Рӯзгори адиб

Фазлиддин Муҳаммадиев 15-уми июни соли 1928 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ба китоб пайваста гии доимӣ дошт, зеро падараш саҳҳоф ва муқовасоз буд. Падар ҳар китоби хубро, ки муқова мекард, муто лиаи онро ба фарзандон, аз ҷумла Фазлиддини хушодобу хушзеҳн, тавсия менамуд. Фазлиддин баъди хатми мактаби миёна соли 1946 ба Маскав рафта, чанде дар Донишгоҳи ҳавопаймоии Мас кав таҳсил кард. Аз вазъи нохуби зиндагӣ ноилоҷ таҳсилро мавқуф мегузорад ва ба Самарқанд баргашта, дар колхоз ба си фати табелчӣ кор мекунад.

Баъди вафоти падар Фазлиддинро бародараш Абдулҳамид Муҳаммадиев ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод меорад ва ӯро ба пешаи рӯзноманигорӣ ҳидоят менамояд. Ф. Муҳаммадиев солҳои 1947–1949 чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») адои вазифа мекунад. Баъд ӯро ба Маскав, ба Мактаби марказии комсомоли умумииттифоқ ме фиристанд. Адиб баъди хатми ин мактаб (1951) фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Га зетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» ва «Шарқи сурх» давом медиҳад.

Соли 1962 Ф. Муҳаммадиев дувумбора озими Маскав шуда, дар Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил менамояд. Баъ ди таҳсил фаъолияти рӯзноманигориро дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» давом медиҳад. Ҳамзамон ба шуъбаи машвара тии «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ мекунад. Сипас, фаъолияти адиб дар нашриёти «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Со ветии Тоҷик идома меёбад. Солҳои 1978–1981 ба сифати котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1981 то охири умр дар кори эҷодӣ буд. Адиб шашуми октябри соли 1986 ҳазорон мухлисону алоқамандонашро ба таври ҳамешагӣ тарк гуфт. Турбати марҳум дар қабристони Лучоби шаҳри Ду шанбе ҷойгир аст.

Ф. Муҳаммадиев барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ (1967), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.

Мероси адабӣ

Фаъолияти асарофаринии Ф. Муҳаммадиев аз солҳои 50-уми асри XXI оғоз ёфтааст.

Аввалин ҳикояи нависанда, ки соли 1955 ба табъ расид, «Порчаи остин» ном дошт. Ба му рур очеркҳои «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ба табъ расиданд. Соли 1958 аввалин маҷмуаи очерку ҳикояҳои нависанда таҳти унвони «Муҳоҷирон» чоп мешавад.

Дар аввалин очеркҳои нависанда масъалаҳои муҳимми иҷтимоию маданӣ тезутунд ва бо ҷиддият ба миён гузошта шуда анд. Дар очерки «Раиси нав» мавқеи роҳбар дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қаҳрамони очерк Саид Фатҳуддинов шахси кордону ҷонсӯз аст. Ӯ ба одамон бовар дорад ва ба онҳо раҳнамоӣ карда метавонад. Дар очерки «Фаттоҳ ва Музаффар» масъалаи роҳбарони мағруру худбовари соҳаи кишоварзӣ ба миён гузошта шудааст. Аз мутолиаи очерк хонанда ба чунин хулоса меояд, ки ба роҳбарони бемасъулияте чун Фаттоҳ бовар кардан мумкин нест, балки ба муқобили онҳо бо ҷиддияти том мубориза бурдан зарур аст. Нависанда ба Фаттоҳ инсони асилу ҷонфидо – Музаффарро зид мегузорад.

Қиссаи «Тири хокхӯрда» (1960) оид ба сарнавишти корман дони бехатарӣ ва қиссаи «Одамони куҳна» (1963) доир ба рӯзгори зиёиёни шаҳр баҳс мекунанд. Қиссаи таърихии «Зайнаббибӣ» (1964) сарнавишти зани тоҷик, раиси ҳукумати ноҳияи Кӯктош (ноҳияи ҳозираи Рӯдакӣ) Зайнаб Қурбоноваро фаро гирифтааст. Қиссаи «Дар он дунё» (1965) дар бораи сафари ҳоҷиён аз Иттиҳоди Шуравӣ ва рафторҳои аҷибу ғариби онҳо ҳикоят мекунад. Ҳар кадоми ин асарҳо як паҳлуи муҳимми эҷодии Ф. Муҳаммадиевро муайян менамоянд. Масалан, қиссаи «Тири хокхӯрда» аз майли нависанда ба тасвири воқеаҳои ғайриодӣ ва моҷароҷӯёна гувоҳӣ медиҳад ва аввалин намунаи асари детективӣ1 дар адабиёти дав раи нави тоҷик ба шумор меравад. Қиссаи «Одамони куҳна» ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаи «Дружба народов» ба табъ расид ва номи нависандаи тоҷикро бо адибони машҳури шуравӣ дар як радиф гузошт.

Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 60-ум як силсила ҳикояҳо на вишт, ки онҳо соли 1969 дар маҷмуаи «Сози Мунаввар» ба табъ расиданд. Соли 1974 нахустин романи ӯ таҳти унвони «Палатаи кунҷакӣ» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасад ва баъд тар бо ҳамин ном дар шакли китоб дастраси хонанда мегардад. Мавзуи он аз рӯзгору фаъолият ва дунёи маънавии инсони муо сир иборат мебошад.

Баъди чопи романи «Палатаи кунҷакӣ» Ф. Муҳаммадиев ба сабаби беморӣ чанд сол чизе навишта натавонист. Аммо истеъ доди нависандагӣ ва маслиҳатҳои устодону дӯстон ӯро боз ба асарнависӣ ҳидоят намуд. Рӯзе устод Турсунзода ба нависанда маслиҳатомез мегӯяд: «Ҳоло биёед, кор кунед. Кори Шумо ба хо нанда, ба адабиёт даркор... Хонанда чӣ кор дорад, ки мо соқем ё бемор... Модоме ки зиндаем, аз мо нигарони асар аст. Ин аз му раккаботи касби мост ва аз он ҷойи гурез нест».

Адиб соли 1977 сафарномаи «Мо нориниёнем»-ро навишт, ки маҳсули мушоҳидаҳои адиб аз Ҷумҳурии Қирғизистон, мах сусан шаҳри Норини ин сарзамин мебошад. Нависанда ба гӯшаву канорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сафар мекард ва бо сохтмончиёни Норак, Роғун, Бойғозӣ алоқаи доимӣ дошт. Ин муҳаббату садоқати ӯ ба Ватан ва халқи тоҷик дар «Шираи за мин» (1981), «Оини муқаддас» (1982), «Саволу ҷавобҳои Энаҷон Бойматова» (1986) ном очеркҳояш бармало эҳсос мешавад.

Дар қиссаҳои «Шоҳии япон» (1981) ва «Варта» (1983) аз зин дагии коргарони тоҷик, маишат, олами ботинӣ ва савияи маъ навиёти онҳо сухан меравад. Ҳамчунин, ҳикояи «Ҷага» ва чанд ҳикояи дигари мавсуф дар нимаи дувуми солҳои 80-ум ба табъ ме расанд. Ду ҷилди Куллиёти Ф. Муҳаммадиев солҳои 1978 ва 1980 дастраси алоқамандон гардиданд. Умуман, тамоми асарҳои адиб дар шакли куллиёт ва китобҳои алоҳида ба чоп расиданд. Охирин маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои Муҳаммадиев бо номи «Варта» баъди марги нависанда, соли 1987 ба дасти хонанда расид.

1. Асари детективӣ – асари бадеӣ ё кинофилме, ки дар он сир ё ҷиноят ва ҳодисаҳои мураккаби дорои хусусияти ҷиноятӣ ошкор ва фош карда мешавад.

Ф. Муҳаммадиев ба сифати эссенавис, публитсисти фаъол ва ҳаҷвнигори забардаст низ маъруф аст.1 Соли 1985 маҷмуаи очерку эссе, публитсистика, фелетон, намоишнома ва мақолаҳои адиб бо номи «Дӯстон тоҷи сар» чоп гардид. Сарлавҳаи яке аз мақолаҳо «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо масъул аст» ном дорад ва ин шиори тамоми фаъолияти қаламкашии нависанда аст. Ё худ, дар мақолаҳои «Косадум» ва «Прокурорҳои нармдил ва дуздони шер дил» масъалаи оштинопазир будан ба шахсони баддил ва мансаб талошу мусоҳилакорро мебардорад. Ҳаҷву юмори нозук, нешханду истеҳзоҳои нишонрас, махсусан, дар асари «Косадум» ба дараҷот инкишоф меёбад. Косадум рамзи инсонест, ки ҳаёташро саросар рашку ҳасад ва бухлу кина фаро гирифтааст ва ҳолати ӯ ҳикмати Абдурраҳмони Ҷомиро оид ба каждум ба ёд меорад:

Неши каждум на аз пайи кин аст –

Муқтазои табиаташ ин аст.

Ф. Муҳаммадиев пайваста ба филмсозони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва аз рӯйи асарҳои ӯ чанд филми бадеию мустанад бар дошта шудааст. Махсусан, филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи Ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), ки аз рӯйи филмномаҳои адиб наворбардорӣ шудаанд, то ҳозир дар хазинаи Тоҷикфилм нигоҳ дошта мешаванд. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ соҳиби мукофот гардидааст. Нависанда дар соҳаи драманависӣ ҳам кӯшишҳо кар дааст ва мазҳакаи «Охирин аруси амиралмуъминин» (1983) яке аз онҳост.

Қариб ҳамаи асарҳои бадеии Ф. Муҳаммадиев ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, қисса ва ҳикояҳои ҷудогонаи адиб ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ, латишӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд. Чанд асари ӯ ба алифбои форсии арабиасос низ дастраси хонанда шудааст.

Ф. Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷума низ маҳорат дошт. Тарҷумаи тоҷикии романҳои нависандаи Фаронса Андре Стил «Зарбаи аввал», адиби румин Михаил Садовяну «Ҷазираи Гулис тон», қиссаҳо ва романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ» ва «Дуроҳаи бӯронӣ», пиесаҳои на висандаи рус Н. Погодин «Достони севуми муассир», адиби ӯзбек А. Қаҳҳор «Ҷон модаракон» ва «Садо аз тобут», асарҳои ҷудогонаи А. Чехов, Т. Драйзер ва дигарон ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

1. Баъзе мақола ва эссеҳои нависанда ҳанӯз соли 1954 бо имзои мустаори Ф. Амин ба чоп расидаанд.

Хулоса, Ф. Муҳаммадиев зиндагии шарафмандона дошт ва аз худ мероси бою пурбаракат боқӣ гузошт.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Ф. Муҳаммадиев кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?

2. Нависанда дар кадом мактабҳо таҳсил кардааст?

3. Оид ба фаъолияти рӯзноманигории Ф. Муҳаммадиев сухан гӯед.

4. Адиб оид ба харобшавии ахлоқи инсонӣ чӣ андеша дошт?

5. Нависанда кай вафот кард ва ӯро дар куҷо ба хок супурданд?

6. Оғози эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев ба кадом солҳо рост меояд?

7. Оид ба очеркҳои нависанда маълумот диҳед.

8. Хусусияти ҳаҷвии асари «Косадум»-ро шарҳ диҳед.