Инқилоби нахустини Русия (1905 –1907)
Ҳаёти
дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ада
иҷтимоӣ ва
биву фарҳангии сокинони Осиёи Миёна таъ
сиёсӣ
сири басо амиқ гузошт. Бар асари ҳодисаи мазкур дар ин сарзамин табақаи синфи коргар арзи вуҷуд кард, ки дар тарбияи маънавии он нақши коргарони саноатии Русия бу зург буд.
Дар айни замон воридоти рӯзафзуни саноати Русия ба саноа ти косибии маҳаллӣ зарба мезад. Дар Бухорои Шарқӣ – Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Қаратоғ, Балҷувон истеҳсоли газворҳо, маснуоти кулолию чармгарӣ, асбоби зироаткорӣ, корду шамшер ва ғайра идома дошт, вале он ба саноати Русия рақобат кардан наметаво нист. Кишоварзон, махсусан сокинони кӯҳистони тоҷикро фишори иқтисодии дутарафа (яке ба воситаи хонҳои вилоятӣ ва дигаре аз ҷониби сармоядорони хориҷӣ) тамоман хору заиф гардонда буд.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 – 1918) ва сиёсати мустамликадо рии Русия боиси сар задани шӯриши оммаи мардум дар Хуҷанд (1916) гардид. Аҳволи вазнини кишоварзону мардикорон ва ваҳшиёна пахш кардани шӯриши Хуҷанд кинаву адовати сокино ни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷиконро, ба ҳукумати подшоҳии рус ва ҳукуматдорони маҳаллӣ боз ҳам афзуд.
Баъди инқилоби аввали рус дар Осиёи Миёна ҳаракатҳои зиёди зиддиҳукуматӣ рух доданд, ки онҳо бо барномаҳои сиёсии худ амал мекарданд. Дар аморати Бухоро ягона ҷараёне, ки сиёсати мустабидонаи аморатро зери танқид мегирифт, ҳаракати ҷадидия ё ҷамъияти ҷавонон буд. Ҷараёни ҷадидияи Бухоро бо сарварии Абдулвоҳиди Мунзим (1875 – 1934) аз ибтидои асри ХХ фаъолият дошта, ба бедории шуури сиёсӣ ва афкори маърифат парварии аҳолӣ саҳми муносиб гузошт. Ин ҳаракат, ки дар навба ти худ боиси таъсис ёфтани ширкати «Бухорои шариф» (1909) ва ҷамъияти махфии сиёсию фарҳангии «Тарбияи атфол» (1910) гар дида буд, бори аввал моҳи апрели соли 1917 ва бори дувум моҳи марти соли 1918 аз тарафи ҳукумати амирӣ бераҳмона пахш шуд. Бинобар ин, табақаҳои меҳнатии аҳолӣ ва зиёиён ба инқилоби Феврал ва инқилоби Октябри Русия бо умед менигаристанд ва ба барқарор кардани Ҳукумати Шуравӣ дар маҳалҳои худ мусоидат намуданд.
Дар нимаи дувуми асри Х1Х аз тарафи
Ҳаёти Русияи подшоҳӣ тасарруф намудани Осиёи
фарҳангӣ Миёна боиси дар ин сарзаминҳо васеъ гарди
дани муносибатҳои фарҳангиву адабӣ гардид. Бо тақозои замон табақаи равшанфикрони ин минтақа ба фарҳангу адабиёти пешқадами Русия муроҷиат намуданд ва ада биётеро эътироф карданд, ки ба қалами А. Пушкин, Л. Толстой, И. Крилов, А. Чехов, Н. Гогол ва дигар адибони тараққихоҳи рус тааллуқ доштанд. Мардуми Осиёи Миёна дар ибтидо ба фарҳангу адабиёти аврупоӣ низ ба воситаи заҳматҳои зиёиёни рус шиносоӣ пайдо карданд.
Ба ҳаёти фарҳангию адабии халқи тоҷик инқилоби аввали Ру сия (1905–1907) ва инқилобҳои Туркия, Эрон ва дигар мамлакатҳои Шарқ (1905–1912) низ такони ҷиддӣ бахшиданд. Устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» (1921) ба ин муносибат навиштааст: «Аз соли 1905 то соли 1908 вазъият хеле тағйир ёфт. Дар байни ин солҳо матбуоти турку тотор, Истанбул, Миср ва Ҳиндустон дар Бухоро хеле хуб кор кард. Хусусан, китоби ба форсӣ таълифёфтаи «Саёҳатномаи Иброҳимбек» дар Бухоро паҳн шуд. Ин китоб доир ба аҳволи Эрон навишта шуда бошад ҳам, ҷойҳои танқидияш ай нан дар Бухоро буданд. Бинобар ин, мутолиаи ин китоб низ ба ди гаргунии фикрии баъзе касон сабаб гардид».
Умуман, ибтидои асри ХХ – солҳои 1905 – 1917 дар таъри хи халқи тоҷик чун давраи интибоҳӣ1 – давраи бедорфикрӣ ва озодихоҳиву истиқлолталабӣ – сабт гардидааст. Дар ин айём ба Тошканд ва Бухорову Самарқанд аз Оренбург, Қрим, Қазон, Аштархон, Боку, Тифлис ва дигар шаҳрҳои қаламрави Русия ва мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва ғайра рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ ва асарҳои бадеӣ ворид мегар диданд.
Муносибатҳои адабӣ бештар ба воситаи тарҷума сурат меги рифт. Дар ин айём, одатан, асарҳои дилчаспи адибони арабзабон, фаронсавӣ, италиявӣ ва ғайра аз ҷониби адибони истанбулӣ, ба монанди Аҳмади Мидҳат (1822), ба забони туркӣ тарҷума ва баъд ба тоҷикӣ баргардонида мешуданд. Ба ин даста асарҳои таърих нигори араб Ҷорҷӣ Зайдон (1861 – 1914), Ж. Верн (1828–1905), А. Дюма (1824 – 1895), В. Ҳюго (1802–1885) ва амсоли онҳоро дохил кардан мумкин аст, ки дар Осиёи Миёна паҳн мешуданд. Дар ҳамин давра «Саёҳат дар се қитъаи рӯйи замин дар 29 рӯз» ном китоби нависанда ва публитсисти Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ таълиф ва дастраси хонандаи тоҷик гардид.
1. Интибоҳ — бедорӣ, ҳушёрӣ, огоҳ шудан.
Дар радифи асарҳои мазкур «Тарҷумон» (Қрим), «Мулло Насриддин» (Тифлис), «Ҳаблулматин» (Калкутта), «Сироҷ-улмустақим» (Туркия), «Шуро» ва «Вақт» (Оренбург), «Хуршед» (Қазон) ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо дар бедории фикрӣ ва андешаи сиёсии ислоҳталабӣ дар миёни зиёиёни тоҷик мусоидат намуданд. Дар зери таъсири матбуоти даврии аз хориҷи кишвар омада дар Бухоро ва Самарканд рӯзнома ва маҷаллаҳои «Бухо рои шариф» (1912), «Турон» (1912), «Самарқанд» (1913) ва «Ойи на» (1913) таъсис ёфтанд, ки ба сабаби тарғиби ғояҳои инқилобӣ баъди чанд муддат аз тарафи ҳукуматдорон баста шуданд.
Инчунин, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Абдуррауфи Фитрат ва дигар зиёиёни тоҷик барои таъсиси мактабҳои нав (ё мактабҳои ҷадидӣ) ва таълифи китобҳои дарсӣ барои ин мактабҳо саъю талошҳои ҷиддӣ карданд. Маълум аст, ки дар қаламрави аморати Бухоро шумораи зиёди мактабу мадрасаҳо мавҷуд буданд. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ибтидои асри ХХ танҳо дар шаҳри Бухоро зиёда аз 200 мадраса фаъолият дошт, ки шумораи умумии толибилмони онҳо аз даҳ ҳазор зиёдтар буд. Вале дар ин мактабу мадрасаҳо асрҳо боз барномаҳои таълимӣ якранг давом карда, боиси қафо мондани илму фарҳанг мегардид. Бинобар ин, зиёиёни тараққихоҳи тоҷик дар фикри барпо намудани мактабҳои сохти нав шуданд. Аввалин мактаби нави тоҷикӣ соли 1903 дар Самарқанд аз тара фи Абдулқодири Шакурӣ таъсис ёфт. Дар Бухоро аввалин мак таби ҷадидро соли 1908 Абдулвоҳиди Мунзим созмон дод. Дере нагузашта мактабҳои мазкур аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуданд. Бо вуҷуди ин, ҷамъияти ҷавонон аз соли 1913 сар карда, дар шаҳр ва дар баъзе туманҳои Бухоро ба кушодани мактабҳои нав муваффақ гардиданд.
А. Мунзим бо ҳаммаслаконаш барои табъу нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълими мактабҳои нав, инчунин адабиёти гу ногуни илмию бадеӣ, ширкати «Бухорои шариф» ва ҷамъияти «Тарбияи атфол»-ро таъсис дод. Бо дастгирию мадади ширкат ва ҷамъияти мазкур то инқилоби Бухоро (1920) китобҳои зиёди дарсӣ, аз ҷумла, «Тартил-ул-Қуръон»-и С. Айнӣ чоп шуданд. Инчунин, барои мактабҳои нав китобҳои дарсии бисёре, чун «Раҳбари хат»-и Мунзим, «Таҳзиб-ус-сибён», «Заруриёти диния»-и Садрид дин Айнӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Шакурӣ, «Меъёр-ул-ахлоқ»-и Абдурраҳмони Тошкандӣ, «Китоб-ул-атфол»-и Беҳбудӣ, «Мух тасари таърихи ислом»-и А.Фитрат ба табъ расиданд.
Дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва бедории тафаккури соки нони аморати Бухоро дигар муассисаҳои сиёсию фарҳангии ҷараёни ҷадидия – ширкати «Баракат» (1914) ва китобхонаи «Маърифат» (1914) низ саҳми муносиб гузоштанд. Бо ёриву ма дади ин муассисаҳо як идда ҷавонони болаёқат барои таҳсил ба донишгоҳҳои Истанбул, Оренбург, Қазон, Маскав ва дигар шаҳрҳои Туркия ва Русия фиристода шуданд.
Умуман, аъзои ҳаракати ҷадидия бо ҷиддияти тамом дар паҳн намудани фикрҳои маорифпарваронаву озодихоҳона дар байни мардум кӯшиш карданд: дар шаҳри Бухоро ва туманҳои Воб канд, Ғиждувон, Чорҷӯй, Шаҳрисабз, Қаршӣ, Қароқул ва ғайра рӯзнома, маҷалла ва китобҳои дарсиро дастраси хонандагон гар дониданд ва барои пешрафти фарҳанги мардуми тоҷик дар ибти дои асри ХХ саҳми муносиб гузоштанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Инқилоби нахустини Русия ба мардуми Осиёи Миёна чӣ таъсир
расонд?
2. Баъди инқилоби аввали рус дар Бухоро кадом ҳаракатҳо ва
ҷамъиятҳо пайдо шуданд?
3. Ошноӣ бо фарҳангу адабиёти рус ва Аврупо ба ҳаёти адабии мар
думи тоҷик чӣ таъсир расонд?
4. Чаро ибтидои асри ХХ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик чун дав
раи интибоҳ сабт гардидааст?
5. Кадом равшанфикрони тоҷик баҳри таъсиси мактабҳои нав ва таъ
лифи китобҳои дарсӣ талош кардаанд?