Рӯзгори нависанда

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1940 дар деҳаи Шули ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт) ба дунё ома дааст. Меҳмон омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод1 (1958) ва факул тети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ду шанберо (1963) хатм карда, солҳои 1973 – 1975 дар Донишгоҳи адабиёти ба номи Горкии шаҳри Маскав таҳсил намудааст.

Меҳмон Бахтӣ дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷикфилм», сармуҳаррири шуъбаҳои телевизиони тоҷик, муди ри адабии Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Турсунзода фаъолият намудааст. Солҳои 1995 – 2000 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2003 дар Анҷумани 12-ум ва соли 2009 дар Анҷумани 13-уми нависандагони Тоҷикистон раиси Иттифоқи нависандаго ни Тоҷикистон интихоб гардид. Баъд пурра ба кори эҷодӣ машғул гардид. Устод Меҳмон Бахтӣ 20-уми майи соли 2022 аз дунё гузашт. Оромгоҳи марҳум дар мазори Лучоб ҷойгир аст.

Фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ аз таълифи сурудҳои «Хаёли ширин» (1965), «Наргис», «Мавҷигул», «Орзу» (1967), ҳикояву лавҳаҳои «Ёди лаҳзае» (1965), «Афсонаи деҳ» (1966), филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970) ва намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид», (1967), «Ташнаи дидор» (1969) оғоз гардидааст. Дар фаъолияти эҷодии адиб назм, наср ва драма мавқеи муайян доранд. Ин ҳолатро, алалхусус, аз маҷмуаҳои «Бӯйи баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), «Оҳи сабук» (1984), «Руҳи тавоно» (1987), «Лаҳзаи ҷовид» (1972), «Пеисаҳо» (1982), «Фирдавсӣ» (1999), «Бозтоби офтоб» (2007) ва «Хубон» (2018) бармало мушоҳида кардан мумкин аст.

1. Воқеъ дар ноҳияи Рашт.

Меҳмон Бахтӣ шоири суруднавис аст. Дар сурудҳои «Қадаҳи бародарӣ», «Ба деҳқон», «Ҷавонӣ», «Ифтихори тоҷик», «Поси хо тир», «Наргис», «Рози пинҳон», «Мавҷигул» ягонагиву ваҳдати миллӣ, меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ, ҳимояи хоки поки Ватан, муҳаббати ҷӯшони инсонӣ самимона ба тасвир омадаанд. Ин сурудҳо дар иҷрои ҳунарпешагони шинохта – Нуқра Раҳматова, Саидқул Билолов, Давлатманди Хол басо гӯшнавоз ва марғуб садо медиҳанд:

Имрӯз ҷавонони зарифу ҳунаромӯз

Ошуфтаю дилдодаи ҳангомаи Наврӯз.

Ҳамрози ту, эй Наргис,

Дамсози ту, эй Наргис.

Аз меҳр шарар резӣ ба паймонаи ошиқ,

Обод шавад хонаи вайронаи ошиқ.

Зеби ҳама ҷо, Наргис,

Тоҷи сари мо, Наргис.

Ҳунари нигорандагӣ ва сабки мароқовари тасвирҳои Меҳмон Бахтиро ҳамчунин аз лавҳа, ҳикоя ва қиссаҳои «Афсонаҳои деҳ» (1966), «Оташ дар хатти ҳуҷум» (1966), «Ойинаи хотир» (1971), «Қӯшапир шаванд» (1972), «Хубон» (1978) ба таври возеҳ мушоҳида кардан мумкин аст. Насри нависанда чун назми ӯ самимӣ, образ нок, пурғунҷоиш ва саршори ғояҳои инсонӣ мебошад.

Дар қиссаи «Хубон» ба мисли қиссаҳои «Ширмоҳ»-и М. Наҷмиддинов (1973), «Кини Хумор»-и Ӯ. Кӯҳзод (1976), «Рухсора»-и Баҳром Фирӯз (1973) талоши бонувони тоҷик баҳри ояндаи нек ва шарафу номус бомуваффақият ба тасвир омадааст.

Меҳмон Бахтӣ драманависи номвари тоҷик аст. Ӯ то имрӯз зиёда аз понздаҳ китоб ба табъ расондааст, ки қисмати зиёди эҷодиёташро намоишномаҳо ташкил медиҳанд. Аксари драмаҳои Меҳмон Бахтӣ, аз ҷумла, «Бародарон», «Лаҳзаи ҷовид», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ», «Захми забон», «Роҳзан ва кӯзагар», «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба адабиёти тоҷик чун на сими тоза ворид гардиданд. Онҳо на танҳо дар театрҳои Тоҷикистон, инчунин, дар театрҳои мамлакатҳои Русия, Украи на, Финляндия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Молдова ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар драмаҳои Меҳмон Бахтӣ масъалаҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ мавқеи сазовор доранд. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ» соли 1982 ба табъ расида, ба масъалаҳои зиндагии орзупарвари хонан дагони синни калони мактабӣ бахшида шудааст. Дар ду қисми ин намоишнома муносибати дӯстона ва самимонаи хонандагони синфи 9 Хайрӣ ва Довар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Як бегоҳ ҳангоми аз мактаб ба хона рафтан Сафар пеши роҳи ҳамсинфаш Хайриро гирифта, ба ӯ дармеафтад. Довар ба зарбае Сафарро афтонда, Хайриро наҷот медиҳад ва бо ҳамин таваҷҷуҳи духтарро ба худ ҷалб менамояд.

Хайрӣ: Баъди ҳамон воқеа ман ба Довар эътиқод бастам. До варро оварда, дар синф дар паҳлуям шинондам. Гуфтам, биё як умр ҳамроҳ мегардем, ҷуфти қу барин, Ромео ва Ҷулетта барин...

Дар намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ» масъалаи муҳимми ҳаёти ҷавонон тасвир ёфтааст. Воқеаи дар ҳаёти Хайрӣ ва Довар рухдода ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба ишқу муҳаббат барин падидаи нозуки инсонӣ муносибати сарсарӣ надошта бошанд. Зеро саҳлангорӣ ва саросемагӣ дар ин масъала оқибатҳои нохуш дорад.

Ҳамин тариқ, агар дар драмаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ» масъа лаи ахлоқи ҷавонони тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифта бо шад, пас дар намоишномаҳои «Бародарон» ва «Лаҳзаи ҷовид» муборизаи иҷтимоии мардуми тоҷик дар солҳои 20-уми асри ХХ ба тасвир омадааст.

Дар эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ намоишномаи «Фирдавсӣ», ки ба муносибати ҳазораи «Шоҳнома» солҳои 1993 – 1994 таълиф гардидааст, мавқеи муҳим дорад. Ин асар аз намоишномаҳои пурарзиши солҳои охири адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Муаллиф барои ин намоишнома Лауреати мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ гардидааст.

«Фирдавсӣ» чун пиесаҳои пешини драматург ба парда ва намоишҳо тақсим намешавад. Воқеаҳо дар кӯча, ҳавлию боғи Фирдавсӣ, дарбори султон Маҳмуд ва дигар ҷойҳо паси ҳам ба вуқуъ меоянд. Дар намоишнома аз Фирдавсӣ сар карда, 16 образи мусбату манфӣ ширкат меварзад.

Меҳмон Бахтӣ аз аввал Фирдавсиро дар маркази воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву динӣ қарор додааст. Шоири солхӯрда аз са фари якмоҳа бармегардад ва ҳанӯз нафас рост накарда, дар рӯйи ҳавлии хеш ба арабзода Амр ибни Мунзир вомехӯрад. Амр ибни Мунзир шахсест, ки ба шоирону фозилони ватанхоҳи тоҷик Масъуди Марвазӣ, Абумансурӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ кина до рад. Дар бархӯрди аввалин Фирдавсӣ чун муҷассамаи ақлу хи раду одамият, Амр ибни Мунзир чун шахси бадахлоқ ва кинаҷӯй намоён мешаванд.

Фирдавсӣ: Туро ба шоир Дақиқӣ, ба он варзида чӣ кор? (ди лашро дошта мешинад).

Амр ибни Мунзир (бо ҳамон дуруштӣ): Маро бо Дақиқӣ чӣ кор?.. Ҳеҷ кас он бадхӯйи зиндиқ1 ва зардуштпарастро мисли ман рӯшан намедонад. Э кош, то занахдон ба хунаш ғарқа мегардид. Он худоношинос бо кибр ва тундхӯйӣ ба чашмам нигариста ме гуфт: «Бидон, эй ғуломзода, исломро аҷам бузург дошта, на араб» ва дашна ба ҷонам мезад.

Фирдавсӣ: Ин нуктаро банда низ комил медонам. Исломро хирад ва сухани аҷам ба бор меорад, на шамшери араб.

Дар ин бархӯрдҳо таваҷҷуҳи хонандаро образи зани арабзода –Тобон ба худ ҷалб менамояд. Чаро Тобон, духтари Абуҷунайди Эҳсони Бухороӣ, бо ин ҳама нуфузи оилавӣ, ақлу фаросат ва ҳусну ҷамоли комил ба як ғуломи зоҳиран бадбашара ва боти нан касиф ба шавҳар баромадааст? Адиб гиреҳи ин муамморо чу нон моҳирона кушодааст, ки симои ин зан бо тамоми барҷастагӣ пеши назари хонанда ҷилвагар мешавад. Тобон дар хонаи пада ри шоирдӯсташ Фирдавсии ҷавонро дида, ба ӯ дил мебандад. Ӯ чун мешунавад, ки душманони фарҳанги аҷам Фирдавсиро бо дасти Амр ибни Мунзир ба қатл расонданианд, дар пайи наҷоти маҳбубаш меафтад. Тобон ягона роҳи наҷоти шоирро дар хонадор шавии худ ба ин марди бадбашараи араб мебинад. Баъди солҳои зиёде он рӯзҳоро дар назди шоири рӯзгордида ба ёд меорад.

Тобон: Он фаришта он рӯз худро ба ин ҳол андохт, то ки ин шоири хуросонӣ зинда бимонад... (дар чашмонаш ашк ҳалқа ме занад) ва қиссаҳои меҳтароини мо анҷом бидиҳа.

Фирдавсӣ (аз ҷой бархоста назди Тобон зону мезанад ва домони ӯ мебӯсад): То қиёмат, то рӯзи бозхост ин фидохоҳӣ фаромӯш намекунам. Меҳрабонӣ ва накукорӣ нишонаи имон аст. Бо меҳрабонӣ ва ҷонфишонӣ ба бадон монеъ шудӣ, то бадсозӣ накунанд. Ман ба имони бузургу шоистаи бону саҷда меорам. Он ҳама шавкат ва авранги1 шоҳон, ки ситоиш кардаам, дар мақоми фурӯғи сурат ва покии тинати бону баробар наояд.

1. Зиндиқ – бедин, бехудо.

Ҳамин тариқ, Тобон бо як ҷасорат гуворотарин лаҳзаи айёми ҷавониро дар дили шоири рӯзгордида бедор кард ва ин эҳсосот то лаҳзаи охирини ҳаёт ҳамроҳи ӯ боқӣ монд.

Дар намоишномаи «Фирдавсӣ» султон Маҳмуд, Дақиқӣ, Унсурӣ барин шахсиятҳои таърихӣ ва мисли Абудулаф, Мани жабону, Нӯшозар, Тобон, Амр ибни Мунзир, Лашкарӣ, Арслон Ҷозиб, Зирак, Навруста образҳои хаёлӣ амал менамоянд ва ба во ситаи фаъолияту бархӯрдҳои онҳо симои комили Фирдавсӣ офа рида мешавад. Ин асар аз муҳимтарин дастовардҳои драматурги яи тоҷик дар солҳои охир мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Дар бораи рӯзгори Меҳмон Бахтӣ маълумот диҳед.

2. Асарҳои М. Бахтӣ ба кадом ҷинсҳои адабӣ тааллуқ доранд?

3. Дар бораи сурудҳои шоир чӣ медонед?

4. Драмаҳои М. Бахтиро номбар кунед.

5. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-ро аз ҷ.5 «Тазкираи ада биёти бачагон» (Душанбе, 1984, – С.265-310) хонед.

6. Намоишномаи «Фирдавсӣ» кай ва ба кадом муносибат на вишта шудааст?

7. Амр ибни Мунзир чӣ хел шахс аст ва чаро ӯ ба шахсиятҳои фарҳангии эронинажод, чун Масъуди Марвазӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ, кина мепарварад?

8. Сабаби ба Амр ибни Мунзир ба шавҳар баромадани Тобон дар чист?

9. Боз кадом образҳои намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро медонед?