Шеъри даврони истиқлол

Дар замони истиқлол шеъри тоҷик аз ҷиҳати мавзуъ, мундариҷа ва шакл васеътар гардид. Тасвир ҳам дар ғазал, рубоӣ, қасида, му саммат, маснавӣ барин жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар қолабҳои нави шеърӣ боз ҳам муассиртару ҷаззобтар ба назар мерасад.

Ашӯр Сафар ба ҷузъитарин хусусияти услубии жанри ғазал чун ҳусни матлаъ, ҳусни мақтаъ ва ҳусни тахаллус диққат дода, бо ҳамин маънирасӣ, хаёлангезӣ ва тартиби баёни саромадони наз ми тоҷикро пайгирӣ намудааст:

Айёми баҳор асту чаман лоладароғӯш,

Аз сабза тани санг бувад балки қабопӯш...

Ҷон дар бадани ҳар гияҳу сабза дамида,

Чун чашмаи хушкида, ки аз нав бизанад ҷӯш...

Аз хотирам ояндаву бигзашта равад дур,

Дасти ману гул бошаду дилдору баногӯш.

Жанрҳои суннатӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик мавқеи баландтар доранд ва баъзе шоирон дар жанрҳои алоҳидаи суннатӣ бештар муваффақият ба даст дароварданд. «Хирмани моҳ» ном асари Раҳмат Назрӣ танҳо аз дубайтиҳо иборат аст:

Дили ман, шод бошӣ, шод, эй кош,

Ғами худро махӯр, ғамхори кас бош,

Ки то аз нони дастархони мардум,

Агар мағзе хӯрӣ, ошат шавад, ош!

Дар даврони истиқлол навъҳои дигари шеър, ки бо номҳои шеъри нав, шеъри озод, шеъри сафед, хусравонӣ, шеъргуна ёд меша ванд, низ мавқеи босазо пайдо намуданд. Аз шоирони имрӯзаи тоҷик ба шеъри озод, ки дар он ягонагии вазну қофия риоя на мешавад, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Алимуҳаммад Муродӣ, Доро Наҷот, Сиёвуш, Фарзона бештар майл доранд. Яке аз вижагиҳои шеъри озод дар тарзи тасвири он мебошад. На мунае аз Сиёвуш:

Хоҳари ман субҳро мешуст

Бо ду дасти офтобияш,

Ман ташнатар зи руҳи биёбонам.

Падидаи дигари шеъри ин айём бо номи шеъри хусравонӣ муаррифӣ гардидааст. Шеъри хусравонӣ, асосан, аз вазни арӯз ва қофия орист. Аммо имкон дорад, ки гоҳ-гоҳе дар он вазну қофия истифода шавад. Камол Насрулло гуфтааст:

Ман аз торикӣ метарсам,

Рӯшноӣ мерехт

Шабҳо аз лабони модарам,

Даме ки суруд мехонд.

Дар ин солҳо навъи дигари шеър паҳн гардид, ки онро шеъри тасвирӣ ё минётурҳои1 манзум номидаанд. Ин шеърҳо бисёр кӯтоҳ буда, аз тасвири маконе, замоне, фазое, ҳолате ё манза рае иборат мебошанд. Дар навиштани чунин шеърҳо, аз ҷумла, Алимуҳаммад Муродӣ маҳорат нишон додааст. Шеъри «Заволи рӯз» ҳамагӣ панҷ мисраъ аст:

Дар як заволи рӯз

Дам мекашид аждари шаб офтобро,

Хунаш чакида буд ба домони кӯҳу ҷар.

Мардум вале надошт ба ғайр аз ғами шикам

Андешае ба сар.

Ба шеъри тасвирӣ аз шоирони ҷоизадор бештар Гулрухсор ва Раҳмат Назрӣ рӯ овардаанд. Дар шеъри «Зодрӯзи дард»-и Гулрух сор садоқати қаҳрамони лирикӣ ба Ватан чунин тасвир ёфтааст:

Ватан, «Шаҳнома»-и руҳи туро

Дар партави нуру зиё

Бо килки уммеду вафо эҷод хоҳам кард!

Ватан, аз сангҳои бар сарат

бишкастаи фарзандҳои носазоворат

Туро бунёд хоҳам кард,

Туро обод хоҳам кард!

Шеъри тоҷик аз солҳои шастуми асри ХХ сар карда аз ҷиҳати мавзуъ ва мундариҷа инкишоф ёфт. Дар ин айём тақрибан тамоми шоирони тоҷик, аз ҷумла, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ, Бозор Собир, Сомеъ Одиназода, Ғойиб Сафарзода, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳадиса, Ҳабибулло Файзулло, Абдулло Қодирӣ, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Гулназар, Ҳақназар, Алимуҳаммад Муродӣ, Зиё Абдулло, Камол Насрулло, Зулфия, Фарзона, Низом Қосим, Гурез Сафарро руҳияи ҷуръатнокӣ ва воқеъбинӣ фаро гирифт. Маҳз аз ҳамин давра дар назми тоҷик мавзуъҳои ватану ватандорӣ, миллату суннатҳои миллӣ таҷдиди назар шуда, аҳаммияти боз ҳам бештар касб намуданд. Шеъри Убайд Раҷаб «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» эътирози сахт ба касо не буд, ки тарафдори барҳам хӯрдани забонҳои миллии Иттифоқи Шуравӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, буданд. Шеъри мазкур бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ суруда шуда, дар тамоми Шарқ шуҳрат пайдо намуд. Ин шеър бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

1. Минётур (миниатюра) – тасвирҳои нозуку зебо ва хурд дар санъати наққошӣ.

Ҳар дам ба рӯйи ман,

Гӯяд адуи ман,

К-ин шеваи дарии ту чун дуд меравад,

Нобуд мешавад,

Бовар намекунам.

Ин шеър аз 49 мисраи кӯтоҳу дароз иборат буда, дар ду вазни баҳри раҷаз – вазнҳои мустафъилун, фаал (– – V– / V –) ва мустафъ илун, мафоилун, мустафъилун, фаал (– – V – / V– V – / – – V – /V–) навишта шудааст. Дар шеър тамоми сифатҳои забони тоҷикӣ – латифӣ, ширинӣ, софӣ, зебоӣ, дилрабоӣ ва мақоми таърихию фарҳангии он ба тасвир омадааст.

Аз солҳои 80-уми асри ХХ дар ашъори М. Қаноат, Лоиқ, Б. Собир, Гулрухсор, Ҳақназар, Гулназар, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Насрулло, А. Муродӣ, Н. Ниёзӣ, Муҳтарам Ҳотам, А. Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Ҳоҷӣ Мурод, Сайёд Ғаффор, Искан дари Хатлонӣ, М. Ғойиб, Меҳринисо, Шаҳрия, С. Амирхон, Нуқраи Суннатниё, Л. Мирзоҳасан, Сафармуҳаммад Аюбзода ва дигарон мавзуъҳои таърихӣ ва муаммоҳои худогоҳии миллӣ мавқеи боз ҳам бештар пайдо намуд. Шоирон дар офаридаҳои хеш ҳодисаҳои таърихӣ, воқеаҳои асотирӣ ва гузаштаи тамадду ни миллиро ёдовар шуда, бо ҳамин таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба ҷаҳони маънавии инсон ҷалб карданӣ шуданд. Дар достонҳои «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Нуре аз Ҳамадон», силсилаи шеърҳои «Дардномае ба миллат», «Муқаддаснома», «Садои як рӯзу як шаб» ва як қатор шеърҳои дигари Ҳақназар Ғойиб таъ рих, фарҳанг ва нангу номуси миллати тоҷик мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Қаҳрамони лирикӣ дар рӯзҳои душвори миллат аз руҳи ниёгон мадад мехоҳад:

Эй замини падарон! Кош ба хушбахтии мо

Ба сарат бори дигар тоҷи Фаридун1 бошад.

Дар «Суруди ваҳдат» Ҳақназар аз дилу ҷон ваҳдату ягонагии халқи тоҷикро, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ халалдор гардид, тараннум менамояд:

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,

Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.

Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,

Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат...

Дар замони истиқлол дар шеъри тоҷик тасвирҳои ирфонӣ2 мавқеъ пайдо карданд. Шоирон пайванди маънавии инсонро ба руҳи поки Худо ба тасвир гирифта, бо ҳамин таваҷҷуҳи хонан даро ба ҳақиқати азалии тақдири инсон ҷалб менамоянд. Ба ин муносибат ба шеъри имрӯз истилоҳ ва устураҳои динию ирфонӣ ворид гардида, хаёлоти шоиронаро бойтару рангинтар намуданд. Дар «Санги ман – алмос» ном достони Аскар Ҳаким талмеҳҳои таърихию динӣ бисёр истифода шудаанд:

Дили ман мехоҳад,

К-одамӣ ҳамчу дарахте, ки пас аз боронҳо

Ғарқаи нур шавад дар Хуршед,

Субҳдам ҳомилае сӯйи биҳизор ояд,

Ки «Дилам бӯйи биҳӣ мехоҳад.

Ай Худо, медиҳиям тифлаки зеборӯе»3,

Нисбате чист миёни биҳию тифлаки зебо кардан?!

Тасвирҳои ишқию ирфонӣ дар ашъори шоирон Зиё Абдулло, Салими Хатлонӣ, Фарзона, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Абдулқодири Раҳим, Озар, Давлат Са фар мавқеи зиёдтар дорад. Мавзуи асосии ашъори Фарзона ишқ аст, ишқи маънавию илоҳӣ, ишқе, ки инсонро ба покию шаффофӣ водор мекунад. Дар китобҳои «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «Паёми ниёгон», «Муҳри дили мино» ин мавзуъ бо услуби хоси шоирона баён ёфтааст. Дар шеъри «Қонуни ҷозибаи ишқ» мафҳуми ишқ чунин шарҳ дода шудааст:

1. Тоҷи Фаридун рамзи хушбахтии бардавоми миллат аст. Фаридун образи асотириест дар «Шоҳнома».

2. Ирфон – шинохтан, донистан, шинохтани Худо.

3. Мувофиқи тибби қадим, агар зани ҳомила биҳӣ бештар хӯрад, тифли зебо таваллуд мекунад.

Инак, шинохтам, ки қонуни ҷозибаи ишқ Ирфон аст,

Ирфон чист? Адами1 нобудист! Уруҷе2 ба қуллаи ишқ аст,

Як гурези зебост аз ҳама завол.

Ирфон раҳ ба раҳ нозанинтар шудан аст.

Дарвоқеъ, тамоюли эҷодии Фарзона як навъ бозгашт ба асо лати адабӣ аст. Ӯ дар доираи макону замон, маҳалу қавм побанд нест, балки майл ба бекаронаҳо дорад. Чаро Фарзона ҳамеша су хан аз ишқ мегӯяд? Ба қавли худи ӯ, «барои он ки вуҷуди ишқ аз қайдҳои замону макон, мазҳабу кеш озод аст, ишқ зангиву фаран гиву хуросонӣ нест, моли ҷопонӣ нест... Ишқ зеботарин хулосаи тамоми маърифатҳост, ишқ таркиби Худост».

Таҳаввулот дар шеъри тоҷик натиҷаи тағйир ёфтани вазъи иҷтимоии давр мебошад. Тасвири бомаҳорати ормонҳои миллӣ ва умумибашарӣ имкон медиҳад, ки назми имрӯзаи тоҷик дар ҳаёти фарҳангии халқ нақши босазо дошта бошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Кадом адибон ба гуфтани шеърҳои суннатӣ майл доранд?

2. Боз кадом навъҳои шеърии ин даврро медонед?

3. Шоирони шинохтаи солҳои охирро номбар кунед.

4. Дар шеъри даврони истиқлол кадом мавзуъҳо мавқеъ пайдо кар данд?

5. Мавзуи баҳси «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» ном шеъри У. Раҷаб чӣ аст?

6. Мазмуни «Суруди ваҳдат»-и Ҳ. Ғойиб аз чӣ иборат аст?

7. Оид ба мавзуъҳои асосии ашъори Фарзона сухан гӯед.

1. Адам – нестӣ.

2. Уруҷ – боло шудан, боло рафтан.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Шеъри зерини Раҳмат Назрӣ ба кадом навъи шеърӣ мутааллиқ аст?

Дили ман шод бошӣ, шод, эй кош,

Ғами худро нахӯр, ғамхори кас бош.

Ки то аз нони дастурхони мардум

Агар мағзе хӯрӣ, ошат шавад, ош.

А) Шеъри нав;

Б) Шеъри озод;

В) Шеъри сафед;

Г) Шеъри суннатӣ;

Ғ) Хусравонӣ.