Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст.
1. Таълим дар мактабҳои усули нав.
2. Таълифи китобҳои дарсӣ.
Соли 1906 дар Бухоро Абдурраҳмон Саъидӣ ном тотор на хустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мак таб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саъидиро барои талабагони тоҷикзабон тарҷума менамуд. Вақте ки 8-уми ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим ав валин мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфт, фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ боз ҳам васеътар гардид.
С. Айнӣ аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдурраҳмон Саъидӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдулқодир Шакурӣ андӯхтааш ис тифода карда, барои толибилмони мактаби нав се китоби дарсӣ навишт: «Тартил-ул-қуръон» (1909), «Зарурийёти динийя» (1914) ва «Таҳзиб-ус-сибён» (1910; 1917). Ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводди таълими ву тарбиявӣ ҷолибанд. Аксари ҳикояҳои «Таҳзиб-ус-сибён», аз ҷумла «Одами боақл ва соҳиби бахти баланд», «Одами бадбахт», «Бачаи боақл», «Ҳикоят», бо порчаҳои шеърӣ тақвият ёфтаанд.
Аз ин ҷиҳат, ҳикояте, ки дар он исрофкорӣ ва харҷи беҳуда ма заммат гардида, натиҷаи неки сарфакорӣ таъкид меёбад, ҷолиби диққат аст. Дар мамлакатҳои Ғарб шаҳре месӯзад. Иморатҳо ҳама корношоям гардида ва аҳолии шаҳр бехонаву ҷой мемонад. Ода мони хайрхоҳ ба касони ба бадбахтӣ дучоромада ёрӣ расондан хоста, сандуқи хайрия мекушоянд. Ҳангоми ҷамъ кардани хайрия ба назди тоҷире мераванд, ки барои сарфи беҳудаи як дона гӯгирд хидматгори худро коҳиш карда истодааст. Тоҷири номбурда ба мутасаддиёни хайрия даҳ ҳазор тилло ионатона дода, онҳоро дар тааҷҷуб мегузорад: «Гуфтанд: «Дар як дона гӯгирд он қадар коҳиш карда, дар иона1 ин қадар маблағ додан барои чист?»
1. Иона – ёрӣ додан, мадад кардан.
Тоҷир гуфт: «Агар ба як дона гӯгирд саҳл мегирифтам ва ба муфт сӯхтани он розӣ мешудам, дар ин маврид аз куҷо пул ёфта иона мекардам?»
Байт:
Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ,
Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ.
Валекин ба ҷое, ки нафъаш набошад,
Хирадманд як дона арзан напошад.
Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии устод Айнӣ ҳангоми дар Самарқанд зиндагӣ ихтиёр кардани ӯ оғоз ёфта, то охири умраш давом мекунад. Айнӣ дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст.
Устод ҳанӯз аз солҳои 1919 – 1921 дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаорӣ1 «С.», «С.», «Қ.», «С.», «С.», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии ӯзбекии «Таёқ», «Машраб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол» мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи узбекии «Меҳнаткашлар товушӣ» ва «Овози тоҷик» фаъолияти публит систии С. Айнӣ инкишоф ёфт.
Мақолаҳои публитсистии С. Айнӣ, чун жанри фаврӣ ва рӯзмарра, муносибати нависандаро ба муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ба таври возеҳ ифода менамоянд.
Муҳимтарин воқеаи сиёсие, ки соли 1924 дар ҳаёти Иттиҳоди Шуравӣ рӯй дода буд, ин тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна буд. Ба ин муносибат пантуркистону миллатга роён, ки халқи тоҷикро аз мактабу маориф ва матбуот бебаҳра кардан мехостанд, муборизаро ба муқобили ин халқи куҳанбунёд аз нав авҷ доданд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобилияти ташкилотчигӣ дар тоҷикон» (1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) ном мақолаҳои пуб литсистии С. Айнӣ чоп шуданд. Устод дар ин мақолаҳо таъриху адабиёти бой ва фарҳанги куҳан доштани халқи тоҷикро бата мом собит месозад. «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон, – ёдовар мешавад Айнӣ дар мақолаи «Матбуоти тоҷик», – ба будани як қавми бузурге бо номи «тоҷик» бояд касе инкор надошта бошад».
1. Имзои мустаор – имзои пӯшида ва муваққатӣ.
Мақолаҳои дар давраи Ҷанги бузурги ватанӣ навиштаи С. Айнӣ, аз ҷумла «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одам ро нест кардан даркор аст», хонандаро ба шуҷоат, мардонагӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи Ватан водор мекунанд.
Устод Айнӣ тамоми эҷодиёти давраиҷангии худро ба ҳимояи Ватани азиз аз фашистони истилогар равона намуд. Ин ҳолатро аз очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик» (1944) бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниёгони мо ба муқобили арабҳои истилогар (асри VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи муғулони хунхор тасвир меёбад. Вале масъалаҳои асарҳои мазкур ба мавзуи асосии адабиёти давраиҷангӣ муноси бати қавӣ доранд. Нависанда корномаҳои Муқаннаъ ва Темурма ликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.
Мақолаҳои оид ба забон таълифнамудаи С. Айнӣ фарогири масъалаҳои назариявии забоншиносӣ нестанд. Онҳо ба вазифаҳои амалии забони тоҷикӣ, беҳтар шудани сифати забони адабии тоҷикӣ, саҳеҳтар ва ғанитар шудани қоидаву меъё ри забони адабӣ, хубтар гардидани забону услуби адабиёти садаи ХХ тоҷик бахшида шудаанд.
Дар солҳои 1928–1930 масъалаи забони тоҷикии муосир дар маркази таваҷҷуҳи аҳли зиёи тоҷик қарор гирифт. Дар ин дав ра мақолаҳои С. Айнӣ «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (1928), «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» (1928), «Забони тоҷикӣ» (1928), «Ҷавоби ман» (1929) ва ғ. ба табъ мерасанд. Муаллиф дар онҳо асоси миллии забони тоҷикӣ ва инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷикиро ошкор мена мояд.
Фаъолияти забоншиносии С. Айнӣ, инчунин, дар асарҳои таҳриркарда ва мактубҳояш низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷиҳат, қайдҳои С. Айнӣ “Оид ба забон ва услуби асарҳои нави сандагон” ва «Кори наку кардан аз пур кардан аст» (1934), «Мак туби кушода ба рафиқ Толис» (1948), «Оид ба вазъияти забон шиносии тоҷик» (1952) барин мақолаву мактубҳои устод ҷолиби диққатанд.
Мулоҳизаҳои С. Айнӣ тамоми қисмҳои забоншиносӣ, чун овозҳои нутқ, имло, луғат, калимасозӣ, сарфу наҳв ва услуби ба ёнро фаро гирифтаанд ва бо руҳи пурқуввати амалӣ ва назарии худ ҳоло ҳам ба тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ саҳмгузор ме бошанд.
С. Айнӣ фаъолияти илмии худро аз асарҳои таърихӣ оғоз ме намояд. Дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (соли 1918) ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ном асарҳои устод ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар асрҳои XVIII, XIX ва ибтидои асри ХХ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифта аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Фаъолияти омӯзгории С. Айнӣ кай оғоз гардида, дар кадом самтҳо идома ёфтааст?
2. Кадом китобҳои Айниро медонед?
3. Ҳикояеро аз «Таҳзиб-ус-сибён» нақл кунед.
4. С. Айнӣ дар кадом рӯзнома ва маҷаллаҳо кор мекард?
5. Чанд мақолаи публитсистии нависандаро номбар кунед.
6. Чаро С. Айнӣ дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ очеркҳои «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»-ро навишт?
7. Кадом мақолаҳои забоншиносии Айниро медонед? «Мактуби кушода ба рафиқ Толис»-ро хонед.
8. Оё устод асарҳои таърихӣ низ навиштааст?