Тошхоҷа Асирӣ соли 1864 дар маҳаллаи Сангбурони шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи косиб таваллуд шудааст. Аз синни чаҳорсолагӣ ба саводомӯзӣ машғул шуда, дар назди хатто ти машҳур – Мирсалими Муҳркан машқи хат намудааст.
Тошхоҷа дар мадрасаи «Шоҳӣ»-и шаҳри Хуҷанд таҳсилро идома медиҳад. Соли 1882 барои такмили илм ба яке аз марказҳои бонуфузи водии Фарғона – шаҳри Қӯқанд сафар мекунад ва дар мадрасаи «Хоним» ҳашт сол ба донишомӯзӣ машғул мешавад.
Асирӣ ҳангоми таҳсил дар шаҳри Қӯқанд бо намояндагони фарҳанги халқи ӯзбек (ба мисли Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ, Зокирҷони Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ) робитаи дӯстӣ пайдо меку над. Дар ҳамин айём бо зиёиёни рус низ шинос гардида, ба омӯхтани забони русӣ машғул мешавад. Дар айни ҳол аз матбуоти даврии ру сию туркзабони Осиёи Миёна ва Қафқоз баҳравар мешавад.
Тошхоҷа Асирӣ баъди таҳсил ба зодгоҳаш бармегардад. Шоир дар Хуҷанд ҳеч мансаби илмӣ ва давлатиро қабул наме кунад ва то охири умр ба касби сангиосиётарошӣ, ки аз падараш мерос монда буд, шуғл меварзад. Шоир бо аҳли фарҳанги замон, аз ҷумла бо Анбари Бухороӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Садриддин Айнӣ барин равшанфикрон муносибати дӯстӣ ва мукотиба дош тааст. Бо хоҳиши Садриддин Айнӣ дар хусуси мактаби куҳнаву нав қасидае иборат аз сӣ байт навишта, ба ӯ мефиристад. Асирӣ дар ин қасида оид ба мактаби куҳна чунин андеша рондааст:
Ба васфи лозими атфол дохилаш бингар,
Сивои зеру забар нест сокину ташдид.
Ба ҷуз шалоқу адабчӯбу силии устод
Аз ин ҷафокада дигар чӣ ҳосил аст падид?
Ҳазор сол бад-ин наҳҷ1 агар ҳиҷо хонӣ,
Ба ғайри ҳаҷв аз он ҷо махоҳ гуфтушунид.
Асирӣ дар ҳаққи амири Бухоро гуфтааст:
Ман амиратро ба як мирӣ намегирам, бирав,
Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав.
Асирӣ аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ оғоз намуда, дар айё ми ҷавонӣ чун шоири бомаҳорат шинохта шудааст. Аввал анъанаи адабиёти классикиро давом дода, ба ашъори шоироне, чун Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Васлии Самарқандӣ шеърҳои ҷавобия навиштааст. Баъдтар, вақте ки ба зиндагӣ дурусттар ошно гардида, ба рӯзгори нобасомони марду ми заҳматкаш ба дидаи ибрат менигарад, ба мавзуъҳои иҷтимоӣ ва рӯзмарраи ҷомеа рӯ меорад.
Баъдан, дар эҷодиёти Тошхоҷа Асирӣ ду тарзи баёни фикр– яке услуби нигориши адабиёти классикӣ, махсусан, сабки эҷоди Бедил ва дигаре шакли содаи баён мавқеъ пайдо мекунад. Ақидаҳои маърифатпарварӣ ва равшангарии шоир бештар дар шакли дуюм баён ёфтаанд.
Тошхоҷа Асирӣ 3-юми марти соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд ва фот кардааст.
Ашъори -Асирӣ ба забонҳои тоҷикиву узбекӣ эҷод шудаанд. Вале дар шеърҳои алоҳидаи Мундариҷаи шоир порчаҳое вомехӯранд, ки ба забонҳои ашъор арабӣ ва русӣ низ ба қалам омадаанд. Аз Асирӣ то замони мо шеъре ёдгор мондааст, ки «Манзумаи омех таи арабӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ» ном дорад. Ин шеър аз 51 байт иборат буда, ба чор забон навишта шудааст:
Мустаъзири ҳавлият Чиликин2,
Он кофири бовиқори бекин.
Аз хона баромадаш ягона,
Таклиф намуд сӯйи хона.
Гуфто зи раҳи вафопарастӣ:
«Приходите ко мне в гости».
1. Наҳҷ – тариқ, тавр, хел.
2. Чиликин – иҷоранишини яке аз дӯстони Асирӣ будааст.
Асирӣ ба жанрҳои маснавӣ, қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, мухам мас, фард таваҷҷуҳ доштааст. Адиб ба наср низ шуғл варзидааст. Мутаассифона, мероси адабии ӯ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудааст. «Ашъори мунтахаб»-и шоир (1987) 1278 байтро дар бар мегирад.
Тошхоҷа Асирӣ меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, донишмандӣ ва меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро васф намуда, ҳарисию чашмгуруснагӣ, золимию авомфиребӣ, куҳнапарастиву кӯтоҳандеширо низ мавриди накуҳиш қарор додааст. Дар қасидаи «Бурҳони Асирӣ» ё «Ода мият чист?», ки соли 1909 чун назира ба қасидаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил («Чист гардун? – Он ки яксар сифларо ме парварад») ва Таҷаллии Кашмирӣ («Чист мардӣ? – Он, ки худро чун ғазанфар доштан») эҷод гардидааст, вазифа ва уҳдадориҳои муқаддаси инсон дар ҷомеа бо маҳорати баланди нигорандагӣ таъкид ёфтааст:
Одамият чист? – Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар1 доштан.
Аз сафо ойина бастан хонаи дилро мудом
В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.
Хешро дар шоҳроҳи фақр афкандан ба хок,
Дар тариқи фоқа2 худ аз хор камтар доштан.
Аз шамими атри зулфи шоҳиди ҳусни баён
Шоммаи3 асҳоби маъниро муаттар доштан.
Аз назари адиб масъулияти инсон дар ҷомеа хеле баланд аст. Шоир ба таври мухтасар чанд хислати ҳамидаи инсониро (чун накукорӣ, хайрхоҳӣ, дастгирӣ, садоқат, хоксорӣ) ном бурда, моҳияти ҳар кадоми онҳоро таъкид менамояд. Забони сода, вазни мувофиқ (рамали мусаммани маҳзуф: – V – – / – V– – /– V– – / –V– ) ва дигар воситаҳои тасвир андешаи шоирро басо ҷолиб ифода ме кунанд.
Қисми дуюми ин қасидаи ҳаҷман калон ба мазаммати шахсони мансабдоре, ки илму динро ба манфиатҳои ғаразкоронаи худ ис тифода карда, боиси бадбинӣ ва нафрати мардум гардидаанд, бах шида шудааст. Дар байтҳои алоҳидаи қасида мавқеи шоир нисбат ба судхӯрон ва манфиатҷӯёни золимтабъ равшан таъкид ёфтааст:
1. Безар – безарар, безиён.
2. Фоқа – фақр, камбағалӣ, муҳтоҷӣ.
3. Шомма – қувваи бӯёӣ, ҳисси бӯёӣ, димоғ.
Оҳ, аз ин ҷинси наҷосаттинатони зуҳдкеш,
Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутаҳҳар доштан.
Умуман, вақте ки Асирӣ ба накуҳиши хурофотпарастону ман сабталошон мепардозад, дар ашъори ӯ ҳаҷв мавқеъ пайдо меку над. Дар порчаи зер шоир шахсони авомфиребро, ки бо ороиши зоҳирии худ дар ҷомеа эътибор ёфтанӣ мешуданд, ба Аквондев1 ташбеҳ дода, онҳоро мавриди ҳаҷву тамасхур қарор додааст:
Бад-ӯ гуфтам: «Ту гар аллома бошӣ,
Чаро дар банди ин аммома2 бошӣ?!
Агар алломаӣ, аммомаат чист?
В-агар аммомаӣ, алломаат кист?»
Дар ашъори Асирӣ масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ мав риди андеша қарор гирифтаанд. Шоир таваҷҷуҳи хонанда ро ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ҷалб намуда, бо ҳамин уҳдадориҳои ҳар фардро назди ҷомеа таъкид менамояд. Шоир дар мисоли лаҳзаҳои пӯшидан ва кушодани чашм суръати бошид дати гузаштани умри инсонро мувофиқ ифода кардааст:
Айёми бақо чу боди Наврӯз гузашт,
Рӯзу шаби мо ба меҳнату сӯз гузашт.
То чашм ниҳодем ба ҳам, субҳ дамид,
То чашм кушодем зи ҳам, рӯз гузашт.
Ашъори пандуахлоқии Асирӣ дорои руҳи фолклорӣ буда, зуд мақбули хотири хонанда мегардад. Аз ин ҷиҳат, рубоии зер, ки дар тақвияти мақоли «гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав» таъ лиф гардидааст, ҷолиб аст:
Гар подшаҳиву тоҷ бар сар дорӣ
В-ар ҳукми билоду баҳр ҳам бар дорӣ,
Пиндор, ки арзанат наёрад гандум,
Ҳар дона, ки коштӣ, ҳамон бардорӣ.
Тошхоҷа Асирӣ чун шахси озодандеш кушода шудани мактабҳои усули навро чун ҳодисаи барҷастаи мусбат арзёбӣ ме кунад ва бо тамоми ҳастӣ ба тарғиби таълиму тадриси мактабҳои усули нав, омӯхтани забонҳо ва илму техникаи кишварҳои пеш рафтаи ҷаҳонӣ мепардозад. Табиист, ки чунин асарҳои шоир бо забони сода ва ба қадри фаҳми омма наздик нигошта шудаанд. Ӯ дар қасидаи «Мактаби қадим ва ҷадид» ва «Ҷӯйи Бекобод» – ном маснавияш, ки дар ҷавоби «Миръоти ибрат»-и Аҷзии Самарқандӣ эҷод гардидааст, ягона роҳи аз вартаи муҳтоҷӣ раҳо ёфтани мар думро дар рӯ овардан ба мактабу маорифи нав медонад:
1. Аквондев – яке аз рақибҳои Рустам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.
2. Аммома – салла.
Макотибҳои нав эҷод кардан,
Раҳи дарси ҷадид иршод1 кардан...
Сари кори дигар бояд гирифтан,
Ба роҳи тоза шояд пеш рафтан...
Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,
Сазад рафтан пайи таҳсили икмол.
Ҳамин тариқ, ашъори Тошхоҷа Асирӣ аз ҷиҳати лафзу маънӣ мукаммал буда, аксаран ба мавзуъҳои муҳимми иҷтимоӣ бахши да шудаанд ва бо равонию хусусиятҳои омӯзандагии худ дар ада биёти ҷадидаи тоҷик мавқеи арзанда доранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Зиндагии Асирӣ дар кадом шаҳрҳо ва чӣ гуна гузаштааст?
2. Дар эҷодиёти шоир кадом тарзҳои тасвир мавқеъ доранд?
3. Шоир бештар кадом мавзуъҳоро мавриди тасвир қарор додааст ва барои чӣ?
4. Порчаеро аз қасидаи «Одамият чист?» азёд кунед.
5. Оид ба ашъори пандуахлоқии Асирӣ маълумот диҳед.
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Ин байт ба кадом шоири ибтидои асри ХХ тааллуқ дорад?
Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,
Сазад рафтан пайи таҳсили икмол.
А) А. Мунзим;
Б) А. Ҳамдӣ;
В) С. Айнӣ;
Г) Тошхоҷа Асирӣ;
Ғ) Аҷзии Самарқандӣ.
1. Иршод – ҳидоят кардан, раҳнамоӣ кардан.