Ҳикоя (арабӣ – нақл, ривоят, сухан) як
Назарияи навъи асарҳои ҳамосӣ мебошад. Ҳикоя асари
адабиёт хурди бадеӣ буда, як воқеаро аз зиндагӣ ва
ҳаёти инсон дар бар мегирад. Муҳимтарин ху сусияти ҳикоя ин аст, ки дар он воқеа аз ҷиҳати замону макон ва ҳаҷм маҳдуд ва фишурда мебошад. Нависанда ҳодисаеро аз ҳаёти ин ё он шахс ба тасвир гирифта, хусусияти муҳимми зиндагии ӯро ба воситаи ҳамин лавҳа тасвир менамояд.
Дар китобҳои адабӣ, таърихӣ, динӣ ва тасаввуфӣ ҳикояҳои зи ёде оварда шудаанд. Намунаи комили ҳикояҳо дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба назар мерасанд. Ҳамчунин, дар асарҳои манзуми «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра ҳикояҳои бисёр ба назар мерасанд.
Аксари ҳикояҳои адабиёти классикӣ дар асоси як ҳодисаи хурд офарида шуда, дар онҳо миқдори ками персонажҳо ширкат меварзанд. Дар чунин ҳикояҳо зиддият сода буда, нақли воқеаҳо мавқеъ доранд. Ғайр аз ин, дар ҳикояҳои адабиёти классикии тоҷик мавзуъҳои пандуахлоқӣ зиёдтар мушоҳида мешаванд ва мундариҷаи ҳикояҳои мансур бо порчаҳои шеърӣ ороиш ёфта анд. Таваҷҷуҳ намоед ба як ҳикояи Саъдӣ:
«Ду дарвеши хуросонӣ мулозими1 суҳбати якдигар сафар кардандӣ.
Яке заиф2 буд, ки ба ҳар ду шаб ифтор кардӣ ва дигаре қавӣ3, ки рӯзе се бор хӯрдӣ. Қазоро4 бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд. Ҳар дуро ба хонае карданд ва дар ба гил ба роварданд. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Қавиро диданд мурда ва заиф ҷон ба саломат бурда. Дар ин аҷаб монданд.
Ҳакиме гуфт:
1. Мулозим – ҳамроҳ.
2. Заиф – суст, камқувват.
3. Қавӣ – калон, бузургҷусса, пурқувват.
4. Қазоро – иттифоқан.
– Хилофи ин аҷаб будӣ. Он яке бисёрхор буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд. Ва ин дигар хештандор1 буд, лоҷарам бар одати хештан сабр карду ба саломат бимонд.
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.
В-агар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад».
Ин ҳикояи ҳаҷман хурд бо забони шево эҷод гардидааст. Су жет ба воситаи образи ду дарвеш фароҳам омадааст. Воқеа ба тасвири ҷузъе аз симои зоҳирӣ (яке заиф, дигаре қавӣ) ва ҷузъе аз хислату табиати (яке қаноатпеша, дигаре боиштиҳо) ду дар веш инкишоф меёбад ва мундариҷаи ҳикояро сухани ҳаким ба анҷом мерасонад. Нависанда ба воситаи порчаи шеърӣ руҳи пандуахлоқии ҳикояро тақвият медиҳад. Дар ин ҳикоя ҳеҷ калима ё таркиби зиёдатӣ, ки боиси тафсилоти фикр гардида бошад, нест.
Аз нимаи дувуми асри XIX сар карда, дар
Тағйирот
жанри ҳикояи тоҷик тағйирот ба вуҷуд омад.
дар жанри
Аз ҷумла, дар адабиёти маорифпарварӣ ва
ҳикоя
ҷадидӣ доираи мавзуи ҳикоя васеъ гардид, масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, воқеаҳои мухталифи реалию бофта дар ҳикоя ворид шуданд.
Баъдтар, аз солҳои 20 ва 30-юми асри ХХ сар карда, дар зери таъсири адибони рус ва Аврупо дар шаклу услуби ҳикоянависии адабиёти тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳикояҳои давраи нави адабиёти тоҷик услуби реалистии тасвир мавқеъ пайдо намуд. Ин ҳолат дар ҳикояҳои Ҳаким Карим, Пӯлод То лис ва Фазлиддин Муҳаммадиев равшан ба назар мерасад. Ҳаким Карим дар адабиёти тоҷик нахустин силсилаи ҳикояҳоро офарид. Образи асосии ҳикояҳои «Бева», «Кампир» ва «Раиса» як кас – Одинамоҳ – мебошад. Ҳамчунин, Ҳаким Карим ба соданависӣ ва кӯтоҳбаёнӣ диққати ҷиддӣ медод. Ба порчаи зерини ҳикояи «Хаппак» таваҷҷуҳ намоед: «Чароғ зихна2 буд. Равшании он аз давра дур намерафт. Ҳаво сарднамо буд. Аз як гӯшаи ин говхонаи дирӯза тик-тик борон чакида, манмании худро дар амал нишон медод. Изғирин1 гоҳ-гоҳ аз тарқиши дар ба хона медаромад, за бони оташи лампаро мерақсонд. Нисфи болоии шишаи лампа аз шаби дар берун будагӣ монданӣ надошт».
1. Хештандор — эҳтиёткор, парҳезкор.
2. Зихна — хасис, мумсик.
Устоди ҳикояи рус А. Чехов оид ба бандубасти (композитси яи) ҳикоя фикри ҷолиб баён кардааст: «Медонед, чӣ тавр навиш тан даркор аст, ки ҳикоя нағз барояд? Бояд вай чизи барзиёд на дошта бошад. Худи саҳни киштӣ барин: дар он ягон чизи зиёдатӣ нест – дар ҳикоянависӣ низ ҳамин тавр кардан лозим». «Барода рон», «Баҳор», «Муаллим» – ном ҳикояҳои П. Толис, «Даъво», «Рӯзи дафни усто Оқил», «Роҳ» – ном ҳикояҳои Ф.Муҳаммадиев ба ин талабот мувофиқ меоянд.
Баъзан, дар ҳикоя воқеа ва амалиёту муносибати персонажҳо мавқеъ надорад ва мундариҷаи он ба воситаи ҳиссиёту андешаи муаллиф оид ба ҳаёти ҷомеа фароҳам меояд. Чунин ҳикояро ҳикояи лирикӣ меноманд. Дар адабиёти тоҷик «Баҳор» ва «Мо нанди гул нашкуфтӣ»-и Ҳаким Карим намунаи ҳикояҳои лирикӣ мебошанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Хусусияти жанри ҳикояро шарҳ диҳед.
2. Ҳикояи Саъдии Шерозӣ – «Ду дарвеши хуросонӣ»-ро таҳлил кунед.
3. Дар жанри ҳикояи тоҷик дар кадом аср тағйироти ҷиддӣ ворид гашт?
4. Дар ҳикояҳои давраи нав кадом услуби тасвир мавқеъ дорад?
5. Нависанда А. Чехов оид ба бандубасти ҳикоя чӣ гуфтааст?
6. Чаро «Баҳор» ва «Монанди гул нашкуфтӣ» ном асарҳои Ҳ. Карим ро ҳикояҳои лирикӣ меноманд?
1. Изғирин – шамоли сард.