Қисми аввал аз 30 боб иборат мебошад. Касби асосии бошандагони деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло кишоварзӣ буда, ҳамчунин ба косибӣ машғул будаанд. Дар ин қисм ода мони маърифатдӯст ва пешқадами ин ду деҳа ва шахсиятҳои ши нохтае, ки ба ин деҳот рафтуомад доштанд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд.
Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образҳои Сайидмуродхоҷа (па дари Садриддин), Ҳидоятхоҷа (амаки Садриддин), Тӯтапошшо, Ҳабиба, Лутфулло-гӯппон, Исо-махдуми шоир мавқеи асосӣ до ранд.
Сайидмуродхоҷа образест, ки бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва поктинатӣ дар байни аҳолӣ эътибори баланд до рад ва фарзандони худро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия менамояд. Вай дар як порча заминаш мудом машғули кор мебошад. Бар ило ваи ин ба бофандагӣ, рангрезӣ ва тарошидани санги осиё низ шуғл меварзад ва кору фаъолиятро сарчашмаи асосии зиндагӣ медонад.
Падари Садриддин одами бофарҳанг аст. Ба Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва Соиб эҳтироми тамом дорад ва ҳамеша фикрҳояшро бо овардани мисолҳо аз ашъори онҳо тақвият медиҳад. Падар ода мони золим ва муфтхӯру фиребгарро одамони девсор1 меномад ва аз онҳо эҳтиёт шудани мардумро бо ин байти Саъдӣ таъкид мекунад.
Дев бар одам наёмезад, матарс,
Бал битарс аз одамони девсор.
Суханҳои ҳикматноку пандомӯзи падар ба Садриддин таъси ри бузург бахшиданд, меҳру муҳаббати ӯро ба шеър, ба каломи бадеӣ зиёд намуданд ва худи ӯро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростӣ раҳнамун сохтанд. Васияти падар пеш аз марг муҳимтарин дастури зиндагии минбаъдаи Садриддин гардид: «Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис2 шавӣ, майлат!».
Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образи занон низ мавқеи муай ян дорад. Устод Айнӣ симоҳои Тӯтапошшо ва Ҳабибаро хотир мону ҷолиб офаридааст. Махсусан, образи Ҳабиба бо самимияту донишмандӣ ва далерию кордонияш хонандаро ба ваҷд меорад.
1. Девсор – монанди дев, зиштнамо.
2. Мударрис – дарсдиҳанда, муаллими мадраса, мактаб.
Дар мактаби духтарона таваҷҷуҳи Садриддини кунҷковро Ҳабиба ном духтари соҳибҷамолу донишманд ҷалб менамояд. Ҳабиба
шеърҳои бисёр медонист ва як ғазали Ҳофизро, ки бо байти:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд, оғоз мешуд, батакрор хонда гиря мекард. Аз тасвирҳои минбаъда маълум мешавад, ки байти боло ба ҳолати руҳии Ҳабибаи ошиқ комилан мувофиқ омада, дар роҳи расидан ба мақсад ба ӯ қувват мебахшидааст.
Азбаски ҷавони дӯстдоштаи Ҳабиба ҳам лангу ҳам баднамо будааст, падару модари духтар ба хонадор шудани онҳо муқобил баромадаанд. Баъди талошҳои зиёди бенатиҷа Ҳабиба бо ҷавони дӯстдоштааш шабона аз Соктаре ба Ғиждувон гурехта, саҳар ба қозихона меравад ва аз қозӣ талаб мекунад, ки онҳоро бо ҳам никоҳ кунад. Ба муколамаи қозӣ Абдулвоҳид ва Ҳабиба таваҷҷуҳ намоед:
– Духтарам, туро кӣ аз роҳ баровард?
– Маро ҳеҷ кас аз роҳ набаровардааст, ман ба ихтиёри худ ҳамин ҷавонро ба шавҳарӣ хостам, – ин овози духтар буд, ки бо ҳаяҷони гиряолуд мебаромад.
– Агар падару модарат ин коратро шунаванд, чӣ мегӯянд? Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? – Ин саволи дуюми қозӣ буд.
– Ҳозир падарам ҳам ҳамин ҷавон ҳаст, модарам ҳам, ман ба розӣ ва норозӣ шудани падару модарам кор надорам, – ин овози духтар буд, ки бо оҳанги аз аввал ҳам ҷиддитар мебаромад.
Қозӣ хутбаи1 никоҳ сар кард.
Чунин рафтори боҷуръатона ва бебоконаи Ҳабиба дар Бу хорои охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ як қаҳрамонӣ ҳисоб меёфт.
Қисми якуми «Ёддоштҳо» ба тасвири вабои умумие, ки охири солҳои 80-уми асри XIX дар қаламрави Бухоро боиси аз байн бур дани одамони зиёде, аз ҷумла падару модари Садриддин, гардида буд, ба охир мерасад. Баъди вафоти падару модар тамоми бори зиндагӣ ба дӯши Садриддин меафтад, боз як соли дигар додаро наш Сироҷиддин ва Киромиддинро нигоҳубин мекунад. Садрид дин дар назди Муҳиддин, ки ҳангоми таътил ба деҳа омада буд, масъалаи дар Бухоро таҳсил карданро ба таври қатъӣ мегузорад. Онҳо ҳавлии дар Маҳаллаи Боло доштаашонро мефурӯшанд ва бо пули он оши соли падару модарро дода, додаронро хатна мекунанд ва баъд бародарони хурдсолашонро ба парастории тағояшон – Қурбонниёз вогузор намуда, ба сафари Бухоро омода мешаванд.
1. Хутба – хондани дуо ва сураҳои Қуръон.
Қисми дувуми «Ёддоштҳо» аз 32 боб – таркиб ёфтааст. Дар бобҳои аввал дар бораи мадрасаҳои Бухоро маълумот дода шудааст.
Ба гуфти С. Айнӣ, «мадрасаҳои Бухоро ба мадрасаи динӣ будан ва муллоҳои Бухоро ба олими мутахассиси улуми динӣ будан шуҳрат доштанд ва ба ин сабаб Бухоро на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба мусулмонони дохили Русия ҳам – ба тоторҳо ва бошқирдҳо ҳам нуфузи динӣ дошт».
Дар қисми дувуми «Ёддоштҳо», қабл аз ҳама, симои Садриддин ба назар мерасад ва тамоми воқеаҳо вобаста ба ҳолатҳои руҳию вазъи зиндагии ӯ таҳлил меёбад.
Садриддин чун ҷавони ҷиддӣ, кордон ва соҳиби таҷрибаи муайяни зиндагӣ ба шаҳри Бухоро омад. Ин аст, ки ба тамоми мушкилиҳои зиндагӣ тоқат карда тавонист. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ ӯро ҳамеша камбағалӣ, нодорӣ ва муҳтоҷӣ таъқиб ме кард. Масалан, зимистони соли 1890 дар мадрасаи Мири Араб бо чунин аҳвол таҳсилро давом медод: «Ман бошам, масҳӣ надоштам, як кафши сарипоии маҳаллидӯхт доштам, ки аз вай об мегузашт ва намро ба худ мекашид. Хоҳ дар такрор бошад, хоҳ дар кӯча аз рӯйи курта як ҷомаи пахтадор пӯшида, бо як қабат лозимӣ меба ромадам... Бемасҳигӣ маро бисёр азоб медод ва поҳоям торс-торс кафида, замини сахти дандонакашӣ кардашуда барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шорида мерафт.
Ягона доруи ман дар кафидагиҳои по равғани шамъи ҷойдорӣ буд, шамъро даргиронида, бар рӯйи кафидагиҳо хам карда нигоҳ медоштам, равғани доғи шамъ аз канори оташи пилтааш ба рӯйи ҷароҳат чакра-чакра мечакид ва фавран озорро таскин медод».
Муҳтоҷӣ ва қашшоқӣ Садриддинро водор мекард, ки ба муллобачагони давлатманд ошпазӣ ва ҷомашӯйӣ намояд, хонаи онҳоро рӯбад, ба онҳо сабақ омӯзад. Баъзан ба хидмати бойе да ромада, дафтардорӣ мекард ва баъзан дар мадраса ба фаррошӣ машғул мешуд. Садриддин баъди ба охир расидани соли таҳсили 1890 – 1891 тобистон баҳри хабаргирии бозмондагон ва хешо вандонаш ба деҳоти Маҳаллаи Боло ва Соктаре меравад. Барода ри хурдиаш – Киромиддин дар зимистон вафот карда будааст, Сироҷиддинро бо худ гирифта ба Бухоро меорад.
Дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» аввалин шиносоии Садриддин бо намояндагони фарҳангу адабиёти Бухоро – Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллои Лутфӣ, Бурҳони Муштоқӣ ёдрас шудааст. Махсусан, боби «Одами аҷиб» ҷолиби диққат аст. Ин боб бо тасвири муфассали симои Аҳмади Дониш оғоз меёбад: «Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае ки ҷомаи банораси1 подшоҳии дар тан доштааш баро бари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасад. Тани ин одам ба тарзе пурра буд, ки баландии қоматаш он қадар ҳис карда намешуд ва ба назар миёнақад мена муд. Гардани ин кас ҳам мувофиқи қадаш дароз ва муносиби ба данаш пурра буд.
Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф хам мехӯрд...
Рӯйи ин шахс сабзина ва пурра буд ва бо вуҷуди ин ки син ни ин касро аз шаст боло тахмин кардан мумкин буд, ба рӯяш он қадар чинҳои ҳискардашаванда наменамуд. Риши ӯ миёна ва кулӯта (лӯнда) буда, торҳои сафедаш аз сиёҳаш бештар менамуд».
Дар аввалин шинохти Аҳмади Дониш Садриддин ба ихтилоф дучор мешавад. Садриддин мебинад, ки ин одами аҷибро калонҳои мадраса зоҳиран эҳтиром мекунанд, пеши ӯ аз ҷой хеста салом медиҳанд, вале дар ғайбаш ӯро худобехабар, гумроҳ, дағдағанок, кофир меноманд. Ва танҳо мушоҳидакорӣ ва муҳокимарониҳои мантиқӣ ба Садриддин ҳақиқати ҳолро мекушоянд. Маълум ме шавад, ки Аҳмади Дониш олими бузург ва мунаҷҷими ҳақиқӣ будааст. Азбаски дурӯягӣ ва риёкории1 куҳнапарастону мутаас сибонро медонистааст, ба саломи онҳо ҷавоб намегардондааст.
1. Банорас – матои майданақши сиёҳу сафед, ки тораш абрешиму пудаш ресмон мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Қисми аввали «Ёддоштҳо» чӣ ном дорад ва ба кадом давраи ҳаёти Садриддин бахшида шудааст?
2. Дар бораи образи падари Садриддин – Сайидмуродхоҷа маълумот диҳед.
3. Кадом хислатҳои Ҳабиба ба шумо маъқул шуд? Фикратонро ба тав ри хаттӣ баён кунед.
4. Чаро қисми II «Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном гирифтааст?
5. Дар ташаккули хислати Садриддин дар деҳот киҳо саҳм гузоштаанд? 6. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ шароити зиндагии Садриддин чӣ гуна буд?
7. Садриддин дар солҳои аввали мадрасахонӣ ба кадом шахсиятҳои фарҳангӣ шинос шуд?
8. Симои Аҳмади Дониш дар «Ёддоштҳо» чӣ гуна тасвир ёфтааст?
9. Қисми якуми «Ёддоштҳо»-ро мутолиа кунед.