯйхатти 1. Ҳуҷҷати 147. - Варақаҳои 30-31).
Санаҳои муҳим:
1920, 29-уми август – оғози ҳуҷуми аскарони сурх ба шаҳри Бухорои Куҳна.
1920, 1-уми сентябр – аз тарафи аскарони сурх тарконида шудани девори қалъаи Бухорои Куҳна.
1920, 2-юми сентябр – забт шудани Арк ва ишғоли шаҳри Бухорои Куҳна аз тарафи аскарони сурх.
1920, сентябр – Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ тавассути як манифест таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухороро эълон кард.
1920, 8-уми октябр – Анҷумани якуми муассисони умумибу- хороии намояндагони халқ доир ба ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қарори таърихӣ қабул кард.
1920, 4-уми сентябр – дар шаҳри Бухорои Куҳна вазъи фавқулода эълон карда шуд ва Комиссияи фавқулода (Бухчека) ташкил ёфт.
Савол ва супоришҳо:
1) Забти шаҳри Бухорои Куҳна дар асоси кадом дастур сурат гирифт?
2) Барои забти шаҳри Бухорои Куҳна амалиёти ҷангӣ асосан дар кадом самт мегузашт?
3) Барои забти шаҳри Бухорои Куҳна аз тарафи аскарони сурх чӣ гуна қувваҳо истифода шуданд?
4) Забти шаҳри Бухорои Куҳна аз тарафи аскарони сурх кай анҷом ёфт?
5) Дар шаҳри Бухорои Куҳна баъди забти қисмҳои аскарони сурх чӣ гуна ҳолат ҳукмфармо буд?
6) Бухоро кай Ҷумҳурии Халқии Шуравӣ эълон гардид?
7) Аввалин тадбирҳои ҳукумати нави Бухоро кадомҳоянд?
8) §§ 54 ва 56-ро такрор кунед.
9) Ба расмҳо аҳаммият дода, маводди сарчашмаро таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани шаҳри Бухорои Куҳна ва бунёди Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухороро дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама